Гугуш…
Оре, ун ҳамонест, ки беш аз ним қарн исму кораш ҳамоҳанги мусиқӣ, сурату симои зебояш олиҳаи ҳусну малоҳати хубони ҷаҳон буда, ҳамнавои ҳазорон мухлис гардида, дилҳои ҷумла мардонро шавқу шӯр дода. Суруду таронаҳояш ба инсоният ишқ, муҳаббат, зиндагӣ, хушию ҷовидонӣ ва умедворӣ ба фардои дурахшон фароҳам бахшида.
Гугуш…Ин хонандаи нотакрору беҳамтову беназир дар паҳнои бекарони мусиқии асил, шуҳраву шони офоқ гашта, дар тамоми қитъаҳои олам сарсупурдагони бешуморе пайдо намуда, қалби миллионҳоро мафтуну моил ба ҳунараш бинмуда. Гугуш, як бону, як бонуи саропо ҳунару зебоиву сурур, як зан, зане, ки тавониста бо суруду таронаҳояш, ба лаҳни ширину шевои забони форсӣ шакарнами хушмазаи дигаре физуда.
Гугуш 5 майи соли 1950 дар кӯчаи Саричашмаи Теҳрон-пойтахти Эрон дар оилаи Собира ва Насрин Оташини озаритабор дида ба дунё кушудааст. Оилаи онҳо дар ибтидои солҳои 50-уми асри мозӣ аз Озарбойҷони шӯравӣ ба Эрон кӯч баста буд. Исми асосии ин хонандаи маҳбуб, Фоиға Оташин буда, баъди дар саҳнаҳои муҳташам аз худ дарак додан, тахаллуси «Гугуш»-ро ба худ ихтисос додаву бо ҳамин номи зебо дар як муддати кӯтоҳ шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда. Гугуш аз овони хурдӣ дар ҳалқаи савту суруду тарона бузург шуду аз ҳамон ҳину ҳангом ба ҳунари рақсу овозхонӣ қаробати танготанг ёфт, чаро ки хонаводаи онҳо ба мусиқӣ майлу рағбати зиёд доштанд. Бад-ин сабаб, фарзандашон низ бо гузораи фурсату фосилаҳо ҳамин хислату хӯро эҳтимол ба ҷиҳати ирсӣ аз онҳо мерос гирифта, аз хурдӣ бо садои маҳину махмалину модарзодиаш ҳамроҳ бо падараш дар саҳнаҳо баромад мекарду мардумро гирифтору гарояндаи овози хеш месохт. Гугуш дар он ғоте, ки ба дусолагӣ қадам мениҳод, волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд. Ва Гугуш бо падараш монд. Қиблагоҳаш дар он ҳину ҳангом ба акробатика машғул буду духтарашро низ ба коргоҳаш мебурд. Гугуши хурдсол оҳиставу тадриҷӣ ба овозхонӣ дил бохту дар саҳнаҳои кӯчак ҳунарнамоӣ кардан меёристу аллакай аз сесолагиаш бо ширинзабонию чобукӣ ва зиндадилию маҳорати нотакрораш бинандаро ба сӯи худ мекашид, саҳнаҳои хурдеро мустақил иҷро мекард, ки дар ин замина музди падарашро ду баробар меафзуд. Яъне, аллакай аз он аҳду овон ин духтараки соҳиби саҳна маблағи кофие ба даст оварда, қиблагоҳашро дар таъмини рӯзу рӯзгор мадад мерасонд. Дар доди ҳафтсолагӣ дар филмҳо ҳам кам-кам нақш меофарид. Ба қавли фарҳангшиносони вақт, коре, ки ба таври мустақил Гугуш иҷро кардааст, ин таронаи «Қиссаи вафо» дар таҳияи Парвиз Мақсудӣ буд. Тариқи радио, телевизион, саҳнаҳои калони мусиқӣ ва кинофилмҳо Гугуш ба зудӣ дар Эрон аз маҳбубтарин ва бузургтарин хонандаҳо пазируфта гардид.
Ҳамкориҳои пайваставу густурдааш бо машҳуртарин оҳангсозону шоироне мисли Парвиз Мақсудӣ, Ҷаҳонбахш Позукӣ, Ҳасан Шамоизода, Шаҳриёри Қамбарӣ, Эраҷ Ҷаннати Атоӣ ва дигарон натиҷаҳои судманду неке ба бор оварданд. Маҳз Гугуш офаридаҳои онҳоро ба беҳтарин таронаҳои мондагор табдил дод. Дигар ҳама аз Гугуш замзама мекарданду таронаҳои ӯро месуруданду аз бар менамуданд. Пас аз ин, баромадҳои ин ситораи тобноку дурахшандаву пурҷилои олами савту суруд, дар саҳнаҳои калони берун аз кишвараш сурат гирифта, соли 1971 дар Канн сурудҳои «Retourdelaville» ва «J’entendscrierjet’aime» бо забони фаронсавӣ суруда, мақоми аввалро ба даст овард. Гугуш забонҳои озарию форсиро балад буда, ба ҷуз сурудаҳояш бо забонҳо арманӣ, англисӣ, итолиёвӣ, испанӣ ва фаронсавӣ мақбули кулли мухлисону ҳаводоронаш гардидаанд. Дар Эрони тоинқилобии исломӣ, бону Гугуш беҳтарин овозхон, рамзи ишқу ошиқӣ ва олиҳаи ҳусну зебоӣ маҳсуб меёфт ва бонувон ба сабку шеваи либоспӯшию ороиши мӯй ва қиёфапардозии ӯ тақлид менамуданд. Баромадҳояш дар озмуну барномаҳои рангини мусиқӣ ва нақшофарӣ маҳбубияташро афзуда, ӯ дар солҳои 1960–1975 қариб дар 30 филм тимсолҳои муҳиму марказиро офарид. Филмҳояш «Бим ва умед» (1960), «Фариштаи фирорӣ» (1960), «Гадоёни Теҳрон» (1966), «Ҳусейни курд» (1966), «Чаҳорхоҳар» (1967), «Дарвозаи тақдир» (1967), «Ганҷ ва ранҷ» (1967), «Шаби фариштагон» (1968), «Тулӯъ» (1970), «Моҳи асалӣ» (1976), «Имшаб ашке мерезад» (1979) машҳур гардида, ба вижа филми «Шаби тӯлонӣ», ки соли 1977 бо иштироки Гугуш дар нақши асосӣ рӯйи пардаи синамо омад, дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маҳбубияти зиёд касб намуда, қалбҳои миллионҳоро тасхир сохт.
Гугуш бо дард, бо аламу оҳ, бо ҳасрат, бо виқор, бо як ҷаҳон ифтихор аз ҷон месарояд.
Гугуш… Сурудаҳояш дардошнову ҳамнавои қалбҳост, ки бо шуниданаш ашки чашмон беихтиёр шаш қатор ҷорӣ мешавад, ӯ месарояду оламро афсун мекунад.
Ба вақти инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 маъмулан бо иваз гаштани низоми сиёсӣ дар ин кишвар, баромадҳои ҳунарнамоии овозхонҳое мисли Гугуш қатъ гаштанд. Ӯ низ дар аввал мисли дигар хонандаҳои машҳур кишварашро тарк гуфтан нахост, балки ба зиндагии нав худро мутобиқ карданӣ шуд. То оғози солҳои 90-уми қарни гузашта, Гугуш дар Эрон буду зиндагии хоксоронаву содае дошт. Ҳатто дар ин даврон боре ба дидорбинии писараш Камбиз ба Амрико рафта, боз ба ватанаш баргашт. Ҳини вохӯрӣ бо ҳунарманде бо исми Масъуд Кимёӣ дар замири Гугуш дубора хумори сароидан, хумори дилро шикастан, хумори боз ҳам қалбҳоро ба шӯр овардану сурудану ифшои рози дил рӯ зад ва дар студияи сабти овозе сурудаке сароид, мисле ки Гугуши асли қадима.
Соли 1999 гирди номаш овозаҳо бархост, ки Гугуш бо дарёфти иҷозатнома аз Эрон ба хориҷи кишвар сафар намудааст. Ин эҳёи дубораи Гугуш буд. Ин зиндагии нав, умеди тоза, иқболи баланду хушбахтии беинтиҳо, на ки барои як Гугуш, лобал тамоми мухлисони ӯ ба шумор мерафт. Баъди гузораи 21–22 соли хомӯшии Гугуш, ба гӯши муштоқону ошиқону лабташнагони таронаву садои ӯ аз он тарафи уқёнус овои тару тозаи зиндагӣ расид. Гугуш аз зери абрҳои сияҳфому тира ҳамчун офтоби тобон яке падид омаду дунёи ҳунарро рӯшан сохт. Асри Гугуш фаро расид. Аз ин ва баъд ҳунарнамоии ӯ бо сафарҳои бешумораш дар бисёр манотиқи олам сурат гирифта, сурудҳои наву дилшикори ӯ бар гӯши мухлисону муштоқону дӯстдоронаш мисли садои зиндагӣ мерасиданд.
Гугуш дар шаҳрҳои Лос-Анҷелеси Амрикою дар Торонтои Канада зиндагию иқомат ихтиёр карду дар дилҳои мардум боз дубора маскану маъману маъво баргузид. Тибқи назарпурсии ВВС дар соли 2002-юм суруди ин бону «Ғарибӣ» машҳуртарин тарона дар Шарқи Наздик эътироф шуд.
Гугуш, хонандае, ки дар кишвари мо низ мухлисону дӯстдорони ҳунари волояш кам нестанд, умеду орзу мепарварем, ки мақдами муборакаш саҳнаҳои муҳташами фарҳанги тоҷикро шукӯҳу шукуфоӣ ато фармояд.
Лутфуллои Азиз