Ҷумъагул Назарова 6-уми сентябри соли 1962 дар деҳаи Мачитони шаҳри Ваҳдат дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Падараш Давлатёр Назаров заминдор буду дар хоҷагии «Ленинград» фаъолият менамуд. Вай чунон дилбохтаи меҳнат буд, ки то расидан ба синни нафақа умри хешро дар кори колхоз сипарӣ намуд. Модар-Иззатмоҳ Назарова низ ҳамроҳи шавҳараш машғул ба кори саҳро ва яке аз кишоварзони муваффақу шинохтаи замони хеш ба шумор мерафт. Ҷумъагул ҳанӯз 9 сол дошт, ки марги нобаҳангом падарашро аз вай рабуд ва ӯ дар тарбияи модару бародарон ба камол расид. Бародарон кӯшиш ба харҷ медоданд, то Ҷумъагул бепадарии худро эҳсос накунад ва пайи илмомӯзиву ҳунар бошад.
Ӯ соли 1979 баъди хатми мактаб ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 1983 онро бо ихтисоси муаллимаи фанни физика ба итмом мерасонад.
Моҳи июни соли 1983 ба шавҳар баромада, бо ӯ ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон) рафта, фаъолияташро ба сифати омӯзгори фанни физикаи мактаби миёнаи №45 ба номи Алишер Навоӣ оғоз менамояд. Маҳорату дониши хубашро ба эътибор гирифта, ӯро моҳи марти соли 1985 вакили Шӯрои қишлоқи «Октябр» ва ҳамзамон котиби комитети иҷроияи ҳамин Шӯро интихоб менамоянд. Ҳангоми фаъолият дар ин вазифа корҳои зиёди ҷамъиятиро ба сомон расонда, дасти фитодагону корафтодагонро гирифт.
То моҳи марти соли 1995 дар ин мақом ва баъдтар муовини раиси Шӯрои деҳоти мазкур адои вазифа намуд ва аз моҳи марти соли 1995 ба таври гузариш ӯро мудири шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ таъйин намуданд. Муддати 8 сол дар ин шуъба фаъолият бурд. Азбаски кордон буд, аз иҷрои ҳамаи вазифаҳо ба хубӣ мебаромад. Ин аст, ки ӯро моҳи апрели соли 2003 муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйин карданд. Муддати 2 сол дар ин вазифа фаъолият намуд. Чун меваҳои боғи умр, яъне фарзандонаш ба камол расиданду пайи таҳсил ҷониби шаҳри Душанбе омаданд, ӯ низ дигар чорае ба ҷуз кӯчидан ба шаҳри Душанберо надошт. Зеро намехост фарзандонаш мувоҷеҳи мушкилӣ бошанд ва барои соҳибтаҳсилоту соҳибкасб шудани онҳо камари ҳиммат басту рӯ ҷониби марказ ниҳод.
Баъд аз он ки соли 2005 бо аҳли оила ба шаҳри Душанбе кӯч баст, Ҷумъагул фаъолияташро дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуд.
- Дар аввал ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи умумӣ кор кардам, баъд сардори нашрияи моликияти саноатӣ ва бозор таъйин намуданд. 2 сол дар ин вазифаи пурмасъулият заҳмат кашидам. Баъд аз он сармутахассиси раёсати феҳристҳои давлатӣ ва нашриёт таъйин шудам, ки то ҳол дар ин вазифа фаъолият менамоям,- мегӯяд бо ифтихор Ҷумъагул Назарова.
Дар тӯли фаъолияти худ ба ифтихорномаҳои мақомоти ноҳияи А. Ҷомӣ, вилояти Хатлон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гаштааст.
Дар баробари фаъолият дар корхонаҳои давлатӣ ӯ то ҳанӯз шеър низ менависад, ҳарчанд даъвои шоирӣ надорад.
– Агар гӯям, ки меҳри шеърро дар қалби ман бародарам бедор сохт, хато намешавад. Вале то ҳанӯз ман намегӯям, ки шаб то саҳар бедораму шеър эҷод менамоям. Дар ангезаи рӯйдодҳои зиндагӣ қалам ба даст мегирам,-иброз медорад қаҳрамони мо.
Аввалин шеърҳояш дар рӯзномаи «Педагоги ҷавон»-и донишгоҳ нашр шуданд. Баъдтар дар рӯзномаи «Ба пеш»-и ноҳияи Куйбишев, рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат, маҷаллаҳои «Фирӯза», «Бахтоварони Ваҳдат» ва китобҳои дастҷамъии «Дурдонаҳои Кофарниҳон», «Гулхонаи ҷавонӣ», «Ҳадиси ваҳдат», «Рӯи олам гулшан аз рӯи зан аст» чоп шудаанд. Соли 2003 аввалин маҷмӯаи шеърҳои Ҷумъагул Назарова бо номи «Дуои бахт» ва соли 2015 маҷмӯаи дуюмаш бо номи «Олами меҳр» ба табъ расиданд.
Ҷумъагул соҳиби чаҳор фарзанд ва ҳафт набера мебошад. Шавҳараш Ёқубҷон Ашӯров дар Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Духтараш Нигина китобдори китобхонаи «Шаҳраки шифо»-и Ҷамоати деҳоти «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат аст. Писараш Абдулмаҷид корманди мақомот мебошад. Фарзанди сеюмаш Юсуфҷон ба соҳибкорӣ машғул буда, духтари хурдиаш Зарина дар Китобхонаи давлатии патенту техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳамаи нуричашмонаш оиладор ва соҳиби фарзанд мебошанд.
Келинҳояш Шоҳинаву Зиёдабону, домодҳояш Ҷамолиддину Ҳабиб барояш мисли фарзанданд. Аз келинҳояш меболаду бо ифтихор мегӯяд:
- Дар ин замонаи пешрафта келин доштан корест осон, зеро духтарон аллакай ба хонадорӣ омодаанду барои тарбияи онҳо заҳмат намекашӣ. Зани хушбахтам, ки чунин духтарони покдоману ҳунарвар келинҳои хонадони ман гаштаанд.
ВАҲДАТ
Осмони софи кишвар аз сафои ваҳдат аст,
Оби покаш аз сароби мусаффои ваҳдат аст.
Модари тоҷик сари гаҳвора лолоисаро,
Аз нуфузу эътибору аз вафои ваҳдат аст.
Ваҳдати мо гар ба сад ҷонбозиҳо омад ба даст
Доди душманро бидоду шишаи ҷонаш шикаст.
Тоҷикистонам ба рағми душмани бадхоҳи худ,
Бо талоши раҳбараш аз номуродиҳо бираст.
Ваҳдати моро бубин, рушду такомул мекунад,
Халқи ман бунёди роҳу манзилу пул мекунад.
Аз харобӣ, аз парешонӣ нигаҳ дорад Худо,
Кишварам аз ҳиммати фарзандҳош гул мекунад.
Сулҳу ваҳдат дар диёри тоҷикон поянда бод!
Хонадони тоҷикон пур аз нишоту ханда бод!
Мо ҳама як ҷону як дил пуштибони ваҳдатем,
Пешвои мо раҳомӯзи раҳи оянда бод!
Бунафша РАҲМОНОВА