Ҳоло дар ин ҷо ба хотири баҳрабардорӣ аз ин ду марҳами табиӣ дар маркази ноҳияи Темурмалик осоишгоҳи зебое бо номи «Нигора» бунёд ёфта, дари худро ба рӯи муштариён боз намуд.
Боиси хушнудист, ки дармонгоҳи зебою замонавиро бонуи меҳрубону кордон Низора Шарифова сарварӣ менамояд. Ҳангоме ки мо ба остонаи осоишгоҳ пой гузоштем, эҳсос намудем, ки ин ҷо чӣ низоме ҷорист ва бону Низора чӣ касест. Саҳни ҳавлии осоишгоҳ сабзу хуррам, растаю роҳравҳояш тозаю озода, майдончаҳои фароғатияш густурда. Ба машом пайваста бӯи диловези гулу раёҳин мерасад. Ҳар бурҷу бора, дарахту буна, гулу гиёҳи ин даргоҳ аз фидокориҳои кормандони фаъолаш, ба мо қисса мекарданд…
Ба бинои асосӣ ворид гардида, ба дидани ҳуҷраҳо рафтем. Ҳуҷраҳо он қадар тозаю озода, ки аз тамошояшон ба дил ҳавас меояд. Ҳар касе мехоҳад ин ҷо даме бимонад, роҳат кунаду осоиш ёбад…
Маҳз дар ин маркази табобатию истироҳатӣ муштариён имкон доранд, ки аз хосиятҳои шифобахшии оби гӯгирд ва лойи сиёҳ баҳраманд гарданд. Ин марҳамҳои табиӣ, ки дармонбахши даҳҳо дардҳою маризиҳо дониста шудаанд, дар ин ҷо хеле фаровон мавриди истифода қарор мегиранд.
Суҳбати Низора дар бораи «Нигора»
- Ҳар иқдому ҳар амалеро, албатта, сабабест. Чӣ боис шуд, ки чунин як дармонгоҳи зебою замонавие дар ин мавзеи кӯҳистон қомат афрозад?
- Сабаби бунёдаш як сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мо буд, ки соли 2013 иттифоқ афтод. Дар деҳаи Танобчӣ Пешвои миллат ҳангоми суҳбат бо меҳнаткашон гуфтанд, ки нисбати зодгоҳи худ бепарво набошанд ва хотирнишон сохтанд, ки ободии ҳар диёру маҳал маҳз ба фарзандони барӯманду фарзонааш вобаста аст.
Ана дар ҳамин ҷамъомад соҳибкор Эмомалӣ Мақсудов дар назди мардум қавл дод, ки дар ноҳия як осоишгоҳ бунёд менамояд. Ҳамин тавр, моҳи августи соли 2017 осоишгоҳ бунёд ёфт ва дар ин фурсати кӯтоҳ аз худ чун як маркази истироҳатию табобатӣ дарак дод.
Осоишгоҳ дар такя ба захираи фаровони оби гӯгирд ва сиёҳлойи табобатӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳар ду дармон, яъне ҳам об ва ҳам лой, ки хосиятҳои хуби шифобахшию табобатӣ доранд, дар ин ҷо дар шакли табиӣ вомехӯранд. Муштариён аз ин дармонҳои табиӣ, ки барои саломатии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ҳар қадаре, ки хоҳанд, метавонанд истифода кунанд. Ин ҷо ҳама чиз фаровон, наздик ва тару тоза.
Воқеан, шароити буду бош ва истироҳат дар «Нигора» ба таври замонавӣ ва пешрафта ба роҳ монда шудааст. Ҳуҷраҳо барои як ва ду кас ба тариқи люкс ва нимлюкс буда, кушоду васеъ, озода бо курсӣ ва роҳаткурсиҳои нарму мулоими баландсифат, телевизорҳои калон ва дигар таҷҳизоти муҳим ҷиҳозонда шудаанд. Ҳар ҳуҷра дорои ванна ва ташноби алоҳида аст. Хизматрасонии муштариён дар сатҳи олист.
- «Нигора» имкони қабули меҳмонони хориҷиро низ дорад?
- Бале. Аллакай, мо чанд нафар меҳмонро аз Русия қабул кардем ва омодаем, ки дигар меҳмононро, ки аз хориҷи дур ё наздик меоянд, қабул намоем.
- Дар осоишгоҳ кадом маризиҳо табобат мешаванд?
- Касалиҳои дилу шараён, рагҳои хунгард ва дил, иллати мушакҳои дил, ки дар натиҷаи газаки тарбод баъд аз 6 – 8 моҳи хуруҷ ба вуҷуд омадаанд.
Тарбод (ревматизм), фишори хун дар ҳолатҳои 1 – 11 – А., иллати рагҳои хунгарди пой (баъди хуруҷ), васеъшавии рагҳои хунгарди пой, остеатрозҳо, артритҳо ва полиартритҳо, ки дар натиҷаи бемориҳои сирояткунанда, зарб хӯрдани пайванду буғумҳо, заҳролудшавӣ ва пастшавии мубодилаи моддаҳо ба вуҷуд омадаанд. Иллати мушакҳо, буғумҳо ва бофтаҳо, ҷароҳати устухон баъди хуруҷ.
Бемориҳои асаб, пас аз зарбхӯрӣ ва заҳролудшавӣ, заъфи асаб. Остеохандроз, спондилез, радикулит, брахиоплексит, полионевропатия. Бемории Бехтерев. Иллати сутунмуҳра, торҳои асаб, боқимондаи сактаи майна, осеби майна, бемориҳои сироятии мигрен.
Касалиҳои занона, аз ҷумла: безурётӣ, безурётии дараҷаи 1 – 2. Ҳама гуна бемориҳои пӯст. Бемориҳои узвҳои пешоббарор ва таносул. Бемориҳои амрози даруна ва ғайра.
- Гуфтед, ки ба осоишгоҳ таҷҳизоти навтарин ворид шудааст. Мутахассисоне ҳастанд, ки бо ин таҷҳизот фаъолият карда тавонанд?
- Айни замон мо аз нарасидани мутахассисон он қадар зиёд танқисӣ надорем. Бо вуҷуди ин нақша дорем, ки ҳама кормандонро, аз ҷумла кормандони миёнаро низ барои бозомӯзӣ ба хориҷа фиристонем, то муносибату муоширатро дар сатҳи баланд азбар намуда, савияи дониши касбиашон қавӣ гардад. Ҳоло як корманди мо дар хориҷи кишвар, ин марҳиларо паси сар менамояд.
- Шумо ҳоло имкон доред муштариёнеро, ки аз хориҷи кишвар ба «Нигора» меоянд, дар сатҳи баланд қабулу пазироӣ намоед?
- Бале. Имрӯз мо бо назардошти ҳамин гуна муштариён ҳама гуна корҳои қабулро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаем. Ҷои хоб, шароити буду бош ва дигар имкониятҳое, ки дорем, ба талабот ҷавоб мегӯянд. Ман аминам, ҳар касе, ки ба ин ҷо биояд, хушнуд бармегардад. Зеро, обу лойи табобатӣ, боду ҳаво ва шароите, ки мо дорем, беназиранд.
Дигар ин ки муштариёни мо метавонанд дар мавридҳои ба худ мувофиқ ба зиёрати бузургони ин мавзеъ: Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Султон Увайси Қаранӣ ва Эмоми Аскарӣ бираванд. Ҳамзамон, аз манзараҳои зебо ва боду ҳавои мусаффои Сарихосору Хоҷамуъмин ва Чилдухтарон баҳра бардоранд. Бовар дорам, пушаймон намешаванд ва хотираҳои рангине бо худ мебаранд.
Суҳбатнигор А. ҲАБИБУЛЛОПУР,
ноҳияи Темурмалик