03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САЙЁРА САИДОВА: «БОНУВОНИ СИЁСАТМАДОР ИДЕАЛИ МАНАНД»

 

Сайёра аз хурдсолӣ бо чусту чолокӣ ва хушзеҳниаш аз ҳамсолонаш фарқ мекард. Мустақилиятро дӯст медошт. Ташаббускор буду озодандеш. Ҳамин буд, ки соли 2005 бо хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи №33 шаҳри Душанбе бе тавсияю маслиҳати касе касби ҳуқуқшиносро пазируфт. Чаро ки ба илми ҳуқуқ шавқу завқ ва рағбаташ зиёда буд ва аллакай соле пештар омодагӣ барои шомил шудан ба факултаи марбутаро медид. Донишандӯзӣ ва талошҳояш ӯро ба кӯи мақсуди донишҷӯӣ овард.

Соли 2010 бо итмом расидани таҳсил дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияташро аз сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассис оғоз кард ва феълан сармутахассиси раёсати мазкур мебошад.Таҳияи лоиҳаҳои асноди меъёрӣ - ҳуқуқии воридшаванда, додани хулосаи ҳуқуқӣ ба онҳо, таҳлили санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда ва бартараф намудани мухолифати байни санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ самти асосии кораш ба шумор меравад. Ба иқрори Сайёра Саидова рисолати ҳуқуқшинос ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои мардум мебошад ва аз ин лиҳоз, мебоист, то дар таҳияи лоиҳаҳои зидахл таҳлилу хулосаҳои амиқ бароварда шаванд.

Зиндагии мо одист…

Тақдир риштаи умри Сайёраро бо хонаводае пайваст, ки ҳамагӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд. Дӯстии қиблагоҳаш бо падаршӯяш боис шуду ӯ арӯси хонадони ҳуқуқдонҳо гардид. Барпо сохтани оила бо розигии волидон табъи дилаш уфтод, чаро ки шавҳараш Насимҷон дӯсташ дорад ва ширинком аз меваҳои муҳаббати самимиашон Қосимҷон, Зебо ва Ҳотамҷон бувад.

- Илми ҳуқуқ чун дарёст, ки хонадони моро убур мекунад. Ҳар рӯз аз ҳамдигар чизи наверо дар иртибот ба соҳаи худ ёд мегирем. Баъзан дӯстонам аз ман пурсон мешаванд, ки аҳли хонаводаамон ҳама қонундонанд ва зиндагии мо шояд аз дигарон тафовут дошта бошад? Иқрор меоям, ки на, рӯзгори мо аз дигарон ҳеҷ бартарӣ надорад. Фақат ҳамдигарфаҳмӣ ва тифоқӣ дар фазои хонаводаи мо ҳукмфармосту бас, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Роҳбарӣ ва сиёсатмадориро мепазирам…

Сайёра Саидова пайравӣ ба бонувони сиёсатмадорро дар вуҷуди хеш талқин менамояд ва онҳоро идеали зиндагиаш мешуморад. Ӯ аз саҳми бонувони сиёсатмадори кишвар ба мисоли Низорамоҳ Зарифова ва Озода Раҳмон дар пешрафту нумӯи ҷомеа ёдовар шуда, иқрор меояд, ки бонувони сиёсатмадор барои ҳар яки мо оинаи ибратанд. Чаро ки онҳо низ ҳамсаранду модаранд, зиндагии шахсии худро доранд, вале новобаста аз он ки рисолати занро ба сомон мерасонанд, дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷиҳати ободию шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузоранд.

- Ҳангоме ки симои зан – роҳбар пеши назар меояд, хоҳ-нохоҳ орзуи пайравӣ намудан ба чунин бонувони муваффақ дар дили кас ҷӯш мезанад. Таҷрибаи бонувони накуному боҷасоратро бояд омӯхт ва аз хислатҳои хоси зани роҳбар бархӯрдор шуд. Донишандӯзӣ, кӯшишу ғайрат, садоқат ба Ватан ва касб инсонро ба мартабаҳои бузург мерасонад, - иқрор меояд Сайёра Саидова.

Қонунҳоро тарғиб бояд…

Вақте ба Вазорати адлия ба кор омад, ӯ дар симои Раъно Каримзода як бонуи муваффақеро дид. Воқеан ҳам, бонуе, ки умри хешро вақфи корҳои роҳбарӣ намудааст, мададгору роҳнамо дар пешбурди фаъолияти Сайёра гардид. Ӯ маслиҳаташ дод, то аз зиндагиномаи бонувони ҷасури сиёсатшиносу давлатмадори тоҷик омӯзад ва таҷрибаи онҳоро барои муваффақ шудан ба кор барад. Бо пешниҳоди Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи ҷумҳурӣ, соли 2017 дар вазорат Шӯрои занон таъсис ёфт ва роҳбарии ин созмонро ба дӯши Раъно Каримзода гузоштанд. Шӯрои мазкур аз 11 нафар аъзо иборат аст. Сарвари Шӯро, ки Сайёраро ба ҷиҳати кордонию зиракӣ ва ташаббус­кориаш медонист, чун бонуи фаъол ба узвияти он пазируфт.

- Мақсад аз таъсис додани Шӯрои бонувони вазорат тарғибу ташвиқи қонунҳо, бахусус Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳимоя аз ҳуқуқҳои кӯдакон мебошад. Феълан дар байни кормандони вазорат роҷеъ ба ин мавзӯъҳо корҳои фаҳмондадиҳию таб­лиғу тарвиҷӣ мебарем ва тасмим дорем, то гурӯҳҳои кории мо дар байни аҳолии тамоми кишвар оид ба ҳуқуқҳои занон, пешгирии хушунати хонаводагӣ, баробарҳуқуқии зану мард, риояи ҳуқуқҳои гендерӣ дар ҷомеа ҳадафҳои худро амалӣ намояд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Аноҳито

 

:.  Чеҳра 14.05.2018 10:00 1560

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz