Тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2018, № 1870 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва Лутфия Раҷабова - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, инчунин се нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, Саёҳат Дадаҷонова, Наргис Раҳмонова дар форуми мазкур иштирок намуданд.
Ба кори форум Президенти Федератсияи Россия В.В.Путин ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Рӯзи нахустини ҷамъомад муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ роҷеъ ба густариши мақоми бонувон дар кишвар суханронӣ карда, дастовардҳои ҷомеаи занонро дар ин самт ба намояндагони беш аз 120 кишвари олам ирсол намуд ва аз таҷрибаи Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалисозии сиёсати гендерӣ дар замони истиқлолият сухан кард ва, аз ҷумла чунин тазаккур дод:
«Зарурати ҳалли масоили гендерӣ аз он ваҷҳ ба миён омад, то занон дар ҷомеа ба мақоми арзанда сазовор гарданду дар радифи мардон имконияти баробарро доро бошанд, зеро дар ҷомеае, ки арзишҳои анъанавӣ ва урфу одати мардум қавист, иродаи сиёсии устувор мебояд. Бо чунин иродаи матин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо сиёсати хирадмандонаи хеш сиёсати гендериро роҳандозӣ намоянд. Иқдоми нахустин санадҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Созишнома оид ба маҳв кардани ҳама намуди хушунат нисбат ба занон дар Тоҷикистон тасдиқ гардид. Мутобиқи қонунҳои асосии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, амалигардии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо, аз байн бурдани хурофот ва таассуроти манфии маъмули ҷамъиятӣ қонуни миллӣ таҳия ва қабул гардид. Дар ин росто, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки 3 декабри соли 1999 ба тасвиб расидааст, таҳаввулоти бузургеро ба вуҷуд овард. Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, аз ҷумла Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001–2010» ва панҷ барномаи дигар ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии хушунат нисбат ба занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарони фаъол ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд. Боиси тазаккур аст, ки Тоҷикистон дар минтақа нахустин кишварест, ки оид ба мушкилоти вобаста ба муқобилият ва пешгирии хушунат дар оила қонун қабул намудааст ва дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оиларо бо мақсади назорат ва амалисозии барномаҳои мазкур таъсис додааст. Маврид ба ёдоварист, ки дар ҷумҳурӣ квотаҳои махсус амал менамоянд, ки ба занону духтарон дар самти маориф (квотаҳои президентӣ барои бо таълим фаро гирифтани духтарони навоҳии дурдаст) ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкории занон равона гардидааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ занони Тоҷикистон тавонистанд, ки имкониятҳои навро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳанг ба даст оранд: аз ҳисоби занон вакилони мардумӣ дар парлумони кишвар, мақомоти судӣ ва қонунбарор хизматчиёни давлатӣ хеле зиёд гардиданд.
Барои решакан намудани ақидаҳои хурофотии мардум оид ба ҷойгоҳ ва манзалати зан дар ҷомеа Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ин самт корро идома бахшида, дар сатҳи мақомоти давлатӣ амалигардии сиёсати баробарии гендериро густурда намуда, усулҳои самарабахшро бо мақсади таъмини баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати занон муваззафанд, тақвият бахшад. Бояд дарк сохт, ки тағйироти кулл оид ба мақом ва мартабаи зан, нақши онҳо дар муносиботи байналмилалӣ ва мувозинати неруҳо ба тараққиёт ва рушди устувори ҷаҳон оварда мерасонад. Дар ҷаҳони глобалӣ бар он иқрор меоянд, ки ҳалли чунин мушкилотро танҳо дар натиҷаи кӯшишҳои дастаҷамъона ва амалиёти муштарак метавонанд бартараф созанд, ки рушду шукуфоии шахсият, миллат, давлат ва инсоният аз он вобастагии бузург доранд, ки нақш ва саҳми занон дар пешрафти ҷаҳон хеле муҳим аст».
Дар баробари пешниҳод ва ҳалли мушкилоти занон, ки дар ҳамоиши мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт, 13 нафар бонуи сиёсатмадор ва ҷомеасолор, ки на танҳо дар ҳалқаи мамолики худ, балки маъруфият ва маҳбубияти ҷаҳониро ба даст овардааст, сазовори ҷоизаи олии умумибашарии «Общественное признание (Эътирофи ҷомеа) - 2018» гардид, ки аз муътабартарин ҷоизаи олам ба унвони бонувон маҳсуб мешавад.
Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати бузургтарин ва барҷастатарин чеҳраи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва мамолики Шарқ симои дурахшоне ба шумор меоянд, ки бо рисолати арҷманду густурдаи деринсолаи худ дар миёни ҷомеаи занони ҷаҳон низ номвар гардидаанд. Муҷиби саодат аст, ки ӯ ин ҷоизаро дар ин форум дарёфт намуд. Мактаби сиёсии Хайринисо Юсуфӣ сазовори омӯзиш ва таҳқиқи бонувони ҷавони сиёсатвар мебошад.
Ин ҷоизаи шуҳратманд дигарбора собит месозад, ки дар Тоҷикистон бо қутбнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, ҳомиву муттакои занони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми бонувон дар сатҳи сутуда қарор дорад ва ин раванд пайваста густариш меёбад.
«Бонувони Тоҷикистон»