Дилбар Умарова:
Коргардони маъруф Тоҳир Собиров ба синфхона даромада, гирди мизҳои хонандагон даврзанон чашм ба чеҳраи духтаракон медавонд. «Ана, ёфтам!» гуфту аз дасти Дилбари хушрӯяки мӯйсиёҳ гирифта, назди тахтаи синфї овард. Дилбар гаҳ ба муаллимаш менигаристу гоҳ синчакорона ба марди ношинос. Эшон бо ҳам тӯлонӣ гуфтугӯ карданд, ки ӯ аз ин суҳбат чизеро нафаҳмид…
Шом дари хонаашонро касе кӯфт. Дилбар овози марди ношиносро шинохт. Падараш дарвозаро кушод ва устод Тоҳир Собировро ба хона хонд. Онҳо сари як пиёла чой дурудароз суҳбат намуданд ва сипас, меҳмон қаноатмандона рафт.
- Ин лаҳзаҳоро то кунун фаромӯш накардаам. Бо розигии қиблагоҳ коргардони номвар маро бо худ барои офаридани нақши Лолаи хурдакак дар филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» бурд. Ва ин нахустин нақши офаридаам дар синамо буд. Ҳунарпешаҳои машҳури даврро аз наздик медидам, онҳо бо ман бо забони кӯдакона дӯстдориву меҳрубонӣ менамуданд. Он замон аз олами ҳунар бехабар ва эҳсоси ҳунарпеша шуданро дар сар надоштам, - иброз медорад бону.
Падар реҷаи махсусро дар хонавода ҷорӣ намуда буд, ки мебоист дар асоси он ҳафтае як маротиба кӯдакон аз намоишҳои театрӣ дидан менамуданд. Дилбарбону мегӯяд, қаробат бо театру ҳунармандон ҳеҷ шавқу рағбатеро барои ҳунарпеша шудан дар қалби ӯ ҷо накарда буд.
Баъзан шеър мегуфтам…
Падараш Усмон Умаров, журналисти шинохта, корманди рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳоло «Халқ овози») ҳар рӯз даста – даста рӯзномаҳоро ба хона меовард ва соатҳо банди мутолиа мешуд. Аз рӯи шавқ Дилбар низ мақолаҳои хурду ҳикояҳои хонданбобро аз он рӯзномаҳо бошавқ мехонд. Баъзан ба назди падар ба идораи рӯзнома мерафт ва аз фаъолияти кормандони он завқ мебурду орзуи дар оянда журналист буданро мекард.
- Шоиру нависандаҳои замон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Муҳиддин Фарҳат ва дигарон ба хонаамон зуд – зуд меҳмон шуда, маҳфили шеъру суруд созмон медоданд. Муҳите, ки ман дар он тарбия ёфтам, пур аз сеҳри сухану каломофаринӣ буд. Хуллас, то қадам ниҳодан ба Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва боре ҳам орзуи ҳунарпеша шуданро надоштам, - мегӯяд ӯ.
Аз ин нишастҳо Дилбар ба худ ғизои маънавӣ мегирифт ва баъзан дар пайравӣ ба дӯстони падар шеър ҳам мегуфт. Ормонҳои бемодариро бо шеърҳои кӯдаконааш иброз медошт. Ба гуфтаи ӯ, шояд он навиштаҳояш шеър ҳам набуданд, вале аз ифшояшон дар қалби кӯчакаш сабукиро эҳсос менамуд.
- Дар 10 - солагиам модарам дучори садама гардид ва рӯзи мани нозпарвардаи волидон сиёҳ гашт. То дувумбора оиладор гаштани падар, ҳамаи кори хонаро анҷом медодам. Барои 6 додару хоҳар либос мешустаму хӯрок мепухтам. Давраҳои хуши кӯдакиам ба шаст сипарӣ гардиданд, - афсӯс мехӯрад ҳамсуҳбатам.
Нома ба падар
Аз хурдӣ соҳибистеъдод буд. Ба китобхонӣ шавқу завқи беандоза дошту рағбаташ ба рақсидану суруд хондан ҳам зиёд буд. Рассомӣ истеъдоди дигари нуҳуфтааш буд ва тасвиру ангораҳояш падарро мафтун сохта буданду ӯро бетаваҷҷуҳ монда натавонист. Бо хости қиблагоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи рассомӣ супурд, агарчи дилаш ба ин шуғл майл надошт. Вале чун рӯзи таҳсил наздик шуд, бо номае ба падар ифшои роз кард: «… агар модарам зинда мебуд, шояд боре аз ман мепурсид, ки чӣ касберо интихоб менамоям…». Аз хондани сатрҳои мактуб қалби падар пора гашт. Амр дод, то ҳуҷҷатҳояшро гирифта, таҳсилро дар мактаби умумӣ идома диҳад. Ду соли таҳсилро бо ҳамсинфонаш паси сар намуд ва як гурӯҳ дугонаҳо тасмим гирифтанд, то таҳсилашонро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино идома диҳанд. Ӯ ҳам довталабона ҳуҷҷат супурд ва соҳиби номи донишҷӯ гардид.
Гардиш
- Чанд рӯз пас падарам пурсиданд: «Институти театрии Москва рафтан мехоҳӣ?». Ростӣ, аз ин пурсиш гӯё дар чашмонам нур борид, ки беихтиёр «бале» гуфтам. Он замон дар бораи саҳнаю театр, санъаткорию таҳсил дар донишкада фикр надоштам. Фақат ба ғайр аз дидани шаҳри Москва ва Кремл дигар чизе дар зеҳнам намеѓунљид. Дар бадали се рӯз ман, Мавлуда Обидова, Муяссара Аминова, Муҳаббат Арабова ва Зафар Ҷаводов панҷ имтиҳон супурда, ба Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский дохил шудем.
Ҳангоми таҳсил дар донишкада ва шиносоӣ бо ҳунарпешаҳои замон, ки орзуи диданашонро доштем, оҳиста - оҳиста муҳаббати санъатро дар қалбам бедор намуд, - иброз медорад Дилбар Умарова.
Бо ворид шудан ба олами санъат розӣ буд, то тамоми рӯзҳои умраш дар саҳна гузаранд. Ончунон дилбохтаи касб гашт, ки то имрӯз зиндагиашро бе театр тасаввур карда наметавонад.
- Ин ҳамаро дар хуну пӯстамон устодон маскун сохтанд. Театр ҳаёти ман аст. Худро бе театр ва тамошобин тасаввур карда наметавонам, - бо ҳарорат мегӯяд Дилбарбону.
Аввалин нақш дар театр
Дилбар фаъолияти эҷодиашро аз Театри давлатии ҷавонони Тољикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз намуд. Ҳарчанд қабл аз ба ин ҷо омадан нақшҳои зиёдеро дар намоишҳо офарида буд, вале онҳоро нақши нахустин дар саҳнаи театр намеҳисобад.
- Зеро то ин дам нақшҳои офаридаам дар намоишҳо барои ҳимояи кори дипломиам рабт доштанд. Ҳунарнамоӣ дар пйесаи Фотима Ғуломова бо номи «Хазони сари роҳ» аввалин нақши ман дар театр нақши Сарвиноз буд. Нақши дилчаспест, ки дар он симои аслии духтари ошиқи шӯхи деҳотӣ хеле воқеӣ таҷассум ёфта буд, - ба ёд меорад ӯ.
«Садо аз тобут»
- Уффф… Гӯё ҷуз ин намоиш дигар нақшеро дар саҳна ё синамо надошта бошам, ки аксар вақт суол аз «Садо аз тобут» суҳбатро оғоз менамоянд. Боре ҳам нақшҳои офаридаамро нашумурдаам, вале дар замони Шӯравӣ барои пешниҳод ба мукофоти давлатӣ ҳуҷҷатгузори театр нақшҳои офаридаамро шумурда, шумораи онҳоро 50 адад гуфт. Ин ҳам танҳо дар синамо, на дар театр.
Нақши бозидаам дар намоиши телевизионии «Садо аз тобут» шояд нақше буд, ки тавонист маро ба мардум хубтар шиносонад. Воқеан, нақш ва пйеса олӣ буд. Мазҳака дар дили тамошобин зуд роҳ меёбад. Ин намоиш дар чандин театрҳои кишвар саҳнавӣ шудааст ва дар нақшҳои асосӣ ҳунарпешаҳои маъруф Марям Исоева ва Нисо Муҳаммадҷонова нақш офаридаанд. Вақте ин нақшро ба ман лоиқ диданд, ростӣ, ҳаросидам. Ҳунарнамоӣ баъди онҳо сахт душвор буд. Бо ёриву дастгирии Убайдулло Раҷабов, Қиёмиддин Чақалов ва зиндаёд Бурҳон Раҷабов иҷрои нақшро ба уҳда гирифтам, аз таваљљуњи зиёди тамошобинон ба чунин хулоса омадам, ки онро хуб бозидам, - мегӯяд бонуи ҳунар...
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО