Андар сабаби иншои ин нома
Як дӯсти деринамро, ки доим кушодарӯю хандон медидам, дар назди таваллудхонаи вилоятӣ ошуфтаву парешон вохӯрдам. Сабаб пурсидам. Гуфт, ки зани писари калонияш бори панҷум аст, ки духтар таваллуд кардаасту акнун хонавайрон хоҳад шуд. Писараш аз Россия таҳдид кардааст, ки ҳамсарашро талоқ медиҳад ва дигар ба зодбум барнамегардад. Бобои бечора, ки набераҳо – гулдухтараконашро бештар аз ҷон дӯст медорад, акнун метарсад, ки оила пароканда мегардаду мағзони донакаш аз муҳаббати падар маҳрум мешаванд…
Ростӣ, ҳанӯз дар ҷомеа инсонҳое ҳастанд, ки аз чанголи хурофот раҳо нагаштаанд ва надоштани писарро дар хонавода баробар ба бенаслӣ медонанд. Ҳол он ки бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад, ба наздаш сад писар муҳтоҷ гардад».
Ва ин дебоча оғози қиссаи панҷ хоҳар аз як хонадони бузург аст, ки номбардорони асили волидон гаштаанд.
Падар – нахустҳиндшиноси тоҷик
Абдуллоҷон Ғаффоров - писари муаллими машҳур Абдуғаффор Ҳасанов, соли 1931 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба илмомӯзӣ шавқи зиёд дошт. Соли 1953 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин шуд. Соли 1956 бо тавсияи директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров ба аспирантураи ин маркази бузурги илмӣ шомил гашт. Мавсуф ҳангоми коромӯзӣ дар факултаи забони урдуи Донишгоҳи мусулмонии Алигарҳи Ҳиндустон (1958 - 1959) бо маъхаз ва адабиёти дасти аввал бевосита ошно шуд, бо вуҷуди хеле шадид будани назорати шӯравӣ тавонист китобҳои зиёдеро аз осори адибон ва пажӯҳишгарони он кишвар ба Тоҷикистон фиристонад. «Абдуллоҷон Ғаффоров аз нахустин шарқшиносони тоҷик ба ҳисоб меравад, ки дар оғози илми ҳиндшиносии тоҷик қарор дошта, пойдевори мактаби таҳқиқии адабиётшиносии форсу тоҷик ва муаррифии адабиёти ин минтақаро барои Тоҷикистон пай афкандааст… Рисолаи «Ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Асадулло Fолиб» (Д., 1965) ба муаррифиву тарғиби зиндагӣ ва осори илмиву адабии шоир, мунаққид ва нависандаи бузурги Ҳиндустон - Мирзо Асадулло Ғолиб бахшида шуда, рисолаи «Назми форсизабони Ҳинду Покистон дар нимаи дуюми асри ХIХ ва асри ХХ» (Д.: Дониш, 1975) нахустин таҳқиқоти мукаммал роҷеъ ба муҳити фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабии яке аз давраҳои таърихи адабиёти форсизабони Шибҳи қораи Ҳинд аст. Ӯ бо таълифи рисолаи илмии «Муҳаммад Иқбол» (Д.: Дониш, 1977) бори нахуст дар адабиётшиносии тоҷик зиндагӣ ва осору афкор, ғояву ақидаҳои пешқадами Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро таҳқиқ намуда, мактаби иқболшиносии тоҷикро асос гузошт.» – омадааст дар Энсиклопедияи миллии тоҷик.
Модар – омӯзгори шинохта
Агар ҳамаи мақолаҳову маърӯзаҳои фавқуззикрро номбар кунем, ҳаҷми маҷалла камӣ мекунад. Бар замми ин иштироки фаъолонаи ӯро дар ҳамоишу конфронс ва конгрессу семинарҳои байналмилалӣ (Деҳлӣ, 1977, 1978, 1987, 1989; Карочӣ, 1977; Лоҳур, 1977; Кобул, 1977), умумииттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб гирем, чӣ қадар заҳматкаш будани ӯ маълум мегардад.
Хушбахтона, ҳамболу ҳампарвоз, ҳамдилу ҳамрози ин марди бузург бонуи солеҳа, донишманд ва омӯзгори писандидае буд бо номи Назокат Кенҷаева аз хонаводаи машҳури хистеварзиён – хоҳари Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев. Муаллима, ки худ омӯзгори нотакрори мактабҳои машҳури шаҳри Душанбеи ҳамон давр буд, заҳмати ҳамсарашро эҳсос мекард.
Ду духтари аввал дар Хистеварз ба дунё омад, солҳои дар пойтахт зистанашон боз се гулдухтар насибашон гардиду аз таҳти дил ба тарбияву таълими гулҳои боғи умрашон машғул шуданд.
Меҳрномае ба волидон
Аз духтари хурдӣ – Замира Ғаффорӣ, ки ҳанӯз дар 23 - солагӣ падар гум карда буд, хоҳиш кардам, ки чанд сухан дар бораи волидони равоншод ва асари тарбияти онон ба фарзандон бигӯяд. Профессорбону баъди чанд рӯз ин навиштаро ирсол дошт, ки иқтибос кардани онро ҷоиз медонем:
«Волидайни азиз ба тарбияи мо, фарзандон, эътибори махсус зоҳир месохтанд. Нисбат ба фарзандон дилсӯзу мушфиқ ва дар айни замон хеле сахтгир буданд. Вақте ки ба мо супорише медоданд, иҷрои саривақтии онро талаб мекарданд. Назораташон ниҳоят сахт буд. Таълим медоданд, ки масаррати ҳақиқӣ бо машаққат алоқамандӣ дорад. Одам мисли хишт аст, чи қадар сӯзад, ҳамон қадар пухта мегардад.
Онҳо бисёр мехостанд, ки дар зиндагӣ мақоми шоистаи худро ишғол карда тавонем. Аз ин лиҳоз, аз хурдсолӣ ба донишандӯзии мо диққати ҷиддӣ медоданд. Ҳатто бисёр вақт аз корҳои рӯзгор ҳам моро озод мекарданд, то ин ки бештар ба хондани китоб вақт дошта бошем.
Модарам дониши амиқ доштанду ҷаҳонбинии фарох, тамоми кӯшиши хешро баҳри он равона мекарданд, ки дар ниҳоди мо ҷавҳари ахлоқро қавӣ гардонанд.
Аксар дар оинаи хотираҳоям фосилаҳое тарҳ мерезанд, ки падарам бароямон ин байти Назирии Нишопуриро такрор ба такрор мехонданд:
Падар ба шаккару модар ба шир парвардат,
Ба ҳар ду ширу шакар бошу комронӣ кун.
Аз айёми бачагӣ ёд дорам, аҳли илму адаб, ки аз Ҳиндустону Покистон барои ширкат дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва ё бо сафари хидматӣ ба Тоҷикистон меомаданд, ҳатман меҳмони хонадони мо мешуданд. Онҳо бо падарам чӣ суҳбатҳои ширин мекарданд…
Ҳамчунин, дар такомули шахсияти ман нақши китобхонаи падар, ки нодиртарин нусхаҳои кутуби ба забонҳои урду, ҳиндӣ, форсӣ ва забонҳои дигар таълифшударо фаро гирифта буд, бузург аст. Ҳатто меҳмонҳои ҳиндустонӣ, вақти аз китобхонаи мо дидан намудан, ба падарам ҳамду сано мехонданд, ки соҳиби чунин як китобхонаи бузурганд. Дар ҳоле, ки бунёди чунин китобхона дар соҳаи адабиёти форсизабон ва урдузабони Ҳинд, хусусан, ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммад Иқболу Мирзо Асадулло Ғолиб ҳатто дар Ҳинду Покистон душвор аст. Ман низ аз хурдсолӣ ба ин китобҳо нигариста, орзу мекардам, ки ба мисли падарам онҳоро хонда тавонам ва аз ин сарчашмаҳои гаронмоя баҳраҳо бардорам.»
Дигар хоҳарон низ дар бораи заҳматҳои волидонашон мисли Замира чунин назари нек ва арзи сипоси бекарон доранд. Ва акнун бингарем, ки ниҳолакони боғи меҳри олим Абдуллоҷон Ғаффоров ва муаллима Назокат Кенҷаева чӣ бар овардаанд: 1 пизишк, 1 муаллима, 1 олиму сиёсатмадор, 2 профессори ҳинду арабшинос.
Пизишк - асабшинос
Нахустфарзанди хонавода Муътабар дар мактаби миёна бо баҳои аъло мехонд. Хусусан, ба фанҳои табиӣ шавқи беандоза дошту ихтисоси пизишкӣ бештар писандаш буд. Аз ин рӯ, соли 1972 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шомил гашт. Пас аз гузаштани такмили ихтисос дар кафедраи бемориҳои асаби беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии № 3 шаҳри Душанбе (соли 1978) таҳти роҳбарии профессор Абдумаҷид Пӯлодов ба ҳайси духтури асабшинос дар шуъбаи амрози асаб то соли 1981 фаъолият дошт.
Солҳои 1981 - 1987 сардухтури маркази саломатии «Тоҷикистон», 1987 - 2005 сардухтури маркази саломатии «Бахт», аз соли 2009 сардухтури маркази саломатии Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст.
Аълочии тандурустии ҶТ (2013), духтури асабшиноси дараҷаи олӣ ва соҳиби дараҷаи олии ташкилотчии тандурустӣ мебошад. Бо сипосномаҳои зиёд қадр шудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва 10 набера.
Муаллима Мунира
Мунира ба ғайр аз хона дар мактаб низ аз модар сабақ гирифт. Баъди итмоми мактаби миёна, соли 1974 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуд. Соли 1979 донишгоҳро хатм кард. Азбаски шавҳараш корманди масъули заводи алюмин буд, ӯ фаъолияташро аз мактабҳои шаҳри Турсунзода сар кард. Сипас дар чанде аз мактабҳои шаҳри Душанбе омӯзгор буд.
Баъди ба шаҳри Хуҷанд кӯчидан, Мунира чанд сол ба ҳайси муаллима фаъолият дошт. Фарзандони солеҳ тарбия намудааст, ки алҳол дар дохилу хориҷи кишвар ифои вазифа доранд.
Назира – бонуе дар сиёсат
Назира Ғаффорӣ факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли 1982 бо дипломи аъло хатм намуд. Солҳои 1982 - 1992 ассистент ва аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи донишгоҳ буд. Соли 1994 соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид. Солҳои 1992 - 1997 дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ба ҳайси адвокат адои вазифа намуд.
Солҳои 1997 - 2001 мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва граждании факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2001 - 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, декани факултаи ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2007 - 2008 раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, 2008 – 2010 ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2010 - 2015 аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, № 14 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми даъвати чорум муовини раиси МНМО ҶТ интихоб гардид. 1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз ҳавзаи интихоботии Домулло Азизов, № 64 интихоб шуд. Муаллифи беш аз 50 дастури таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз 27 феврали соли 2015 муовини раиси вилояти Суғд аст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Умеда – арабшиноси барҷаста
Умеда шарқшинос - филолог, доктори илмҳои филологӣ (2005), профессор (2006). Соли 1985 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 1990 шуъбаи аспирантураи донишгоҳи мазкурро ба итмом расонда, дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти шарқшиносии АИ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Санъати суханварии араб (хутба) дар асрҳои VI - нимаи аввали асри VIII» ҳимоя кард. Рисолаи докториашро таҳти унвони «Қиссаҳои Қуръон дар «Тарҷумаи тафсири Табарӣ» (таҳқиқи муқоисавӣ - таърихӣ)» соли 2004 дифоъ намуд.
Солҳои 1990 - 1992 дар Институти шарқшиносии АИ ҶТ ходими хурди илмии шуъбаи тамаддуни Осиёи Марказӣ, 1992 - 1999 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Fафуров дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва таърихи забон, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик, ноиб - декани бахши илм, котиби илмии шӯрои диссертатсионӣ, мудири кафедраи филологияи араб, декани факултаи забонҳои шарқ, профессори кафедраи филологияи араб, мудири кафедраи грамматикаи забони арабӣ, ноиб - ректори бахши робитаҳои байналмилалӣ буд. Аз моҳи сентябри соли 2012 директори Институти илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик
Б. Fафуров мебошад.
Дар тарҷума, таҳияи матни интиқодии китобҳои «Девони Махфӣ» (ҳаммуаллиф бо А. Fаффоров, З. Fаффорова), «Ахлоқи Носирӣ» (ҳаммуаллиф бо Н. Салимов), «Фозилони Хуҷанд»-и донишманди ҳинд Райҳона Хотун (ҳаммуаллиф бо З. Fаффорова), «Таърихи Табарӣ» (ҳаммуаллиф бо Н. Салимов) иштирок кардааст.
Ӯ муаллифи рисолаҳои илмии «Санъати суханварии араб (хутба) дар асрҳои VI - нимаи аввали асри VIII», «Қиссаҳои Қуръон дар «Тарҷумаи тафсири Табарӣ» (таҳқиқи муқоисавӣ - таърихӣ)», «Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ва муколамаи фарҳангҳо» ва беш аз 250 мақолаи илмию таҳқиқотӣ, публитсистӣ дар бораи масоили шарқшиносӣ, адабиётшиносӣ ва робитаҳои адабиву фарҳангӣ аст.
Замира – вориси падар дар ҳиндшиносӣ
Замира мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанберо бо медали тилло (1983) ва ДДТ ба номи В.И.Ленинро бо дипломи аъло хатм намудааст (1989). Дар Ҳиндустон ба ҳайси таҷрибаомӯзи забони ҳиндӣ дар факултаи забоншиносии Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру (Деҳлӣ) таҳсил намудааст (1987 - 1988). Дар 25 - солагӣ номзади илмҳои филологӣ (1992) ва дар 35 - солагӣ доктори илмҳои филологӣ шуд (2002). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар риштаи илм (2002), Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар риштаи адабиёт (2002), Ҷоизаи адабии ба номи Маҳастӣ (2017).
Аълочии маорифи Тоҷикистон. Профессор (2003), «Олими сол»-и ДДХ ба номи Б.Fафуров (2011, 2016).
Метавон таҳқиқоти илмии ӯро нахустин номид. Чунончи:
- Ӯ аввалин маротиба дар Тоҷикистон оид ба ташаккул ва таҳаввули адабиёти форсизабони Ҳиндустон (ҳавзаи адабии Кашмир) дар асрҳои ХVI - ХVII роҷеъ ба маснавии «Меҳру Моҳ»- и Ҷамолии Деҳлавӣ, оид ба тазкираи «Каламот – уш - шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Сафинаи Хушгӯ»-и Биндробан Доси Хушгӯ ҳамчун манбаи муҳими омӯзиши адабиёти форсизабони Ҳинд дар асрҳои ХVII – ХVIII таҳқиқоти муқоисавӣ - таърихиро анҷом дод. Мунтахаби ашъори Абулфайзи Файзӣ, маснавии «Меҳру Моҳ»- и Ҷамолии Деҳлавӣ ва тазкираи «Сафинаи Хушгӯ»- и Биндробан Доси Хушгӯро бо муқаддимаву тавзеҳот ва луғатнома ба нашр расонд.
- Аз Тоҷикистон нахустин олимест, ки чаҳор китоби ӯ дар Ҳиндустон бо ҳуруфи форсӣ ба табъ расид: «Ҷониби Ҳиндустон ояд ҳаме», 2011, «Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: «Каламот – уш - шуаро» ва «Сафинаи Хушгӯ»(рисолаи илмӣ), 2017, «Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои ХVI – ХVII» (рисолаи илмӣ), 2019, «Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии «Меҳру Моҳ» (рисолаи илмӣ), 2019.
Аз Тоҷикистон нахустин олимест, ки шумораи махсуси маҷаллаи «Қанди порсӣ», ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ба нашр мерасад, комилан ба фаъолияти ӯ бахшида шудааст. Шумораи махсуси «Қанди порсӣ» бо номи «Вежаномаи профессор Замира Fаффорова» 22 мақолаи илмии ӯро дар ҳаҷми 505 саҳифа бо хати форсӣ манзури хонандагон гардонд (2016, № 71 - 72).
Ҳусни анҷом
Аз муаррих, адиб, публитсист Усмонҷон Ғаффоров, бародари Абдуллоҷон Ғаффоров, хоҳиш кардем, ки дар бораи ин панҷ ахтари тобони хонадон, ки нурашон, нури хираду адабашон дар самои Тоҷикистон ва берун аз он рахшон аст, сухане гӯянд. Устод фармуданд:
- Дар симои ин панҷ духтари хушгавҳари Абдуллоҷон таҷассуми орзуву омол, давоми роҳи нотамоми бародарамро мебинам. Ҳар кадоме дар ҷодаи худ комёбу сарбаланд гардид. Сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бонувони кордонро ҷасурона ба мансабҳои баланд пешбарӣ менамоянд, барои рушду камоли бонувони пажӯҳишгар шароит фароҳам овардаанд, ба комёбиҳои назарраси додарзодаҳои азизи ман мусоидат кардааст. Ин духтарони ҳалим, воқеан, ҳамон соҳибони тоҷи адабу илм мебошанд, ки маҳорату ҷасорат, меҳру садоқаташон аз ягон мард кам нест. Аз фаъолияти 5 ахтари тобони тоҷик мефахраму меболам.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд