Баробари хатми мактаби миёнаи №13 деҳаи Зиракии шаҳри Кӯлоб, мисли дигар ҷавонҳо ӯ низ дар қалб орзуи шомили мактаби олиро ба сар мепарварид, вале падару модар садди роҳаш буданд. Чун он замон дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҷӯш мехӯрду тамдиди таҳсилот ба ёду хаёли касе намерасид, чаро ки ба болои ҳамаи ин қаҳтӣ таҳдид мекард хонаводаҳоро. Аммо, Шаҳзодаи ҷӯёи илм, боҷасорат ва нотарс ҳамоно талош меварзид, барои расидан ба мақсуди хеш. Гиряву илтиҷо ва бедорхобиҳояш раҳми модарро оварданду барояш дуои нек дод. Шаҳзода ба факултаи математика-информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ шомил гардид. Акнун мушкили асосӣ розӣ кунондани падар буд. Ҳамоно қиблагоҳаш пофишорӣ мекард, ки замона ноором асту барои духтар таҳсил дар донишгоҳ хатарзост, лек дар ниҳоят ӯ қиблагоҳро қаноат дод. Ба ҷуз дуои нек дигар ҳарфе нагуфт. Зеро, ба хубӣ пайхас мекард, ки духтари ғаюраш аз роҳи илмомӯзӣ баргаштанӣ нест. Шаҳзода пойи пиёда ва гоҳе бо шиками гурусна ба тадрисгоҳ мешитобид. Ба нақли Шаҳзода, вазъи мавҷуда ба ҳаракати тамоми воситаи нақлиёт латма зад. – Аҳёнан мошинҳои борбари маводи сӯзишворӣ ва тракторҳо аз роҳ гузар мекарданд, ки савори онҳо шуда, то ба донишгоҳ ё ҷониби хона раҳсипор мешудем. Дигар рӯзҳо пойи пиёда ин масофаро тай менамудем,-мегӯяд Шаҳзода Қаюмова.
Ҳамин тавр, ӯ то хатми донишгоҳи мазкур дар корҳои саҳроӣ низ ба падар мадад мекард. Дар ин росто, хоҷагии фермерие низ таъсис дода шуд, ки Шаҳзода ҳамроҳи хоҳару бародарон ва такягоҳаш фаъолияти онро пеш мебурд.
- Дар ин хоҷагӣ зиёда аз 100 чорвои калон парвариш меёфт, ки нигоҳубини онро мо-11 нафар бар зимма доштем. Инчунин, падарам боз як боғи дигарро низ таъсис дода буд, ки ба қавле ҳам боғдору ҳам роғдор будем,-иброз дошт ӯ.
Соли 1998, пас аз хатми донишгоҳ, ӯ фаъолияти тахассусиашро аз мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз намуд. Давоми як соли корӣ дар ин боргоҳи илму маърифат, ӯ ҳамчун мутахассиси кордону пуртаҷриба шинохта шуд. Сипас, издивоҷ намуд ва тариқи гузариш ба литсейи №1 шаҳри Кӯлоб омада, корро дар ин муассиса идома дод. Омӯзгори сахтгир буд, дар нигоҳи аввал ниҳоят ҷиддӣ, вале вақте шурӯъ ба дарс менамуд, дунёи меҳраш бачаҳоро мафтун месохт. Дар симои ӯ шогирдон на танҳо омӯзгор, балки модарро медиданд. Дар ин ҷо фаъолияташ густурдатар гардид. Қобилияти касбӣ, ҳунари корфармоию ташкилотчигияш бармало буд. Фаъолияти хубашро дида, дар баробари пешаи омӯзгорӣ, ӯро ҳамчун роҳбари созмонҳои талабагии литсей низ интихоб намуданд. Ӯ дар ин ҷо гӯё худро бештар ёфт. Муҳити васеи омӯзгорӣ ва хонандагони боистеъдод барояш неруи дигар мебахшиданд. Аз самараи заҳматаш баҳравар шуд. Шаҳзода бо қобилияти беҳамтои ташкилотчигӣ, фарҳанги баланди муошират, ҷаззобияти суханварию дигар зарфияти беназираш аз дигарон бартарӣ дошт. Каму ғам не, 10 соли ҳаёташро баҳри таълиму тарбия ва донишомӯзии мактаббачагон сипарӣ намуд.
Ҳисси баланди ватандӯстию рӯҳияи хастагинопазир ва афкору ғояҳои зеҳнҳоро таконбахшандааш буд, ки зимни як озмун мудири бахши саноат, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро дарёфт.
- Дар ҷодаи хизмати давлатӣ Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси шаҳри Кӯлобро устоди хеш мешуморам. Дар самти соҳаи саноат таҷрибаи хеле ғанӣ дошта, дар қалби мо, кормандони навтаҷриба, шавқу рағбат ба фаъолияти ҷамъиятиро барангехта буд,-аз хотираҳои он даврон ёдовар мешавад Шаҳзода. -Ҳангоми кор дар ин соҳа, масъалаву мушкилиҳои умдае ҷой доштанд, ки ислоҳаш бархӯрди ҷиддиро тақозо мекард. Аввалин коре, ки дар ин ҷода анҷом додем, ташкили «Рӯзи саноатчиён» дар шаҳри Кӯлоб буд. Ҳар рӯзи сешанбе барои саноатчиёни шаҳри Кӯлоб як рӯзи махсус маҳсуб меёфт. Тибқи нақшаи пешбинишуда тамоми саноатчиёнро дар як корхона ҷамъ меовардем. Ҳамин тавр, ҳар як соҳибкор омодагии махсус медид. Корхонаро тозаву озода намуда, нақшаҳои навашро пешниҳод менамуд ва бо ҳамин восита, дар корхона дигаргуниҳо рӯйи кор меомаданд,-мегӯяд Шаҳзода Қаюмова.
Дар ин замина, теъдоди корхонаҳое, ки аз тариқи патент фаъолият мекарданд, афзуд. Ӯ ҳамчунин, фаъолияти корхонаҳои пешсафро тавассути ВАО инъикос менамуд ва шароит фароҳам меовард, то беморхонаҳо бо маводи хӯрока таъмин гарданд. Дар як марҳилаи кӯтоҳ, имконият даст дод, то аз шаҳри Кӯлоб содироти маҳсулот ба Афғонистон ва ВМКБ, ки он замон ҳолати роҳҳо хеле хароб буд, ба роҳ монда шавад.
Бо пешниҳоди ӯ ва дастгирии бевоситаи раиси вақти шаҳри Кӯлоб, хариду фурӯши корхонаҳои саноатӣ мамнӯъ эълон шуд. Хусусикунонӣ ба қавле мӯд шуда буд. Соҳибкор коргоҳеро имрӯз харидорӣ намуда, фардо ба нафари дигаре мефурӯхт ва аз ин амал суд ба даст меовард. Бо тақозои вақту масъулияти касбӣ мебоист кӯшиши ба дарёфти таҳсилоти олӣ дар риштаи фавқуззикр бипардозад ва ҳамин тавр ҳам кард. Донишкадаи иқтисодии кишварро бо дипломи аъло хатм намуд. Ба гоҳе, ки масъулияти роҳбарии бахши саноат, нақлиёт, энергетика ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро бовараш карданд, таҷрибаи андӯхтааш кор дод. Дар ин соҳа низ бахши энергетика яке аз мушкилии рақами яки шаҳр маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, бо иқдоми Шаҳзода Қаюмова ва дастгирии ниҳодҳои зертобеъ, ин мушкил низ ҳалли худро пайдо намуд.
Заҳматҳои кашидааш ӯро ба раёсати муассисаҳои таълимии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон овард. Соли 2012 ӯ фаъолияташро ба ҳайси сармутахассис дар ин ниҳод идома дод. Баъд аз ду соли фаъолият дар ин соҳа, сармутахассиси шуъбаи муассисаҳои илмию таълимӣ ва пасон сардори шуъбаи номбурдаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҳамин тавр, дар соли 2017 сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи вазорати мазкур таъйин шуда, то ҳол ифои вазифа менамояд.
Замони фаъолияташ дар ин ниҳод, ҳаҷми истеҳсоли атласу адрас дар ҷумҳурӣ боло рафта, танҳо пас аз соли 2017 то ба имрӯз ба 80 ҳазор метри мураббаъ баробар гардид. Ҳамчунин, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ низ рӯ ба афзоиш оварда, содироти онҳо ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд.
- Истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар дохили ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид, ки талаботи дохилиро қонеъ месозад. Дар ин росто, маҳсулоти дӯзандагии матои ҷинс, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд истеҳсол мегардад, ба Италия содирот мешавад. Маҳсулоти ҷуроб бошад, ба кишварҳои Украина ва Беларус,-изҳор дошт Ш. Қаюмова.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ 492 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 17 ҳазор нафар занону духтаронро ба касбомӯзӣ фаро гирифтааст. Аз 16 ҳазору 799 корманде, ки дар соҳаи саноати сабук фаъолият мекунад, 80 дарсадашро занону духтарон ташкил медиҳанд. Зеро, дар бештари корхонаҳои дӯзандагиву ресандагӣ ва ҷуроббарорӣ занон саҳми бештар гузошта, фаъолияташон низ назаррас аст. Аз он меболад, ки сафи корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, фаъолияти пурсамар доранд.
- Бо вуҷуди муҳайё будани шароитҳо, бархе аз корхонаҳои кишвар фаъолияти хешро дуруст ба роҳ намондаанд. Ба ин гурӯҳ метавон корхонаҳои «Ресанда»-и шаҳри Бохтар, «Нафиса» ва «Дунёи нав»-и шаҳри Душанберо шомил намуд. Ин корхонаҳоро мебояд, ки маҳсулоти хушсифат омода карда, ба хориҷи кишвар содирот намоянд. Лек, мутаассифона, ҷӯёи харидор нестанд,-бо таассуф гуфт Ш. Қаюмова.
Шаҳзода Қаюмова дар баробари модари 2 фарзанду ҳамсари ғамхору меҳрубон будан, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе низ ҳаст. Соли ҷорӣ дар мавзӯи «Дастгириҳои давлатии соҳибкорони истеҳсолӣ» рисолаи илмияшро ҳимоя кард ва ҳамчун номзади илмҳои иқтисодӣ пазируфта шуд. Дар баробари ин, шеър низ эҷод мекунад ва маҷмӯаҳои шеърҳояш таҳти унвонҳои «Ганҷинаҳо» ва «Садои дил» ҳанӯз замони донишҷӯияш рӯи чоп омадаанд.
Бунафша РАҲМОНОВА