Шоираи ширинкалом Шаҳрия Аҳтамзод, ки даҳҳо шеър дар васфи Ваҳдат эҷод кардаву аз ин баъд низ ин анъанаро давом доданист, хуб дарк месозад, ки Ваҳдат мисли обу ҳаво барои мардум зарур аст. Зеро ӯ низ шоҳиди бевоситаи ҳодисоти нангини айёми ҷанги шаҳрвандисту бе андӯҳ наметавонад он манзараҳои даҳшатборро пеши назар оварад.
- Ёди андӯҳ аз андӯҳ гаронтар аст. Шунидан дигар асту дидан дигар. Вақте ҷавон будем, аз Ҷанги гитлерӣ бисёр мешунидему аммо онро мисли афсона мепиндоштем. Вале вақте ки бо чашми сар шоҳиди ин ҳодисаҳо гаштам, бо тамоми вуҷуд эҳсос кардам, ки ҷанг чист. Он айём ман дар Душанбе будам. Хонаи падарам, хонаи худам ин ҷо буд.
Падарам 15 сол дошт, ки ӯро ба ҷойи амакам, ки сӯи кӯҳистон фирор кард, ба ҷанг бурданд. Нақл мекард, ки вақте ӯро ба Украна бурданду милтиқ ба дасташ доданд, он қариб ба андозаи қоматаш буд. Баъди баргаштан аз ҷанг мактаби ҳизбии ш.Тошкандро хатм кард ва то соли 1993 дар вазифаҳои роҳбарӣ содиқона ба Ватан хизмат намуд. Барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои нафақа ба Маркази саломатии воқеъ дар назди комбинати гӯшти шаҳри Душанбе мерафт, ки дастаи силоҳбадастон дошта, ҳуҷҷатҳояшро кофтукоб карданд ва аз кадом минтақа буданашро аз шиносномааш дида, «душман» унвон карданду савори мошини ҷангӣ вайро ба самти номаълум бурданд. Бо ҳамин ӯро дигар надидем. Ин фоҷиаи бузурги руҳӣ буд бароям. 38-39 сол доштам, вақте ки ин хабарро шунидам. Ҳамон шаб то саҳар хобам набурд ва саҳар дар оина дидам, ки як пичаам сафед шудаст…, - буғзи гиря ӯро гулӯгир кард ва муддате чанд сухан карда натавонист.
- Аз ин ҳодиса кӣ ба Шумо хабар дод, шоҳидон буданд?
- Бале, духтури русе шоҳиди ин воқеа буд ва баъдан яке аз кӯдакони шиносамон, ки бо дӯстонаш болои дарахт қарор доштаанд, дидааст, ки падарам ва панҷ тани дигарро дар як саф гузошта, тирборон кардаанд. Ин сияҳкорон ҳуҷҷатҳои нафарони кушташударо дар ҷевончае ҷамъ меоварданд, ки баъдан шиносномаи падарамро аз он ҷо дарёфт кардем. Барои ҷустуҷӯи ҷасади ӯ худро ба ҳар дар мезадам. Аз дӯстонам мадад хостам. Аммо, ҳайҳот, пеши чашми ҳамаро сиёҳӣ гирифта буду касе касеро намешинохт. Ҳамон рӯзҳо маро дида, рӯяшонро ба дигар сӯ метофтанд. Аз якеи онҳо мадад хостам, бо истеҳзо гуфт, ки падаратро «моҳиқапӣ» бурданд. Ин тири аввалине буд, ки ба ҷони ман зад, чаро ки мо зиёд як ҷо обу нон хӯрда будем. Чашмонам сиёҳӣ зад ва дарк кардам, ки дигар аз дӯстиву бародарӣ ҳарф задан нашояд.
Инсон табиате дорад, ки аз худӣ бештар меранҷад. Ин ҷанги хонаводагӣ буд. Ҷанги хонагӣ бисёр ваҳшатнок аст: ду бародар, ду ҳамватан, ду ҳамхун ба ҳамдигар тир мекушоянду хуни «худӣ» мерезанд. Ман бародару падару холабачаю чанд хешу табор гум кардам, лек зиёд мешунидам, ки дар баъзе ҷойҳо оилаҳо комилан аз байн рафтаанд. Ҷанг ба ҳама бадбахтӣ, харобӣ, даҳшат ва ҷудоӣ овард. Ҳар маротибае, ки ёди он замон мекунам, ашк мерезам.
- Ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳро чӣ гуна истиқбол кардед?
- Як таҳарруке дар ҷони мо омад. Мо модарони тоҷик ҳар дақиқаву ҳар сония даст ба дуо будем, ки ҷанг хотима ёбад. Шукр, ки бо шарофати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат расидем. Мо ҳамагон эҳсос кардем, ки наметавонем бе Ваҳдат дар бенизомиву берабтиву парешонӣ зиндагӣ кунем. Душманони миллати мо, ки ҳастии моро хуш надоранд, дуволакбозиҳо карданду Тоҷикистонро маҷбур сохтанд, ки худро ба алангаи оташ ҳавола созад. Вале Тоҷикистон аз ин оташ мисли Сиёвуш раҳид ва покии худро собит кард. Имрӯз ин сарзамин ободу озод асту назаррабо. Ва рӯз то рӯз зеботар мегардад.
- Ваҳдат барои Шумо?
- Ваҳдат ҳамдигарро наранҷонидан, дӯстдоштан аст. Ваҳдат миллати тоҷикро аз фано шудан боз дошт, Ваҳдат Тоҷикистонро дубора Тоҷикистон кард. Ҳамон айём навишта будам, ки:
…Тоҷикистони маро дигар маёзоред,
Пораи ҷони маро дигар маёзоред…
Ин хоҳиш ва нидои дили як зан ва як модар буд, ки аз ваҳшати ҷанг хун мегирист.
- Ба ҷавонон, ки имрӯз ҷангро афсонае беш намедонанд, чӣ гуфтаниед?
- Бештар китоб хонанд, донанд, ки Ваҳдат чист. Ҳар қадаре, ки бо донишҳои замонавӣ муҷаҳҳаз бошанд, ба доми фиребу иғво нахоҳанд афтид. Китоб ва дониш дар зиндагии шахс мисли чароғ ва маслиҳатгари бебаҳост. Фаромӯш накунанд, ки дар шараёни ин миллат ақлу хиради азалӣ ҷорист. Парвози баландро омӯзанду дунёро фатҳ ва тасхир созанд. Дилам ба ҷавонҳое месӯзад, ки дар дигар кишварҳо камол ёфтаанду дигар ба Ватан бозгаштан намехоҳанд. Бо ҳаёт ва муҳити он ҷо мутобиқ гаштаанду онро созгор ёфтаанд. Вале ба ҷавононе, ки дар Ватан қарор доранд, мо бояд ҳамвора ба гӯши эшон ҳаммосаи васл сароему таронаи васл, то Ватанро дӯст доранду ба он садоқат дошта бошанд.
- Дар тарбияи ҳисси ватанпарастии фарзандон саҳми модаронро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Дӯст доштани Ватан ва садоқат ба он аз сари гаҳвора ва домони модар шурӯъ мешавад, баъдан муҳит - мактабу дӯсту рафиқ ва китоб таъсир мегузорад. Модарон агарчи таҳсилдида ҳам набошанд, барои таҳсили фарзандони худ ҳеҷ чизро дареғ надоранд. Дар ниҳоди фарзандон меҳр, садоқат, дӯст дошта тавонистанро бедор созанд, зеро Ваҳдат дар хуни мо ҷорист. Ёд дорам, ки падарам пеш аз кор рафтан субҳонаро танҳо тановул кардан наметавонист ва кӯча мебаромаду нафаре аз ҳамдеҳагонро ба чойнӯшӣ даъват мекард. Ин маънии онро дорад, ки мардуми мо бе ҳамдигар буда наметавонанд ва Ваҳдат аз ин ҷо, аз ҳар як хона оғоз меёбад.
Ҳатто ин хислати наҷиби мо ба русҳои муқими Тоҷикистон низ таъсир расонда буд. Бо Надежда ном зани рус 20 сол дар як ҳуҷра нишаста, кор кардаам. Солҳои нобасомонӣ ӯ ба Россия кӯч баст ва 5 сол қабл бо ман тамос гирифту маро ба меҳмонӣ даъват кард. Гуфтам: «Чӣ туҳфа орамат?» Гуфт: «нони тоҷикӣ». Дар фурудгоҳ пешвозам гирифт. Нонҳоро ба дасташ додам, ки ҳанӯз гарм буданд. Онро гирифту ба рӯяш монд. Дидам, ки аз зери нон ашк мешорад. Гуфт: «Ту бароям беҳтарин чиз – бӯйи Ватанро овардӣ».
Ситора Ашӯрова