Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар роҳи интихоби илми дақиқ гоҳо дарк наметавон кард, ки то чи андоза таҳқиқ кардан ва дар ин самт ба даст овардани натиҷаҳои саҳеҳ душвор асту заҳматталаб. Бахусус, барои зане, ки модар асту ҳамсар ва дар ин радиф, пайи ҷустуҷӯву ихтироот дар соҳаи илми кимиё…
Муаттара Норова дар озмоишгоҳи маводшиносии Маркази технологияи инноватсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси муовини директор оид ба илм ва таълим даст ба кор аст. Бо мақсади иҷрои барномаи давлатии «Маҳсулот ва технологияи воридотивазкунанда» дар ин озмоишгоҳ ба таҳқиқи хӯлаҳои алюмин (хӯла – гудохтаи чанд металл ва моддаҳо) шуғл меварзад.
Чанд сол қабл муаллима ҳамроҳ бо ҳайати кории ин марказ дар асоси алюмин хӯлаеро коркард намудааст, ки аз он ҷараёнқабулкунакҳо барои троллейбусҳо омода кардаанд, ки онҳо ҳангоми ба сим пайваст гардидан ба кор медароянд. Зимни санҷиши фаъолияти ҷараёнқабулкунакҳо дар КВД «Троллейбуси шаҳри Душанбе» ва мутобиқи санадҳои пешниҳодгардида маълум гашт, ки онҳо дорои хосияти баланди истифодабарандагӣ мебошанд.
- Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон истеҳсолгари калони алюмин мебошад, ки сифати олиро доро буда, дар таркиби он ғашҳо нисбатан кам аст. Замоне фаро расидааст, ки 25 -30 %-и алюминийи аввалия бояд дар ин ҷо коркард шавад. Яъне, агар мо хӯлаҳои навро дар асоси алюмин коркард карда, ба бозори дохил ва хориҷи мамлакат пешниҳод намоем, аз он иқтисодиёти кишвар суд гирифта, ҷойҳои нави корӣ низ муҳайё мегарданд, - иброз дошт М.Норова.
Дар озмоишгоҳе, ки Муаттара Норова бо роҳбарии академик Изатулло Ғаниев фаъолият мебарад, бештар бо маводи ба зангзанӣ устувор сару кор доранд. Агарчи ҳангоми истеҳсоли алюмин болои он пардаи оксид ҳосил гашта, аз зангзанӣ эмин медорад, бо мақсади беҳтар кардани хосияти механикии он ва ворид кунондан ба истеҳсолот санҷишу озмоишҳо зиёд ба роҳ монда мешаванд.
- Бо ин мақсад ба алюминий бо миқдори ниҳоят кам (0,01 то 1 ҳисса) металлҳои ишқорзамин (калтсий, стронсий, барий) ва нодирзаминӣ (скандий, лантан ва ғ.) илова карда мешаванд, ки онро ҷавҳаронидан мегӯем ва ба ин тариқ, хосиятҳои физикиву химиявии хӯларо баланд мебардорем, ки минбаъд онро дар соҳаҳои авиатсия, киштисозӣ, мошинсозӣ ва ғайра истифода бурдан мумкин аст, - иброз дошт муҳаққиқ.
Бисту ду сол аст, ки Муаттара Норова ба омӯзиши хӯлаҳои алюминий машғул асту дар кӯраҳои баландҳарорат, ки ба 2000 °С мерасад, бо ёрии тарозуҳои аналитикӣ ва асбобҳои махсус, ки ба чунин ҳарорат тобоваранд, алюминро гудохта, ба қолабҳо мерезанду хӯлаҳо бо қутри 8 мм ва дарозии 10 см ҳосил карда, бо ёрии электродҳо маҳлулҳои намак, ишқор ва кислотаҳо омода месозанд, то консентратсияи намаки онҳо бо оби баҳр мутобиқ ояду хосияти зангзании онҳо низ омӯхта шавад.
Ин бону соли 2003 рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «Хосиятҳои физикиву химиявӣ ва ба зангзанӣ устувори хӯлаҳои алюминӣ бо литий» ҳимоя намуд. Муддати зиёд ӯ дар Институти химияи АИ Тоҷикистон фаъолият бурда, ҳамроҳ бо ҳамкасбони хеш соҳиби чанд нахустпатент гардидааст. Дар маркази номбурда бо роҳбарии Бахтиёр Эшов имсол низ ба гирифтани патент шарафёб гардид. Алҳол, муаллима ба навиштани рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Хосиятҳои физикиву химиявии хӯлаҳои саноатии алюминий, магний ва металлҳои нодирзамин ва ишқорзаминӣ» масруф аст ва, ҳамзамон, дар кафедраи химияи таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён аз асосҳои физикаву химия ва таҳлилҳои химиявӣ дарс мегӯяд. Дар ин соҳа то 15 нафар мутахассиси баландихтисос тайёр кардаасту бо роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудааст.
Барои силсилаи корҳои илмӣ М.Норова соли 2007 ба Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар самти илм ва технология мушарраф гаштааст.
Имрӯзҳо мавсуф дар ҳамкорӣ бо Институти химияи АИ Тоҷикистон дар шароити нимсаноатӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсоли суперфосфатро ба роҳ мондааст, ки ҳамчун нурии минералӣ дар соҳаи кишоварзӣ басо муфид аст.
- Аз хокаи боқимондаи ин технология ният дорем, ки истеҳсоли маводи сохтмонӣ, аз қабили хишт, варақаҳо барои намои берунии иморат ва ғайраро ба роҳ монем. Алҳол, дар ин самт корҳо идома доранд, - ёдрас намуд муҳаққиқ.
- Мушкилоти асосии мо нарасидани таҷҳизоти нав дар озмоишгоҳ аст. Нашрияҳои хориҷӣ пеш аз чопи мақолаҳо сатҳи кори олимони моро омӯхта, таваҷҷуҳ менамоянд, ки дар рафти ин ё он тадқиқот кадом асбобҳо истифода шудаанд. Маҳз норасоии таҷҳизоти нав метавонад монеи пешрафти кор гардад, - изҳор намуд Муаттара Норова.
Ба рушди соҳаи саноат ва технология рӯ овардани Муаттара Норова тасодуфӣ набуд. Коргоҳи маъданбарории «Анзоб» дар паҳлуи мактаби № 37 шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ, ки Муаттараи ҳанӯз хурдсол он ҷо таҳсил мекард, воқеъ буд. Муҳити шаҳраки саноатӣ ва заҳматҳои зиёди падари бинокораш дар қалби кӯчаки вай шарораи меҳрро нисбат ба омӯзиши розҳои табиат бедор сохт. Соли 1992 ба факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуду таҳсилро дар аспирантураи ин даргоҳ идома дод. Ҳамзамон, аз соли 1997 фаъолияти хешро ҳамчун ходими хурди илмӣ дар озмоишгоҳи «Маводҳои ба зангзанӣ устувор» оғоз бахшид.
- Имрӯзҳо занону духтарон дар кору таҳсил имконияти бештаре доранд. Аз ин рӯ, онҳо бояд ташаббус нишон диҳанду бо пайкори арзандаи хеш дар рушду шукуфоии Ватан саҳм гузоранд. Замони наврасӣ бибиям ҳамеша мегуфтанд: «Агар писар таҳсилоти олӣ гирад, ҳамчун шахсият ва мутахассиси олӣ ба хубӣ метавонад сабзад, вале духтар маълумоти олӣ гирад, тамоми авлод босавод мегардад», - гуфт бону Муаттара.
Ситора АШӮРОВА