01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АНДЕШАҲО

 

08-20193Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ҳам аз нигоҳи ороиш ва ҳам мундариҷаву муҳтаво хуб буда, на танҳо миёни бонувон, балки байни мардон низ хонандагони зиёд дорад. Инъикоси рӯзгори занони ҳам ҷавон ва ҳам солор, ки ибратбахш ва омӯзандаанд, дар маҷалла зиёд интишор мешавад. Матлабҳои ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бахшида аз зиндагии бонувони сиёсатмадор ва муътабар Бозгул Додхудоева, Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мӯсоева ва Адолат Раҳмонова бароям хеле писанд омад. Саҳми эшон дар барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар назаррас аст.

Пешниҳод дорам, ки дар маҷалла бештар мушкилоти бонувон матраҳ гардад, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ. Ҳамчунин, ташаббусҳои бонувон дар самти рушди ҳунармандӣ дар деҳот васеъ инъикос ёбанд.

 

08-201911Назира Қаландарбекова, муовини раиси ВМКБ:

- Ба назари ман, маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ягона маҷаллаи хонданбоби замони соҳибистиқлол аст, ки мавзӯъҳои ҷолибу дархӯрди аудиторияро баррасӣ ва пешниҳод менамояд. Ман инро аз назари як хонандаи одӣ баҳо медиҳам.

Пешниҳод дорам, ки бештар аз ҳаёти бонувони кӯҳистон ва бурду бохти онҳо матлабҳо ба табъ расанд.

 

08-201955Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Дар маҷалла барои тамоми қишри ҷомеа матлабҳои ҷолибу хонданиро метавон пайдо кард. Ҳамаи матлабҳои маҷалла хубу хонданиянд, вале маводи «3 зарба»-ро аз беҳтарин матлаби шумораҳои охир медонам, ки бобати зиндагӣ ва ранҷу машаққати варзишгарбону Мавзуна Чориева қисса менамояд. Мехоҳам, ки дар маҷалла оид ба мушкилоти хонадории бонувони тоҷик, муқоисаи оилаҳои солим бо носолим матлабҳо бештар таҳия шаванд. Дар маҷмӯъ, барои устувору солим нигоҳ доштани оилаҳо маводҳои хубу хонданӣ бештар гарданд.

 

08-201932Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- «Бонувони Тоҷикистон» маҷаллаи хубу хонданбоб аст, ки дар он тамоми самтҳои фаъолияти бонувон - шурӯъ аз кишоварзӣ то зинаҳои баланди хизмати давлатӣ дарҷ мегарданд ва тарзи пешниҳоди матлабҳои маҷалла бо сабку услуби муосир роҳандозӣ мегардад. Матлабе оид ба ҳаёту фаъолияти яке аз бонувони сиёсатмадори кишвар Низорамо Зарифова бароям таъсирбахш ва ҳикматомӯз буд.

Пешниҳод дорам, ки аз ҳаёту фаъолияти бонувони роҳбар матлабҳо бештар нашр гарданд, ки ҳам дар кор ва ҳам дар масоили оиладорӣ хеле ҳам муваффақанд. Инчунин, дар ҳар шумора муаррифии як шоири ҷавон ва соҳибкорзани муваффақ низ ҷо дода шавад.

:.  Чеҳра 26.08.2019 11:53 997

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz