Суҳбати мо бо афсарбону тӯлонӣ, вале шавқовар буд, бо забони фасеҳи тоҷикӣ, бо овардани байтҳову мақолҳо ҳарф мезад.
Чароғистони деҳа
Дар деҳаи Сепулаи Истаравшан таваллуд шудаам. Падарам Икром ном доштанд ва деҳқонӣ мекарданд. Модарам Муъмина Холматова – аввалин зани таҳсилдидаи деҳа, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буданд. Азбаски ятим калон шуда буданд, ҳамаи шаш фарзанд: се писару се духтарро бо меҳру муҳаббати хос парвариш мекарданд ва тамоми лаззати бачагиро, ки худ начашида буданд, барои мо, хусусан, ба мани аз ҳама хурдӣ - кенҷа, муҳайё мекарданд.
Қиссаи наёфтани роҳкиро ва хориҷ шудан аз донишгоҳ
Аз хурдӣ орзу мекардам, ки духтур шавам. Волидон бо ҷону дил розигӣ доданд. Соли 1988 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шудам ва нағз таҳсил мекардам, лекин ҳодисае рӯй доду ин орзуям мисли ғунча ба коми сармо рафт, нобуд шуд. Аввалҳои соли 1989 модарам дар 51- солагӣ аз дунё рахт бастанд. Ба деҳа омадаму чанд рӯз дар сӯги модар ашк рехтам. Он солҳо дар деҳа расму оинро касе танзим намекард, болои мурда сад чӯб, тамоми дороии хона сарфи хароҷоти бемаънӣ ва хонабарандози мотам гардид. Қарздор шудем, ҳатто 16 сӯм наёфтам, ки сари вақт чиптаи ҳавопаймо харида, барои идомаи таҳсил ба Душанбе равам. Ниҳоят, пул ёфтаму ба Душанбе омадам, аммо ҳайҳот: дар лавҳаи эълонҳо фармони хориҷшавии худро хондаму қариб аз ҳуш рафтам. Давутоз бефоида буд, он солҳо донишгоҳ талабот ва интизоми сахт дошт ва маро дигар қабул накард. Хулоса, мани танҳо будаму шаҳри азим… ба деҳа баргаштан мумкин набуд, зеро «духтари фалонӣ аз донишгоҳ ронда шудааст» ва ҳазорон таънаю маломати дигари ҳамдеҳагонро таҳаммул карда наметавонистам. Хушбахтона, як муаллим - шогирди модарам, ки дар факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дарс медод, маро ҳамчун лаборант ба кор гирифт ва гуфт: «Донишат хуб аст, моҳи август имтиҳон месупорию ба факултети мо дохил мешавӣ». Ҳамин тавр ҳам шуд.
Итоат ба даъвати Сарвари давлат
Солҳои донишҷӯии моро «тиллоӣ» гуфтан нашояд, балки солҳои «сахтӣ» буданд: намоишу майдоннишинӣ, эътирозҳо, ниҳоят ошӯбу даргириҳо, бенизомӣ, гуруснагӣ, қаҳтӣ, душманӣ, бадбинӣ… Донишҷӯён ҳам тибқи ақидаҳои сиёсӣ, мансубияти маҳаллӣ тарафдори ину он майдон буданд ва он меҳру муҳаббате, ки дар солҳои аввали донишҷӯӣ нисбат ба ҳамдигар доштанд, ба кинаю адоват табдил меёфт. Соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-ум Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда буданд, ба донишгоҳи мо ташриф оварданд. Суҳбаташон ниҳоят ошкору самимӣ буд. Гуфтанд, ки душманон аз чапу рост, худию бегона якпорчагии Тоҷикистонро аз байн бурданӣ ҳастанд, аз артиши тавонои шӯравӣ ба мо як камонғӯлак ҳам мерос намонд, вале моро зарур аст, ки таъҷилан артиши миллии худро ташкил кунем ва бо неруи он сохти конститутсиониро дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барқарор намоем, аммо ҷавонон ба ояндаи артиш бовар надоранд, хизмат кардан намехоҳанд, агар мо Ватани худро ҳимоя накунем, кӣ мекунад?! Ҳамсабақонам Бозоралию Бахтиёр изҳор карданд, ки ба артиш мераванд, ман ҳам ба сафи онҳо пайвастам.
Ҳамон сол вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал Шишлянников бародарам Шариф Иброҳимовро, ки баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавоӣ дар шаҳри Қаршии Ӯзбекистон хизмат мекард, ба Тоҷикистон овард ва сардори ситоди қисми ҳарбии «Н», воқеъ дар шаҳраки Навободи Ҳисор таъйин намуд. Ман баъди дарсҳо ва рӯзҳои истироҳат ба он ҷо рафта, дар коргузорӣ ба бародарам мадад мерасондам. Рӯзе ба бародарам гуфтам, ки мехоҳам мисли ту афсар шавам. Тасмимамро дар аввал написандид, ки «аҳли деҳа, мардум чӣ мегӯянд, духтар чию сарбозӣ чӣ?» мегуфт, вале чун дарк сохт, ки қарори ман қатъист, хурсанд шуд.
Ягона бону дар қисми ҳарбӣ
Тобистони соли 1996 маро, ки баъди хатми донишгоҳ рутбаи лейтенант дарёфтам, ба қисми ҳарбии «Н»-и ноҳияи Зафаробод, ба ҳайси ёвари сардори ситод фиристонданд. Вазъият хеле бад буд. Силоҳу муҳимоти ҷангӣ намерасиданд, сарбозон нони серӣ намехӯрданд, афсарон моҳҳо маош намегирифтанд, вале ҳама ба оянда назари нек, умедҳои зиёд доштем.
Озмоиши матонати афсарбону
Моҳи ноябри соли 1998 хабари ҳуҷуми иғвогаронаи хоини Ватан Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд аҳли Тоҷикистонро, ки нав аз меваҳои сулҳу оштӣ чашидан дошт, ҳайратзада кард. Он шабу рӯз аксари афсарон ва сарбозони беш аз як сол хизматкардаи мо дар машқи ҳарбӣ дар шаҳри Чкалов (ҳозира Бӯстон) қарор доштанд. Дар қисми ҳарбӣ ману сарбозони навдаъват монда будему бас.
Хизмати ҳарбӣ дигар як қисми таркибии ҳаётам гардид. Соли 1999 маро ба сифати ёвари мудири шуъбаи ташкилӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо таъйин намуданд. Аз соли 2001 дар комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ёрдамчии калони шуъбаи сафарбарӣ будам. Аз соли 2015 вазифаи сардори шуъбаи қайди бронҳо ва ҳифзи иҷтимоии прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозони эҳтиётии комиссариати ҳарбии вилоятро ба ҷо овардам ва аз соли 2017 то имрӯз ҳамин вазифаро дар комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ба уҳда дорам.
Модари Шукронаю Меҳрона
Барои як бону, сарфи назар аз касбу кору мақому вазифа, доштани хонавода ва тарбияи фарзанд муқаддастарин мақсаду орзуст. Соли 2000-ум хонадор шудам, вале ҳашт сол интизори фарзанд будам. Соли 2008 Худованд дар 37- солагиям якбора ба ман ду духтар бахшид. Тақдир будааст, бо баъзе сабабҳо шавҳарам моро тарк намуд. Тани танҳо ду духтарро дар хонаҳои иҷора калон кардан осон набуд. Худоро шукр, ки ҷаҳон аз мардуми некхоҳу савобҷӯ холӣ нест. Дар дармонгоҳи ҳарбӣ дугонаам Барно Бобоҷонова ҳамшираи шафқат буд ва чун аз ҳоли ман огоҳ шуд, хоҳараш Раъно Бобоҷониёнро, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд устодӣ мекард, ба назди ман овард. Ин хоҳарони мушфиқ ману духтараконамро бо ғизову пӯшок таъмин мекарданд ва маҳз бо маслиҳати Раъно дугоникҳоро Шукронаю Меҳрона ном гузоштем. Он солҳо барои кӯдакони навзод 25 сомонӣ кумакпулӣ медоданд, аммо кормандони ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳуҷҷатҳо танҳо номи яке аз духтарони маро сабт карда будаанду халос. Раъно Бобоҷониён (ҳоло муовини раиси КИМ ҲХДТ) даводав карда, номи духтари дигарамро ҳам сабт кунонд.
Адолат меҷӯяд
Хизматҳои беш аз 20- сола, модари танҳо ва соҳиби ду фарзанди ноболиғи дар тарбияам бударо ба назар гирифта, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссари ҳарбии вилояти Суғд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нома навишта, хоҳиш карданд, ки ба мани иҷоранишин хона диҳанд.
Бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд М. Муҳаммадҷонзода аз 20 марти соли 2017 хона ҷудо карданд. Ҳазорон сипосу ташаккур! Аммо, вақте ки ҳамроҳи фарзандон ба дидани хона рафтем, ҳуш аз сарамон парид. Ин «хона» дар бинои 16 а, дар маҳаллаи 13-ум, бар замми якҳуҷрагӣ буданаш, мисли катаки холие дар бом – мансард воқеъ будааст, ки барои зиндагии ману кӯдаконам мувофиқ нест: дар тобистон гарму дар зимистон сард, бурою фурояш барои мо душвор. Аз ин рӯ, ба МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва МИҲД-и вилояти Суғд муроҷиат кардам, ки ин мансардро ба дуҳуҷрагӣ ва ошёнаи пасттар иваз кунанд, вагарна боз дар ҳамон хонаи иҷоравӣ зиндагӣ карданамон беҳтар аст ва ҳанӯз ҳам дар хонаи иҷоравӣ ҳастем. Ин даъво ҳаргиз ношукрӣ ва «нозу нуз» нест. Бовар дорам, ки иваз кардани он хона-мансард барои мақомоти дахлдори вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳеҷ душворие надорад ва ниҳоят мушкили ману духтаронамро осон хоҳанд кард.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд