Шояд ба як дидан пай бурдед, ки сухан аз кору пайкори наттоқи собиқадори телевизиони «Тоҷикистон», бонуи ширинсухан ва чеҳраи беҳамто, меҳмони кошонаҳои занони пурҳунари тоҷик, барандаи барномаи «Кошона» Мусаллама Мухторова хоҳем гуфт. Ин бонуи дидавар бо неруи созанда зиёда аз 50 сол умри хешро бо телевизион пайваставу то кунун дар роҳи эҷоду эъҷоз, пайи офариниши барномаҳои ҷолиб талош меварзад.
Қадамҳои нахустин дар телевизион
«Дар синфи 5 мехондам. Рӯзе ба синфи мо коргардони номӣ Мизроб Қосимов, фарзанди ҳунарпешаи машҳур Муҳаммадҷон Қосимов, ворид шуд. Он кас аз байни наврасон наттоқ меҷустаанд. Ман, ки қаблан дар барномаи радиоии «Субҳи пионерӣ» ва театри лӯхтак ҳамчун баранда ширкат меварзидам, аз ин рӯ, маро интихоб намуданд. Ҳамин хел, ба барномаҳои бачагонаи телевизион чун баранда ба кор омадам. Он овон аз соати 9 то 11 дар телевизион намоишҳои кӯдакона пахш мешуданд. Аз ҳар барнома 2 сӯм, дар як моҳ 56 сӯм ҳаққи заҳмат мегирифтам. Ин ҳавасмандӣ маро ба кор дилгарм мекард.
Наттоқ Хосият Олимова, яке аз саромадони телевизион, бонуе заковатманд, лаҳни бениҳоят тоза доштанд. Дар хондани матн, талаффузи ҳиҷову зада аз он кас маслиҳат мепурсидам. Қариб ҳамаи барномаҳои «Ахбор» зинда пахш мешуданд ва мо то 5–6 соат дар эфир пахши мустақим доштем».
«Духтар-файзу баракати падар»
«Дар оила мо 6 духтар будем. Падарам марди соҳибмақому бомаърифат солҳо дар комбинати абрешими шаҳри Душанбе ба ҳайси роҳбар фаъолият доштанд. Ва барои соҳибмаълумот шудани мо-хоҳарон кӯшиш ба харҷ медоданд. Аз ин ҷост, ки духтарони падар тахассусҳои духтур, иқтисоддон, муаллима, меъморро соҳибанд. Падар аз соҳибмақом гаштани фарзандон қаноатманд буданд. Дуои неки қиблагоҳ то имрӯз моро роҳнамост. Ҳамеша шукр мекарданд, мегуфтанд, ки файзу баракати рӯзгори ман - шумоед. Ман хатмкардаи факултаи забони англисии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко мебошам. Баъдан, соли 1978 факултаи таърихи ин донишкадаро поён бурдам».
Такягоҳи зан-оила
«19 сол доштаму донишҷӯ будам. Бо ҳамсари ояндаам Азимҷон, ки он солҳо ӯ донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон буд, шинос шуда оила барпо намудем. Азимҷон аз Истаравшан аст. Муддате дар он ҷо бо падару модари Азимҷон зистем. Шукр, хушдоман бароям мисли модар буданд, 3 духтару як писарро бо ҳам калон кардем. Кори телевизион пурмашаққат аст ва рӯзҳое мешуд, ки то поси шаб дар студия мемондам. Шавҳар ва хушдоманам барои пешрафти кор дастгириҳои зиёде намуданд. Фахр аз он дорам, ки насаби авлоди шавҳарам- Мухторовҳоро сазовор шудам».
Мусаллама дар телевизион
«Телевизион бароям даргоҳи муқаддас аст. Расо 22 сол ровии барномаи «Ахбор»-и телевизиони Тоҷикистон будаму хурду калони ин даргоҳ мешиносанду ҳурматам мекунанд. Нафарони фидоӣ наметавонанд, аз ин даргоҳ дил бикананд ва ҳар заҳмату ранҷро бо меҳр паси сар менамоянд.
Луъбат Аминҷонова (равонашон шод бод) лоиҳаи барномаи «Кошона»-ро пешниҳод намуданду ба ҳайси баранда ба омӯзиши хӯришу шириниҳои гуногун барои бонувон пардохтем. Бо мурури вақт он яке аз барномаҳои писандидатарини хонаводаҳо гашт. Ва маҳз ин барнома бо номҳои гуногун дар дигар шабакаҳои телевизионӣ низ арзи ҳастӣ намуд.
Агар барнома мухлиси худашро наёбад, барнома нест. Масалан, занҳои ҳавлирӯб бо меҳр маро назди хони хоксоронаашон муроот намуда, изҳори сипос менамоянд, ки тавассути «Кошона» сунҳорҳояшон пухтупазҳои зиёдеро омӯхтаанд».
Фарзандони наку - ифтихори модар
«Се духтару як писар ба зиндагии ману Азимҷон нуру сахо мебахшанд. Писарам Зафар Мухторов рутбаи полковникӣ дошта, дар Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия кор мекунад. Зебуннисо - иқтисоддон, Назокат - мутахассиси забони англисӣ, Азиза - мутахассиси забонҳои чинӣ ва туркӣ мебошанд. Ҳамзамон, духтарон дар кошонаҳои ҳусн, ки худи мо ташкил кардаем, фаъолият менамоянд. Соҳиби 12 набера ҳастам».
Мусаллама Мухторова имрӯз аз он ифтихор дорад, ки хурду бузург ӯро мешиносанд ва сарбаланд аз он аст, ки номаш барояш кор кард. 50 сол дар эфири телевизион будан кори саҳл нест. Мусаллама болидарӯҳ асту неруманд. Ҳама дам дар такопӯст. Пайи эҷоди силсилаи таомҳои парҳезӣ ҷадал дорад. Ва нахустбарномаҳояш дар ин мавзӯъ аз ҳар гӯшаи ватан омодаи пахшанд.
Матлуба МУҲАММАДЗОДА