1. ТУҲФА ФОЗИЛОВА
(1917, Конибодом – 3.2.1984, ш. Душанбе). Ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик. Артисти халқии СССР (1957).
Овозхони бағоят ҳайратангез, ҳунарпешае, ки дар театр ва кинои тоҷик нақшҳои ҷолиби зиёде офарида. Тимсоли ҳақиқии назокату латофат ва бонуи асрорангез, ки барои кулли мӯдпарастони солҳои 40 – 50 - уми асри гузашта муъҷиби пайравӣ буд.
Туҳфа Фозилова услуби либоспӯшии хоссаи хешро дошт, ки ин рафторро пайравонаш қадр менамуданд.
2. ЛУТФӢ ЗОҲИДОВА
(6.11.1925, ш. Конибодом – 10.10.1995, ш. Душанбе), балеринаи тоҷик. Артисти халқии СССР (1957).
Аз соли 1941 дар Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ нақшҳои ҷолиб бозидааст, аз соли 1961 дар кори педагогӣ буд.
Солҳои 1940–1950 яке аз балеринаҳои намоёни театри тоҷик ба шумор мерафт, нозукиҳои санъати рақси классикии аврупоиро хуб медонист. Санъати вай дорои лирикаи нозук ва драматизми амиқ буд.
Ӯ аввалин балеринаи тоҷик аст, ки дар асоси анъанаҳои пурғановати рақси миллӣ ва омӯхтану истифодаи таҷрибаи хореографияи рус ба комёбӣ ноил гашта. Лутфӣ Зоҳидова, хусусан, дар балетҳои тоҷик унсурҳои рақси классикӣ ва халқиро устокорона омезиш додааст.
Лутфӣ Зоҳидова хонуми зебопайкаре буд, ки рафтор ва услуби либоспӯшиаш диққати атрофиёнро ба худ мекашид.
3. СТАЛИНА АЗАМАТОВА
Ҳунарпешаи балет ва кино, хореографи бомаҳорат. Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1968), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005).
Яке аз бонувони хушрӯ ва боназокат, ҳунарпешаи кинои солҳои 60-уми Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Аз андоми зебо ва тарзи либоспӯшиаш мардум ба ваҷд омада, мафтун мегаштанд. Ба тарзи ороиши мӯ, либоспӯшӣ ва ҳатто имову ишорааш бонувон тақлид мекарданд. Бо чунин рафтор онҳо мехостанд, каме бошад ҳам, ба Сталина монанд бошанд.
Сталина Азаматова чун балетмейстери бомаҳорату пуртаҷриба дар тарбияи раққосони балет ва равнақи санъати касбии тоҷик хизмати шоиста анҷом додааст.
4. ЛОЛАНИСО ИСМОИЛОВА
Доктори илмҳои биология (1986). Парирухи тоҷики афсонавӣ, ки шуҳраи ҷаҳон гашта буд.
Ассистент (1953), дотсенти кафедраи гистология (1970) ва мудири кафедраи биология ва генетикаи умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (аз с. 1974).
Лоланисо Исмоилова баъди чопи сураташ дар маҷаллаи «Огонёк» дар тамоми ИҶШС ба зебоӣ машҳур гардид.
5. РАФОАТ АБДУСАЛОМОВА
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Аввалин наттоқи телевизион аз байни бонувони тоҷик дар таърихи мамлакат. 3-юми октябри соли 1959 телевизиони тоҷик бо садои Рафоат парда кушодааст.
Даҳ сол бо лафзи хушу форам, баёни дилкаш, чеҳраи зебо ба тамошогарон лаззати маънавӣ бахшида, баъдан ба сифати муҳаррир, мудири шуъба, сармуҳаррири идораи мусиқии телевизион ифои вазифа дошт.
Муаллиф ва муҳаррири барномаҳои «Гулдаста», «Муҳаббат ва оила», «Дугонаҳо», «Наво», «Устодони санъат», «Қавлу амал», «Дилафрӯз», «Пойтахт», «Зан ва амал» ва ғайра.
Беш аз 40 сол (1959 - 2004) барои рушди телевизиони миллӣ хидмати шоиста анҷом додааст.
6. МАЛИКА СОБИРОВА
(22.5.1942, ш. Душанбе – 27.2.1982, ҳамон ҷо). Артисти халқии СССР (1974).
Раққосаи барҷастаи нимаи дувуми асри ХХ. Прима - балеринаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, рамзи балети тоҷик.
Дастоварди бузурги Малика иҷрои нақши Жизел аз намоиши ҳамноми балет буд. Маҳз ҳамин намоиш дар фаъолияти ояндаи ӯ нақши бориз гузошт.
Малика Собирова бонуи резапайкари нозуку саҳназеб буд. Хусусиятҳои ҳунарпеша ва истеъдоди фитриву меҳнатдӯстии вай барои офаридани нақшҳои саҳнавӣ мусоидат мекарданд. Нозукиҳои касбашро хуб медонист. Дар рақси ӯ ҳама чиз касро мафтун менамуд, ҳам ҳаракатҳои дилфиреби зебо ва ҳайратангези табиӣ, ҳам суръати тези гардишу чобукӣ ҳангоми ҷаҳишҳо. Малика табъи баланди мусиқифаҳмӣ дошт ва аз хурдӣ дар олами созу наво зиста, рӯҳаш бо он омезиш ёфта буд. Услуби классикӣ ба рақси миллии Малика хиромониву мавзунӣ ва латофати шарқӣ бахшид.
7. МУҚАДДИМА АШРАФӢ
(5.7.1936, ш. Тошканд – 29.6.2013 ш. Душанбе), санъатшиноси тоҷик. Доктори илмҳои санъатшиносӣ (1986). Муҳаққиқи варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ. Бонуи хушандом.
Фаъолияти хешро аз таҳқиқи минётурҳои мусаввирони тоҷик шурӯъ намуда, тадқиқи минётурҳои асарҳои Абдураҳмони Ҷомиро бештар интихоб намудааст.
Нахустин китобаш «Минётурҳои асри XVI дар асоси осори Ҷомӣ, ки дар китобхонаҳои СССР маҳфузанд, (1966) тавассути ҳамкории нашрияи «Советский художник» ва мутахассисони нашриёти Лейптсиги Олмон интишор ёфт.
Охири солҳои 60 ва аввали 70-уми асри ХХ Муқаддима Ашрафӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби минётурии Бухорои солҳои 40 - 70-уми асри XVI пардохт. Асарҳои «Ҳавзаи санъати тасвирии Бухорои солҳои 40 - 70-уми асри XVI» (1974) ва «Лавҳаҳои нигорин аз садаи XVI то XVIII бар осори суханварони тоҷику форс» (1974) ба омӯзиши мусаввараҳои дастнависи асарҳои классикони адабиёти асримиёнагии эҷодкардаи рассомони асрҳои XIV - XVIII бахшида шудаанд.
Ӯ як умр ба таҳқиқи мусаввараҳои рассоми бузург Камолиддин Беҳзод машғул буд.
8. ЗЕБО АМИНЗОДА
Раққоса, хореограф, балетмейстери тоҷик. Артисти халқии СССР (1986). Бонуи зебо ва хушхиром.
Таъсисдиҳандаи ансамбли рақсии «Зебо», ки бо тарзу услуби нотакрор маъруфи ҷаҳон гашта. Ин бонуи бағоят хушандому зебо дорои табъи нозук, эҳсоси комили дарки мусиқӣ ва маданияти баланди артистист. Ӯ тавассути асарҳои барҷаста нафосату салосат ва нозукиҳои рақси миллии тоҷикро ифода намудааст.
Зебо Аминзода то кунун завқу салиқаи хешро тағйир надода ва бо ҳамон услуби азалии хеш дар назди муосиронаш намунаи ибрат монда.
9. МУҚАДДАС НАБИЕВА
(7.1.1950, Ҷамоати деҳоти Ватан, ноҳияи Фархор – 30.9.1979, ҳамон ҷо), сароянда, шаҳбонуи эстрадаи тоҷики солҳои 80-ум (сопранои лирикӣ)-и асри ХХ. Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1977).
Овозхони нотакрор, ҳамагон ба зебоӣ ва нафосати ӯ қоил буданд. Бо ҳаракатҳои зебо ва овози форам вай дар дилу дидаи мухлисон маскан гузидаву бо самимияту садоқат ва садои марғубу дилнишин дунёи эстрадаи тоҷикро ба куллӣ тағйир дод.
Муқаддас услуби хоси овозхонӣ, ки бештар ба ҳавою оҳангҳои халқӣ қаробат дошт, қалби ҳар як роғибро тасхир месохт. Санъати мусиқии эстрадӣ маҳорати ӯро бештар сайқал дод. Дар як муддати кӯтоҳе бо лаёқату услуби хос маҳбуби мардум гашт. Вай дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар мусиқии эстрадии тоҷик, роҳи наву сабки хосаи сурудхонӣ кушод. Сурудҳои иҷрокардаи ӯ бо форамиву салосат ва зарбу оҳангҳои дилнишин дар хотири ҳаводоронаш ҷовидона нақш бастаанд.
10. МАХФИРАТ ҲАМРОҚУЛОВА
Сарояндаи эстрада (сопранои лирикӣ). Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1980). Бонуи қашанг, ки парии афсонавиро мемонад.
Вай на танҳо бо садои дилнишин, балки бо симои бағоят зебову дилкашаш ва хандонрӯияш дар қалбҳои мухлисонаш маъво гирифтааст.
Умари ШЕРХОН