Аз деҳа ба шаҳр
Фасли тобистон буду гармои тоқатфарсо. Зи дуриҳо садои даҳшатбори тир, ки ҳар замон метавонист қалби нафареро бишкофаду оғуштаи хун кунад, ба гӯш мерасид. Истгоҳи охирини автобусҳо наздики деҳе буд, ки мардумонаш аз ваҳшати ҷанг сайди домафтодаро мемонданд. То ин замон чандин хостгорон хонаи амаки Муродалиро ноумед тарк гуфтанд, зеро ӯ ба духтари дӯстдораш Зебуниссо қавл дода буд, ки барои тамдиди таҳсилаш дар мактаби олӣ монеъ нахоҳад шуд. Ба иғвои ҳамсоягону пайвандон гӯш ҳам надоду бовар дошт, ки Зебуниссо ҳеҷ гоҳ сари ӯро хам намекунад, агарчи дарунсӯй бим мекашид. Он рӯз, ки духтар барои таҳсил ба пойтахт меомад, падар бо ҳаяҷон дуои нек доду ба кор рафт. Модари ғамзадаю ҳаросхӯрда бо чашмони нам кулчаҳои гарм пухту тӯшаи роҳ орост. Бо тӯшаҳову борҷомаи либос модару духтар назди автобус меистоданд. Ҳине, ки духтар пой ба зинаи автобус ниҳод, модар баногаҳ тӯшаву борҷомаро маҳкам дошту гуфт: «Ҳеҷ куҷо намеравӣ!». Духтар лаҳзае лолу ҳайрон ба модар назар дӯхт ва баногаҳ ҷасорат вуҷудашро фаро гирифту дохили нақлиёт шуд. Бо худ танҳо ҷувздончаи ҳуҷҷатҳо дошту дигар ҳеҷ. Дар нишастгоҳи ақиб қарор гирифт. Модар осемасар бо тӯшаҳо вориди он шуду паҳлуи Зебуниссо нишаст. Бе ҳарфу садо об аз дидагони ҳар ду ҷорӣ гардид.
Дар пойтахт ҳини видоъ модару духтар аз ду канори роҳ дурудароз ба ҳам нигаристанду ашк рехтанд. Духтар ба хобгоҳ, модар ба деҳа баргашт.
Айёми донишҷӯӣ
Ин духтари резапайкар, ки аз овони мактабхонӣ орзуи рӯзноманигорӣ мекард, пайваста дар рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мақолаҳо менавишт. Бо душвориҳои зиёд тамоми мақолаҳояшро аз вилоят ва пойтахт ҷамъ оварда, ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд ва аз имтиҳон гузашт. Рӯзи нахустини таҳсил бо ҳаяҷон ба дарс ҳозир шуд ва маълум гардид, ки на дар факултаи журналистика, балки дар факултаи филологияи тоҷик номнавис шудааст. Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Дигар чизеро намедид, танҳо симои волидон пеши назараш омад. Бо қарори қатъӣ дари ректори донишгоҳро кӯфт. Маълум кард, ки бо сабаби гум шудани мақолаҳояш ӯро ба дигар факулта гузарондаанд. Ба назди декани факултаи филология Худоӣ Шариф ворид шуд ва гиристу гуфт: - Ман журналист шудан мехоҳам. Ӯ ҷавоб дод: - Духтарам, филологи хуб метавонад журналисти хуб шавад, вале на ҳама журналист метавонад филологи хуб бошад. Ин суханони муассир дар хотираш абадӣ нақш баст ва пайи таҳсил гардиду бо ҷасорату мардонагӣ душвориву машаққатҳои замони донишҷӯиро паси сар кард. Бар асари ҷанг гуруснагиҳо кашиду мисли дигарон либос дигар нанамуд. Ба хотири нашикастани ормонҳои падару модар боварии онҳоро бо дандонҳо мустаҳкам дошту ба сахтиҳо тоб овард. Билохира соҳиби диплом гардиду фаъолиятро дар телевизион оғоз намуд.
Самари талошҳо
Фаъолияти эҷодиро Зебуниссо аз телевизиони «Пойтахт» шурӯъ кард. Аз мактаби иттилоотӣ ӯ таҳлил, оҷилият, пажӯҳишу ибрози андешаҳои мустақилро омӯхт. Раҳмони Остонро устоди худ медонад, ки дар рост шудани қалами ӯ саҳми босазо дорад. Минбаъд дар «Сафина» ба кор гузашта, то кунун ин ҷо фаъолият менамояд. Шуҷоати журналистии ӯро тавассути барномаҳои «Толори оинаҳо» ва «Асолат» метавон мушоҳида кард. Маҳз талошу ҷустуҷӯҳои пайваста ӯро соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин барномаи муаллифӣ» намуд, ки ин озмун баҳри тамоми шабакаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби «Сафина» пешниҳод гардида буд. Дар маросими ҷоизасупорӣ ӯро ҳаяҷони сахте фаро гирифт.
– Ҷоиза, агарчанде соҳавӣ ҳам бошад, барои ман аҳамияти хеле бузург дорад, - мегӯяд Зебуниссо. - Ин ҷоиза аслан ҷоизаи ман нест, ин ҷоизаи падари ман аст, ки соли 1992, айёми даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо эътимод ва як каф дуо маро ба пойтахт гуселонд. Ин ҷоизаи модари ман аст, ки тӯшаи роҳ бубасту аз Худованд рӯсурхии маро хост. Ин ҷоизаи аҳли оилаи ман аст, ки новобаста ба оне, ки бештар дар корҳои ҷамъиятӣ банд ҳастам, маро дастгиру мададгоранд. Худро бениҳоят зан ва модари хушбахт меҳисобам.
Рисолати зани коргар
- Зан дар оила ҳамсар асту модар ва дар ҷомеа роҳбар асту коргар, мегӯяд Зебуниссо. – Зан, пеш аз ҳама, мақоми модарӣ ва офаринишро касб кардааст ва ин кифоя аст, то занро эҳтиром кунанду дӯсташ доранд, муҳаббат бубахшанду нисбаташ таваҷҷуҳ дошта бошанд. Баҳри болоравии мақоми зан дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат тадбирҳои зиёде андешида шудаанд ва ин эҳтирому эътимод ба қудрат, дониш ва фаросати зан аст, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Хонавода
Зебуниссо соҳиби се писар аст – Сино, Исфандиёр ва Шаҳриёр, ки дар литсейи кӯдакони болаёқати № 2 шаҳри Душанбе таҳсил доранд. Бо шавҳараш Фирӯз, ки корманди мақомоти қудратӣ мебошад, 15 сол инҷониб ҳаёти ҳамвор мебарад. – Хушбахтона, ман дар хонаводаи одамони хеле фозилу доно ва соҳибмартаба арӯс шудаам, ки ҳамаи онҳо дар сохторҳои гуногуни кишвар фаъолият доранд, – иқрор меояд ҳамсуҳбатам. - Мекӯшам, ки ниёзҳои равонии фарзандонро бароварда тавонам.
Новобаста ба оне, ки Зебуниссо хеле серташвиш аст, дар маҳфилҳои мактабии писаронаш пайваста ширкат меварзаду маслиҳатҳо медиҳад. Агар сабти барнома дар рӯзҳои истироҳатӣ сурат гирад, фарзандонро ҳамроҳаш мебарад, то аз ҳунарҳои мардумӣ бо завқ дидан кунанду огаҳӣ пайдо созанд.
- Пешрафти техника ва технология тақозои замон аст, вале ҳамаи ин бе замина ва пойдевори арзишҳои миллӣ дар ниҳоди ҷавонони мо нақшгузор намеоянд. Устувории давлату миллат ва арзишҳои миллӣ аз решаи ҳамин масъала об мехӯранд. Инро бояд дар замири ҷавононамон кишт кунем, ки реша давонаду сабз шавад, - мегӯяд Зебуниссо.
Сирри зебоӣ
Зебуниссо нисбат ба солаш хеле ҷавон менамояду мавзун ва аз хизматрасонии толорҳои ороишиву фитнес-клубҳо истифода намебарад.
– Ҳусни табиатзодаи инсон аз ботини пок ва андешаҳои тозаи ӯ маншаъ мегирад. Кинаву ҳасад ва бухлу бадбинӣ аз заифии кас аст. Шахсе, ки ба худ муътақид аст, ҳеҷ гоҳ бар пирӯзии дигарон набояд ҳасад барад, чунки ҳасад андарун сӯхта, симои зеборо манфур ва нурро аз рӯй мезудояд, - андеша дорад ӯ.
Ормонҳо
Мегӯяд, ки ҳарчанд орзуву ормонҳо доман надоранд, худро ба муроди дил расида медонад.
- Падару модари хирадманд, ҳамсари хуб, фарзандони наку ва касбу кори дилхоҳро дорам. Ягона орзуям сиҳатии онҳо ва оромиву осудагии кишвари азизам аст, - мегӯяд Зебуниссо.
Ситора Ашӯрова