Шабакаи «Фарҳанг», ҳарчанд як расонаи нав ва тозаэҷод аст, аллакай дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳи худро ёфта, миёни мардум маъруфият пайдо кардааст. Ҳоло аз ин шабака чеҳраҳои зиёде рӯидаю сабзидаанд, ки пешрафту комёбиҳои шабака маҳз ба номи онҳо вобаста аст. Лутфия Қурбонова, бешак, яке аз ҳамин гуна чеҳраҳои шинохтаи ин радиост, ки бо барномаҳои рангин ва ҷолибу шунидании худ миёни шунавандагону мухлисон маҳбубият ёфта, ҳаводорони зиёдеро пайдо кардааст.
Лутфия ҳамкориро бо радио ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ, ба ҳайси таҷрибаомӯз, оғоз карда буд. Ӯ рӯзҳои аввали ба Хонаи радио пой монданашро чунин ба хотир меорад:
- Дар хотирам ҳаст, ки боре бо устод Турсунпӯлод Амини Истаравшанӣ вохӯрдам ва ба ӯ чанд тарона ва лавҳаҳои лирикиамро пешниҳод кардам. Устод навиштаҳоямро бо мароқ мутолиа карданд. Намедонам аз ин навиштаҳои шогирдонаам чияш ба он кас писанд афтод, ки бо табассум ва чеҳраи кушода гуфтанд:
- Дар навиштаҳоят чизе ҳаст, духтарам, вале забони мурғонро мурғон медонанд. Ҳоло ман туро назди касе мебарам, ки забонатро аз ман беҳтар мефаҳмад ва ҳам ба дилат наздиктар аст. Суҳбат кунед, якдигарро хубтар мефаҳмед.
Ӯ маро ба назди Шаҳло Насриддинова оварду чунин хоҳиш кард:
- Шаҳло, духтарам, ин кас донишҷӯ, номаш Лутфия, камтар ёрӣ расондан даркор, то дасташ рост шавад. Баъд худаш роҳашро меёбад.
- Шарт ин ки аввал ба Шумо як супориш медиҳам, баъд мебинам, ки онро чӣ гуна иҷро мекунед. Вобаста ба натиҷаи супориш ҳамкориро идома медиҳем. Баъд навиштаҳоятонро ҳам мехонам. Холо, то пагоҳ дар бораи рассоми театри Лоҳутӣ, Салтанат Саидова як мавод омода карда меоред, ана баъд, давомашро мебинем, - гуфтанд Шаҳло.
Аз назди Шаҳло баромадаму давон -давон ба театри Лоҳутӣ рафтам. Дар театр Салтанатро пайдо карда натавонистам. Ҳамон рӯз ба кор наомада будааст. Нишонияшро гирифтаму кофта – кофта то ба деҳаи Хоҷаанбиёи Боло рафтам. Ростӣ, ки пои пиёда, бо азоби зиёде ба он ҷо расидам. Дар арақ тар шуда будам.
Салтанат шояд ин ҳолати маро диду раҳмаш омад, ки дарҳол, барои суҳбат розӣ шуд. Рӯзи дигар маводамро дуруст карда, назди Шаҳло бурдам. Он кас папкаро аз дастам гирифта хонданд. Ман ба таври содалавҳона ҳам бошад манзараи баҳори деҳаи Хоҷаанбиёро он ҷо тасвир карда будам. Дарҳол суол карданд:
- Ту ба Хоҷаанбиё рафта будӣ?
- Бале.
- Аз сагҳояш натарсидӣ?
- Ман аз саг наметарсам,- гуфтам.
- Агар дар ҳақиқат аз саг натарсӣ, журналисти хубе хоҳӣ шуд, - баъд бо табассум илова кард:
- Ин барои шӯхӣ, аммо ғайрату ҷасорат ва меҳнатдӯстият писандам шуд. Тасвирҳоят ҳам бад не. Агар супоришҳоро ҳамин тавр иҷро кардаю корро идома диҳӣ, оянда аз ту журналисти хуб мебарояд!
Ин гуфтаҳои Шаҳло маро хеле рӯҳбаланд карданд. Зеро ин аввалин баҳое буд, ки ман барои навиштаҳоям мегирифтам…
Қисмат ҳамин тавр ноаён Лутфияро бо радио пайваст. Ин соли 2005 – ум буд. Бо ҳидояти бевоситаи Абдурашид Хӯҷамқулов, ки он вақт вазифаи директори радиоро бар уҳда дошт, Лутфия барои кор дар радио пазируфта шуд…
Қалам доштан, дар кори эҷодгарӣ, аз ҷумла журналистика, чизи аз ҳама муҳим ва асосист. Ин ба маънои сухан офарида тавонистан, фаҳмида мешавад. Офаридгор ин рисолатро на ба ҳар кас арзонӣ доштааст. Зеро, сухани воло гуфтан, манзалати бузургест:
Сухан аз арши барин омадааст,
Баҳри покон ба замин омадааст.
Сухан, ки маҳсули қалам аст, қаламкашро соҳиби ному эҳтиром мегардонад. На танҳо ном медиҳаду нон, балки ҳамчун забони гӯё, рӯи сурху сари баланди ӯ хизмат менамояд. Хосияти дигари қалам ин аст, ки ҳар қаламкаше мисли ҳар парандаи хушхоне садои хосси худро дорад ва бо ин садо менозад, ифтихор мекунад ва аз дигарон фарқ мекунад.
Лутфия аз он рӯзноманигорони соҳибқаламест, ки дар ҷодаи эҷод, соҳиби сабку салиқаи худ аст. Бо як тарзи нозуки нигориш менависаду эҷод мекунад. Ин муҳимтарин фазилати рӯзноманигор аст. Ҳар эҷодкоре, агар ӯ журналист аст ё нависанда, мутарҷим аст ё таҳиягар, бояд услуби эҷодии худро дошта бошад.
Лутфия чун як журналисти воқеӣ тариқи нигориш ва равияи хосси худро дорад. Навиштаҳояшро мехонам, хеле зебо ва нозук эҷод мекунад. Дарк менамоям, ки ин ҳунар маҳсули мутолиаи зиёд, дониши васеъ ва фаросати баланди касбист, ки на ҳар касе аз ин чиз бархӯрдор аст.
Дар кори телевизиону радио аз ҳама журналисти беҳтарин ҳамонест, ки соҳаеро хуб донаду ба худ ихтисос қарор диҳад. Лутфия соҳаи фарҳангро пазируфтааст. Омӯзиш ва таҳлилу баррасиҳо дар риштаи ҳунар, хусусан, алоқаи пайваста доштан бо театрҳои касбӣ, таҳияи барномаҳо аз рӯзгори ҳунармандон, ошноӣ ба зиндагӣ ва рӯзгори онҳо, савияи фаҳмишҳои Лутфияро боло бурд ва дар як муддати кӯтоҳ ӯ ба як рӯзноманигори таҳлилгари масоили театр ва фарҳангу ҳунар табдил ёфт.
Ҳоло барномаҳои ӯ: «Ҷилои ҳунар», «Нашъаи азал» ва «Парвози илҳом» аз ҷумлаи дӯстдоштатарин гуфторҳои шабакаи «Фарҳанг» - и «Радиои Тоҷикистон» ба шумор мераванд.
Ҳамкорӣ ба театр ва кормандони он масъулияти баландест, зеро рафтору гуфтор, зиндагӣ, дониш ва таҷрибаи андӯхтаи онҳо, хоҳу нохоҳ, касро тарбия мекунад, пеш мебарад ва аз дигар месозад.
- Аснои суҳбат бо ҳунармандони маъруф: Ҳошим Гадоев, Носир Ҳасанов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Дилбар Умарова, Фотима Ғуломова, Фирӯз Умаров ва даҳҳо ҳунарпешаҳои дигар, як ҷаҳон лаззати маънавӣ мебардорам. Ба садоқати онҳо, ба заҳматписандию дӯстдори Ватан буданашон сари таъзим фуруд меораму офарин мегӯям. Инҳо дар ҳақиқат фидоиянд, ҷону тан ва вуҷудашонро ба санъат бахшидаанд. Мо бояд ба қадри онҳо ва ҳунари онҳо бирасем, - изҳор медорад ӯ.
Бо Лутфия мо дар як ҳуҷраи корӣ менишинем. Ҳамин фаъолияти якҷоя ва дар як идора будан, ба мо имкон медиҳад, ки якдигарро хуб шиносему омӯзем ва донем.
Намедонам, то куҷо ман ҳақам, вале ба инсонҳо ҳамеша аз як зовия менигарам. Ҷавҳари аслӣ доштани касро, қабл аз ҳама, аз фаросати баланд, ахлоқи ҳамида, хоксорӣ, холӣ будан аз макру ҳиял ва содадилию олиҳимматияш меҷӯям. Вале, дарёфтам, ки шахсияти ӯ болотар аз ин пиндори деҳотиёнаи ман будааст…
Мегӯянд, ки дар хонае, ки он ҷо зани отифаю тарбиятдида ва порсо зиндагӣ мекунад, он хона пур аз файзу баракат ва накҳат аст.
Ман ба ин гуфтаҳо бовар ҳосил кардам. Аз бозе ки бо Лутфия дар як ҳуҷра фаъолият менамоям, аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам. Пеш аз ҳама, фаросат ва одоби баланди инсонӣ, покӣ ва покизарӯзгорӣ, муҳаббати бепоён ба ҳамкорон, садоқатмандии беандоза ба касб, муносибату муоширати зебо ба фарзандон, бо лутф такаллум намудан, муносибати самимӣ бо ҳамсуҳбат ва ӯро то охир шунида тавонистан, ҳамеша дар ҷои кор ҳозир будан, ягон бор дурӯғ нагуфтан, баланд садо накардан, ҳамеша озода будан ва ғайраву ҳоказо…
Ман дар шахси ӯ як инсони хубу пок пайдо кардам. Дарёфтам, ки ин гуна одамон кам ва ангуштшумор ва бебаҳою беназиранд…
Алихон ЗАРИФӢ