Фароғат Абдуллоеваро дар сафи бонувони фаъоли вилояти Суғд ном мебаранд, ки синнаш аз марзи 75 гузашта бошад ҳам, соҳилнишини рӯди тездави зиндагӣ нест ва ҳанӯз дар умқи он тапишу талошу ҷустуҷӯ дорад. Ҳампои замон қадам мениҳад ва гӯш бар набзи ҳаёт мениҳад. Ӯ, ки таҷрибаи зиёди кори давлатию ҷамъиятӣ, ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дорад, метавонад ин ду замонро бо ҳам муқоиса, таҳлил ва хулоса кунад. Дар арафаи Ҷашни 28-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ суҳбате доштем бо ӯ ва порае аз онро пешкаши хонандагон қарор медиҳем.
Муаррифӣ:
10.10. 1943 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи коргар таваллуд шуда, соли 1959 баъди итмоми синфи 7 дар техникуми кооперативии шаҳр бо ихтисоси муҳосибӣ таҳсил намуд. Бахши банақшагирии хоҷагии халқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда (1970), 6 сол дар универмаги шаҳр иқтисодчӣ буд, солҳои 1976 - 1983 раҳбарии ин калонтарин маркази савдои вилоятро ба уҳда дошт. Аз соли 1983 то соли 2000, то замони баромадан ба нафақа мудири шуъбаи нархгузории комитети иҷроияи вилояти Суғд.
- Чунин бармеояд, ки Шумо 8 сол дар замони шӯравӣ ва 9 сол дар даврони соҳибистиқлолӣ корманди масъули давлатӣ будаед. Сухане чанд бобати ин ду давра, масалан, дар соҳаи худатон…
- Дар Москва нишаста, нархҳои маҳсулоти Тоҷикистонро бидуни мушаххас кардани арзиши аслӣ муайян мекарданд, ки оқибат ба харҷу марҷ оварда мерасонд. Бе иҷозати Москва дар шаҳри Хуҷанд мағозаи хурдакаке сохта намешуд. Дар шаҳрҳои кишвар нуфузи забони тоҷикӣ рӯ ба коҳиш ниҳода, мардум фарзандонашонро дар мактабҳои таҳсилашон русӣ мехононданд.
Шукр, сад шукри истиқлол, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хуҷанд номи бостонияшро соҳиб шуду вилоят номи зебои Суғдро гирифт.
- Воқеан, агар Хуҷанди имрӯзаро бо Хуҷанди даврони пеш муқоиса кунем, чӣ тағйироте ба мушоҳида мерасад?
- Фарқ аз замин то осмон аст. Шаҳр на танҳо сол ба сол, балки моҳ ба моҳ симояшро дигаргун месозад, зебову дилнишин мегардад. Масалан, меҳмонхонаи «Ленинобод», ки дар замони шӯравӣ сохта шуд, як бинои қолабӣ, бе ҳеҷ гуна ороиши миллӣ буд, ба қарибӣ он аз таъмири куллӣ баромада, бо нақшу нигори миллӣ оро ёфта, ба як маҷмааи истироҳатию фароғатӣ бо фаввораву гулзорҳои зебо табдил ёфт, ки бо 320 ҷойи хоб калонтарин меҳмонхонаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Боғи Камоли Хуҷандӣ, Қалъаи Хуҷанд, боғи Исмоили Сомонӣ, боғи «Истиқлол» ва садҳо иншоот табъи сокинон ва меҳмонони шаҳрро шод мекунанд.
- Пас аз ба нафақа баромадан, чӣ рӯзгоре доред?
- Баъзан аз ман мепурсанд, ки истиқлолият ба мо чӣ дод. Мегӯям, ки имкони озодона фикр кардан, соҳиби замину корхонаи худ шудан, сарфи назар аз ҷинсу синну сол татбиқ кардани ҳунару ғояҳои худро дод. Истиқлолият неъмати бебаҳоест барои ҳар инсону ҳар кишвар.
Вақте дар кишвар қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда қабул шуд, соли 2000 ман чун мутахассиси нарху бозор ва шаҳрванди комилҳуқуқи ҷумҳурӣ тасмим гирифтам, ки як ташкилоти ҷамъиятӣ созмон дода, дар татбиқи амалии ин қонун саҳм гузорам. Мо барои пешгирии фурӯши молҳои бадсифат, аз ҷумла дорувориҳо, ки он солҳо аз Чин ва дигар кишварҳо хеле зиёд ворид мешуданд, сахт мубориза мебурдем, ба истеъмолгарон ҳуқуқҳояшонро мефаҳмондем. Тӯли даҳ соли фаъолияти ташкилот то андозае ба комёбиҳо дар ин бахш ноил ҳам шудем. Баъд ташкилотро баста, ҷиддан ба ҳунармандӣ шуғл варзидам.
- Ҳунармандиро аз кӣ омӯхтаед?
- Ҳанӯз айёми бачагию наврасӣ аз модарам Сабоҳатхон, ки йӯрмадӯз буданд ва дар фабрикаи корҳои хонагии шаҳр кор мекарданд, ин ҳунар ва ҳунарҳои дигареро чун ҷиҳаку тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ ва ғайра омӯхта будам. Чун аз корҳои давлатию ҷамъиятӣ фориғ гаштам, ҷиддан ба ҳунармандӣ рӯй овардам.
Наздики даҳ сол аст, ки маҳсули эҷоди худро дар намоишгоҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявию вилоятию шаҳрӣ пешниҳод мекунам, ки баҳои баланд мегиранд. 7 сол пеш аз ин бо ёрии фонди қарздиҳии «Имон» дар намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ширкат варзидам. Ҳазорон ташаккур ба Пешвои азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд ва ҳунармандонро сарфароз гардонданд. Махсусан, грантҳои ҳукуматӣ ба фаъолияти мо такони тоза бахшиданд. Соли 2018 дар соҳаи гулдӯзӣ ман соҳиби 5000 сомонӣ - гранти раиси вилояти Суғд гардидам.
- Махфӣ набошад, маблағро чӣ гуна истифода бурдед?
- Асосан барои тайёр кардани шогирдҳо. Дар ду мактаби маҳалла 18 нафар шогирд дорам. Инчунин, дар хона ба 5 нафар хоҳишманд ҳунар меомӯзонам. Хулоса, ҳафтае як маротиба дар мактабҳо ва як маротиба дар хона бо шогирдон кор мебарам. Боқӣ худам эҷод мекунам, ба келинҳою набераҳо меомӯзонам.
- Ҳамчун бонуи соҳибтаҷриба ва соҳибҳунар аз корҳои ҷамъиятии маҳалла ва шаҳр низ дар канор набудагистед?
- Чун узви шӯрои занони кумитаи маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дар корҳои ба ифоқа овардани расму русум, оштидории оилаҳои ноамн ва дигар мушкилот ширкати фаъолона доштам. Ифтихор медонам, ки бо чунин бонувони машҳури вилоят ва кишвари маҳбуб - Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, Муҳаббат Раҳматова, Муҳаббат Мирсаидова, Муҳаббат Нозимова, Мукаррамахон Бузрукова, Мукаррама Осимова, Мавҷуда Бобоева ва дигарон ҳамнишинаму аз суҳбатҳои онон баҳра мебарам.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд