Сарвқомат, химчамиён, камонабрӯву дилрабо. Бо ҳусну малоҳати табиатзодаю пероҳани шинамаш аз дигарон билкул фарқ менамуд. Воқеан ҳам, аксар мафтуни тамошояш буданд. Ҳатто кӯдакону наврасон низ бо як ҳавас ба ӯ менигаристанд ва шояд ҳамон пероҳани дар танаш буда, ки дар бисёри маврид нисбат дода мешавад ба мардон, барои онҳо таваҷҷуҳбарангез буд. Майли суҳбат бо ӯ бештар гардиду наздаш равон шудам. Ба саломи банда бо чеҳраи хандон, меҳрубониву ширингуфторӣ посух дод. Маълум гардид, ки исмаш Гулноза буда, дар ин маркази савдо тайи 2 сол ба ҳайси муҳофиз фаъолият менамояду амнияти шаҳрвандонро таъмин месозад.
Мухолифати падар
Ҳангоми тавлиди Гулноза волидонаш дар деҳаи Ғузғарфи ноҳияи Варзоб ҳаёт ба сар мебурданд. Бо бузург шудани ӯ аҳли хонадон кӯч бастанд ба шаҳри Душанбе. Маҳз аз ин ҷо ӯ қадамҳои нахустинашро ба дабистон гузошт. Вале, ҳамоно дилаш ба айёми кӯдакию дар дашту даману кӯҳу барзани Варзобдара гум мезад. Чун дар кӯҳу пуштаҳо дарси матонату мардонагӣ ва ҷасоратро омӯхта буд. Аз ин рӯ, миёни ҳамсабақон аз ҷиҳати чусту чолокӣ фарқ менамуд. Ӯ ноздонаи падару хоҳари дӯстдори бародарон ва гули сари сабади аҳли хонадон буд, вале аз ин имтиёз суистифода намекарду дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд. Чорабиниҳои мактаб бидуни ӯ пушти сар намешуданд ва устодон аз ӯ чун толибаи аълохон ва хушрафтору хушгуфтор ном мебурданд. Ҳар гоҳе ҳамсабақон ва ё омӯзгорон аз Гулноза пурсон мешуданд, ки дар оянда кӣ мешаваду пас аз хатми дабистон рӯ ҷониби кадом макотиби олӣ мениҳад? Ҳамеша як посух дошт: «Корманди ҳарбӣ мешавам»! Албатта, шуъла афкандани ин касб дар қалби ӯ беасос нест. Падараш корманди ҳарбӣ буду Гулноза низ мехост, мисли қиблагоҳаш ба ҳайси хидматчии низомӣ ба ҳимояи марзу буми Ватан камари ҳиммат бубандад. Аммо, баробари хатми мактаб орзуҳои Гулноза низ дар нею нестони падар бархӯрд.
Муҳофизбону
Волидайн бо умеди саодатмандӣ ӯро ба хонаи бахт гуселонданд. Гулноза ба тақдир тан доду дуои падару зиндагии мустақилонаро авло донист, на таҳсил дар макотиби олиро. Ҳамин тавр, солҳо гузаштанду ӯ соҳиби шоҳписаре гардид. Ишқи низомигарӣ гаҳу ногаҳ бо ангезаи ночизе дар қалбаш дил мезад. Рӯзе ба вақти кӯдакистон бурдани фарзандаш гурӯҳи бонувони муҳофизи муваззафи таъмини амнияти даргоҳро диду армони кӯдакияш вуҷудашро шӯронд.
Бо муҳофизон сари суҳбат шуду маълум кард, ки муҳофизони ширкати «Ред Лайн» мебошанд. Ва думболи пайдо намудани ин коргоҳ шуд. Баробари суроғаро дарёфт намудан, назди роҳбарият мақсадро ифшо кард. Чун муассиси ширкат дар азмаш устувор будани ӯро пай бурд, ба курси омӯзишӣ номнависаш намуд. Ҳамин тавр, зина ба зина дарсҳои омӯзиширо аз худ намуд ва пас аз супурдани санҷиш ба кор қабул гардид.
Касби муҳофизро солҳои пеш ба мардон нисбат медоданд ва ба қавле ин пешаи занона шумурда намешуд. Вале, тайи чанд соли охир сафи занон дар чунин корҳои «мардона» дар ҳоли афзудан аст. Бисёре аз сохторҳои муҳофизатӣ ҳамакнун бештар бонувонро ба хидматгузорӣ мепазиранд. Дар ширкати амниятии «Ред Лайн» низ сафи занону духтарон афзуда, дар таъмини амнияти шаҳрвандон нақши бориз мегузоранд, ки Гулноза як тан аз ходимони муваффақи онҳост. Баъд аз қабул гардидан, ӯ корро дар мактаби миёна ба ҳайси муҳофиз шурӯъ намуд. Барояш дар аввал як каме мушкил буд. Чун таъмини амнияти мактаббачагон ҳушёрию зиракии ҳамвораро талаб менамуд. Мебоист, то гусели мактаббачагон ба хонаашон рафтору кирдор ва бо кӣ ҳамсуҳбат шудани онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад. Ба ҳамин минвол, ду соли фаъолияташро дар ин хидмат гузора бинмуд. Бо эътино ба масъулиятшиносию сатҳи баланди касбияш, ӯро ба иншооти дигар-Маркази савдои «Ашан» гузаронданд.
- Ҳамарӯза дар ин ҷо ҳодисаҳои зиёде сар мезананд, ки аз мо дар ҳолати омодабош қарор доштанро талаб менамояд. Масалан, мешавад лаҳзаҳое, ки дар вақти баланд шудан бо воситаи зинаҳои равон шаҳрвандон, занҳои барҷомонда ва ё кӯдакон меафтанд, ки дар ин сурат ба мадади онҳо мешитобем. Ва ё ҳангоме ки кӯдакон ҳамроҳи модаронашон вориди фурӯшгоҳ мегарданд, мо онҳоро иҷозаи танҳо берун шудан намедиҳем, зеро дар бештари мавридҳо дар натиҷаи беназорат мондан, кӯдакон гум мешаванд. Ҳолатҳое низ сар мезананд, ки муштариён бо мо ҷангу ҷидол менамоянд, чун ба онҳо замони баргузории чорабиниҳо пеш аз оғози он иҷозаи вуруд намедиҳем. Ва бо лаҳни нарм онҳоро ба риояи назму тартиб даъват менамоем,-мегӯяд Гулноза.
Барои Гулноза кор ба ҳайси муҳофиз дар ин ҷо бисёр аҷиб аст. Кӯшиш ба харҷ медиҳад, то бо ҳар муштарӣ самимиву заминӣ рафтор кунад ва аз корафтодагон ёрии хешро дареғ надорад.
- Дар ин кор чусту чолокӣ ва симои зоҳирӣ муҳим мебошанд ва моро лозим аст, ки одобу рафтори намунавӣ, чеҳраи хандон ва нутқи бурро дошта бошем. Ороиши мӯю рӯй ҳам нақши муҳим мебозад, то писанди муштариён гардиву ҳангоми суҳбат табъашон болида шавад. Аз ин рӯ, дар як ҳафта ду-се маротиба ба мо дарси бехатарии шаҳрвандон, тозагӣ, одобу рафтор ва гуфтор гузаронда мешавад ва аз рафти он санҷиш низ месупорем. Дар баробари ин, дар як моҳ як маротиба маҷлиси умумӣ сурат мегирад ва ҳусну қубҳи фаъолияти мо зимни он баррасӣ мешавад,-гуфт ӯ.
Гулноза аз фаъолият дар ин коргоҳ меболаду ифтихор мекунад, ки маҳз ба шарофати даврони истиқлолият дар кишварамон чунин ширкати амниятӣ ба фаъолият оғоз намуд ва орзуяшро пиёда гардонд. Бо вуҷуди сулҳу салоҳу амонӣ, саъй менамояд, то боз ҳам сатҳу сифати хизматрасонӣ нисбат ба амнияти шаҳрвандон беҳтар гардад.
Ширкати амниятии «Ред Лайн» дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2006 таъсис ёфта, 12 сол мешавад, ки дар таъмини амнияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ саҳми хешро мегузорад. Роҳбари коргоҳ Шараф Ҳабибов, ки худ корманди ҳарбӣ буд, дар ҳамдастӣ бо чанд тан аз ҳаммаслакони низомияш ин ниҳодро фаъол намуд.
- Идеяи таъсиси чунин як ширкати амниятӣ тасодуфӣ буд. Дар сарам ҳамеша таъсиси ягон намуди тиҷорат чарх мезад. Рӯзе дар яке аз шабнишиниҳо, яке аз дӯстонам гуфт, ки мағозаи тиҷоратиеро таъсис додаасту барои таъмини амнияти он, муҳофиз лозим аст ва намедонад, ки аз куҷо пайдо намояд. Ва ҳамон замон мақсад гузоштам, ки ширкати муҳофизатӣ таъсис диҳам, чун дар Тоҷикистон он вақт бад-ин осо ниҳодҳои хусусӣ набуданд. Аввалин маротиба моро ба консерти сарояндае даъват намуданду баъд аз баргузории барномаи ҳунарӣ кори моро хуш пазируфтанд ва пасон сафи хизматчиёни худро зиёд намудем. Идеяи ба ширкати «Ред Лайн» ҷалб намудани занону духтарон замоне сар зад, ки дар чанде аз ҷамъомадҳои бузург ҷинси латиф ташриф оварда буданду мардони муҳофиз имкони аз назар гузарондани онҳоро надоштанд. Ва ҳамин боис гардид, ки муҳофизбонувон ба ширкат қабул гардиданд. Сифати кори бонувон, аз ҷумла Гулноза Ҳайитова дар сатҳи баланд буда, дар баробари таъмини амнияти шаҳрвандон осоиши инфиродии хешро низ таъмин карда метавонанд,-иброз дошт бо хушнудӣ роҳбари «Ред Лайн» Шараф Ҳабибов.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ