Ҳар гоҳе ки ҳуҷраҳои беморонро аз назар мегузаронад, бо табассум ва лаҳни ширинаш хаёлҳои ногувори ранҷуронро пароканда, ба қалбҳо гармӣ меораду равонро оромӣ мебахшад.
Дарк месозад, ки танҳо адои вазифаҳои бар дӯш доштааш нокифоя асту баҳри муносибати беҳтар бо беморон мебояд аз нозукиҳои илми равоншиносӣ бархӯрдор бошад. Рӯзҳо аз вазъи иҷрои корҳои ҳамшираҳои шафқат бамаротиб дидан карда, баҳри рафъи камбудиҳо маслиҳату машварат медиҳад. Пас аз анҷоми рӯзи корӣ назди пайвандон бармегардад, вале хавотир аз фаъолияти басти шабонаи хоҳарони шафқат поси шаб ба бемористон мешитобаду садоқати онҳоро ба пеша меозмояд, то мабодо дар ғафлат монда ба саҳве роҳ надиҳанд.
Кибриё Хидирова соли чорум аст, ки ба ҳайси муовини директор оид ба кори ҳамшираҳои тиббии Муассисаи давлатии «Маҷмаи тандурустии «Истиқлол» заҳмат мекашад. Дар ин муассиса, ки 813 корманди миёнаи тиб фаъолият менамояд, 57 нафараш мард, боқӣ бонувон мебошанд. Расондани ёрии аввалияи тиббӣ, нигоҳубини беморон, бо тавсияи табибон гузарондани сӯзандору ва чакрадоруҳо, назорат аз рафти тарзи дурусти қабули доруҳо, омодасозии маризон ба ҷарроҳӣ ва дигар амалиёт, тамйизсозии асбобҳои тиббӣ, тарзи дурусти тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва ҷобаҷогузории онҳо аз вазифаҳое мебошанд, ки бар дӯши кормандони миёнаи тиб асту назорати доимии онро Кибриё Хидирова бар зимма дорад.
- Барои ҳар чи зуд шифо ёфтани бемор, ба ӯ оромиву осоиш муҳиманд. Дар адабиёти классикӣ низ ба ин нукта ишораҳо кардаанд. Кошифӣ фармуда, ки назди болини бемор бисёр сухан нагуфтан, бо бемор ба лутфу мулоимат сухан кардан, бисёр нанишастан ва зуд бархоста рафтан дар одоби аёдати бемор ҷузъҳои асосианд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам бархе аз наздикони бемор талош меварзанд, то ҳар чи зудтар ба ҳуҷраи бемор ворид гашта, зиёд нишинанд. Ин ҷо интиқол ёфтани сироятҳо низ аз эҳтимол дур нест, - иброз дошт К. Хидирова.
Мавсуф ба ҳамшираҳои шафқат талқин месозад, ки дар ҷараёни кор масъулиятшиносӣ, ҳушёрӣ, дақиқӣ ва эҳтиёткорӣ муҳим аст, ки ба ин васила табибон ҳаёти инсонҳоро наҷот мебахшанду ба ояндаи нек умедворашон месозанд.
- Инсонгароӣ ва хушсухании табибон муҳим аст, зеро лафзи хуш малҳами ҷон асту ними табобат, - таъкид намуд ин бону.
Чунин ҳолат бо ӯ низ рух додааст. Чор моҳ қабл дар ҷаласаи навбатии табибон нишаста буду худро нотоб ҳис кард. Рухсат пурсиду бо азобе ба ҳуҷраи табибон расид. Дигар чизеро дар ёд надошт. Дар ҳолати мадҳушӣ муддати 14 рӯз рӯи бистар хобид. Маълум шуд, ки бар асари хастаҳолӣ ва фишори баланди шараёнӣ ба чунин ҳол афтодааст. Шаби 15 -ум ба ҳуш омада, аз ҳоли хеш тааҷҷуб кард ва гӯё чизе рух надодааст, аз бистар бархесту баҳри тафтиш роҳ гирифт сӯи ҳуҷраи беморон. Аз саҳлангории ҳамшираҳои шафқат ба шигифт омад ва аз шиддати асабоният боз ду рӯзи дигар дар ҳолати вазнин бистарӣ шуд.
- Ман он вақт дарк накарда будам, ки то чӣ андоза солимии ман дар хатар аст. Сахт аламовар буд, ки дар ғайби ман ҳамшираҳо уҳдадориҳои худро тибқи муқаррарот иҷро накардаанд. Дар ҳама кор самимият ва поквиҷдонӣ бояд дар мадди аввал бошад, - иброз дошт табиб.
Кибриё Хидирова 4 майи соли 1975 дар шаҳри Кӯлоб дида ба дунё кушодааст. Ӯ хатмкардаи коллеҷи тиббии Тоҷикистон ва факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мебошад. Зиёда аз 10 сол ҳамчун сарҳамшираи калон дар маркази саломатии № 4 пойтахт адои вазифа намудааст. Имрӯзҳо бо мақсади идома додани фаъолияти тахассусӣ ҳуҷҷатҳояшро барои таҳсили баъдидипломӣ супурда, ният дорад, ки кори лабораториро ба роҳ монад.
Дар баробари фаъолияти корӣ ин бону дар хона низ фазои солиму созгорро фароҳам овардааст. Бо ҳамсараш, корманди соҳаи бонк, панҷ фарзандро тарбия дораду соҳиби ду набера.
Дар рафти фаъолияти касбӣ гоҳо ҳамшираҳои тиб ба сарбориҳои зиёди ҷисмонӣ дучор меоянд, ки бо иродаи қавӣ, матонат ва таҳаммулгароии хеш ин душвориҳоро паси сар менамоянд. Навбатдорӣ дар басти шабона ва рӯзҳои ҷашну идҳо, хавфи интиқоли сироят аз беморон, муомилаи дурушти аёдатгарону бархе аз беморон ва ғайра метавонанд дар онҳо ҳар лаҳза шиддати асабониятро ангезанд.
- Барои самаранок ба роҳ мондани фаъолият ҳамшираҳои тибро зарур аст, ки, пеш аз ҳама, ғайр аз дониши хуби соҳавӣ доштан, дигар донишҳоро низ фаро гиранд, то муоширати дурустро бо беморон бе ягон мушкилӣ ба роҳ монанд ва ба гуфтаҳову таъйиноти духтурон эҳтироми хосса дошта бошанду ҷараёни табобати беморонро бодиққат назорат баранд. Натиҷаи ин заҳматҳо самари бешумор дораду сипосу ҳамди бекарон, ки ба инсонҳо хушбахтиву фараҳмандӣ оварда, осоиштагиро дар хонадон фароҳам меорад, - иброз намуд дар фарҷом Кибриё Хидирова.
Омина ХОҶАЕВА