Садбарг Боқиева аз зумраи хабарнигоронест, ки бештар аз зиндагиномаи тоҷикони бурунмарзӣ, саҳеҳтараш ҳамватанҳои маскуни Россияи мо тариқи радиову телевизион, рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабару гузоришҳо пешниҳод мекунад. Ба сармову гармои кишвари Рус нигоҳ накарда, гоҳ дар таҷлили Наврӯзи тоҷикони Шарқи Дуру Хабаровск ширкат меварзаду гоҳ аз гиромидошти рӯзҳои таърихӣ - Ваҳдату Истиқлолияти ҳамватанонамон дар Благовешенску Комсомолски лаби Амур гузориш таҳия менамояд.
Тоҷикони хиттаҳои Приморияву Сибир, Қазону Уфа, Маскаву Биробиҷон ва боз саду як нуқтаи маъмурию ҷуғрофии дигари Россия маҳз тавассути барномаҳои телевизиониву радиоии ӯ ба ҳамдиёрон аз фаъолият, ҳаёту дастовардҳои худ, ки дур аз Ватан афтодаанд, қисса мекунанд. Ҳунарманду варзишгар, соҳибкору зиёӣ, кадбонуву бинокор-қаҳрамонҳои сужаҳои пурмуҳтавои Садбарганд.
СУРОҒИ ФАРЗАНД
- Ба ҳукми саройи дурушт буд ё сарнавишт, ки ману писарам 12 сол аз ҳам ҷудо будем. Ӯ бо падараш, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Россия қарор дошт ва ман бо панҷ фарзанди дигарам дар Тоҷикистон мондем. Ин ҳама солҳо аз онҳо хату хабаре набуд. Ҳарчанд суроғу пай менамудам, бӯе аз онҳо намерасид. Ногаҳон дар интернет сураташро дидам. Ӯ дар тан либоси низомӣ дошт. Бо ёрии хешу табор ва дӯстон озими Россия шудам. Дар комиссариати ҳарбӣ маълум гашт, ки Бобоҷон ду сол инҷониб дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Снежински вилояти Челябинск масруфи хидмат аст. Бо азобу сахтиҳои зиёд ҷои хизмати писарамро ёфтам ва билохира бо ӯ вохӯрдам, - бо сӯз ёд меорад аз як барги хазонхӯрдаи рӯзгори душвораш ӯ.
Суроғи фарзанд сабаб мешаваду Садбарг бо ҳаёти муҳоҷирони тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо мекунад. Ӯ аввалин бонуи хабарнигор буд, ки аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷики Россия сужаҳо таҳия кард.
ФАЪОЛИЯТ
Ӯ зодаи ноҳияи зебоманзари Муъминобод аст. Соли 1979 пас аз хатми аълои мактаби миёна ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мегардад. Бо роҳхати Вазорати маориф ҳамроҳи шавҳараш Маҳмадҷон Маҳмадов, ки ҳамсабақаш буду соли охири таҳсил бо ҳам издивоҷ намуданд, аввал дар шаҳри Душанбе, баъдан дар ноҳияҳои Ғарм (Рашти имрӯза), Комсомолобод, (Нурободи феълӣ), Ёвону Муъминобод ба ҳайси омӯзгор заҳмат кашид. Аз соли 1999 ӯ маскуни доимии пойтахт асту хабарнигори Радиои Тоҷикистон.
МАҲФИЛОРО
Садбарг бонуест зиндадилу зиндагиафрӯзу хушсуҳбат. Ягон ҷашну сур ва ҷамъомадҳои идонаи ҳамкорону дӯстонаш бе суруду латифа ва қиссаҳои шӯхи ӯ намегузаранд.
- Падарам Санг Боқиев маҷрӯҳи гурӯҳи яки Ҷанги дуюми ҷаҳон буд. Баъди хатми Донишкадаи хоҷагии қишлоқ то охири умр дар раёсати соҳавии ноҳияи Муъминобод дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият намудааст. Модарам Холмо Сулаймонова солҳои наҳси ҷанги зидди фашизм дар ақибгоҳ кор мекарду мудири фермаи чорвопарварӣ буд. Барои меҳнати шоён онҳо бо ордену медалҳои зиёд аз ҷониби ҳукумати вақт қадр шудаанд. Онҳо дар нохун кардани дутору дигар созҳои мусиқӣ маҳорати хуб доштанд ва бисёр олӣ месуруданд. Гумон мекунам, ки ҳунари овозхониро ба ҷиҳати ирсӣ аз онҳо мерос бурдаам - иброз дошт С. Боқиева.
ШАКАРОБ
Таъми таомҳои миллии тоҷикие, ки Садбарг омода мекунад, то дерҳо фаромӯши комҳо намешавад. Ҳар нафаре меҳмони хонааш мешавад, дар баробари анвои хӯроквораҳо аз шакароби ӯ лаззат мебарад ва ҳар боре дар маҳфиле дар борааш сухан кунанд, дар баробари сурудхониш ин навъи ғизои ӯро меситоянд. Рубоиҳои бо шеваи кӯҳистонии кӯлобӣ ба дараҷае ҷигарӣ фалак мезананд, ки рӯҳи касро менавозанд.
САМАР
Фарзандони хубу арзандаеро парваридааст. Ҷаҳонгул пизишки бемориҳои занона дар беморхонаи «Истиклол», Гулмоҳ омӯзгори забони англисӣ дар мактаби рақами 84-и шаҳри Ваҳдат, Бобоҷон дар Федератсияи Россия ба дару дуди худ аст.
- Онҳо баргу бори ҳаёти мананд. Агарчи осон нест ба воя расондани фарзанд ва соҳиби таҳсилот намудан, вале ин рисолати модарӣ буду ба фикрам, хуб анҷомаш додам, - мегӯяд бо ифтихор С. Боқиева.
ШУҒЛ
- Саёҳат карданро бисёр дӯст медорам. Табиати зинда, шаҳрҳо, одамон, урфу одат, расму оин, шиносоӣ ин ҳама барои ман аст. Онҳоро бо чашми ибратбину дили меҳроин меомӯзаму ҳамчун таҷрибаи рӯзгор барг-барг баҳра мегирам, -иқрор меояд ӯ.
Асарҳои адибони тавоноеро амсоли Чингиз Айтматов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Робиндранат Такуру даҳҳо эҷодкори дигарро хондаасту мехонад. Шеърҳои Лоиқу Алимуҳаммад Муродӣ ва Ҳоҷиҳусайни Кангуртиро замзама мекунад. Бисёр шахси ҳалиму меҳрубон ва беандоза инсондӯсту сахист. Ба мисли гули садбарг зиндагиш сад баргу сад тароват дорад.
«Бонувони Тоҷикистон»