Дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ суҳбате доштем бо яке аз бонувони фаъоли кишвар, вакил ва иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи таърихии XVI –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин зан Котиби аввали кумитаи ҳизбӣ, раиси ҳукумати вақти ноҳияи Ҷиргатол (Лахши имрӯза) Давлаталиева Зуракан Шамшиевна.
- Ҳамчун вакили вақти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзҳо чӣ хотираҳо доред?
- Дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми августи соли 1990-ум баргузор шуд, Эъломияи истиқлолияти Давлати Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки мувофиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон шуд.
Соли 1991 пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ заминаеро ба вуҷуд овард, ки ҷумҳуриҳо мустақилона мафҳум ва мазмуни истиқлолияти худро тағйир дода, хоҳиши ҷиддиро барои расидан ба истиқлолияти воқеӣ нишон доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно набуд. Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дар иҷлосияи ғайринавбатӣ 9 сентябри соли 1991 қабул гардид, Истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Қабули маҳз ҳамин ду санади муҳими ҳуқуқӣ барои эълон намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр асос гардид, - мегӯяд Зуракан Шамшиевна.
Вале ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон аз қадамҳои нахусти дар роҳи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ гузоштааш ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯбарӯ шуд. Қувваҳои опозитсионӣ, ки аз берун роҳнамоӣ мешуданд сокинони кишварро ба гуруҳҳо ҷудо намуданд. Бародар бобародар ҷангиду хуни мардуми бегуноҳ рехта шуд.
Замони нооромиҳо дар баробари вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан, роҳбарии ноҳияро низ бар дӯш доштед. Чигуна буд вазъ он замон?
- Он шабу рӯз минтақаи Рашт зери фишор ва тасарруфи қумондонҳо ва гуруҳҳои мусаллаҳи опозитсионӣ қарор дошт. Вақте маро раиси ноҳияи Ҷиргатол таъин намуданд 10 рӯз дар шаҳраки Ғарм мондам. Зеро ба ноҳияи худ рафтан хатар дошт. Баъди гуфтушунидҳои зиёд бо гуруҳҳои силоҳбадаст, ки билкул зидди раисии ман буданд созишу гузаштҳо намуда, ба ноҳия ворид шудам.
Он замон ягона зан будам дар минтақа, ки роҳбарии ноҳияро ба ӯҳда доштам. Тавассути сарҳад аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ноҳияи Ҷиргатол сӯзишвориву озуқа ворид мегардид. Зеро бо роҳи Душанбе ворид намудани молу маҳсулот бисёр мушкил буд. Аз Ҷиргатол то Душанбе қумондону гуруҳҳои гуногуни силоҳбадаст дар чорроҳаву дуроҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишину пулҳо ва боз саду якҷои дигар камин гирифта, ба корвонҳои мошин ҳамла намуда, молу маҳсулоти халқро ба яғмо мебурданд. Ҳатто барои пули нафақа ва маоши мардумро овардан, аз корвони ҳарбии мусаллаҳ ё чархбол истифода мекардем.
Дар яке аз чунин сафарҳо тавассути чархбол, ки аз пойтахт нафақа ва маошро меовардем чархбол дар ноҳияи Тоҷикобод суқут кард. Хост нишасти фаврӣ анҷом диҳад, аммо якбора ба замин афтиду оташ гирифт. Аз нишасти сахт ва алангаи оташ ҷароҳатҳои зиёд гирифтем. Ҳама молу маҳсулот ба коми оташ рафт. Он лаҳза на аз дарди ҷонкоҳи ҷароҳатҳо, балки аз сухтани маоши мардум талх гиристам. Ҳарчанд хостем аз коми оташ пули мардумро наҷот диҳем аммо нашуд ...
Мо вакилони Шӯрои Олиро он замон воҳима ва яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд. Намедонистем, ки фардо чӣ мешавад. Хушбахтона, дар ҷаласаи 16 – уми Шӯрои Олӣ, мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудем. Он рӯзи таърихи Президенти кишвар аз минбари баланд ваъда дод, ки ман ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳ хоҳам овард. Албатта барои Давлати Тоҷикистон пеш аз ҳама ба даст овардани сулҳ ва оромӣ дар кишвар муҳим ва зарур буд. Вале барои ба он расидан чӣ қадар кӯшишу чонбозиҳои зиёд намуд Роҳбари ҷавон ва навтаъиншудаи давлат.
Мушкилиҳои зиёде омад ба сари мардум. Гуруснагиву сарсонӣ ва нооррмӣ тамоми кишварро фаро гирифт. Ҷанги хонумонсӯзи бародар ба бародар талафотҳои ҷонии зиёд низ овард. Вале Сарвари кишвар бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонааш мушкилиҳоро паси сар намуд ва ба Тоҷикистон сулҳи деринтизорро овард.
Вақте ба ҳайси раис ба ноҳия омадам касеро дар мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои давлатӣ ёфта наметавонистам. Мардум хонаҳои худро партофта ба Қирғизистон гурехта буданд. Солҳои ҷанг аз ноҳия қариб 12 ҳазор нафар баромада рафтанд. Мутахассис намонда буд, касе корро дар мақомоти маҳаллӣ ё идораҳои давлатӣ ба зима гирифтан намехост. Мардум солҳо боз бемаошу бенафақа монда буданд. Дар мақомот кор кардан хатарнок буд, бахусус барои зан, ҳама аз ҷони худ метарсид ман ҳам аз ҷумла... Вале вақте Сарвари кишвар ба ман бовар карду ба ин вазифаи пурмасъул таъин намуд ба қафо нагаштам.
Марудм сабӯсу кунҷора ва ҳатто «комбикорм», ки хӯроки чорвост мехӯрданд. Роҳҳо банд, бебарқиву сардӣ, минтақа дар бумбаст қарор дошт. Дар кӯчаҳо ғайр аз сагу гов чизи дигаре намедидӣ. Агар садои мошине аз дурӣ ба гӯш мерасид мардум баҷо мешуданд. Гумон мекарданд, ки «муҷоҳидҳоянд», зеро танҳо онҳо имкони бо мошинҳо гаштанро доштанд. Нақлиёту техника, мошинолоту тухмиҳо, чорвои калону майда ҳамаро ба яғмо бурданд. Зиёда аз 60 ҳазор сар моли майда ва қариб 11 ҳазор сар чорвои калони шохдорро аз хоҷагиҳо нобут карда буданд.
Баъди каме ба эътидол омадани вазъ бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ноҳия кӯмакҳои зиёде равон кард. Қариб ҳар моҳ аз Душанбе ду - се мошини боркаш озуқа барои сокинони ноҳия кӯмак меомад. Дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои байналмилалӣ маводи озуқа, сӯзишворӣ ва тухмӣ ба мардум ройгон тақсим карда шуданд. Кишоварзон ба кор шурӯъ намуданд. Бо истифода аз тухмиҳо хоҷагиҳо дар заминҳои худ картошка ва ғалла кишт намуданд. Сол аз сол хоҷагиҳои давлатии ноҳия истеҳсоли картошкаро ба 50 ҳазор тонна расонданд, ки нисбат ба замони Шӯравӣ қариб як баробар зиёд буд.
Аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум садҳо гектар замин барои бунёди хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентӣ барои кишту кор ва қариб 200 гектар заминҳои назди ҳавлигӣ барои бунёди хона тақсим карда шуданд. Алҳол сокинони ноҳияи Ҷиргатол бо истифода аз ин шароиту имкониятҳое, ки давлату ҳукумат ба онҳо муҳайё намудааст сатҳи зисту зиндагонии худро хуб намудаанд. Оилае нест, ки дар ихтиёри худ мошини сабукрав надошта бошад. Дар баробари ноҳия дар пойтахт ва ҳатто дар Бишкек низ хонаву дар бунёд кардаанд. Фарзандҳошон дар макотиби олии кишвар ба хориҷ аз он таҳсил мекунанд, ки ин ҳама гувоҳи зиндагии хубу шоиста мебошад.
Метавонед бигӯед, ки мухолифин он замон чӣ мехостанд?
- Танҳо як чиз, ба сари ҳокимият омаданро мехостанд. Дар минтақаҳо кори қумондонҳо ё бо ном муҷоҳидин ғоратгарию мардумозорӣ буд. Ҳатто кӯрпаву кӯрпача ва ҷиҳози наварӯсонро мегирифтанд. Кор то ба ҷое расида буд, ки худро қозиву муфтӣ эълон намуда, даст ба қатли одамони бегуноҳ заданд. Занону духтарон умуман на мехонданду на кор мекарданд, ҳатто ба кӯча намебаромаданд. Минтақаро Давлати Исломии Қаротегин эълон карданд. Зулму ситам рӯи мардуми бечора буду халос.
Албатта ин ҳама аз хориҷа роҳбарӣ ва маблағгузорӣ карда мешуд. Имрӯз алакай ошкор гардид, ки баъзе аз кишварҳои минтақа барои манфиатҳои геополитикӣ ва амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ ба сари мардуми мо ин ҷанги таҳмилиро бор карданд.
Ҷавонон имрӯз бояд таърихи ватани худро хуб омӯзанду хуб донанд. Баҳои ба Ваҳдати миллӣ расидан ва заҳматҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллат бо меҳнату дониш ва садоқат ба ватан собит созанд.
- Ташаккур!
Д. САФАР