Фотима Рофиева аз ҷумлаи он занони шуҷоъ ва ҷасурест, ки дар назди ҷомеа масъулияти азим эҳсос намуда, ҳар вазифаи ба зиммадоштаи худро бо сарбаландӣ иҷро намудааст. Перомуни зиндагиномаи ӯ суҳбат оростем, даставвал гуфт:
- Ман дар оилае ба дунё омадам, ки ҳама ватандӯсту сарсупурдаи давлату ҷомеа буданд. Хонавода ва оила бароям мактаби нахустини зиндагӣ ба шумор мерафтанд, зеро волидонам дар арсаи ҳаёт дар ҳақиқат қаҳрамони ҳақиқӣ буданд.
Падарам Сироҷиддин Мукаррамов (равонашон шод бод) аввалин милитсионери шаҳри Панҷакентанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941–1945 муддате дар ақибгоҳ заҳмат кашида, баъдан дар ҷабҳаҳои хунин иштирок намудаанд. Шуҷоату корнамоиҳои падарам бо 23 ордену медалҳои ҷангию меҳнатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шудаанд.
Модарам Бибикатта Нарзиева 13 фарзандро ба воя расонда, соҳиби унвони ифтихории «Қаҳрамонмодар» буданд.
Бародаронам Меҳриддин ва Аброр - омӯзгор, хоҳаронам Очилой-дӯзандаи номӣ, Ҳоҷарой - табиб, Музаффара – омӯзгор, хулоса мо 13 нафар фарзандони як оилаи бузург ҳастем, ки ин бароям фахри бузург аст.
Тарбияи хуби волидонам буд, ки мо соҳиби таҳсилоти олӣ гаштем ва имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сари корро гирифтаем. Ману додарам Тоҳирҷон ҳамчун дугоник фарзанди ҳафтуми хонаводаамон ба ҳисоб меравем. Ман ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон қабул шуда, онро дар соли 1983 бо ихтисоси муаррих-ҷомеашинос хатм кардам. Додарам Тоҳирҷон Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Тарас Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) – ро бо ихтисоси омӯзгори забони фаронсавӣ ба итмом расонд.
- Аз фаъолияти меҳнатиатон қаноатманд ҳастед? Оё орзуҳоятон амалӣ шуданд?
- Бале, ҳар инсон орзу дорад ва инсони комил касест, ки аз ҷавонӣ дар назди худ мақсад мегузорад, ки қуллаҳои зиндагиро тай намояд, ба ҷомеа нафъ расонад. Чун дар оилаи меҳнатдӯсту орзупарвар зода шудаам, дубора мехоҳам хонаводаи бузургамро ёдрас шавам. Модарам зани сарбаланду меҳнатдӯст буданд. Падарам баъди аз ҷанг баргаштан қобилияти хуби меҳнатӣ надоштанд. Тамоми бори вазнини зиндагӣ бар дӯши модари заҳматкашам афтода буд. Як хона пур буд аз кӯдакони хурдсол ва ноболиғ. Барои ҳар яки мо нигоҳубин, назорат, тарбия лозим меомад. Аз ин рӯ, модарам ҳар яки моро дар зиндагӣ ба коре банд карда, ба меҳнатдӯстӣ ҳидоят намуданд. Аз овони хурдӣ мо ба меҳнат хӯ гирифтем. Ҳангоми таҳсил дар синфҳои 6–7 ҳини таътили тобистона дар коргоҳи волидонамон - кӯдакистони № 7 кор карда, аз маблағи бадастомада маводи хониш мехаридем.
Баъди хатми мактаби миёнаи №1 дар соли 1976 дар комбинати хизмати маишии шаҳри Панҷакент ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кардам. Ҳанӯз ҳангоми фаъолият дар Хонаи пионерони шаҳр ба ҳайси роҳбари маҳфили кишваршиносӣ ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супурда будам. Ҳамин тавр, солиёни зиёд дар вазифаҳои гуногун, аз қабили омӯзгори фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ дар МТМУ №43, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ дар муассисаи мазкур, мудири боғчаи «Афсона»-и трести сохтмонии шаҳри Панҷакент, директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №36, ҳамзамон, ровии телевизиони «Симо»-и шаҳри Панҷакент кор кардам. Солҳои 2003–2010 муовини раиси шаҳри Панҷакент, солҳои 2010–2012 муовини раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ифои вазифа намуда, дар айни замон ба ҳайси директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент фаъолият мебарам.
Аз он шукргузору қаноатмандам, ки дар Ватанамон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ҳукмфармост. Имрӯз занони тоҷик дар ҷомеа мақоми баланд доранд. Ҳар пешравӣ ва комёбие, ки ҳамчун роҳбар ба даст овардаам, ба туфайли вазифагузориву ҳидоятҳои Сарвари давлат аст.
- Лаҳзаҳои беҳтарин ва пурсамартарини фаъолияти меҳнатиатон кадомҳоанд? Оё дар давоми коратон лаҳзаҳои душвор низ вуҷуд доштанд?
- Лаҳзаи беҳтарин он лаҳзаҳоеро меҳисобам, ки ба касе нафъ расондаму дасти ёрӣ дароз кардам.
Дигар лаҳзаи хеле хотирмони умрам вақте аст, ки дар соли 2006 аз дастони мубораки Президенти мамлакат Ифтихорномаи ҲХДТ-ро гирифта будам. Ҳанӯз суханони Пешвои муаззами миллат, ки бо меҳр ба ман гуфта буданд, дар хотирам нақш бастаанд: «Ман ба занони фаъол, кордону соҳибхирад садҳо ташаккур мегӯям». Маҳз ана ҳамин гуна суханҳо ба фаъолияти минбаъдаи ман рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд.
Лаҳзаҳои хотирмони умрам хеле зиёданд. Аз ҷумла, боварии мардум дар интихоботҳои вакилии солҳои 2005, 2010 ва 2015, ки маро 3 навбат вакили шаҳрӣ ва 1 дафъа вакили вилоятӣ интихоб карда буданд.
Соли 2000 директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №36 таъйин шудам. Омӯзишгоҳ дар ҳолати валангорӣ қарор дошт, маро даҳшат фаро гирифт. Корро аз куҷо сар кунам, намедонистам. Ҳамон вақт мушкилиро эҳсос карда будам. Хайрият, бо дастгирии коллективи меҳнатӣ омӯзишгоҳро ба ҳолати муқаррарӣ овардем.
- Аз нигоҳи Шумо чун дар сиёсат низ ба ҳайси муовини раиси шаҳри Панҷакент фаъолият доштед, барои зан - роҳбар баҳри муваффақ шудан ба бовариву эътиқоди мардум чӣ бояд кард?
- Беҳтарин сабақе, ки дар ин солҳо гирифтам, кор бо мардум буд, зеро роҳбарии бахши иҷтимоиётро ба дӯш доштам. Агар ба ашхосе ёрӣ мерасондаму эшон моро дуои нек мекарданд, аз ин сарбаланду хушбахт будам. Ҳамчунин, буданд лаҳзаҳое, ки чун душворие пеш меомад, дар худ мепечидам, роҳи ҳалли мушкилиро ҷустуҷӯ мекардам.
- Ҳамчун зан-модар хушбахтед?
- Бале, хушбахтам, се фарзанд ва 9 набера дорам. Фарзандонам - Рухшона, Мубориз ва Парвона соҳиби таҳсилоти олии иқтисодӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёти кишвар кор мекунанд. Шавҳарам – Фирдавсӣ Рофиев, устоди варзиши ИҶШС оид ба вазнбардорӣ мебошанд, марди ботамкин ва соҳибфарҳанг ҳастанд, дар комёбиву нокомиҳои ман шариканд. Хушдоманам - собиқ корманди кумиҷроияи шаҳри Панҷакент Муфарӣ Юлдошева ва хусурам - Баҳромҷон Рофиев собиқ корманди соҳаи фарҳанги шаҳри Панҷакент ҳастанд. Саҳми эшон дар тарбия ва камолоти меҳнатии ман хеле чашмгир аст. Арӯси хонадонам Дилрабо, ки ман ӯро ҳамчун духтаронам дӯст медорам, яке аз кормандони фаъоли бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент мебошад. Дар ҳалқаи чунин хонавода зистан хушбахтист.
- Ба ҷавонон, бахусус, духтарон чӣ таманно доред?
- Ба духтарон гуфтаниҳои зиёд дорам. Мехоҳам онҳоро ҳамеша боақлу доно бинам. Ҷавондухтарон дар баробари донишандӯзӣ ба ҳунар низ рӯй оранд. Ҳунар ба инсон зар мебахшад, ӯро азизи дилу дидаҳо мегардонад, ҷӯяндаву ёбанда мекунад. Духтарон дар хонавода кадбону, дар иҷтимоъ ҷасуру фаъол бошанд. Орзу дорам, ки духтарон баҳри бомаърифат шудан бештар ба китоб рӯ оваранд. Зиндадилу оиладӯст бошанд.
- Ваҷҳи рӯ ба кори осорхона ниҳодани Шумо чист?
- Осорхона масъулияти баланди касбию роҳбариро талаб мекунад, зеро ин макони фарҳангӣ пойгоҳи таърихи ниёгон, шиносномаи халқи тоҷик маҳсуб мешавад. Беҳтарин дастовард ва муваффақияти ман дар давоми фаъолият дар ин муассиса иштирок ва соҳиби дипломи байналмилалӣ шудани ин ҷониб дар «Интермузей - 2016», ки дар шаҳри Маскави Русия доир гардида буд, мебошад.
Соли 2013 дар назди осорхона шуъбаи табъу нашр ташкил шуд, ки ба чопи маводи таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба таърих, фарҳанг ва ҷойҳои тамошобоби кишвар ихтисос мегирад. Бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар қисми шарқии саҳни осорхона боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бунёд ёфт, ки ҷойи сайругашти сокинони маҳаллӣ ва сайёҳон қарор гирифтааст.
- Дар интиҳо чӣ гуфтанӣ доред?
- Мехоҳам Тоҷикистон ҳамеша гул-гулшукуфону обод бошад.
Саиди ЮНУСИЁН,
шаҳри панҷакент