Модараш омӯзгори фанни физика (Ҷӯраҷонова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Кӯлоб) аз истеъдоди ин духтаракаш фахр мекард, аммо росташ… аз чашми бад метарсид. Падараш (Мадатов, омӯзгори ҳамин мактаб) мегуфт: «Ту бояд писар мешудӣ!». Чунин муҳит Манзураву хоҳаронашро пайрави падару модар ва бародарашро иқтисодчӣ гардонд. Манзура аслан иқтисодчӣ шудан мехост, ки ин бесабаб набуд. Он замон маблағҳои дар бонкҳо маҳфузмондаи мардум сӯхтанд ва касе коре карда натавонист. Ин ҳолат Манзураро сахт ошуфта сохту қасд намуд, ки ҳатман иқтисодчӣ мешавад. Вале сехоҳарон омӯзгор шуданд. Манзура омӯзгори фанҳои математика-физика. Баробари хатми донишгоҳ издивоҷ намуд. Ба ноҳияи Муъминобод арӯс шуд ва ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Рӯзгор ӯро ба пойтахт овард, гӯё мактабҳо дар ин ҷо интизори ниёз ба зумра мутахассисон доштанд. Корро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60 идома дод. Омӯзгори сахтгир буд, дар нигоҳи аввал ниҳоят ҷиддӣ, вале вақте дарсро сар мекард, дунёи меҳр бачаҳоро мепечонд. Шогирдон дар симои ӯ на танҳо омӯзгор, балки модарро медиданд. Зимнан ӯ тимсоли зан - модарро дар симои бонувони арсаи илму сиёсат меҷуст ва аз ҳар амали онҳо баҳра мебурд. Имрӯз барояш намунаи беҳтарини зан-модар, роҳбар ва сиёсатмадор, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон ба шумор меравад. Манзура дар мактаби миёна намеғунҷид, ғайраташ ҷӯш мезад, бештар кор кардан ва маҳсули меҳнаташро дидан мехост. Қобилияти касбӣ, ҳунари корфармоию ташкилотчигияш бармало буд. Чанде дар литсейи президентии шаҳри Душанбе фаъолият бурд. Маҳорати кордонӣ ва заковаташ аз эътибор дур намонд. Ин аст, ки ӯро муовини раиси ноҳияи Сино таъйин карданд. Дар ин ҷо фаъолияташ густурдатар гашт, бештар ба рӯзгору фаъолияти занони ноҳия аҳамият медод ва онҳоро дастгирӣ менамуд. Барояш ташвишовар аз таҳсил дур мондани духтарон ва бекории бонувон аз таъсири замони нобасомонӣ буд. Фаъолияти хубаш ӯро ба аввалин литсейи президентии кишвар овард, вале ин маротиба чун роҳбар. Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ чанд сол ин даргоҳи маърифатро сарварӣ кард. Гӯё дар ин ҷо худро бештар ёфт, муҳити васеи омӯзгорӣ, хонандагони боистеъдод, омӯзгорони беҳтарин. Аз самараи заҳматаш баҳравар шуд. Ғолибияти шогирдон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурию байналмилалӣ ва мусобиқоти варзишии дохилу хориҷи кишвар дар ин давра далели ин гуфтаҳост. Чанд нафар омӯзгор соҳиби китоб шуда, рисолаи илмӣ ҳимоя намуд, ки саропо бозгӯи таҷрибаи худи онҳо буд. Яке аз кормандони собиқи литсей, ҷавони баҳушу закӣ Асомиддин Элчибеков, ки он замон масъулияти роҳбариро дар бахши тарбияи литсей бар дӯш дошт, аз фаъолияти муаллима чун роҳбар таассуроти худро чунин баён кард:
- Муаллима барои ҳар нафаре, ки аз таҳти дил меҳнат мекард, намуна буд. Чун роҳбар ҷиддияти хос дошт, серталаб, оштинопазир бо коҳилону ба меҳнаткашон меҳрубон буд. Навовариро дӯст медошт ва инро аз ҳар корманд талаб мекард, барои ҳар фикри тоза ва ё амали нав некбин буд. Дар самти тарбия фаъолияти бонизоми равоншиносро ҳатмӣ медонист. Дуруст аст, ки литсей равоншинос дошт, аммо ин вазифа чун сарборӣ иҷро мешуд. Муаллима як нафарро пурра ба иҷрои ин вазифа вобаста кард.
Дар литсей ягон самти кор аз назари роҳбар дур намемонд: ба тамоми паҳлуҳои тарбияи хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард, аз фаъолияти созмонҳои талабагӣ, шӯрои духтарон, китобхона, маҳфилҳои фаннӣ ва ҳунарию варзишӣ мақсаднок кор мегирифт. Барои таъмини саломатии хонандагону омӯзгорон се мутахассиси тиб ва ошпазҳои хубро вобаста карда буд. Шароити хобгоҳи хонандагон боз ҳам хубтар гашт.
Манзураро хоҳиши илмомӯзӣ водор намуд, ки дар робита бо шароити ташаккулёбии истеъдодҳо ва ҷалби онҳо ба мактаб кори илмӣ нависад. Хушбахтона, таҷрибааш, ки пухта буд, тавонист аз уҳдаи ин иқдом ба хубӣ барояд. Чун рисолаашро ҳимоя кард, роҳ сӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон пеш гирифт. Имрӯз бо пажӯҳишгарони ҷавон раҳнамоӣ мекунад, дар тайёр кардани мутахассисони соҳа, ҳамзамон, дар ДҶТИБКСМ дар такмили ихтисоси роҳбарони мактабҳо саҳм мегузорад. Дарсаш табиист, чун рисолате, ки модар дорад. Мушкилии омӯзгоронро аз суҳбат бо роҳбарони эшон мефаҳмад. Барои Манзура дар ҳузури шогирдону ҳамкорон эрод гирифтан ба омӯзгор таҳқир кардани шахсият аст.
- Пеш аз он ки ба омӯзгор эрод мегирем, аввал аз худ пурсем: «Чанд маротиба дар дарсаш иштирок кардем?», «Чанд бор маслиҳаташ додем?» - мегӯяд ӯ.
Барои Манзура ҳисоботи бардурӯғи масъулон аз иҷрои барномаҳои давлатӣ хиёнати маҳз аст.
- Масалан, вақте дар мактаб як компютер ва он ҳам дар кабинети директор аст, мо чӣ тавр ба дониши технологии омӯзгорон баҳо медиҳем? - изҳори нигаронӣ мекунад ӯ. – Дар ҳоле ки ба вусъати ҳукумати электронӣ бо эътимод назар карданӣ мешавем, чаро аз ҳолати воқеӣ дар мактаб чашм пӯшем? Бубинед, баъзан аз кӯҳистони дурдаст шогирде дар олимпиада аз фанни технологияи компютерӣ сазовори медал мегардад, аммо дар ноҳияҳои обод аз норасоии компютер ё мутахассис бонги изтироб намезананд, - иқрор меояд ӯ.
Манзура аз пушти пешаи падарӣ рафт, пушаймон нест, зеро баракат ёфт, обрӯ ва таҷрибааш афзуд, ба кишварҳои Россия, Қазоқистон, Хитой, Туркия сафар кард, яъне ному нон ёфт. Меҳнаташ бо чандин ифтихорномаҳо, нишонҳои «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ» қадрдонӣ гардидааст. Ӯ дар баробари модари меҳрубон, фарзанди баномус, омӯзгори олим, ҳамсари ғамхор, бонуи ҳунар, кадбонуи хуби хона будан, як ҳунари дигар ҳам дорад, лавҳа менависад, гӯё барои худаш, ба хотири модар, фарзанд ва наздиконаш. Навиштаҳояш аз рӯи эҳсоси ширин нигошта шудаанду самимиянду омӯзанда.
Дархӯри манзури Манзура ин афрӯза метавонад буд: «Омӯзгор чароғест дар дили шогирд».
Саидаи ФАЗЛ