Пешаи ронандагӣ барои бонувон дар ҳудуди ҷумҳурӣ, агарчи шуғли нав нест, аммо хизматрасонии бонувони кирокаш ба тозагӣ рӯи кор омада, бо номи «Леди-таксӣ» маъмул гардидааст. Зарина Яъқубова аввалин занест, ки дар ин пайроҳа гом ниҳодааст. Ӯро қисмати зиёди сокинони шаҳр мешиносанду эҳтиромаш менамоянд.
Қиссаи пинҳонӣ гирифтани ҳуҷҷату мошин
Зарина факултаи молшиносии Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро поён бурда, ба омӯзиши забони туркӣ камар баст. Кору пайкораш аз сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон оғоз шуд. Дар ин росто, тиҷорати хурдеро низ пеш мебурд, аммо шавқи зиёд ба касби ронандагӣ дошту дар ин бобат аз ҳамсараш ёрмандӣ хост. Ӯ хоҳишашро рад намуд ва хавфу хатари роҳро далел овард. Аммо, вай пинҳонӣ аз шавҳар дар курси ронандагӣ хонда соҳиби ҳуҷҷат шуд.
Зарина мақсад гузошт, ки ба маблағҳои аз ҳисоби заҳматҳояш ҷамъоварда соҳиби мошини шахсӣ шавад. Вале, эҳсос менамуд, ки шавҳараш бо мақсади амнияти ӯ ин тасмимро низ қабул нахоҳад кард. Мошинеро хариду аз шавҳараш дар ин бобат лаб кушодан ҳаросид. Чанд рӯз мошинро дар назди хонаи истиқоматӣ нигоҳ дошт. Мошини нав аз чашми ҳамсар дур намонд ва ба суоли «Аз кист?», посух дод, ки шояд аз ҳамсояҳо бошад. Аммо, ба қавли шоир: «Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро».
- Рӯзе ҳамроҳи кӯдакон ба сайругашт баромадем. Чароғак сурх шуду мошинро нигоҳ доштам. Ин дам мошине паҳлуям қарор гирифт. Ба он сӯ нигаристам ва пушти шиша шавҳарамро дидам. Ӯ низ маро дид. Дархост кард, то мошинро канори роҳ гирам. Ҳамин тавр, ҳақиқат рӯи об баромад. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдомро шавҳарам хуш пазируфт, - қисса кард ҳамсуҳбатам.
Аз муштарӣ то ронандаи ширкат
Мошини шахсӣ, ба қавле ба ҷони Зарина малҳам шуд. Кӯдаконашро сари вақт ба мактабу кӯдакистон мебурд ва ба ҷойи кор ҳозир мешуд. Пас аз чанд сол мошинро фурӯхта, муддате аз хизматрасонии ширкати «Рахш - таксӣ» истифода бурд. Эълони ба ширкати «Леди - таксӣ» даъват шудани занони ронандаро шунида моҳи ноябри соли 2018 ҳамчун бонуи ронанда ба кироякашӣ пардохт. Оғози кор барояш сангин менамуд. Надонистани баъзе роҳҳо, даъват гардидан ба деҳаҳои дурдаст душвориҳоро пеш меовард. Рӯзи нахустини корӣ дар лавҳи хотираш нақш баст.
- Вақти корӣ ба охир мерасид, хостам ба хона баргардам. Баногаҳ аз ҷониби ширкат супориш шуд, ки се муштариро ба самти коргоҳи сементбарорӣ барам. Мусофиронро ба ҷойи таъйингардида расонда, баъд фаҳмидам, ки онҳо ба деҳаи дурдасте мерафтаанд. Дар наздикии деҳа онҳо поин шуданд, ман соати 23.00 ба хона баргаштам. Кор бароям бениҳоят душвор намуд. Тасмим гирифтам, ки аз ин иқдом даст кашам, вале андешаи «кор бе душворӣ намешавад» маро барои идомаи фаъолият таҳрик дод, - иброз медорад Зарина Яъқубова.
Барои узвият ба ширкат ӯ 2000 сомонӣ пардохта, бар ивази ин маблағ барои мошин рақам ва барчасп гирифт. Дар телефони ҳамроҳаш барномаи махсусеро насб намуданд, ки тариқи он маблағи роҳкирои муштарӣ ҳисоб карда мешавад. Аз маблағи ба дастомада 10 % ба ширкат, ҳар моҳ 100 сомонӣ пули иҷораи рақами мошин ва 150 сомонӣ маблағи андоз месупорад ва ҳамарӯза ба андозаи 3 сомонӣ роҳхат харид менамояд. Ҳамчунин, сӯзишворӣ ва таъмири мошин аз ҳисоби ронанда амалӣ мегардад. Аз ҳама муҳим, барои ӯ ин реҷаи муайян надоштани кор аст, ки дар вақти дилхоҳ корҳои шахсиашро метавонад анҷом бидиҳад. Фаъолияти хешро ӯ аз соати 6 оғоз намуда, дар ин миён истироҳат ва ғизо мехӯрад ва то поси шаб кор мекунад. Муштариёни доимӣ низ дорад, ки дар соатҳои муайян онҳоро аз манзил ба коргоҳ ва баръакс мерасонад.
- Ин гурӯҳ «ВИП-муштарӣ» ном дошта, роҳкирои онҳо 4 сомонӣ арзиш дорад. Маблағи роҳкирои муштарии одӣ барои 1 км роҳ 2 сомониву 50 дирам аст. Давоми ду соли фаъолият сафи ВИП-муштариёнам хеле афзуданд, - мегӯяд Зарина.
Имрӯзҳо ин бонуи заҳматкаш аз пушти шуғли мақбулаш ризқу рӯзӣ ёфта, 4 фарзандро тарбия менамояд. Маблағи шартномаи таҳсили духтарашро, ки дар хориҷи кишвар мехонад, модараш мепардозад. Ба писараш, агарчи шуғли модар писанд нест, ба ақидаи Зарина дар ин ҷода ҳеҷ бадиеро намебинад. Ба иқрори ӯ, кирокашӣ барояш кору хизматрасонии покиза аст, ки маблағи ҳалол ба даст меорад.
Дар оғоз шумораи муштариён аз ҳисоби бонувон зиёд буданд. Имрӯзҳо сафи марду зани фармоишгар баробар гардидааст. Аксарият ба хотири покизаву хушбӯии мошин ва эҳтиёткории Зарина мошини ӯро хуш мекунанд.
- Бо муштарӣ дар ҳама ҳолат муомилаи хуш мебояд. Ронанда низ ба қавле бояд равоншинос бошад, то бо ҳар муштарӣ бо нармӣ забон ёфта тавонад, - зикр кард Заринабону.
Агарчи дар дили шаб мусофирони гуногунро ба манзил мерасонад, ҷиҳати бехатарии хеш боке надорад. Зеро дар барномае, ки аз ҷониби ширкат насб гардидааст, тугмачаи бонги хатар маҳфуз аст, ки дар сурати хатарзо гардидани вазъият бо пахши ин тугмача ҳамкорони дар наздикӣ қарордошта, ба ёриаш мешитобанд ва ҳамзамон, кормандони шуъбаи амниятии ширкат низ ба макони ҳодиса фавран ҳозир мешаванд.
- Шукр, ки то ҳол ҳодисае сар назадааст, зеро амнияти шаҳрвандон дар кишвари мо таъмин аст. Ин ганҷи бебаҳо – сулҳу субот, якдиливу якмаромӣ ва ваҳдату рушду нумӯи Тоҷикистонро мо - ҳар сокини кишвар бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоему ба ояндагон мерос барем, - гуфт дар интиҳо бону Зарина.
шаҳдреза