Латофат Насриддинова яке аз бонувони шинохтаи кишвар, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун аз қабили раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ оид ба робитаҳои хориҷӣ ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба илм ва технология фаъолият намудааст. Давраи вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон буданаш ба замони Ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ рост меомад, ки аз он овон хотираҳои зиёде дарад. Бахшида ба таҷлили 22 – юмин солгарди Ваҳдати миллӣ бо ӯ суҳбате оростем.
- Муаллима, аввалан мегуфтед, ки мафҳуми Ваҳдат барои Шумо чист?
- Бароям Ваҳдат – ин мақсади муштарак, амали муштарак ва ҷой додани ишқу муҳаббати Ватан, миллат ва халқ дар қалби ҳар як фард аст, ки натиҷаю меваи он тавлиди сулҳи пойдор мебошад.
- Саҳми занон дар барқарорсозии сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистон чӣ гуна буд?
- Касе ба қиммати сулҳ арзиши воло гузорад, ин пеш аз ҳама зан аст. Агар аз ман суол мекарданд, сухани баде, ки шуниданаш бароят нафораму нафратовар мебошад, кадом аст, бе ягон андеша мегуфтам “ҷанг!”. Ҷанг ва сулҳ ду мафҳумест, ки пеши назари кас харобиву ободӣ ва ғаму шодиро меорад. Бо итминони комил гуфта метавонам, ки занони тоҷик дар лаҳзаҳои вазнинтарини кишвар бетараф набуданд. Албатта, саҳми занон дар пойдории сулҳу ваҳдат лоиқи офарин аст. Аммо, махсус бояд дарҷ кард, ки ин ҳама ибрат аз ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос тавонистанд роҳи дуруст: гузашткуниҳои пайғамбарона намоянду тарафҳоро бо ҳам оштӣ доранд.
Саҳми занон дар барқароркунии сулҳу Ваҳдат беандоза буд. Муборизаи вакилони халқ дар порлумон бо мухолифин, роҳ надодан ба қабули бандҳои Лоиҳаҳои қонунҳое, ки ба манфиати мардум нестанд, аз иродаи баланди занони мо дарак медод. Ба хусус, вакилони халқ ва занҳои фаъол Абдусамадова В, Рафика Мусоева, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, Бозгул Додхудоева (аъзои Комиссияи мусолиҳаи миллӣ), Низорамоҳ Зарипова, Майсара Юлдошева, Манзура Саидовна, Азиза Анварова, Зебо Аминзода, Гулнора Кокова, Файзимо Иброҳимова, Зиёда Холиқовна, Меҳриниссо Бобобекова, Раҷабгул Қосимова ва дигарон аз зумраи бонувони фаъоли давр маҳсуб меёфтанд.
- Шумо он замони мудҳиш роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлонро бар зима доштед. Барои ба ҳам овардани мардум чӣ тадбирҳо меандешидед?
- Азбаскӣ яроқи ғайриқонунӣ ҳанӯз ҳам дар дасти гурӯҳҳои ихтиёрӣ буд, кор бароямон мушкилиро пеш меовард. Ҳамарӯза ҳодисаҳои нохуше ба амал меомаданд. Вале ҳадафи мо гузаштан аз хештан ва пойдории сулҳу субот, обод намудани ин қисмати ватан буд. Дар ин раванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми сохторҳояш ба мо кӯмак менамуданд. Бо кӯшишу талошҳои пайдарҳами раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аввалин гурезаҳо аз давлати Афғонистон ба хоки Ватан баргардонида шуданд. Онҳо дар манзилҳои сӯхтаи хеш ҷой дода шуда, аз нав ба обод намудани хонаҳои валангорашон шурӯъ намуданд. Аммо, сахтарин қисмати ин бозгашт, васл намудани қалбҳои шикаста буд, зеро дар он қалбҳо ҳанӯз захмҳои тоза нуҳуфтаю оташи кина ва қассосгирӣ аланга мезад. Оштию созиши ҳамсоя бо ҳамсоя кори сахте буд, барои ҳарду ҷониб. Ҳалли ин моҷаро ва ба низом даровардани муносибатҳо аз кормандони дастгоҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ маҳорати баланди роҳбарӣ, рӯҳшиносию иродаи бузургро талаб менамуд.
Гуруҳҳеро аз намояндагони маҳаллаҳои зарардида, зиёиён, дин ва ҳукумат ташкил дода, дар маҳаллаву деҳаҳо бо мардум сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дода, мардумро ба ваҳдату ягонагӣ ва ободкорӣ талқин менамудем.
- Чӣ хотираҳоеро аз он солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ҳеҷ фаромӯш карда наметавонед?
- Хотираҳои хубро аз он рӯзҳо пайдо намудан ғайриимкон аст. Аммо, хотироти ваҳшатнок хеле зиёданд. Хотирае, ки ба ёд оварданаш ҳанӯз ҳам ҳоламро ба ҳам мезанад, ин кӯшиши асиргирии духтарчаи синфи сеюмхонам дар шаҳри имрӯза Бохтар, собиқ Қурғонтеппа буд.
Яке аз рӯзҳои муқаррарии корӣ аз пойтахт барои гурезаҳои ба Ватан баргашта, пойафзолу кӯрпа фиристоданду рӯйхати тақсимотро барои ниёзмандон омода менамудам. Қумондон - Файзалӣ Саидов вориди утоқи корӣ гардиду дархости пойафзол барои низомиёни қисми ҳарбияшро намуд. Ҳанӯз дархости ӯро иҷро накарда, занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардоштан замон, овози муаллимаи духтарамро бо изтиробу гиря шунидам. Мегуфт, ки раиса, духтаратонро тез аз шаҳр ба Кӯлоб фиристед. Чаҳор нафар яроқбадастон ба синф омада, ӯро суроғ намуданд, аммо чун пайдо накарданд, маро дар назди бачаҳо бо қундоқи автомат лату кӯб карда рафтанд. Чун аз ӯ дар куҷо будани духтарамро пурсон шудам, гуфт, қабл аз омадани яроқбадастон табъаш нотоб шуду ӯро ба хонаи Тӯҳфа Аҳмадова фиристодам. Натарсед, ҷояш амн аст. Аммо тезтар бубаред, зеро онҳо қасам хурданд, дар куҷое, ки пинҳон карда бошед, пайдо мекунем.
Ин ҳолати ноҳинҷори маро Файзалӣ Саидов дида, ҳамон лаҳза бо сарбозонаш аз пайи ҷустуҷӯи онҳо шуд ва сипас духтарамро аз хонаи Тӯҳфа гирифта, ба хонаи худаш бурд. То охири ҳафта он ҷо монд ва баъдан кӯдакро ба шаҳри Душанбе оварда, дар хонаи дӯстам гузоштам.
Рӯзи кушта шудани бобои Сангак ва Файзалӣ Саидов аз ҷониби гурӯҳҳои номаълум барои ман ва ҳама ваҳшатнок буд. Ҳар лаҳза метавонист, оташи ҷанг дубора аланга бизанаду хуни чандин одамони бегуноҳ рехта шавад.
Ба ҳайати гурӯҳе, ки барои маросими ҷаноза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ созмон дода шуду раисиашро Абдулмаҷид Достиев ба зима дошт, ман ҳам шомил гардидам. Лаҳзаи хеле ҳасос буд. Сарбозони қисми ҳарбии Файзалӣ Саидов асабонӣ гардида, омода буданд, то аъзоёни гурӯҳро дар як лаҳза несту нобуд созанд. Ҳама бо тарс мерафтем. Беҳуда нагуфтаанд, ки “сухан сеҳри худро дорад”. Ба мо муяссар гардид, то бо лаҳни хуш вазъияти мутташаниҷро ором созем. Дар ҷанозаи ин ду марди шуҷои ҳимояткунанда аз ҳуқуқҳои арзандаи инсонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони шаҳри Кӯлоб бевосита ширкат варзида, баробари мардуми мотамзадаи ин диёр, ҷигархун ашк рехт.
- Насиҳати Шумо ба ҷавонон - онҳое, ки рӯзҳои сахти ҷангро надидаанд, чист?
“Ҷавонон ояндаи миллатанд” - ин сухани содда нест, Ин этимод ба иҷрои вазифаҳои инсонии онҳо барои ҳифзи Ватан аз душмани берунаву дохилӣ, ободкорӣ барои наслҳои баъдина ва муҳҳабат доштан ба халқу миллати хеш, тамадуни он ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Фаромӯш назозед, ки дар дунё бисёр миллатҳое мавҷуданд, ки то имрӯз барои доштани Ватан мубориза мебаранд, аммо ин неъмат насибашон нагардидааст. Ба мисли курдҳо, ки беш аз 40 миллионанд, аммо Ватан надоранд. Ман, аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меорам, ки давлатеро, ки насли мо бо заҳмат созмонаш додааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоед. Нагузоред, ки ягон бадхоҳи ин Ватану миллат газанде ба зиндагии осоиштаи мо бирасонад.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ