Ошёни падар
Дар охирин моҳи фасли тобистони соли 1967 дар як гӯшаи зебоманзари диёр, ки машҳур бо номи «Боми ҷаҳон» аст, духтараке ба дунё омад, ки волидон ба ӯ исми Ҷамиларо раво донистанд.Ҷамила духтараке буд, кунҷкову тезфаҳм ва мехост ҳама чизро донад. Бо ин хислати хеш мудом падару модарро саволборон менамуд.Волидон, ки шахсони зиёӣ буданд, ба ҳама суолҳои фарзанд посух медоданд.Ҷамила барои ҳафт бародару ҳоҳар ба тимсоли ибрат табдил ёфта буд, зеро ифтихорномаҳои мактабии ӯ дар ҳалқаи хонавода афзалияташ медод. Баъди хатми мактаб бо тавсияи қиблагоҳаш Ҷамила Байдуллоева ба факултети механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад.
Гардиши тақдир
Соли 1989 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, дар шабакаи обуҳавосанҷии шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияташро шурӯъ менамояд.Пас аз соле дар МТМУ №8 ҳамчун муаллимаи фанни информатика ба кор пардохт. Соли 1993 Ҷамила Байдуллоева ба шаҳри Душанбе баргашта, дар Агентии обуҳавосанҷии кишвар ба кор шурӯъ мекунад.Соли 2004 барои сайқали дониш дар бахши ғоибонаи риштаи обуҳавошиносии факултаи физикаи ДМТ таҳсил менамояд. Айни замон дар ин даргоҳ низ ба донишҷӯён аз курси махсус дарс мегӯяд.
Ӯ аввалин бонуи тоҷик буд, ки ба Агентии обуҳавосанҷӣ ба кор омад. Ва ҳамроҳи шавҳараш, ки мутахассиси ҳамин соҳа аст, 24 соли умри бобаракати хешро дар ин муассиса гузаронд. Ҷамила Байдуллоева феълан сарварии маркази обуҳавосанҷии кишварро ба уҳда дорад.
– Ҳар дақиқа мардум мехоҳанд аз тағйироти обу ҳаво огоҳ бошанд. Ман аз интихоби ин пеша розиям, зеро бо пешгӯии вазъи ҳаво метавонам дарди даҳҳо маризонро аз хурӯҷ намуданаш сабук созам ва ба кишоварзон наҷоти мазрааҳояшонро фароҳам оварам, -бо ифтихор аз пеша мегӯяд ӯ.
Дар ин росто моҳи октябри соли гузашта барои муайян намудани вазъи обу ҳаво дар зимистони имсола Ҷамила Байдуллоева ба шаҳри Москва сафари корӣ дошт, ки натиҷаи он чунин буд? «Имсол дар Тоҷикистон зимистон на он қадар сард меояд. Моҳи феврал боришоти барф дар назар дошта шудааст. Дар фасли баҳор боришот камтар буда, мисли фасли баҳори соли 2001 пешгӯӣ мешавад.
Аз камбудиҳои соҳа мегӯяд
Коҳиш хӯрдани майлу рағбати ҷавононро ба ин соҳа, аз камии маош медонад. Ӯ мегӯяд, ки барои соҳаи мо ҷавонони забондон лозиманд, зеро ҳамаи адабиётҳо бо забонҳои хориҷианд. Ва нафароне, ки забонҳо ва фанҳои дақиқро медонанд, ҳеҷ гоҳ ба нақди ночиз розӣ намешаванд. Вале дар ин баробар дар маркази обуҳавосанҷӣ ҷавононе ҳастанд, ки касби интихобнамудаашонро дӯст медоранд. Воҳидҷон Обидов ва Парвина Соҳибҷамолова мутахассисони ҷавону соҳибҳунари соҳаанд. Ва аз ин пешаи хеш изҳори қаноатмандӣ менамоянду бо барномаҳои нав кор мебаранд. Агентии обуҳавосанҷии кишвар бо дастгоҳу абзори ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардидааст ва аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон фарқияте надорад. Вале, агар бо давлатҳои Ҳиндустон, Хитой, Россия, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра муқоиса намоем, тафовут ба назар мерасад, аз ҷумла ба ҷиҳати биноҳои замонавӣ, техникаҳои гуногун, компютерҳое, ки зарфияти зиёд доранду миллион доллар арзиш. Инчунин ба моҳвораҳои гуногунсохт насб гардидаанд.
Садоқат ба касб
Ҳамкорон Ҷамиларо ҳамчун беҳтарин бонуи муваффақ мепиндоранду мегӯянд: «Муаллима дар рухсатии меҳнатӣ аз 3–4 рӯз зиёд намеистад, зеро ба касбашон содиқанд.Ҷамила Байдуллоева ояндаи касбашро дар симои ҳамкорони ҷавонаш мебинад ва ба ҷавонон бовар дорад. Ҳамчун як омӯзгор ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки забон омӯзанду китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, зеро ҳама гуна дарвозаҳои омӯзиши илм, дар Ватан барояшон боз аст».
Феълан, дар Агентии обуҳавосанҷии кишвар тамоми таҷҳизоти замонавӣ насб шудаанду барои пешбурди кор ҳеҷ мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад. Вале нигаронии қаҳрамони мо аз он аст, ки ҷавонони забондон бояд ба марказ роҳ ёбанду барои ояндаи ин соҳа таҷриба андӯзанд.
Ҷамила Байдуллоева мактаберо мемонад, ки насли ҷавон бояд онро омӯзанд. Дар баробари мутахассиси хуб будан, ӯ беҳтарин дӯст ва роҳнамо барои аҳли кормандон аст.
Фарзона ВОСЕЕВА