- Вале, ӯ розӣ нашуд. Модарам, гарчанде таҳсилдида нест, аммо хеле зани босавод аст ва барои соҳибкасб шудани фарзандонаш заҳматҳои кашидааш беҳисобанд. Ростӣ, модарам новобаста аз он ки зани танҳо буд, дар таълиму тарбияи даҳ фарзанд сахтгирӣ менамуд, то ҳамаи мо соҳиби илму касб шавем. Бо забони русӣ хуб ҳарф мезанад, мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва осори шоирону нависандагони гузаштаву имрӯзаро дӯст медорад. Алъон ба синни 80 расидаасту ҳанӯз ҳам бе айнак китоб мехонад. Мекӯшад, ки аз навгониву ҳаводиси рӯз ҳар лаҳза бохабар бошад. Ба истилоҳ, бо замона ҳамқадам аст, вале ҳанӯз барои ман муаммост, ки чаро ӯ садди роҳи таҳсилам ба Русия шуд, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Гуландом Азимова тамоми муваффақияту комгориҳояшро дар зиндагӣ аз ёрию дастгирии модар медонад.
- Модарам, агар дар нигоҳубини фарзандон ва таълиму тарбияи онҳо маро ёрӣ намекард, то ба ин мартабаҳо намерасидам. Ва ниҳоят орзуям амалӣ гашту билохира саноатчӣ шудам, - мегӯяд ӯ.
Гуландом Азимова соли 1989 фаъолияташро ба ҳайси ташхисгар аз фабрикаи ресандагии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) оғоз намудааст. Ниҳоят соли 1994 шавқу ҳавас ва завқу рағбати саноатчӣ шудан ӯро ба Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ овард. Дониши хубу муҳаббат ба шуғл ва таҷрибаи андӯхтааш дар коргоҳи ресандагӣ аз нигоҳи назариявӣ ҷиҳати омӯхтани нозукиҳои пешааш мушкилкушо омад. Донишкадаро бо ихтисоси муҳандис - технолог - механик бо муваффақият чун хатм кард, баргашт барои идомаи фаъолияти минбаъдааш ба корхонаи ресандагӣ. Барӯмандию соҳибэҳтиромиро аз ҳамин даргоҳи ҳунар ёфт. Роҳбарияти вақти коргоҳ Нарзулло Файзуллоев таҷрибаи комил ва кордониву ташаббускориашро ба эътибор гирифта, вазифаҳои пурмасъулиятро ба уҳдааш вогузошт. Агарчӣ корозмуда буд, андак тарс дошт дар иҷрои вазифаҳои бар дӯшдоштааш. Аз ин хотир, бо дучор омадан ба мушкилӣ аз устодаш Галина Евгенйевна маслиҳат мепурсид. Замони сарвариаш дар бахшҳову сехҳои корхонаи ресандагӣ ҷалби духтарони деҳаҳои атрофи шаҳрро барои омӯхтани ҳунари мазкур рисолати аввалиндараҷаи худ медонист. 1500 нафар бонуи маҳаллӣ дар муҳити коргоҳ бо ташаббускориҳою навовариҳои Гуландом Азимова оилаи бузургеро барои худ дарёфт. Дӯстию рафоқат, якдигарфаҳмию садоқат бо ҳам шеваи корашон буд. Ӯ ин даргоҳро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонад ва ангезаи дилбастагӣ ба кору ихтисосаш гоҳ - гоҳе Гуландомро ба ин макони барояш муқаддас меорад.
Саноат шоҳсутуни иқтисод
- Олими бузург Сесерон гуфтааст, ки саноат шоҳсутуни иқтисодиёт мебошад ва, албатта, дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёду кушодани корхонаҳои хурди саноатӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ ҷиҳати нумӯи саноати ватанамон таконе хоҳад буд. Ба кор шурӯъ намудани сехҳои хурди дӯзандагиро дар дохили корхонаи ресандагӣ дида шоду масрур шудам. Шукр мегӯям, ки бо ин васила боз чанд зани ҳунарманд соҳиби нону шуғли доимӣ мешавад. Бонувон дорои имтиёзҳо ҳастанд ва имкон доранд, то ҳунарро ба кор баранд ва аз дастранҷи бо заҳмати ҳалол ёфтаашон рӯзгорашонро таъмин намоянд, - иқрор меояд Гуландом Азимова.
Ҳунарҳои мардумиро ӯ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи саноат меҳисобад. Ин бонуи корозмуда мегӯяд, ки вилояти Хатлон макони ҳунару ҳунармандони асил мебошад. Ҳунарҳои қадимаи табақтарошӣ, кулолӣ ва заргарӣ пешаи аҷдодии мардуми диёр аст ва дар равнақи шуғлҳо нафарони ҳунарварро бояд дастгирӣ кард. Ӯ ҳунармандони мардумиро беҳтарин кадрҳо дар соҳаи саноати дастӣ мешуморад.
- Баъди 17 соли фаъолият дар фабрикаи ресандагии шаҳри Қӯрғонтеппа, муовини директори маркази ҳамоҳангсозӣ ва маркетинги Вазорати саноати ҶТ дар вилояти Хатлон таъйин шудам. Баъдан дар мақоми муовини раиси ноҳияи Шаҳритус заҳмат кашидам. Аз соли 2010 мудири бахши назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон мебошам ва дар ин мавридҳо, ки бештар дар байни аҳолӣ ҳастам, бахусус ба бонувон талқин менамоям, то лоақал сехҳои хурди чакандӯзӣ, тоқидӯзию зардӯзӣ кушоянд. Чаро ки чанд соли охир бо тарҳрезӣ шудани барномаҳои давлатӣ роҷеъ ба эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ муштариёни ҳунарҳои дастӣ дар ҳоли афзоиш аст, ки раванди мазкур дар амри харидорони худро пайдо кардани маҳсули дастони пурэъҷози ҳунарварони маҳаллӣ мусоидат намуд. Бонувон маслиҳатамро хуш пазируфтанд ва аксарашон айни ҳол чун чеварони номӣ дар вилоят маъруфанд, - ифтихормандона мегӯяд ин бонуи кордон.
Вакили мардумӣ
Барои Гуландом Азимова пайроҳаи тайнамудааш аз соҳаи саноат то роҳбарӣ дар бахшҳои гуногуни хадамоти давлатӣ чандон тӯлонӣ нанамояд ҳам, ӯ мегӯяд, ки дар ин ҷода дар баробари муваффақ гаштан, мушкили зиёдеро низ озмудааст.
- Чаро ки рисолати роҳбарӣ масъулиятшинос будану сахтгирӣ ва ниҳоят нисбат ба зердастону корафтодагон муносибати ғамхорона доштанро тақозо мекунад. Муомилаи хуб роҳбарро бо мардум наздик мегардонад. Фиребу найранг ва дурӯғгӯиро намеписандам. Аз камтарин камбудии корам маъюс мешавам ва шояд аз ин хотир бошад, ки мушкили равониро зиёдтар эҳсос мекунам, - қисса мекунад Гуландом Азимова.
Ӯ дар давоми фаъолияташ ду маротиба вакили мардумии Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳои Сарбанд (Левакант) ва Қӯрғонтеппа интихоб шуда буд. Замони дар Шаҳритус ба ҳайси муовини раиси ноҳия кор карданаш барои дастгирии мардуми ӯзбекзабон ҷиҳати ҷалби онҳо ба омӯхтани забони тоҷикӣ ва сохтмону таъмири мактабу дабистонҳо ба унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардид. Медали ҷашнии «10 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» - ро аз ҷониби раҳбари кишвар барои обод кардани қисмҳои ҳарбӣ сазовор шуд. Феълан, ки вазифаи мудири бахши назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлонро ба уҳда дорад, бо таҳти назорат гирифтани ҳуҷҷатҳо дар амалишавии тамоми дастурҳои Ҳукумат дар маҳалҳо саъй мекунад, то фармону супоришҳо сари вақт амалӣ шаванд.
Гуландом Азимова модари се гулписар – Далер, Насим ва Умедҷон мебошад. Ӯ, ки дар тарбияи фарзанд модарашро муаллими аввалин меҳисобад, кӯшиш мекунад, то мисли модар беҳтарин тарбиятгар барои писаронаш бошад.
- Фарзандро тавре тарбият бояд кард, ки дар зиндагӣ аз мушкил наҳаросад. Озода бошаду омода ба зиндагӣ, - кӯтоҳакак посух мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО,
шаҳри Бохтар