Ҳанӯз солҳои таҳсил дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба нигориши хабару мақолаҳо шавқу завқ дошту моҳномаи донишгоҳ барояш нахустин майдони машқи маҳорату малака гардид.
Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда, тасмим гирифт, ки мисли падару модараш омӯзгор мешавад. Дар ин рӯзҳо аз радиои вилоятӣ аз баргузории озмуни ровии радио хабар ёфту довталаб гардид ва ғайриинтизор касб худ истеъдоди ҷавонро интихоб намуд. Дар макони нави эҷодӣ Маҳина аз ҳамкорони собиқадор меомӯхту барои равшан намудани нофаҳмидаҳо ҳеҷ гоҳ аз пурсидан ор намекард. Тайи ин муддат истеъдоди ҷавон такмили касбу малака карда, бо маҳорати суханварӣ ва таҳияи барномаҳои шавқовару дилангезаш байни шунавандагон маҳбубияти хосса дарёфт. Ӯ бо сухани тозаву шево, таҳлилҳои амиқи ҳосили донишу андеша дар барномаҳои гуногун ба ҷилва меояд ва шунавандагонро ба умқи асрори «Нози хаёл»-и аҳли касбу кор ва фарҳангу ҳунар мебараду аз олами навгониҳо ва дастовардҳои «Файзи Истиқлол» - у «Илм ва ҳаёт» барояшон маълумоти шавқовару омӯзанда фароҳам месозад.
Суҳбате доштем бо Маҳина Хоҷаназарова, муҳаррири варзидаи идораи радио ва телевизиони ВМКБ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, ки онро пешкаши хонанда менамоем.
-Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ дар Бадахшон чӣ корҳои муҳиме анҷом ёфта?
- Оғози фаъолияти касбиам ба солҳои таҳаввулоти бузург дар фазои иттилоотӣ рост омад. Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ оғоз шуда, дар муддати кӯтоҳ минтақа таҳти пӯшиш қарор гирифт. Амнияти иттилоотӣ аз лиҳози техникӣ пурра таъмин гардид.
Ҳусни рӯзафзуни шаҳру ноҳияҳо, авҷи сохтмонҳо, бунёди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии сокинони вилоят ва созандагиҳои зиёди дигар шаҳодати барҳақи баҳравар гардидани мардуми Бадахшон аз файзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳастанд ва аз ин рӯ, аз пешрафт ва сулҳу суботи кишвар бояд шукргузор бошем ва аз он гӯем, тарғиб намоем.
- Тавсеаи шабакаҳои иттилорасонӣ дар вилоят ба камранг шудани нақши радио таъсир нагузошт?
- Агарчанде бо тавсеаи фазои иттилоотӣ радио ва матбуоти даврӣ дар симои шабакаҳои телевизион ва сипас интернет рақиби тавоно пайдо карданд, вале радио дар фазои иттилоотии минтақа ҷойгоҳи хосси худро ҳифз кардааст. Густариши шабакаҳои телевизионӣ ва интернет ба сахт шудани рақобати эҷодӣ мусоидат намуданд ва барои ҷалби ҳар чи бештари алоқамандон кормандони радиоро водор сохт, ки аз чунин афзалияти радио ба мисли фаврияти иттилоърасонӣ ба мардум истифода барем. Давлат барои журналистон шароити кори эҷодӣ муҳайё сохтааст ва мо - аҳли қалам бояд бо каломи таъсирбахш барои тасаллут ёфтан ба афкори ҳар шаҳрванди кишвар талош варзем…
-Баъзе масъулони ВАО-и шаҳру ноҳияҳои вилоят чун сухан аз матбуот равад, дар бештари маврид аз нокории мутахассисони ҷавон мегӯянд ва назари Шумо нисбат ба ин масъала чӣ гуна аст?
- Омода намудани кадри хуб ҳамбастагии мактабу донишгоҳ ва идораву муассисаҳои истеҳсолиро мехоҳад. Ин ниҳодҳо барои тарбия ва рушди толибилмон ва инкишофи истеъдодашон бояд баробар ғамхорӣ зоҳир намоянд ва худро масъул шуморанд. Барои заъфи донишу малакаи мутахассисони ҷавон санги маломатро бо тамоми сахтӣ ба сари устодони донишгоҳ задан ҳам аз рӯи адолат нест. Бояд биандешем, ки оё мо - кормандон барои тарбияи донишомӯзони ҷавон ва рушди касбии онҳо, ки бо умеди зиёд ба идораву муассисаҳо барои таҷрибаомӯзӣ меоянд, чӣ саҳме гузоштаем. Дар идораву муассисаҳои зиёди эҷодӣ журналисти собиқадор бознишаста мешаваду маълум мегардад, ки тӯли умраш шогирде тайёр накардааст.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир сафи ҳайати эҷодии идораи радио ва телевизиони вилоят аз ҳисоби мутахассисони ҷавон афзуда, аксарашон ҷӯяндаву омӯзанда ва қобилиятнок ҳастанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои онҳо муҳити эҷодии хубтар фароҳам созем, ҳаматарафа дастгирашон бошем.
Хушоянд аст, ки бонуи суханвар ва муҳаррири варзида Маҳина Хоҷаназарова аз зумраи чеҳраҳои идораи садо ва симои Бадахшон аст, ки бо сухани созанда дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ширкати фаъол меварзад.
М. Саид,
шаҳри Хоруғ