Зебо дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омада, ҳанӯз дусола буд, ки зодмандонаш ба водии Вахши Тоҷикистон кӯч бастанд. Сарвари дудмон Устомансур, ки аз баракати касби сартарошӣ рӯзгори оиларо пеш мебурд, марди собиру таҳаммулпазир, вале басо пурғайрату дурандеш буд.
- Падарам бинобар солиёни зиёд надоштани писар дар тарбияи мо, ҳафтхоҳарон, ниҳоят сахтгир буданд, - ба ёд меорад овони кӯдакиро ӯ. – Ба ҳайси сартароши сайёр рӯзи дароз дар хоҷагиҳо мегашту бегоҳӣ иҷрои ҳама корҳои хонаро аз духтаронаш мепурсид, чаро ки модарам доим саргарми тоқидӯзӣ буду дастранҷҳояшро худ ба бозор мебаровард. Ману хоҳаронам бар замми пухтупазу шустушӯй, обкашӣ, парвариши чорво ва дигар корҳои мардонаи хонаводаро ба уҳда доштем.
Соли 1959 дар маҳаллаи ургутиҳои маркази вилоят, имрӯза МТМУ №3 кушода шуду Зебо аз ҳамсолонаш қафо монда бошад ҳам, ба шавқу мароқи беандоза ба синфи якум фаро гирифта шуд.
- То андозае дарсҳои мактабиро дӯст медоштам, ки мабодо рӯзе муаллимаамон ба дарс намеомад, ба суроғаи манзили зисташ рафта, ҳеҷ набошад вазифаи хонагӣ мегирифтам,- аз овони мактабхонӣ қисса оғоз кард Зебо Мансурова. - То кунун бароям муаммост, ки ин ҳама меҳру муҳаббати беназири замирам нисбат ба китобу мактабу пешаи омӯзгорӣ аз куҷо маншаъ мегирад? Чаро ки зодмандонам таҳсилнодида буданд, - хотираҳояшро аз он аҳду овон рӯшан мегӯяд ӯ.
Баъди охирин имтиҳони мактабӣ падараш ӯ ва модарашро ба шаҳри Самарқанд меҳмонӣ фиристод. Меҳмонии онҳо то давраи қабули довталабон ба муассисаҳои олии таълимӣ тӯл кашиду тағояш дар ҷавоб ба дархости ӯ ҳини ба Ватан гусел намудани онҳо оромона изҳор дошт: «Духтарам, мебоист шаҳодатномаи хатми таҳсилоти миёнаатро оварда, ба донишгоҳи шаҳри Самарқанд дохил мешудӣ».
- Аз миён ду сол сипарӣ гашту рӯзе дар ҳузури чанде аз уламои дини ислом, ки дар меҳмонии падарам ҳузур доштанд, собиқ муфтии кишвар Домулло Абдусаттор маро барои писараш хостгорӣ менамояд. Дар он солу замоне, ки духтарон аз «хати кашида»-и волидон берун қадам намегузоштанд, модарам гуфта буд: «Ёд дорӣ, ки овони панҷсолагиат дар рӯди бузурги маҳалла уфтода будию ба ҷойи доду вой, саъю талош кардӣ, то аз обгираки ҳамсоя дошта, аз марг наҷот ёбӣ. Ҳолиё аз тасмими падар сар мапеч, то аз хонаводаи домулло, ки ҳама фарзандонаш таҳсилдидаанд, ба мактаби олӣ дохил шавӣ». Соле, ки ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Тарас Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ҳуҷҷат супурдам, фарзанди якуми мо ба дунё омада буд,- зимни суҳбат ҳикоят намуд Зебо Мансурова.
Соли хатми донишкада Зебо Мансурова аллакай модари се фарзанд буд. Соле баъд ҳамсараш бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) фиристода шуду бо ҳамин далел ӯ низ фаъолияти омӯзгориро аз МТМУ №1 ин ноҳия шурӯъ намуд. Дар баробари иқдомҳои ҷадиде дар ҷодаи таълиму тарбия, ҷалби духтарони деҳот ба касбомӯзӣ дар корҳои ҳизбӣ низ фаъолияти чашмрас дошт. Дар соли сеюми омӯзгорӣ сарварии МТМУ №39-ро ба уҳда гирифт. Давоми ба рухсатии тарбияи фарзанди хурдӣ баромаданаш ба аспирантура дохил шуд. Соли 1984 дар рӯзи дифои рисолаи илмӣ хушдоманаш, ки такягоҳи боэътимодаш дар зиндагӣ буд, аз пешонии ӯ бӯсида гуфт: «Агар падарарӯсат зинда мебуд, сараш ба осмон мерасид, ки парвардаи хонадонаш номзади илм шудааст».
Зебо Мансурова пас аз ду соли фаъолияти илмӣ дар кафедраи муносибатҳои ҷамъиятии имрӯза Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, декани факултаи таърих ва ҳуқуқ таъйин гардида, то соли 1991 ифои вазифа кард. Аз марти соли 1993 бо даъвати раиси вақти шаҳри Қӯрғонтеппа ба фаъолияти сиёсӣ пардохта, муовини раиси шаҳр таъйин шуд. Бунёди Муҷассамаи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳр, ба истифода додани нахустин муассисаҳои таълимии сохти нав аз рӯйдодҳои муҳими даврони роҳбарии Зебо Мансурова ба шумор мераванд.
Соли 1995, вақте ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар) таъйин гардид, шароити таълиму таъминоти китобу ашёи хониш як сӯ истад, роҳбарони баъзе соҳаҳои шаҳр ҳуҷраи корӣ надоштанд. Қиссаи «се мушкетдор» ҳам ишора аз кору пайкори пешоҳангони вақт- роҳбарони бахшҳои кор бо занону ҷавонон, мудири шуъбаи маориф ва муовини раиси шаҳр буд, ки як ҳуҷраи корӣ доштанд.
Солҳои роҳбарии шуъбаи маорифи шаҳрро даврони пуримтиҳони зиндагӣ мешуморад, ки ба норасоиҳои кадрию даҳҳо мушкилоти печидаи вақт нигоҳ накарда, ҳукумат дар бунёду барқарорсозии иншооти таълимӣ иқдомҳои ҷиддӣ дошт. Ин масъулони соҳаро водор месохт, ки бар замми кафолати амнияту пойдории заминаҳои соҳаи таълиму тарбия, дар ҷалби фарзандони сокинон ба мактаб муваффақ бошанд. Соли 1999 роҳбарии шуъбаи идораи амволи давлатии шаҳрро ба зимма гирифт. Баъдан, Зебо Мансурова ба фаъолияти омӯзгорӣ баргашт.
Ӯ бартар аз дигар солмандони арсаи сиёсат намунаи ибрату идеали худро дар симои насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебинад.
- Тӯли солиёни зиёди корҳои ҷамъиятию сиёсӣ фаъолзанони зиёдро вохӯрдаам, аммо хуб мешуд, ки дар мактабу донишкадаҳои замони муосир амсоли муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бонувони донишманду хушсалиқа бештар зуҳур намоянд, чаро ки дар ду вохӯрие, ки дар як рӯз бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баромад намуда буданд, ягон фикру андешарониҳояш такрори якдигар набуданд, - мегӯяд ӯ. Бо вуҷуди дониши дарёияш Махфират Хидирзода беҳтарин хислатҳои зан-модари тоҷикро дорост, -ҳароратангез мегӯяд ӯ.
Заҳматҳо бар нафъи халқу Ватан буд, ки Зебо Мансурова дар арафаи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ- медали «Хизмати шоиста» қадр шуд. Ин рӯйдоди хотирмонро фатҳи қуллаи марому муроди худ дар зиндагӣ медонад ӯ ва бо неруи тозаву қалби саршори меҳру муҳаббат ба зиндагӣ фаъолияти омӯзгориашро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома додан дорад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар