Ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ дарс мегуфт
Ӯ дар фасли дайи соли 1975 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъд аз хатми мактаби миёна пушти пешаи модараш, яъне омӯзгорӣ рафт. Соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба факултаи таърих ва ҳуқуқ шомил гардида, соли 1997 ин даргоҳи илмро бо ихтисоси муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм кард. Азбаски соли 1992 дар ҷумҳурӣ ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ сар зад, барои наҷоти ҷони хеш қисми зиёди омӯзгорон ба кишварҳои хориҷ кӯч бастанд ва таълимгоҳҳо анқариб, ки бидуни омӯзгор монданд. Мактаби миёнаи №51 шаҳри Душанбе аз ҷумлаи таълимгоҳҳое дониста мешуд, ки аз омӯзгорон танқисӣ мекашид. Чун Умеда мактаби миёнаро хуб хондаву саводи кофӣ дошт, роҳбари ин муассиса ӯро барои дарс додан даъват намуд. Ҳамин тавр, ӯ дар муассисаи мазкур ба кор пардохт. То нисфирӯзӣ ба дарс мерафту баъд аз он ба талабагон дониш меомӯзонд. Чун ҷанги шаҳрвандӣ рӯз ба рӯз авҷ гирифту вазъият муташанниҷ гардид, Умеда тасмим гирифт, ба шуъбаи ғоибонаи таҳсил гузарад. Меҳри омӯзгорӣ дар қалбаш маскан гирифт ва 18 соли умри хешро ба таълиму тарбияи фарзандони халқ бахшид. Дар соҳаи маориф аз омӯзгори одӣ то муовини директор оид ба таълиму тарбия расид.
Тарки пеша ва ташаббусҳои ӯ дар соҳаи нав
Аз соли 2009-ум фаъолияти омӯзгориро қатъ карда, корро дар Агентии назорати маводи нашъаовар дар шуъбаи робита бо ҷомеа шурӯъ намуд. Зеро, ба гуфтаи Умеда, азбаски дӯстони рӯзноманигораш зиёд буданду то андозае ба ин касб рағбат дошт, тасмим гирифт, ки дар ин ришта худро озмояд. Роҳбари ниҳоди номбурда дар рушду такомули рӯзноманигориаш саҳми худро гузоштааст. Дар ин ниҳод ба сифати нозир ва сарнозири шуъбаи робита бо ҷомеа фаъолият бурд. Ҳамин тавр, баъд аз 7 соли фаъолият дар агентӣ, соли 2016 хидматашро дар КҲФ ҶТ идома дод. Бо омадани Умеда ба КҲФ ҶТ бисёр дигаргуниҳо рух намуданд. Ӯ аввалин кореро, ки ба сомон расонд, табдили ном кардани марказе буд, ки ӯ фаъолиятро оғоз намуд. Бо ташаббуси ӯ ва дастгирии бевоситаи роҳбари ин ниҳод, Рустам Назарзода, маркази мазкур аз гурӯҳ ба шуъбаи матбуотӣ табдил ёфт. Зеро, талабот ба ин сохтор хеле зиёд буд ва мебоист, ки шабу рӯз фаъолияти густарда бубарад.
Инчунин, худи ҳамон сол, бо пешниҳоди Умеда ва дастгирии бевоситаи роҳбарият сомонаи кумита пурра таҷдид гардид ва интишори навору сурат имконпазир шуд. Айни ҳол, дар сомона бо ду забон-русӣ ва тоҷикӣ матлабҳо пешниҳод мегарданд. Дар нақша аст, ки дар сомонаи кумита саҳифаи англисӣ низ фаъол шавад. Дар баробари ҳушдорномаҳо тавсияҳо низ дар сомона ҷой дода мешаванд, то мардум фаҳманд, ки дар натиҷаи сар задани ҳолатҳои фавқулода барои пешгирӣ чӣ бояд кард? Соли 2016 баъд аз 23 соли фаъолияти кумита аввалин маротиба маҷаллае таҳти унвони «Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон» бо се забон интишор ёфт.
Ҳамин тариқ, баъд аз як соли фаъолияти кории Умеда, соли 2017 тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ оид ба сохтори КҲФ шуъбаи маркази матбуоти КҲФ ба шуъбаи кор бо ҷомеа табдили ном намуд. Баъд аз ин, на танҳо дар маркази ҷумҳурӣ, балки дар дигар вилоятҳои кишвар низ раёсат ва бахшҳои худро кушод. Ин боис мегардад, ки маълумот фавран равон шавад. Қабл аз ин, корҳои мазкурро дигар хадамотҳо иҷро менамуданд. Дар баробари ин, нақша дорад, ки як студияи хурди кумита таъсис дода шавад, то гузоришҳои телевизиониву радиоӣ дар он омода шаванд. Инчунин, Умеда ба роҳбарияти ин ниҳод пешниҳод намудааст, то дар ҳамдастӣ бо рӯзноманигорон пресс-тур баргузор шавад. Айни ҳол дар шуъбаи мазкур теъдоди занҳо зиёд мебошанд. Аз ҷумла, сардори бахш дар вилояти Суғд зан аст ва дар вилояти Хатлон барои ҷалби занон озмун эълон карда шудааст.
Наҷот бо роҳи фаҳмондадиҳӣ
Азбаски 93 дарсади кишвари мо кӯҳсор аст, аз ҳисоби мавқеи географӣ ҳодисаҳои табиӣ зиёд рух медиҳанд. Вобаста ба мавсим, яъне, бештар дар фасли баҳор, ҳодисаҳои обхезӣ, омадани ярч ва ба ин монанд ҳодисаҳо сар мезананд. Умеда Юсуфӣ мегӯяд:
- Албатта, офатҳои табиатро ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад, вале мо бояд бикӯшем, ки натиҷаҳои офатро пешгирӣ намоем. Мавзеъҳои хавфнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёданд. Мо бо сокинони чунин маҳалҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Дар баробари ин, кумита бо роҳи тақдими брошюраҳо, то ҳадди имкон аҳолиро бо маълумот таъмин менамояд, то ҳангоми сар задани ҳолатҳои табиӣ донанд, ки чӣ бояд кард?
Кӯдакамро наҷот диҳед
Дар рӯзгори Умеда ҳамарӯза ҳолатҳои гуногун, гаҳе фараҳбахшу гоҳе маъюскунанда рух медиҳанд. Рӯзе нест, ки ба телефони кориаш нафаре занг назанаду аз ӯ талаби ёрӣ нанамояд.
- Ҳаёти ман моломоли рӯйдодҳои мухталиф аст. Дар як рӯз метавонам ҳам бигиряму ҳам бихандам. Масалан, мешавад ҳолатҳое, ки як нафар занг мезанаду мегӯяд, гурбааш болои дарахт мондааст ва ба ӯ мадад расонем. Албатта, ин як каме хандаовар аст. Аммо, дарди гаронест, вақте ки мефаҳмам, кӯдаке дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода ва ё аз беназоратии волидайн ба ҳалокат мерасад. Ин гуна хабарҳои ғамбор маро ба ашк рехтан бармеангезанд. Чанде пеш зане бо ҳаяҷон бо мо телефонӣ тамос гирифту имдод пурсид барои рафъи фалокати ба сараш омада. Маълум шуд, ки калид дар қулфи дари хонааш дар мондааст ва дар дохили хона кӯдакаш танҳост. Аз гуфтори зан ҳаяҷону изтироб эҳсос мешуд. Дар ин ҳолат ӯро, пеш аз ҳама, таскин бахшидем. Кормандонро ба ёриаш зуд фиристодаму ба тасаллояш пардохтам, - ёд меорад аз лаҳзаҳои кориаш Умеда.
Миёни гурӯҳи наҷотдиҳандагони кумита занҳо низ ҳастанд, ки ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ ба мардум ёрӣ мерасонанд. Ба ҷуз ин, соли ҷорӣ ба сохтори КҲФ, ду бахши нав ворид мегардад, ки хадамоти кинологӣ ва хадамоти равоншиносӣ мебошанд. Ба ин сохторҳо бештар занҳо ҷалб мегарданд. Аллакай бонуе ба ҳайси равоншинос қабул гардидааст. Дар кумита зиёда аз 100 нафар зан фаъолият мебарад, онҳо соҳиби рутбаҳои хидматии баланданд. Инчунин, ба рақами ягонаи ин ниҳод, ки 112 мебошад, ҳамеша занҳо посух мегӯянд.
… ба як бурдаи нон зор будем
- Шукронаи ваҳдат мекунам. Ман шоҳиди зиндаи ҷанги шаҳрвандиам. Вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, 17 сол доштам ва тамоми ваҳшонияти онро бо чашмони сар дидам. Хайрият, бо талошҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат ба сулҳу суботу фараҳмандию ободӣ расидем,- бо ҳарорат гуфт Умеда Юсуфӣ.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ