Мунира Исамова, директори Агентии ҷашну маросими «О›Бале».
Мунира аз ҳар гуна матоъҳои ранга, гул ва пуфакҳо макони баргузории маросимро хеле зебо ва замонавӣ оро дода, маъракаҳоро ба ҷашни пуршукӯҳу фасонавӣ мубаддал месозад. Ӯро «бонуи ҷашнҳо» низ ном мебаранд.
Тиҷорати тасодуфӣ
Мунира Исамова пеш аз шуғли чунин навъи тиҷорат дар яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ фаъолият менамуд. Таъсис додани агентии баргузории ҷашну маросимро дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, то он замоне, ки дар ҷашни арӯсии дугонааш ширкат варзид. Ӯ дар хориҷи кишвар ба сар мебурд ва Мунираро ба ҷашн даъват намуд. Хоҳиш кард, ки Мунира ҷараёни омодагии ородиҳии толорро барои ҷашн зери назорат гирад. Ин шуғл ба вай писанд уфтод ва ӯ дарк намуд, ки метавонад бо тахайюли рангин чунин фаъолияти тиҷоратиро дар Тоҷикистон ба роҳ монад. Нахуст тасмим гирифт, ки аз курсҳои омодагии чунин шуғл гузарад. Баъди бозгашт Агентии ороиши чорабиниҳоро дар Душанбе таъсис дод.
- Он вақт ман ҳамагӣ 32 сол доштам. Баъзе дӯстонам оқибати чунин навъи тиҷоратро муфлисшавӣ номиданду нолозим шумурданд. Вале ман ба қарори қатъӣ омадам, ки барои рушди ин навъи тиҷорат талош меварзам. Ба дӯстонам мегуфтам, ки ҳатман дар ин ҷода пирӯз хоҳам шуд, - гуфт Мунира Исамова.
«О’Бале»
Аз синни 17 Мунира ба корҳои модар, ки дар яке аз коргоҳҳои бонуфузи ҷумҳурӣ фаъолият мекард, ёрӣ мерасонд ва аз ин ҳисоб маблағи муайянеро ҷамъ оварда буд. Аз соли 2000, ки дар ширкати байналмилалие фаъолият мекард ва дастмузди онро низ захира намуда, ҳамзамон, дар яке аз марказҳои забономӯзӣ аз фанни англисӣ дарс мегуфт.
Барои таъсис додани тиҷорати хеш маблағи муайяне пасандоз дошт. Бо маблағи 12 ҳазор доллари амрикоӣ Агентии ҷашну маросимро ташкил дод ва пайи пайдо кардани номи аҷиби коргоҳаш гардид. Андешид, ки номи коргоҳ бояд эҳсосоти наҷиб ва шодиву нишоти соҳибҷашнҳоро таҷассум карда тавонад ва билохира, онро «О›Бале» гузошт. Арзиши хизматрасонии ин агентӣ солҳои аввали таъсисёбӣ 100 доллари амрикоиро ташкил медод. Баъзан ба хотири ноумед нашудани мизоҷон бо маблағи 150 сомонӣ низ фармоиш қабул мекард. Дар оғози тиҷорат дар пайдо кардани мизоҷон андаке душворӣ мекашид.
- Давоми ду соли аввал бештари вақтам бо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузашт. Зеро чунин навъи хизматрасонӣ барои мардум ноошно буд. Пас аз заҳматҳои зиёд бо тавсияи ёру дӯстонам худи мизоҷон маро пайдо мекарданд, - мегӯяд М. Исамова.
Пас аз яку ним соли фаъолият маблағи барои таъсиси агентӣ харҷ намудаашро ба даст овард. Тадриҷан мизоҷонаш афзуданд, то ҷое, ки аз нарасидани вақту фурсат баъзе фармоишҳоро қабул намекард. Ороиши як саҳна вақти зиёде мегирифт.
Тӯли 8 соли фаъолият Мунира аллакай медонад, ки дар кадом мавсим чӣ қадар фармоишро қабул карда метавонад. Ҳангоми тӯю ҷашнҳо, ки бештар ба фасли тобистон рост меоянд, аз 30 то 50 фармоишро ба сомон мерасонад.
Агентии «О›Бале» хизматрасониҳои зиёдеро ба мизоҷон пешкаш менамояд. Аз қабили фармоиши даъватнома, кортежи арӯсӣ, фармоиши тарабхона, даъвати сарояндагон, баргузории зиёфату форумҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон. Дар ин самт бо шарикон – марказҳои аккосиву наворбардорӣ, тарабхонаҳо ва ситораҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.
Роҳ ба сӯйи пирӯзиҳо
Имрӯзҳо Мунираро барои ороиши макони баргузории чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ чун маслиҳатчӣ даъват менамоянд. Инчунин, барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва фондҳои хайриявӣ низ ройгон ёрӣ мерасонад. Ҳамин буд, ки аз ҷониби Озода Раҳмон, роҳбари фонди хайриявии «Лона» барои мадад намудан дар ороиши чорабиниҳои фонди мазкур бо «Сипоснома» сазовор гашт.
- Чор сол пайи ҳам барномаи солинавиро дар меҳмонхонаи «Хилтон» барои кӯдакон доир менамоем. Падару модарон бо хушнудӣ кӯдаконро ба ин ҷо меоранд. На танҳо ороиши толор, балки баргузории тамоми чорабинӣ дар Соли нав, додани туҳфаҳо ва даъвати ҳунармандон ба зиммаи мо вогузор аст. Ҳамчунин, барои 80 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд, дар як сол як маротиба барномаи солинавии ройгон созмон медиҳем, - мегӯяд бо хушнудӣ Мунира.
Дар самти ороиши макони баргузории чорабиниҳо ба ӯ донишҷӯёни донишгоҳҳои технологӣ ва техникии Тоҷикистон ёрӣ мерасонанд. Онҳоро Мунира дасту дидагони худ медонад. Ҳар кадоме ғояеро пешниҳод менамояд, ки баъдан дар ҳамбастагӣ тарҳи муайянеро роҳандозӣ мекунанд. Қатори донишҷӯён ӯ низ дар ороиши саҳна заҳмат мекашад. Бо завқи зебоипарастӣ мекӯшад, ки корро бо сифати баланд анҷом бидиҳад, то дархӯри завқи мизоҷон гардад.
Барои хушнуд гардондани навхонадорон иқдоми аҷибе дорад. Ба ҷуз ороиши ҷашни арӯсӣ, ҳамчунин, барои тифли ояндаи навхонадорон туҳфаи махсуси агентии «О›Бале»- ро тақдим менамояд. Барои беҳтар ба роҳ мондани сатҳ ва сифати кор пайваста дар курсҳои омӯзишӣ дар хориҷи кишвар ширкат варзида, кормандонашро низ аз он бархӯрдор менамояд.
Мунира Исамова тасмим дорад, ки дар оянда макони баргузории ҷашни арӯсиро дар деҳоти дурдаст мисли урфу одатҳои қадимӣ ороиш бидиҳад.
- Доир намудани ҷашни арӯсӣ бо дарназардошти анъанаҳои қадимӣ маро хаёлан ба даврони кӯдакӣ мебарад. Бо ин роҳ баргузории тӯю ҷашнҳои тоҷиконаи камхарҷу одӣ дубора эҳё хоҳанд шуд. Алҳол, ҷашну маросимҳо бо услуби аврупоӣ ороиш дода мешаванд. Ният дорам, ки тиҷорати дигареро, ки ба ин монанд аст, ба роҳ монам. Аз ин ваҷҳ доимо ба кормандон мегӯям, ки инсони хушбахт ҳамонест, ки ба дигарон хушбахтӣ меорад, - мегӯяд М. Исамова.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ