Қосимзода Солеҳа Абдукарим аз роҳбарзанони олиқадри даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки бо мақсади хизмати шоиста ба халқу Ватан дар арсаҳои гуногуни роҳбарӣ кору пайкор дорад. Пайроҳаи ба фаъолияти ҷамъиятӣ ворид шудани ӯ аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки аз нахуст суханрониҳои Роҳбари тозаинтихоби кишвар рӯҳу илҳоми тоза пайдо карда буд.
Паёми сулҳу ваъдаи бозгашти охирин гурезаҳои тоҷик ба Ватан, ки аз минбари иҷлосияи мазкур садо дод, дар қалбҳои миллионҳо тоҷикистониён шуълаи умеду боварӣ ба ояндаи дурахшонро фурӯзон кард. Аз ҷумла, мо, омӯзгорон низ дар он шабу рӯз бидуни эътино ба норасоии маошу дигар мушкилоти печидаи зиндагӣ, лаҳзае тарки пеша нагуфтем, - қисса оғоз кард Солеҳа Қосимзода. - Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар бад-ин мазмун муроҷиат карда буданд: «Ҳифзи сулҳи ба дастомада ва таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони азиз вобастагӣ дорад». Бо гузашти 21 сол ин суханони таърихӣ аҳамияти худро гум накардаанд.
Бо дарки ин нукта мо, омӯзгорони шаҳри Бохтар, хона ба хона гашта, фарзандони гурезаҳои баргаштаро ба таҳсил даъват мекардем. Ёд дорам, як рӯзи боронӣ бо аҳли хонаводае ҳамсуҳбат шудам, ки як калӯши куҳнаро чаҳор нафар бо навбат мепӯшид. Агар мавсими гармӣ мебуд, духтаронамро пойлуч ҳам ба мактаб мефиристодам, то мисли худам аз таҳсил канор намонанд, - мегуфт бо ҳасрат модари кӯдакон. Ҳамон рӯз бо дастгирии фаъолони маҳалла ба он хонавода либосу дигар василаи зарурӣ ройгон расонда шуд ва субҳи дигар модарро бо духтаронаш дар остонаи мактаб истиқбол намудем. Бо мурури солҳо он наврасони аз падар ятиммонда, соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шуданд, вале он таваҷҷуҳу дастгирии мо, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеаро, фаромӯш накардаанд,- ба ёд меорад он рӯзҳоро Солеҳа Қосимзода.
Ваҳдати миллӣ чун ғояи пешбари ҷомеа рӯҳияи вайро ба оғози ҳаёти нав ва ташаббускорӣ дар пешрафту ободонии диёр барангехт. Дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати навтаъсис маҳаки асосии таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, ин илму дониш ва соҳибмаърифатии мардум ба шумор мерафтанд. Дар он замон, ки муассисаҳои томактабӣ фаъолият надоштанд, Солеҳабону бачаҳояшро ба нигоҳубини модар монда, бо ҳама ҳастӣ ба кори таълиму тарбия ва дигар фаъолияти ҷамъиятӣ пардохта буд.
Заҳмату талошҳои чандинсолааш дар ҷодаи таълиму тарбия маҳз дар овони мудирияти шуъбаи маорифи шаҳри Бохтарро ба уҳда доштанаш кор омад. Хизматҳои шоёну саҳми шоистаи ӯ дар рушди соҳаи маориф ба ин гуна арзёбӣ мегардад, ки дар таъйини кадрҳо ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ касбият ва собиқаи кории номзадҳоро меъёр мегузошт. Дар миёни ду давраи мудирияти шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, як соли дигар ба ҳайси сардори вақти кумитаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон низ ифои вазифа кард. Ҳамин тавр, дар соли 2012 муовини раиси шаҳри Бохтар таъйин шуда, то поёни соли 2017 дар ин вазифа фаъолият дошт ва баъд боз бо кӯлбори донишу таҷрибаи ғанӣ ба кори таълиму тарбия баргашта, ҳамакнун сарварии литсейи «Ориё»-и шаҳри Бохтарро бар дӯш дорад.
Мутаассифона, имрӯз донишу малакаи омӯзгорон ба талаботи замон ҷавобгӯ нест,- андешамандона изҳор медорад ӯ. - Тақозои замон аст, ки омӯзгоронро бештар ба курсҳои бозомӯзӣ сафарбар намоем. Вале, ба фикри ман, сатҳу сифати курсҳои мазкур низ эҳтиёҷ ба беҳбудӣ доранд. Зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгорон дар курсҳои бозомӯзӣ ё ба гуфте такмили ихтисос ба қадри кофӣ аз донишу таҷрибаи муосир баҳравар намешаванд, - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Солеҳа Қосимзода солҳои пеш ба сахтиҳои рӯзгор нигоҳ накарда, сифати таълим беҳтар буд. Имрӯз бошад, ба ҳама пешрафту беҳбудиҳои шароити корӣ, сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ каме коста гардидааст. Салоҳи кор ин аст, ки масъулони соҳа андешаву нигоҳашонро ба кор ҷиддӣ намуда, дар ислоҳи мушкилу камбудиҳои мавҷуда масъулиятшинос бошанд,- изҳор медорад ӯ. Ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои давлат, ки имсол низ маоши маорифчиён баланд бардошта мешавад, омӯзгорро мебояд ба савияи донишу ташаккули зеҳнии худ аҳамият диҳад. Пӯшида нест, ки бидуни тақвияти дониши омӯзгорон шуури хонандаро тараққӣ дода наметавонем, чаро ки имрӯз хонандагони аз лиҳози зеҳнӣ пешрафтае дорем, ки дарси дар маҳдудаи қолабҳои куҳнамондаро қабул надоранд.
Аз ӯ, ки тӯли 6 сол роҳбарии дастгоҳи идеологии шаҳри Бохтарро ба зимма дошт, оид ба вазъи афкори умум, омилҳои ҷалби мардум ба солимии ҳаёт, маърифатнокӣ ва мафкурасозии ҷомеа пурсон мешавам. Ӯ ба ҷониби рӯшноии паси тиреза, мисле ба дуриҳои дур дида бурда, возеҳу ошкоро мегӯяд: «Масъулонро ба халқ наздик шудан мебояд. Агарчи ҳалли баъзе мушкилиҳои иҷтимоии мардум аз идеологҳо вобастагӣ надошта бошад ҳам, ҳамин таваҷҷуҳ ба вазъи рӯзгори халқ дили онҳоро ба ҷомеа ва фаъолиятҳои ҷамъиятӣ гарм месозад. Аз ин лиҳоз, то ҳар шаҳрванди қаторӣ дар татбиқу иҷрои ҳадафҳои пешгирифтаи давлат эҳсоси масъулият дошта, тарғиби ғояҳои ваҳдати миллиро дар миёни намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа рисолати шаҳрвандии худ бидонад, аз донишу маҳорати мафкурасозии идеологҳо дар маҳал вобастагии зиёд дорад.
Солеҳа Қосимзода бо итминони комил изҳор медорад, ки дар партави сиёсати ваҳдатгароии роҳбарияти олии кишвар метавон кулли мардумро барои саҳмгузорӣ дар иқдомҳои бузурги ободонӣ ҷалбу сарҷамъ намуд. Ва аз ин неруи бузурги халқ дар маҳал роҳбароне бо муваффақ истифода бурда метавонанд, ки мардумшинос бошанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар