Аз он ифтихормандам, ки дар тими яке аз роҳбарони ҷавону кордони пойтахти тоҷикони дунё – Душанбеи дилрабо фаъолият дорам. Ба ин маснад ногаҳонӣ нишастам. Фаъолият намудан дар қалби кишвар, он ҳам ба ҳукми роҳбару намояндаи бонувон ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд. Алҳол ба ҳайси сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолият дорам…
Фарзанди омӯзгор
Наргис Шарифзода зодаи яке аз шаҳрҳои таърихӣ – Кӯлоби бостон аст. Падараш Шариф Достӣ, номзади илми таърих, муаллими калони кафедраи таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шахсияти маъруф, модараш омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик.
- Қиблагоҳ чун инсони хоксору фурӯтан ва донишманди асил дар зиндагӣ устоди аввалинам ҳастанду дар фаъолият низ. Садои баландашонро боре нашнидаем. Дар хона касеро маҷбур намесохтанд, ки китоб хон. Вақте падар аз кор меомаданд, фарзандон пайи анҷоми вазифаҳои хонагӣ будем. Модар низ пас аз издивоҷ бо талқини падарам ба донишгоҳ дохил шудаву таҳсили илм кардаанд.
Кӯдакии тиллоӣ доштем. Таътилро дар лагерҳои пионерӣ мегузарондем. Мутолиаи асарҳои Пушкин, Есенин, Достоевскийро дӯст медоштам. Ҳафт фарзанди оила ҳама дар макотиби олӣ таҳсил намудем. Бахусус дар солҳои нооромӣ хондани 5 гулдухтари оила осон набуд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Наргис байни ҳамсинфон бо хислатҳои серталабӣ, ҷиддият, хату саводи хуб намуна буд. «Муаллима» мешавам, бо ифтихор бо лаҳни кӯдакона орзу мекард ӯ. Дар мактаб сардори синф буду дар донишгоҳ сардори гурӯҳ. Баъди хатми дабистон ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забон ва адабиёти руси ДДК супурда, онро бо дипломи сурх ба итмом расонд. Соле дар мактаби зодгоҳаш ба сифати омӯзгор фаъолият кард. Бо тақозои кори шавҳар ба шаҳри Душанбе омаданд.
- Солҳои аввали ба Душанбе омадан бештар мехостам ҳамроҳи фарзандонам бошам. Духтаронамро ба кӯдакистон додаму мураббия шудам. Он солҳо ба русзабонҳо авлавият медоданд. Маро нобоварона ёрдамчии мураббия таъйин намуданд. Баъдтар лаёқатамро дида, сар фуроварданд. Ҳар рӯз дар тарбия чизи наве ворид мекардам. Соли 1997 маро мудири кӯдакистони № 104 таъйин намуданд. Расо 13 сол дар ин вазифа кор кардам. Зина ба зина ғолиби озмунҳои «Мураббии беҳтарин», «Мудири беҳтарин», «Кӯдакистони беҳтарин» гаштам. Соли 1998 аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқ интихоб шудам. Ду даъват вакили ноҳиявӣ будам. Ҳоло вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳастам, - зикр мекунад Наргис Шарифзода.
Аз рӯи зарурати касбӣ Наргис донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ гашту унвони равоншиносро ба худ ихтисос дод.
Дар тими Рустами Эмомалӣ
Соли 2017 кӯдакистони таҳти назораташ чун «Кӯдакистони беҳтарин» баргузида шуд. Соли 2018 заҳматҳояш бо медали «Хизмати шоиста» қадр шуданд. Ва ҳамон сол пешниҳоди идомаи корро дар МИҲД шаҳри Душанбе дарёфт.
- Бори аввал дар суҳбати Рустами Эмомалӣ ба дидаҳоям бовар намекардам. Ин қадар одӣ, хоксор. Ду - се ҷумла радду бадал намудем. Раиси шаҳр пешам вазифа гузоштанд: дастгирии бонувон.
Хиҷолатзада гуфтам, ки аз уҳдаи кор мебаромада бошам? «Метавонед!», - ин буд посухи шаҳрдор.
Бори масъулиятро хуб дарк намуда, ба фаъолият пардохтам, - ба ёд меорад муаллима.
Барои ҷавобгӯ будан ба вазифаи ишғолнамуда, Наргис донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам шуд.
- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бештар бо муовини шаҳрдорӣ Мавсума Муинӣ ҳамкорем. Нозукиҳои корро маҳз аз ин бонуи чашмикордон омӯхтам. Сарфи назар аз ҷавонӣ муаллима бисёр кордону хоксоранд.
Корро бо бонувони собиқадор ва занони хонанишин оғоз кардам. Аз хурдӣ ба фаъолияти шинохтатарин чеҳраи сиёсӣ аз ҳисоби бонувон Бозгул Додхудоева диққат медодам. Фаъолияти бонувони шинохтаи кишвар Хайринисо Юсуфӣ, Рафиқа Мӯсоева, Латофат Насриддинова, Руқия Қурбонова, Идигул Тағо ва дигарон бароям мактаби омӯзиш аст.
Насиҳати падарам буд: «Бачам, аввал Низорамоҳро бин». Насиҳати муаллима Низорамоҳ Зарифова ин буд: «Бачам, вазифа муваққатист, хоксор бошу меҳрубон, алоқаро аз мардум канда накун». Ман ин маслиҳатро маҳаки асосии фаъолият қарор додам, - мегӯяд мусоҳибам.
Умедҳо
Ӯ ба ин бовар аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарин дастгириҳои бонувон дар сатҳи олист, ки роҳи занонро дар тамоми ҷодаҳо боз намудааст. Аз интихоб шудани бонуи номдори сиёсат Озода Раҳмон ба симати Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» изҳори сарафрозӣ менамояд.
- Ин қадар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувон эътимод доранд. Мехоҳам сафи занон ин даъват дар Парлумон баробар бо мардон бошад. Дар мансабҳои калидии роҳбарикунанда ҳамтоёни худро бештар дидан мехоҳам, - орзуҳояшро ифшо месозад Наргис.
Роҳбари бонувон имрӯз аз ду мушкил бештар азият мекашад: зиёд будани омори талоқ ва рӯ овардани ҷавонон ба фарҳанги бегона.
- Имрӯз муассиртарин чораҳо барои паст кардани шиддати омори талоқ андешида мешаванд. Давлату Ҳукумат барои мустаҳкам шудани пойдевори оила тамоми корҳоро амалӣ менамояд. Вақте дар муассисаи томактабӣ фаъолият доштам, духтарони ҷавонро ба кор қабул мекардам ва то қадри имкон барои идомаи таҳсилашон дар омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳҳо ёрӣ мерасондам.
Ба назари банда дар оиладор кардани ҷавонон ба саросемагӣ роҳ додан хуб нест. Беҳтараш аввал фарзандон хонанд ё ақаллан ҳунар омӯзанд. Дар давлатҳои исломӣ бонувон орзуи озодии моро мекунанд, мо бошем, кӯр-кӯрона дар тақлид ба аҷнабиён ба сатру ҳиҷоб мепечем.
Мардҳо амиқ наандешида зану фарзандони худро гирифта, ба коми ҷангҳои бемаънӣ мепартоянд. Худашон қурбони бозиҳои сиёсиву геополитикӣ мешаванду зану фарзандонашон бозичаи дасти ҷанговарони ваҳшӣ. Ҷавонон бояд фирефтаи найрангу фиреби хоинони миллат нашуда, дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз зиракии сиёсӣ кор бигиранд, - бо ҳарорат изҳор медорад мавсуф.
Ба андешаи ӯ, бо баробари мавриди амал қарор гирифтани Барномаи давлатии «Рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2024» ду мушкили аслӣ ва печидагиҳои дигари зиндагии бонувон бояд роҳи ҳалли худро ёбанд.
Оилаву тафреҳ
Ба гуфти мусоҳибам, бонувони роҳбар ками дар кам барои истироҳату тафреҳ имкон доранд. Вай дар баробари рисолати дар ҷомеа доштааш, имрӯз ҳамсар асту модар ва модаркалон.
- Шукронаи зиндагӣ, соҳиби 3 фарзанд ва 4 набера ҳастам. Шавҳарам табиб бо тақозои касб дар хориҷи кишвар фаъолият доранд. Як рӯзи истироҳат дорам, ки онро дар назди падару модарам мегузаронам. Агар камтар вақт ёбам, барои саломатиам бо варзиш шуғл меварзам. Ҳоло ки дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор дорам, бештар китобҳои илмӣ мехонам.
Субҳ аз соати 7 сари кор ҳастам. Бегоҳ то охирон корро ба анҷом нарасонам, аз идора намебароям. Дар иҳотаи кормандон ҳеҷ вақт худро роҳбар нишон намедиҳам. Ман аз хурдсолтарин узви гурӯҳи хеш чизе бардошт мекунам. Мекӯшам корафтодагон аз ҳуҷраи кориам қаноатманд берун шаванд. Ҳар рӯз як ё ду чорабинӣ мегузаронем. Аммо мақсад фақат гузарондани ин ё он озмуну чорабинӣ нест. Бароям натиҷа ва пайовардҳои амал муҳим аст, ки он дилхоҳ аст ё хайр.
Гулноза АҲМАДЗОДА