Ба тақозои касби журналистӣ пайваста ба Федератсияи Россия сафар дорам. Мақсад аз ин сафарҳо вохӯрӣ бо ҳамватанон, созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, муҳоҷирон ва омода намудани барномаҳои радиоию телевизионӣ ва мақолаҳо аз ҳаёти онҳо мебошад.
Боре дар шаҳри Новосибирск аз забони чанд ҳамватан дар хусуси ширкати маъруфи «СВ Профи плюс», ки ба шаҳрвандони хориҷӣ хизмати ҳуқуқӣ мерасондааст, суханони нек шунидам. Ширкат соли 1998 бо ташаббуси Светлана Дмитриевна Семёнова рӯи кор омада, аз соли 2015 бахшҳои он дар бисёр шаҳрҳои Россия фаъол шуданд. Дар ин бахшҳо шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд маҷмӯи ёрии гуногунсоҳаро бигиранд, масалан, ин ҷо беморро ба воситаи дастгоҳҳои навтарини тиббӣ ташхис мекунанд ва барои давои дарди ӯ 50 духтури соҳибтаҷрибаи дараҷаи олии касбӣ ва категорияи якум бо ҳам машварат ороста, сипас ба хулосае меоянд. Ширкат дар соҳаи ҳифзи меҳнат, машварати ҳуқуқӣ, супурдани имтиҳон аз забони русӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳои суғуртавӣ, аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқ намудани тарҷумаи русии шиноснома, гирифтани патент ва иҷозатнома барои кор аз рӯи ихтисос, ки басо муҳиманд, ба муҳоҷирони меҳнатӣ мадад мерасонад. Аз хизматрасонии ширкати «СВ Профи плюс» муҳоҷирони тоҷик низ бештар истифода мебаранд ва дар васфи роҳбари он Светлана Дмитриевна ҳарфи гарму самимӣ иброз медоранд. Маҳз аз ҳамин сабаб хостам бо ин шахси башардӯст, ёвари корафтодаҳо, мушкилкушои ғарибони дилфигор дидор бубинам. Воқеан, ӯ шахси хайрхоҳу ҳамдарду пурилтифоте будааст.
- Марҳамат карда дар бораи худ, ширкат ва ҳамкоронатон мушаххас чанд сухане бигӯед, - хоҳиш намудам ва иловатан гуфтам, - мо медонем, ки муовини директори ширкати бонуфузи Шумо ҳамватани мо Идибек Маҳмадҷонов аст.
- Ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ, – посух дод Светлана Дмитриевна, - ман дар бораи донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе хондаву шунида будам, ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузу соҳибэҳтиром асту дастпарваронаш дар бисёр ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ кор мекунанд ва он даргоҳ номи олими машриқзамин Абуалӣ ибни Синоро дорад. Ҳамчунин, насаби бисёр олимони соҳаи тиб, аз ҷумла Ҳамид Мансуров, Минҳоҷ Ғуломов, Саъдинисо Ҳакимова, Исҳоқӣ ва даҳҳо донишмандони соҳа бароям ошно буданд. Онҳо дар ҷаҳон ҳамчун идомабахши фаъолияти тиббии Ибни Сино шинохтаву соҳибэҳтиром буданд. Аз ин рӯ, мо дастпарварони тибби тоҷик, ворисони Абуалӣ ибни Синоро бо хурсандӣ ба кор мегирем. Донишкадаи давлатии тиббии Новосибирскро ман дар соли 1983 бо ихтисоси духтури профпатолог хатм намудам, яъне ҳамчун мутахассис ба табобати маризон, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, машғулам. Дар бораи ташкил намудани фаъолияти тандурустӣ низ маълумоти иловагӣ дорам. Бизнес-маълумотро дар ширкати байналмилалии консалтингии «Бизнес форвард» гирифтам. Хоҳиши ёрӣ расондан ба одамон, дар бораи нигаҳдории саломатии онҳо кӯшидан, ба он илқо намуд, ки дар Новосибирск маркази кор бо шаҳрвандони хориҷӣ созмон ёбад. Тавассути ин марказ ҳар шаҳрванди хориҷӣ метавонад мушкилиашро осон намояд, бемор метавонад машварати тиббӣ бигирад, корафтода аз маслиҳати ҳуқуқӣ баҳравар мегардад. Мутахассис аз рӯйи ихтисоси худ ба шарофати марказ кор меёбад. Умуман, кадом масъалаи чигиле набошад, дар ҳалли он ширкат ва бахшҳояш мададгоранд.
Ба ғайр аз ин, мо барои одамоне, ки бо амри тақдир ба Россия омадаанд, шароити хуб муҳайё месозем, то ки дар меҳмонӣ худро ғарибу танҳо эҳсос накунанд. Дар бораи тоҷикон бо бовар мегӯям, ки онҳо мардуми ором, накукор, сахӣ ва дилкушоданд, махсусан, ба ман як хислати тоҷикон хеле писанд афтодааст: онҳо ба калонсолон эҳтиром мегузоранд, ба тифлону наврасон меҳрубонанд, урфу одат ва анъанаҳои миллати хешро пос медоранд. Дар рӯзҳои душвор дасти ҳамдигар мегиранд, ғамшариканд. Аҷибаш дар он ки тоҷикон, ҳамчунин, ба мардуми дигар миллатҳо, ба онҳое, ки намешиносанд, ҳатто номашро ҳам нашунидааду забонашро низ намедонанд, дасти мадад дароз мекунанд.
- Вақте ки пардаи ғам Шуморо фаро мегирад, бори андуҳ ба қалбатон фишор меорад, ба кадом кор даст мезанед?
- Одатан, бисёр кор мекунам, илҳомро ба вақти заҳмат кашидан дармеёбам, вақте ки дили маро ғам ё яъсу ноумедие фаро гирифтан мехоҳад, ба ширкат мешитобам ва аламро аз кор мегирам. Кор воситаи асосии ба авҷ бардоштани илҳом аст. Инчунин, адабиёти бадеӣ – осори классикону адибони муосири русу хориҷиро мутолаа мекунам, китобхонӣ фароғати зиёд мебахшад, сайругаштро дар соҳили дарёи Об дӯст медорам. Мавҷи дарё, ҳавои хушу серун ба торҳои нозуки асабам роҳатрасонанд.
Барои бештар хизмат расондан ба онҳое, ки мардумро ба кор фаро мегиранд, дар назди корхонаи фаръии ЧОУ ДПО «Сибирский инновационный профцентр» Маркази тестии шаҳрвандони хориҷиро кушодем. Дар бораи ширкати васеъихтисосамон бояд бигӯям, ки мо тавонистем дастаи комилан касбии мутахассисон – донандагони ихтисоси худро созмон диҳем ва ширкати «СВ ПРОФИ ПЛЮС» шарики боэътимод буда, ҳамеша омода аст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ, кормандони соҳаҳои истеҳсоли маводи ғизоӣ, ошхонаҳо, мағозаҳои хӯрокворӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тиббӣ ва… хизмати босифату самаранок расонад.
- Ташаккур барои суханони самимиву дилнишин ва меҳрубонии зиёд ба Шумо - Светлана Дмитриевна, - ман ба Шумо боз як саволе дорам. Ба ман маълум шуд, ки маркази Шумо ҳамчун муассисаи муваффақ ва марказонидашуда дар дигар ноҳияҳои шаҳри Новосибирск бахшҳо ҳам дорад. Чаро чунин як марказ дар Тоҷикистон ҳам фаъол нашавад? Ҳамватанони ман аз ин амал бисёр судманд мешуданд ва аз Шумо сипосгузор мегаштанд. Аз хизмати маркази Шумо дар макони зисташон тоҷикон истифода баранд, хеле хуб мешуд, онҳо ба Россия аллакай ҳамаҷониба тайёр шуда меомаданд. Дар ин ҷо азоб намекашиданд ва маблағи зиёд сарф намекарданд. Чаро ҳамин корро накунем, охир Россия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд. Ҳамчунин, барои онҳое, ки дар мактабҳои гуногуни олии Россия таҳсил кардан мехоҳанд, ёвар мешуд.
- Мо дар ҳалли ин масъала кор бурда истодаем ва ҳамаи имкониятҳои худро месанҷему меомӯзем. Воқеан, чаро не, ин тавр шавад, нуран алонур мешуд. Зеро Тоҷикистони офтобрӯ ва мардуми меҳмондӯсти он дар Россия ҳам маълуманд. Албатта, осон нест, вале таваккул кардан мумкин, ин аз аҳамият холӣ нест.
- Аз суҳбат бо Шумо, Светлана Дмитриевнаи азиз, хеле хушҳолам, - гуфтам ба ҳангоми хайрбод, - дар дилам як эҳсосоти идона сар зад. Барои он ки Шумо ва ҳамкорони Шумо ба мардуме, ки бо амри тақдир ба Россия қадам гузоштаанд, шароити мусоид фароҳам месозед. Меҳмондӯстии шумо ба таврест, ки шахси ба кишвари бегона омада, худро бекасу танҳо эҳсос наменамояд. Чунин мегӯянд ҳамшаҳриҳои ман:
- Ҳазор ташаккур ба Шумо! Орзу дорам, ки ин суҳбати мо боз ҳам идома ёбад.
Садбарг БОҚИЕВА,
хабарнигори махсуси «Бонувони Тоҷикистон» дар ФР