Дар Ватан эҳсоси хубе доштам. Ягон вақт намехостам онро тарк гӯям. Аммо, зарурати рафтан рост омад…
Моро ба он ҷо касе даъват накард, интизор набуд ва қолини сурх ҳам бароямон густурда набуданд. Зиндагиро аз сатҳи поён оғоз намудем…
Махфират Ҳамроқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, сарояндаи вақти ансамбли номдори эстрадаи «Гулшан» ба Душанбе омад. Махфират 25 сол аст дар Амрико умр ба сар мебарад…
- Бо гузашти вақт Душанберо чӣ гуна дарёфтед?
- Хеле зебо. Ончунон дилрабо, ки ба сухан намешавад гуфт. Душанбе шаҳри кӯдакиву ҷавониҳои ман аст. Ин ҷо таваллуд шудаам. Дар маҳаллаи Ховарон ба воя расидаам. Дар мактаби миёнаи №36 таҳсил доштам. Дар наздикии хонаи мо шаҳраки ҳарбиён воқеъ буд, ки ҳамсарони афсарон моро дарс мегуфтанд. Ман он ҷо хонда, маълумоти хуб гирифтам.
- Чӣ гуна ва дар чӣ вазъияте аз Ватан дур шудед?
- Вақте сарояндаи мумтоз Кароматулло Қурбоновро куштанд, хело афсурдахотир шудам. Мо дӯстони бисёр қарин будем. Чанд муддат умуман бо касе суҳбат кардан намехостам. Пас аз ин ҳодиса аввал муваққатан бо кӯдакон ба Москва рафтем. Намедонистам, ки ин сафар чунин тӯлонӣ мешавад. Аз Москва ба Амрико ва инак, он ҷо муқимӣ шудем…
Касе наздике надоштам, забону фарҳанги бегона. Бисёр мушкил буд. Баъди омӯзиш корро аз коргоҳи дорусозӣ шурӯъ намудам. Бо даст додани аввалин имкон дар Ню - Йорк (соли 2015) гурӯҳи эҷодии худро созмон додам.
- Дар Амрико суруд месароед, барои кӣ?
- Тоҷикон дар Амрико хеле зиёданд. Дар ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ моро даъват мекунанд ва ҳатман дар чунин маъракаҳо месароем. Аммо, ифтихормандона гуфтаниам, ки мухлисони аслии ман дар Ватан, дар Тоҷикистон ҳастанд. Аз сурудҳое, ки сароидаам: «Тоҷикистон», «Бибӣ Санамҷон», «Сабзак лаби ҷӯй», «О, дил», «Гиря кун», «Гулҳои Душанбе», «Шаби ошиқон», «Чил кокул» беҳтарашро то ҳол касе пешниҳод накардааст. Аз ин рӯ, мехоҳам онҳоро бо диди нав ва мувофиқ ба замони имрӯз бозсароӣ намоям.
- Аз он ки Ватанро ба ғарибӣ тарҷеҳ додед, пушаймон ҳам шудаед?
- Хеле зиёд. Ҳар рӯз ба худ суол медиҳам, ки рафтани ман он замон кори дурусте буд ё хайр? Ҳар лаҳза меандешам, ки самти зиндагии кӯдаконро бо ин амал тағйир додам? Ман дар телевизион калон шудам. Аз кӯдакӣ узви комилҳуқуқи ин оилаи бузург будам. Ҳар кунҷу канори онро хуб медонам. Вақте дар чунин муҳит калон мешавӣ, туро мешиносанду ба қавле эркаву нозпарвард ҳам ҳастӣ, ҳеҷ гоҳ орзуи ҷое рафтанро намекунӣ. Аммо, интихоб он вақт бештар аз ҳолат вобастагӣ дошт, камтар аз ман. Ҳамеша медонистаму имрӯз ҳам мегӯям, ки рӯзе ҳатман бармегардам. Ин ҷо волидонам хок шудаанд, дӯстону наздиконам ҳама дар Тоҷикистонанд. Қисмат будааст, ки умр дар ғарибӣ гузашт (маъюс мешавад)…
- Биёед каме ба рӯзгори гузашта мурур мекунем, чӣ гуна Махфират Ҳамроқулова ба ансамбли «Гулшан» роҳ ёфт?
- Соли 1971. Аъзои фаъоли ансамбли мактабӣ будам. Дар чорабиниҳо суруд мехондам. Он замон шуҳрати «Гулшан» бар само мерасид. Бо тавсияи ҳамсояамон, бонуе бо исми Зулайхо, ки худ корманди Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд, ба назди мутахассисони даста омадам. Ҳамроҳи дугонаам, ки ҳар ду наврас будем, мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор гирифтем. Моро роҳбари гурӯҳи мусиқӣ Юрий Лядов ва роҳбари гурӯҳи бадеии оркестр Юрий Пӯлодов гӯш карданд. Бо ҳамин ба «Гулшан» пайвастам. Аввал сурудҳои кӯдакона месароидам. Оҳиста - оҳиста маро ба мусиқии калон ҳидоят намуданд.
Пас аз мактаб ҷониби телевизион медавидам. Дарсҳоямро дар ҳуҷраи кории роҳбари ансамбл – Орифшо Орифов омода мекардам. Бисёр инсони комил буданд акаи Орифшо. Хатмкардаи Консерваторияи Боку, ҳамдарси ҳунарпешаи маъруфи шӯравӣ Пӯлод Булбул-ӯғлӣ, аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу санъати Озарбойҷон. Дар куҷое як истеъдодро медиданд, ҳатман ба гурӯҳ меоварданд. Муқаддас Набиеваро, ки хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко буд, аз озмуни «Бӯстон», Умар Зиёевро аз Донишкадаи политехникӣ, Баҳодур Неъматов ва Раҳима Шолоэрро аз ансамбли рубобнавозон ба «Гулшан» даъват намуданд. Тоҷиддин Муҳиддиновро ҳам аз озмунҳо дарёфтанд. Баъдтар Хурмо Ширинова бо мо пайваст. Ҳамин тавр «Гулшан» -ро зара - зара ҷамъ оварданд.
Он замон Орифшо Орифов, Лайло Шарифова, Маҳбуба Боирова, Тамара Пӯлодова, Татяна Барило ва як даста ҳофизони касбии дигар дар «Гулшан» ҳунарнамоӣ мекарданд. Бар замми ин, аз дигар гурӯҳҳо сарояндаҳои шинохта даъват мешуданд. Майсара Дилдорова, Нуқра Раҳматова борҳо дар консертҳои мо ширкат варзидаанд.
«Гулшан» - гурӯҳи бисёр тифоқ буд. Шояд то имрӯз ягона ансамбле бошад, ки сарояндагонаш ҳама баробар буданд. Касе пешу касе пас на, ҳама дар як сатҳ. Мусиқачиёни шинохтаву касбӣ дар гурӯҳ фаъолият доштанд Чун он замон дар дохили иттифоқ халқҳои гуногунзабону гуногунфарҳанг иқомат доштанд, мо низ бо забонҳои халқҳои иттифоқ суруд иҷро мекардем.
Сафарҳои мо бо ансамбли овозадори «Зебо», бо ҳунарманди номдор – Зебо Аминзода тамошобинро ба ваҷд меовард, толор меларзид. Вақте дар ҳавои суруди «Эй санам» гулдухтарон мерақсиданд, халқҳои гуногунзабони Иттиҳоди Шӯравӣ масту махмур мегаштанд. Бо гузаштани ин қадар солҳо ҳам он эҳсосотро бо сухан иброз карда наметавонам. Дар рӯзҳои фарҳангии ҷумҳуриҳо дар Москва «Гулшан» тамошобинонро моту маҳбут мегардонд.
Бо он ки аз наврасӣ ба ин гурӯҳ пайвастам, бурд кардаам, шояд ин инояти тақдир буд, ки маро ба «Гулшан» овард.
- Бо кадом суруд бештар байни халқ шинохта шудед?
- Бо суруди «Гулҳои Душанбе». Ин суруд муаррифгари ман аст. Як вақт Муқаддас Набиева аз Юрий Лядов, роҳбари мусиқии оркестр хоҳиш кард, ки ба шеъри Ҷалолиддини Балхӣ «Нури ман» оҳанг бандад. Лядов он қадар аз суруд илҳом гирифтааст, ки дар идома оҳанги наве эҷод шудааст. Муаллиф суруди дувумро ба ман дод, аммо эҳсос кардам он ба Муқаддас сахт писанд омадааст. Оҳанг дар жанри валс офарида шуда буд ва дар ин жанр, ки хоси фарҳанги мо нест, ба ин равониву дилчаспӣ сухан ҳамроҳ кардан, кори андаке нест. Ҳамон сол бо ин суруд ман барои иштирок дар даҳаи Тоҷикистон ба Москва рафтам. «Гулҳои Душанбе» аз сурудҳои бениҳоят муваффақи барнома гардид. Баъди он ба чорабиниву консертҳои зиёди умумииттифоқӣ роҳ ёфтам. Суруд ба муҳаррирони фарҳангии телевизионҳо хуш омадааст, ки зиёд пахш мешуд ва ман ба қавле ситораи телевизион гардидам (механдад).
Ҳоло ҳар сатри онро дар воқеият мебинам. Тӯли солҳое, ки дур аз бараш будам, Тоҷикистон чӣ қадар пеш рафтааст. Душанберо намешиносам, мисли арӯси зебое дар оғӯши гулҳост. Ҳоло бештар меболам, ки «Гулҳои Душанбе» маҳз ба ман расид. Онро месарояму эҳсоси фараҳ дорам. Аз он фараҳмандам, ки бо гузашти зиёда аз ду даҳсола халқи ман онро фаромӯш накардааст.
- Аз хусуси саҳми Муқаддас дар «Гулшан» ёдовар мешудед…
- Муқаддас яке аз шинохтатарин духтарони «Гулшан» буд, ки бо сурудҳояш «Эй нури ман», «Боди сабо», «Шарораи хотираҳо», «Ситораи ман» ва ғайра дили ҳазорон ҳаводоронро тасхир кард. Ҳама ба ӯ тақлид карданӣ мешуданд, мехостанд мисли вай бошанд, аммо муқаддас дар ҷойи худ беҳамто буд. Ман дигар чунин истеъдоде, ки аз байни халқ баромадаву то ин ҳад маҳбуб бошад, надидаам. Шоҳиди чунин мавҷи қарсакҳои бардавом ҳам дар ҳеҷ ҷойи дигар набудам, ки дар консертҳои Муқаддас будам. Бонуи босавод, зиёд китоб мехонд, рафҳои хонаашро китобҳои боарзиши нависандагону шоирони классику муосир зеб медоданд. Агар ӯ зинда мебуд, эстрадаи мо боз шоҳиди ҳаводису рӯйдодҳои аҷибе мешуд. Мутаассифона, ҳамагӣ 29 сол умр дид.
- Сарулибос, пардозу чеҳраороии ҳунармандони ансамбли эстрадии «Гулшан» махсус таҳия мегашт?
- Бале, ҳамааш махсус омода мешуд. Аввал тарҳи либосро мекашиданд, ки Махфират чӣ гуна бояд бошад, Муқаддас ё Хурмо. Беҳтарин либосҳоро бароямон медӯхтанд. Чеҳраороиву пардозгариро худ анҷом медодем.
- Бо дӯстони як замон наздик, имрӯз чӣ иртиботе доред?
- Тариқи телефону интернет дар тамос ҳастем. Бо Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Исмат Холиқов, Татяна Барила, Раҳима Шалоэр, Татяна Пӯлодова комилан бо ҳама дар иртиботем. Онҳое, ки имрӯз бо мо нестанд - Муқаддас, Тоҷиддин, Кароматулло, Хурмо, Субҳон… ёдашон гиромӣ бод!
- Ба фаъолияти пешаварони имрӯзаи ансамбли эстрадии «Гулшан» чӣ назар доред?
- Дар гурӯҳ хело ҷавонони пешрафтаро дидам. Инҳо бачаҳои одӣ нестанд, ин ҷо шахсиятҳоро мебинам, ки хуб медонанд чӣ кор бояд кунанд. Мо ҳам якбора ба авҷи шуҳрат нарасида будем. Аввал Муқаддас, баъд Баҳодур, Умар, Тоҷиддин, Худоё Тоҷиддин чӣ қадар боистеъдод буд, Хурмо ва… оҳиста - оҳиста ба боло сар афрохтем.
- Ҳоло кӣ шуморо дар Амрико интизор аст ва оё дар фикри бозгашт ба Ватан ҳастед?
- Дар Амрико оила ва духтаронам маро интизоранд. Соҳиби 2 гулдухтар ва 5 набера ҳастам. Набераҳоям медонанд, ки аслашон куҷоист ва умед дорам, ки ҳеҷ гоҳ тоҷик буданро фаромӯш намесозанд.
Ҳамеша дар фикри Ватан будаму ҳастам. Рафту агар ансамбли «Гулшан», Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва ё Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ маро ба коре даъват намоянд, бе ягон дудилагӣ ризо хоҳам шуд. Бе кор нишаста наметавонам. Дар сурати зарурат ва имкон метавонам студияи хешро роҳандозӣ намоям.
Гулноза Аҳмадзода