Замони баргашт аз сафари хизматии вилояти Суғд, хостем сари роҳ аз дастовардҳои бонувони ноҳияи Айнӣ баҳра бардорем. Моро Гулсара Зокирзода, муовини раиси ноҳия, пешвоз гирифт…
- Воқеан, дар ноҳияи Айнӣ ягон марду зани фарбеҳро надидем. Ин аз обу ҳавои тозаи кӯҳистон ва ё аз серкории занони ин ҷо бошад?, - пурсидем аз муаллима.
- Мудом, агар дар як ҷой нишинед, фарбеҳ мешавед, - бо табассум мегӯяд мусоҳибам. - Бонувони мо заҳматкашанд, ҳамеша дар такудав. Бар замми ин мардуми кӯҳистон ғизоҳои тоза истеъмол менамоянд. Мо соҳиби дорухонаи ғании табиат ҳастем. Як мисоли одӣ, ҳамин санҷидро бигирем. Табобатӣ будани онро шояд кам касон донанд. Дар вақти зукому сулфа, агар онро ҷӯшонда обашро нӯшед, зуд сиҳат мешавед. Марду зани кӯҳистон дар роҳи саҳро ҳатман бо худ як каф санҷиду ғӯлинг доранд, онро ба даҳон мепартоянду роҳро наздик месозанд. Чормағз, зардолу, ширу қаймоқ аз камтарин номгӯи маҳсулотанд, ки кафили тансиҳатии мардумонанд.
- Барои инҷониб сарфаву сариштакории бонувони кӯҳистон боиси ибрат аст. Зани деҳотӣ ҳатман барои фарзандон аз ҳеҷ чиз як чиз омода месозад…
- Дуруст, рӯи дастархони бонуи кӯҳистониро ҳамеша нон, шириниҳои омоданамудаи худӣ, маҳсулоти ширӣ: чакаву ҷурғот, себу мағзу ғӯлинг ё зардолуи болаззат оро медиҳанд. Имрӯз кадбонуҳои кӯҳистонӣ нӯшобаҳои гуногун, ширинӣ, мураббо, аз сабзавоти парвардаашон анвои гуногуни хӯрокаро барои зимистон захира месозанд.
Баъзан дар мағозаи деҳа маводи зарурӣ пайдо намешавад ва ё барои хариданаш маблағи кофӣ дастрас нест. Захираи зани деҳот ӯро аз ҳолати нобоб мебарорад. Шир, ҷурғот, қаймоқ, равғани зард, чормағз, қаймоқи барг…
- Қаймоқи барг гуфтед?
- Бале, қаймоқи баргро танҳо дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ омода месозанд. Тарзи таҳияаш бағоят нозук аст. Қаймоқи рӯи ширро ногирифта онро мепазем. Вақте шири пухта каме сард шуд, ба он ҷурғот ҳамроҳ мекунем. Баъдан болояшро мепӯшем. Дар рӯяш қаймоқ хоб меравад. Он қаймоқро гирифта, рӯи табақе мехушконем, ки беҳтарин хӯрок барои меҳмонони олиқадр аст.
Бонувони Айнӣ дар пухтани анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ: фатир, фатирча, ширин лаби ёр, қадмол, чалпак, тунук, тордона, ғилминда, тири варақӣ ё қарнӣ, бӯрсоқ, кулчаи тагисангӣ ва амсоли инҳо ҳамто надоранд.
Ба фикрам, тарзи таҳияи тордона барои мардуми дигар минтақаҳои Тоҷикистон бояд аҷиб бошад. Тамъи он барои мардуми обрави Зарафшон хуб ошност. Хамири одии нонро камтар тунук карда, аз ҳалво қаймоқ омода менамоем ва дохилаш мегузорем, гирдашро хушрӯ мепечонем. Таҳияи ғилминда ҳам ба тордона монанд, аммо ҳалвои онро бо ширу об омода месозем.
- Кулчаи тагисангӣ чӣ гуна омода мешавад?
- Барои он оташдони махсус лозим аст. Таги оташдон санг дорад. Вақте дар оташдон оташ меафрӯзем, санг метафсад. Оташро тоза карда, рӯи санг варақ мекушоему болояш нонро гузошта, рӯяшро бо табақи тунукагӣ мепӯшонему ба болои табақ хокистари гармро дубора мерезем. Ҳамин минвол тагу болои нон хуб мепазад. Кулчаи тагисангӣ хело бомаза аст.
Қурути тагисангӣ ҳам дорем (механдад). Ҷурғотро баъди таровидани обаш дар халта мегирему дар таги ду санги сӯзон чанд рӯз нигоҳ медорем. Ин корро аслан занон дар овул (чарогоҳҳои тобистона) омода месозанд. Зеро боду ҳавои тобистон барои ин кор мусоид аст. Баъди ду-се рӯз онро аз таги сангҳо берун меоранд ва барои хӯрдан пешниҳод менамоянд.
- Ноне бо номи «Ширин лаби ёр» - ро ҷое нашнидаему надидаем…
- Мардуми мо «Ширин лаби ёр» - ро бештар дар ҷашни арӯсиву домодӣ барои таги чодар омода месозанд. Хамирашро бе об, танҳо бо қаймоқу равған мешӯрем. Тарзи пухтанаш ҳам махсус аст. Нонро дар ду тарафи танӯр мечаспонем, аз боло часпонед, мерезад. Оташро ҷамъ карда, даҳони танӯрро хуб маҳкам мекунем. Ин навъи нонро танҳо дар пухти дувум ё ҳатто савуми танӯр, вақте тасфи оташ нишаст, мепазем. «Ширин лаби ёр» - ро аз як тараф арӯс мегазаду аз тарафи дигар домод.
«Тири варақӣ» -ро бошад, поча – порча дар равған мепазем. Хамири онро бо равған омода месозем. Агар кадбону хоҳад, ба он қаймоқу шир низ ҳамроҳ месозад.
- Дар водии Зарафшон қурутобро низ дигаргуна омода месозанд…
- Бале, тарзи таҳияи қурутоб дар мо нисбат ба дигар гӯшаву канори кишвар фарқ дорад. Болои қурути кафзада каме пиёзро зирбонда мерезему онро ба меҳмонон дар косаҳо пешкаш менамоем. Касе хоҳад, бо нон, касе хоҳад ҳамин хел онро дам мекашад.
Мо як хӯрок дорем, ки онро оши ӯмоч мегӯем. Хеле бомаза аст. Ӯмочи мардуми Айнӣ бо он фарқ дорад, ки ба он боқило ҳамроҳ мекунанд. Боқило як намуд донагист мисли лӯбиё, аммо гирд – гирд. Он бисёр табобатист. Барои беморони диабети қанд беҳтарин ғизост. Ҳамчунон, барои беморони зардпарвин тавсия дода мешавад. Фишорро муътадил месозад. Аз он боқилоҷӯш ҳам омода менамоем. Дар дохилаш гӯшти хушк, райҳон, алафҳои шифобахш ҳамроҳ мекунем. Ҷавонон мисли кадбонуҳои калонсол хамири иборат аз обу намакро сахт шӯрида, бо даст нею бо корд майда мебуранд. Хамиррезаҳоро дар дохили тафдон каме таф медиҳем, баъд ба дег, ки он ҷо гӯшт, пиёз, сабзӣ ва картошкаро хуб зирбонда об рехтаем, нахӯд ҳамроҳ карда, ӯмочро меандозем. Хело хушмаза мешавад.
- Шояд ин аз танбалии ҷавондухтарон бошад. Калонсолон ӯмочро хуб кафмол медиҳанд. Бо ҳамон тарзи шакидани хамир ва ба резачаҳо бадал шудани ӯмоч миҷози он гарм мешавад, мегуфтанд онҳо…
- Дуруст, мисле, ки мегӯянд: агар угроро дар рӯи тахта буред, мизоҷаш сард, агар дар рӯи суфра буред, мизоҷаш гарм мешудаст. Воқеан, ман ҳам бар ин назарам, ки ӯмоч бояд каф зада шавад.
- Шириниҳои кӯҳистонӣ, ғӯлингу тутмавиз ва аштақ низ хеле лазизанд…
- Дастархони моро маҳз чормағзу мағз, тутмавизу мавиз, санҷид, ғӯлинг, аштақ зеб медиҳанд. Анвои гуногуни ҳалво ҳам омода месозем. Ҳалвои чормағзӣ, косагӣ ва ғайра.
Аштақро аслан дар тобистону тирамоҳ тайёр мекунем. Шафтолу, зардолуро пора карда, қабат ба қабат дар дохилаш мағзи чормағзу зардолу мегузоранду ба ҳамин шакл дар ҷои соя мехушконанд. Он беҳтарин ширинӣ маҳсуб меёбад.
- Тоза фаҳмидем, ки чӣ гуна дар озмуни «Дастархонороӣ» мардуми ноҳияи Айнӣ соҳиби шоҳҷоиза гаштанд…
- Бо оростани ҳамин гуна дастархон дар озмуни «Дастархонороӣ» дар вилояти Суғд ҷои аввал, дар ҷумҳурӣ соҳиби шоҳҷоиза гаштем.
Дуруст аст, ки сарфаю сариштакории оила аслан дар дасти бонувон аст. Аз 82 ҳазор аҳолии ноҳия танҳо 40 зан дар муҳоҷирати меҳнатист. Дар 8 ҷамоат дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ оварда, коргоҳҳои ҳунармандии хурд созмон додем. Дар деҳаҳои Зосун, Дар - Дар коргоҳҳои дӯзандагӣ амал мекунанд. Дар деҳаи Урметан муаллима Ҳафизабону Ӯлҷаева гирандаи гранти раиси вилоят, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, духтарони зиёдро ҷамъ оварда, ҳунари ҷома ва қуроқдӯзиро таълим медиҳад. Дар деҳаи Мадм коргоҳи намаду қолинбофӣ кушода шуд. Бонувони ин деҳаи дурдаст пашмресиву ҷӯроббофӣ мекунанд. Дар маркази ноҳия ташкилоти «Кӯҳсор» фаъол аст, ки духтарон дар баробари ҳунарҳои дигар ин ҷо кӯрпача медӯзанд.
Бисту се сол омӯзгори забон ва адабиёт ва соле директори мактаб будам. Инак, чаҳор сол аст, ки дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият мебарам. Роҳбарии зан дар кӯҳистон бас мушкил аст, аммо роҳашро ёфтан лозим. Масалан, дар мақомот аз рӯи талабот либоси расмӣ мепӯшам, лекин вақте ба дурдасттарин деҳаҳо меравам, ҳатман пероҳани миллӣ ба бар мегирам.
Нест оилае, ки гап надошта бошад. Ҳар нафар бо мушкиле рӯ ба рӯ мешавад. Бароям беҳтару хубтар аз шавҳарам дар ин лаҳзаҳо мунисе нест. 4 фарзанд ва 2 сунҳор дорам. Вақте келинҳоям субҳ гуселам мекунанду бегоҳ ба пешвозам мебароянд, сарам ба осмон мерасад. Фарзандони мардумро мебояд мисли ҷигаргӯшаҳои худ дӯст дошт. Гоҳо писаронам хоҳиш мекунанд, ки «очаҷон, нон пазед». Рӯзе, ки дар хона худам нон мепазам ё хӯрок омода месозам, ҳама хушнуд мегарданд. Он лаҳзаҳои фараҳнок беҳтарин лаҳзаҳои умри мананд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Хуҷанд - Айнӣ - Душанбе