Равзанаи ошноӣ
Зоирзода Маърифат Оймаҳмад 25. 1. 1969 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 аз вазифаи омӯзгори мактаби миёнаи №11 ноҳияи Темурмалик оғоз намуда, моҳи сентябри соли 1994 муовини директори мактаби мазкур, аз моҳи июли соли 1996 мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Балҷувон, моҳи январи соли 1999 муовини раиси ноҳияи Балҷувон буд. Моҳи ноябри соли 2011 ба симати мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз январи 2015 сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят адои вазифа намуд. Моҳи марти соли 2015 раиси ноҳияи Балҷувон таъйин гашт.
Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр гардид.
Субҳи солеҳон. Раиса мошини хидматиро интизор нашуда, сӯйи коргоҳ раҳсипор шуд. Охир, коргоҳаш он қадар ҳам дур нест. Ӯ ба ҳуҷраи корӣ надаромада, нахуст аз гулгашти пушти бино дидан кард. Бо вазидани насими форами пагоҳирӯзӣ, машомро бӯйи муаттари гулҳои нодир пур мекард.
Илоҳо дасташ дардро набинад. Мӯйсафед сарфи назар аз синну сол, байни гулҳост, ба дил бурд ӯ.
Аз байни гулҳои садранг бобои Ҷумъа каланд дар даст баромада:
- Ассалому алайкум,- гуфта ба пешвози раиса қадам зад.
- Салом, падарҷон, бехобӣ доред - чӣ? Навакак хаёлан шуморо ба ёд овардам. Гулгаштамон боғи афсонавиро мемонад. Ба фикрам, ҳар касе аз ин гулҳои хушбӯй ва қаламчаҳои шинондаи шумо машом пур кунад, ҷасуру меҳандӯст мешавад. Бинед, ки ман ҳам ба ҳуҷраи корӣ надаромада, аввал хостам гулгашти афсонавии шуморо дида, ғайратамро афзуда, ба кор оғоз намоям. Раҳмат ба шумо, падарҷон!
...Дер боз надида будамаш ва бо ин сабаб озими ноҳияи зебоманзари Балҷувон шудам. Маърифат Зоирзода маро дар саҳни ҳавлии мақомоти иҷроия бо табассуми малеҳ истиқбол гирифт. Ӯ ҳамоне буд, ки буд. Заррае тағйир наёфта буд. Бо ҳамон либоси тоҷиконаи зебанда, бо ҳамон одоби ҳамидаи муошират, бо ҳамон шарми зебои шарқиёна ва бо ҳамон рафтору ғайрати мардона касро мафтун месохт.
Суҳбати мо раҳораҳ ва дар назди иншооти нав мавриди истифода қароргирифта сурат гирифт. Вақте ки ӯ ободкориҳои ноҳия: роҳи мошингарди Кангурт –Балҷувон -Ховалинг, дарвозаи ноҳия, Қалъаи Мир, маркази савдо ва хизматрасонӣ, гулгашт, бинои маъмурии бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи кӯдакона барои 100 нафар, толори варзиш, тарабхонаи «Насими Балҷувон», корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант», корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахшро нишон медод, дар чашмонаш шуълаи ифтихор медурахшид.
- Андешаи Шумо бобати ин сарзамини куҳанбунёд?
- Ифтихори ман мардуми сарбаланди ин диёр мебошад. Сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудани 3 тан аз фарзандони шуҷои Балҷувон дар размгоҳҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев фаромӯшнашуданист.
-Бобати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 оид ба «Минтақаи туризми байналмилалӣ эълон намудани ноҳияи Балҷувон» ва «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 -2020»- ро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 қабул намуд, чӣ корҳо ба сомон расидаанд?
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб зикр намудаанд: «Осори куҳан ва ёдгориҳои таърихӣ забони гӯёи фарҳангу миллат мебошанд. Қарзи мову шумост, ки ин гуна осори нодири фарҳангиро ҷустуҷӯву пайдо намоем, онҳоро ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем».
Ноҳияи Балҷувон яке аз ноҳияҳои таърихии сарзамини Тоҷикистон маҳсуб ёфта, фарзандони ғаюраш тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи худ чи дар раванди сиёсию иҷтимоӣ ва чи дар раванди иқтисодию фарҳангии тоҷикон саҳми сазовор гузоштаанд. Дар баробари табиати биҳиштӣ, обшорону майсазорҳо, кӯҳҳои сарбаафлок, киштзору чарогоҳҳо, даҳҳо ёдгориҳои таърихӣ то ба замони мо омада расидаанд. Ин ёдгориҳо ҳамчун мероси гаронбаҳои халқ имрӯз дар ҳимояи давлат қарор доранд ва умед аст, ки солҳои наздик онҳо ҳамчун иншооти туристӣ муаррифгари ин куҳандиёр мегарданд.
Рушди соҳаи туризм замина ва имкониятҳои муфидро баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар ноҳия фароҳам хоҳад овард. Боиси тазаккур аст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои даромаднок маҳсуб ёфта, давлатҳои мутараққӣ аз ин ҳисоб маблағҳои зиёде ба даст меоранд ва онро барои рушди иқтисодиёти мамлакаташон пурсамар истифода мебаранд.
Инкишофи соҳаи туризми экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ, фарҳангӣ ва дигар намудҳо барои ноҳия хос мебошанд. Барои туризми экологӣ – фарҳангӣ хатсайрҳои аз 2 то 10 рӯза муайян шудаанд.
Дар ҳудуди Балҷувон манбаъҳои зиёди неъмати бебаҳои табиӣ мавҷуданд, ки онҳоро 200 чашма, рӯдҳои Дашти Ангора, Дароз, Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Рӯйи Об, дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Талхак, Шаршараи Пушти Боғ, шаршараи Камолӣ, шаршараи Сафедоб чашмаи Булғурӣ, чашмаи Оби Гӯр, чашмаи Оби Шулук, чашмаи Ҳибил ва ғайра ташкил медиҳанд.
Барои рушди минбаъдаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон шуъбаи туризм, маркази туризм, алпинизми «Сари Хосор», Муассисаи давлатии «Маркази рушди сайру саёҳати Балхиён» ва намояндагии туристии ноҳияи Балҷувон дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудаанд.
Сокинони ноҳияи Балҷувон кӯшиш ба харҷ медиҳанд то ҳар як сайёҳро бо расми хуби тоҷикӣ пешвоз ва гусел намоянд.
- Омодагии ноҳия ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
-Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Аз ҷумла, чунин гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Балҷувон низ таъсис дода шуда, Давлатзода Нусратулло Муқим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари гурӯҳи корӣ таъйин гаштааст.
Дар асоси ин амр бо қарори дахлдори раиси ноҳияи Балҷувон аз 30 майи соли ҷорӣ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар асоси омӯзиши вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Балҷувон бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуд.
Инҳо таъмиру бунёди муассисаҳои соҳаи маориф (кӯдакистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ), муассисаҳои соҳаи тандурустӣ (бунгоҳҳои тиббӣ, маркази саломатӣ бо таваллудхона, маркази тиббӣ, нуқтаи хатнаи кӯдакон), муассисаҳои соҳаи фарҳанг (китобхона, қасри фарҳанг, маркази фарҳангӣ, боғи фарҳангӣ), боғу гулгаштҳо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, ҳаммомҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маркази ҳар як деҳа, маҳаллаю ноҳия ва ғайра мебошанд…
- Сирри муваффақиятҳои Шумо дар чист?
- Боварӣ ва дастгирии халқ, ҷавонмардони сахопешаи Балҷувон.
- Орзуҳои Шумо?
- Мехоҳам Балҷувони азизамро гул - гулшукуфон бинаму он нақшае, ки (лоиҳаи 375 адад иншоот) болои миз вобаста ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорам, амалӣ гардад.
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА,
ноҳияи Балҷувон