Дар бораи адабиётшинос, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Кӯчаров бисёр нигоштаанд. Хидмати эшон дар бораи устод Айнӣ, ки адабиёти тоҷикро дар асри ХХ муаррифӣ кард, андак нест, тадқиқоту навиштаҳои ин олими айнишиносу матншинос беназиранд.
Аммо дар бораи рӯзгори хонаводагии устод шояд бисёриҳо кам бидонанд. Агарчи устод ду шоҳписарро аз даст дода бошанд ҳам, духтарони эшон Ҳусния ва Насиба (устоди ДМТ) тавонистанд ба шуҳрати падар шуҳрат зам намоянд. Ҳуснияро мешиносам, он ҳам ба шарофати устод.
Боре (аниқтараш, 7 сол пеш) устод зимни суҳбат дар бораи шавқи ҳамкории Ҳусниябону чанд ҳарф заданд. Гуфтам, ки наздам ояд, агар навиштае дошта бошад, ба мақолаҳо аз зинаи таҳсилоти томактабӣ эҳтиёҷ дорем, агар маслиҳат хоҳад, ҳозирем. Ҳамин тавр, Ҳусния ҳозир шуд. Росташ, суҳбат ва дидор бо бонуе ба чунин назокату ҷаззобӣ, хушзавқ, ором, хушрафтор, ба як сухан - тимсоли зебоӣ, воқеан, касро хушҳол мегардонад. Як чизро кам дошт: ҷуръат, ҷуръати дарҳол ҳарф задан, хеле бо эҳтиёт ва истиҳола дур месуфт. Ӯро ба сухан гуфтан водор намудем ва навиштаашро гирифтем, дар рӯзнома чоп шуд. Ва бо ҳамин кабӯтари илҳомаш пар кушод. Номаш на танҳо дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор», балки дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ҳам мақом ёфт.
Дар навиштаҳояш қаноатмандӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар эҳсос мешавад, гоҳи дигар аз иқдомҳои Президенти маҳбуби худ ифтихор мекунад, гоҳе аз ободии пойтахту диёри азизаш меболад, гоҳи дигар аз шӯру шавқи кӯдакони шӯх ба ваҷд меояд. Бештар аз ҳама, диққаташро мушкилоти кӯдакон ва вазъи ташаккули шахсияти онҳо ҷалб месозад.
Дунёи Ҳусния мисли дунёи тифлон аст: поку беолоиш, пур аз меҳру самимият, зебоӣ ва нафосат, дунёи пурарзиш. Бо чунин дунё ин бонуи равшанзамир дар кӯдакистони №17 барои худ ва кӯдаконаш дунёи рангине сохтааст. Ҳусния аввал маълумоти тиббӣ дошт, бо ҳамин маълумот корро аз кӯдакистони №81 ноҳияи Сино оғоз намуда, то соли 2008 дар кӯдакистони №140 идома дод. Муддате ба сабаби иваз шудани ҷойи истиқомат дар шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба ҳайси мушовири корҳои тарбиявӣ фаъолият кард. Ҳамзамон, факултаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм намуд.
Солҳои 2009 - 2011 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва баъд дар раёсати маорифи шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Инак, чанд сол боз мудири кӯдакистони №17 ноҳияи Исмоили Сомонӣ аст. Натиҷаи меҳнаташ дар озмуни «Кӯдакистони соли 2018» дар шаҳри Душанбе ӯро парчамбардор намуд. Ҷолиб аст донистани асрори ин ғолибият, чун довталабон ҳамасола хеле зиёданд.
Ҳусния аввалин омили пешравии корро дар ҷалби мутахассисон, ҳавасмандгардонии онҳо ва ташкили дурусти ҳайати корӣ медонад. Хушбахтона, аз ин ҷиҳат ӯ сарфароз аст, зеро аз зумраи беҳтарин мутахассисонро гирд оварда, масъули пешбурди корҳои методӣ шахси собиқадорро таъйин намуд. Хуб медонад, ки баланд бардоштани савияи дониш, малака ва маҳорати кормандони муассисаи томактабӣ ҳам маҳз аз фаъолияти бахши методӣ вобастагӣ дорад. Дар кӯдакистон шӯрои омӯзгорӣ хуб фаъолият мекунад, ташкилу баргузории семинару машваратҳои омӯзишӣ, машғулиятҳои кушод ба ҳукми анъана даромадаанд. Омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва кор бо мутахассисони ҷавон ҳам аз муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти бахши методиро дар бар мегирад. Ин бахш дар маҷмӯъ, назорати ҷараёни таълиму тарбияро бар уҳда дошта, фаъолияташ мавриди таваҷҷуҳ аст. Мудир дар пешбурди фаъолият саҳми корҳои ташкилӣ ва педагогиро низ муҳим медонад.
- Аз ин ҷиҳат дар кӯдакистон ба ифтихори ҳама ҷашнҳо чорабиниҳо баргузор мегарданд, - мегӯяд ӯ. - Дар таҷлили идҳо, ки мураббиён бо роҳбари мусиқӣ барномаҳои махсуси идона доир менамоянд, меҳмононро аз ҳисоби адибону падару модарон мехонанд. Муаллима ҳифзи саломатии кӯдаконро аз ҳама зарур медонад. Аз ин рӯ, ба кори ҳамшираи тиббӣ назари хос зоҳир менамояд. Тавре мегӯяд, барои ҳифзи солимии кӯдакон ташкил кардани бозиҳои гуногун ва ба назар гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ шарти муҳим аст.
Дар ободонии муассиса мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия саҳми махсус доранд, - мегӯяд ӯ. Муаллима ин ҳамкориро ба хотири рушди барвақтии кӯдакон, ташаккули шахсият, фикрронӣ ва инкишофи нутқи онҳо дар ҳар шакл ташкил мекунад. Чунончи, ба ин хотир баргузории семинарҳои дастурдиҳиро дар мавзӯъҳои гуногун дар нақшаи фаъолияти солонаи муассисаи таҳсилоти томактабӣ ҷой намудааст. Ҳамчунин, бо ташкили маҷлисҳои умумии гурӯҳии падару модарон, ҷамъомадҳои шӯрои омӯзгорон, озмуни «Волидайни беҳтарини сол», мусобиқаи варзишии «Ману оилаам ва варзиш», маҳфили адабии «Кӣ қобилу доно аст?» дар якҷоягӣ бо падару модарон ва фарзандон натиҷаҳои хубтар ба даст меорад.
Панди Унсурмаолии Кайковус ҳамеша дар ёдаш буда, дар суҳбат ба падару модарон аз он ёд мекунад: «Агар хоҳед меҳри падару модар дар дили фарзандон кам нагардад, онҳоро назанед, фарзандро бо сухан сиёсат кунед, мисолу далелҳои ҳаётӣ биёред, то ба онҳо таъсири нек бахшад». Кӯдакистоне, ки муаллима ба он роҳбар аст, дар рейтинги аз ҷониби сарраёсати маорифи шаҳр ташкилшуда сазовори ҷойи аввал, ҳамзамон, дар даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои томактабии пойтахт шомил гардидааст.
Фаъолияти Ҳусния танҳо дар кӯдакистон маҳдуд нест, ӯ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ низ иштироки фаъол дорад. Аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб шуда, айни ҳол узви мушовараи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, маҷаллаи навтаъсиси «Маорифи Душанбе», раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аст.
Ҳусниябону медонад, ки имрӯз таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ зиёд аст. Ӯ бо пуштибонӣ аз пешниҳоди донишманди соҳа Фатҳиддин Усмонзода ташкили кӯдакистонҳои оилавиро ҷонибдорӣ мекунад. Бо иҷрои ин кор ҳам фарогирии кӯдакон ба таҳсил зиёд мегардад, ҳам собиқадорон соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Ҳусниябону оиладор, соҳиби чор фарзанд аст. Бо шавҳараш Комилҷон Исмоилов, ки ҳуқуқшинос аст, дар тарбияи фарзандон ҳамдасту ифтихорманд аст.
Ҳуснияи ҳуснафзоро назокату латофат ва самимияти хоссааш маҳбуби дилҳо гардондааст. Дар ҳар суханаш аз пандҳои падар ёд мекунад, аз эътибори падар меболад.
Саида НАБИЕВА