Баъди суҳбат бо ӯ маълумам гашт, ки номаш Фарангис асту аз парвозҳо дар иртифоъ на баландназарӣ, балки дидавариро дарёфтаву донистакорию хидматгузорӣ андӯхтааст.
Пайғомрасон
Фарангис Сафарова замоне чашм ба олами ҳастӣ кушод, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҷӯш мехӯрд. Он замон модар аз таваллуди тифлу тақдири минбаъдаи ӯ дар изтироб буд. Ягона чизе ки аз дасти волидайн меомад, ин дуо ҷониби даргоҳи Худованд буд, ки барошон арзишмандтарин чиз – Сулҳро барои кишвари азиз ато фармояд. Ва ин орзуҳои онҳо ормонӣ нашуд. Чун Фарангис ба яксолагӣ расид, Тоҷикистон ба соҳибистиқлолӣ даст ёфт. Ин башорати некуро волидон ба Фарангис нисбат дода, ӯро чун пайғомрасон пиндоштанду дӯсташ доштанд. Давраи мактабхонии ӯ дар пойтахт гузашту замони рӯ ба тараққӣ гом ниҳодани кишвар. Бо умеди гирифтани тахассуси тарҷумонӣ Фарангис ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд. Орзу дошт, ки зиёд ба хориҷи кишвар сафар намояду аз зисту зиндагонии мардумони олам бохабар шавад. Бо ин мақсад баҳри омӯзиши забонҳои хориҷӣ талош варзид. Пас аз хатми донишгоҳ, замоне ки дар ҷустуҷӯи кор буд, эълони қабули роҳбаладонро ба ширкати ҳавопаймоӣ хонду рӯ ба он ҷо ниҳод…
Роҳбалад
Замоне роҳбаладиро пешаи мардона медонистанд. Соли 1930 бонуе бо исми Эллена Черч аз ИМА бо таҳсилоти тиббӣ ин қолабро шикасту пешаи роҳбаладиро дар ҳавопаймо пазируфт. Баъдан ин тамоюл шиддат гирифт ва аксари кишварҳо роҳбаладонро дар симои занон шинохтанд. Бонувон ҳарос аз парвоз надоштанду баҳри мусофирон шунидани сухани хуш ва эътимод аз парвози амн дар забони онҳо басо форам буд. Ва ҳам мусофирони мард кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар пеши фариштаҳои хидматгузор нотавону тарсу манзур нашаванд. Тадриҷан ба ин пеша рағбати бонувон афзун гардид ва дар ин радиф мардҳо низ мушоҳида мешуданд, вале бо шумори андак. Дар кишвари мо низ роҳбаладӣ зиёд маъмул асту касби боэҳтиром. Фарангис, ки айни ҳол дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин бахш заҳмат мекашад, аз қабили он бонувони хуштолеест, ки тӯли фаъолияти даҳсолаи ширкат, ки беш аз 100 нафар бонувонро ба ҳайси роҳбалад бо кор фаро гирифтааст, ӯ низ фаъолият мебараду пайваста бе ягон ҳарос дар хати парвоз аст.
- Пеш аз парвоз духтур бо роҳбаладон суҳбат ороста, ҳолати равонии онҳоро месанҷад ва баъдан барои ифои вазифа иҷозат медиҳад, - мегӯяд ӯ.
Фарангис ва ҳампешагонаш мувофиқи меъёрҳои парвозӣ як рӯз фаъолият ва ду рӯзи дигар истироҳат менамоянд. Барои қабули роҳбаладон (18–28 сола), донистани забонҳои хориҷӣ, мавзунқоматӣ ва ҳусну латофат бағоят муҳим аст.
- Аввал аз тариқи суҳбат донишу малакаи онҳо мавриди озмоиш қарор мегирад. Дар марҳилаи дуюм аз забони англисӣ имтиҳони хаттӣ супурдан лозим меояд. Баъдан аз муоинаи тиббӣ гузашта, дар зинаи охирин ҳунари шиноварӣ озмуда мегардад, ки он дар кишварҳои Осиё ва Аврупо сурат мегирад. Пас аз ҳамаи ин санҷишҳо шахс метавонад сазовори номи баланди роҳбалад гардад, - иқрор омад дар суҳбат бо мо Фарангис.
Тавре маълум гашт, роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар кишварҳои Олмону Туркия бо омӯзиш фаро гирифта мешаванду зимнан малакаи касбӣ мегиранд. Фарангис низ яке аз роҳбаладони муваффақи ин ширкат буда, пайваста савияи дониш ва маҳорати касбиашро дар марказҳои бузурги авиатсионӣ такмил медиҳад.
Парвози нахустин
Аз парвози нахустини худ ҳароратангез чунин қисса кард:
- Парвози аввалини ман хатсайри Душанбе - Маскав буд. Пеш аз парвоз ҳиссиёти аҷибе маро фаро гирифт. Набзам номураттаб буд. Билохира, бо тамаркузи ирода худро дуруст кардам, то мусофирон изтироби ботиниамро пай набаранд. Вақт беҳтарин устоди инсон аст. Бо мурури замон ба ин кор унс гирифтам ва имрӯз роҳбаладӣ бароям билкулл кори муқаррарӣ менамояд. Ифтихор мекунам ошёни хидматам дар баландиҳост.
Мегӯяд, ки роҳбаладӣ касби хеле аҷиб аст, зеро ҳар рӯз муошират бо одамони гуногун сурат мегираду нафарони шинохтаву номиро метавон вохӯрд ва бархе аз ин мусофирон баъзан бо як сухани неку ҷонбахш дар лавҳи хотирот ҳифз мешаванд. Саъй менамояд, то бо ҳар як мусофир самимона рафтор кунад ва ба нафарони ҳанӯз парвознаозмуда муоширати дурустро ба роҳ монда, тарсу ҳарос ва ҳаяҷони онҳоро фурӯ нишонад.
- Дар ин амал ҳатто ороиши рӯю мӯй низ басо муҳим аст. Чеҳрапардозию машшотагӣ бояд нозуку сода иҷро гардад, то табъи касе хира нагардаду маводи озуқа, ки онро ба мусофиронамон пешкаш менамоем, орӣ аз нопокиҳо бошад.
Хушрӯзӣ
Барои Фарангис оила мавқеи хоссаву муҳим дорад. Ӯ модари мушфиқу меҳрубони ду духтараки нозпарвар ва ҳамсафари ҳаёти шавҳари ғамгусор аст. Саодати рӯзгори хешро аз файзу баракати оромиву осоиштагии кишвар ва истиқлолияти он медонад ва ба он арҷ мегузорад.
- Истиқлолият барои ман, ҳамчун як бонуи тоҷик, шароити хубе фароҳам овард, то илму забон омӯзаму сазовори зиндагии арзанда гардам. Ташаббус ва талошҳои Пешвои муаззами миллат имкон дод, то мо - бонувони тоҷик имрӯзҳо озод кору фаъолият барему ба дастовардҳо ноил гардем. Кишварҳои зиёдеро бо тақозои пеша дидааму санҷидаам, аммо ҳеҷ кадом аз онҳоро дар шукӯҳу шукуфоӣ ҳамранги Тоҷикистон дарнаёфтаам. Ва ҳар гоҳе, ки ҳавопаймои мо ба фурудгоҳи Душанбе менишинаду аз зинаҳои ҳавопаймо фуруд меоям, машомам аз бӯйи муаттари меҳан лаззат мебарад ва гӯё аз нав эҳё мешаваму умри дубора меёбам, зеро дар пеш оғӯши гарми тифлаконам ва муҳити амну осоиши кишвар маро интизоранд, - мегӯяд Фарангис Сафарова.
Фарзона Восеева