«Духтари Шоҳ Эдип»
Сулҳия Мирзошоева фарзанди ашхоси саршиноси олами фарҳангу санъат, Артисти халқии СССР, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, дорандаи ордени «Ситораи Президент» Ҳошим Гадо ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева мебошад. Вақте дар хусуси волидон ва театр ҳарф мезанад, чашмонаш шарар меборанд, бо ҳаяҷон, эҳсосот, хандаву ҳатто ҷое гиря, оҳиставу ногаҳонӣ фикрона ба дунёи кӯдакиаш ворид мешавад.
«Айёми кӯдакиву наврасиам дар театр гузаштааст. Бинандаи аввалини нақшҳову саҳнаҳои театрӣ будам. Паси саҳна ҳар рӯз барои худ дунёи дигареро кашф мекардам. Мехостам ҳунарпеша шавам. Дар қироати шеъру иҷрои нақшҳо дар мактаб пешдасттар аз ман касе набуд. Умуман, худро танҳо ва танҳо дар соҳаи эҷод меангоштам.
Соли 1974 дар нахустнамоиши «Шоҳ Эдип» нақши духтари шоҳро бозидам, саҳеҳтараш духтари «падарам»-ро. Падар дар назарам ҳамеша чун қаҳрамони антиқӣ - Спартак ҷилва мекард. Бо қомати базеб, симои баҳодурона, либосҳои шинаму ороста мисли як кӯҳи азиме бароям буд. Ёд дорам, чӣ гуна бо тантана рӯзҳои ид маро ба кӯча мебаровард. Дар қатори ӯйи кӯҳпайкар мани хурдакак бо ифтихор қадам мезадам. Орзу мекардам, ки шавҳарам низ дар сурат мисли ӯ бошад. Меандешидам, ки модарам чӣ гуна зани хушбахтест, ки шарафи шарикии умрро бо мардтарин марде мисли Ҳошим Гадо дорад. Хислаташ каме вазнин, аммо худаш бисёр раҳмдил аст. Дар кӯдакӣ дидораш бароямон камтар муҳайё мешуд. Ӯ худро пурра ба санъат бахшид…
Соле, ки рафт, 80 – солагии падарамро бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд. Ташаккур барои эътироф ва эҳтироми хоссаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки заҳматҳои Ҳошим Гадоро бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон қадрдонӣ карданд. Модарам низ истеъдоди худододӣ дорад. Дар соҳаи театр на камтар аз падарам заҳмат кашидааст. Зани бисёр оқила, донишманд ва инсоне, ки исмашро мешавад бо ҳарфҳои тилло навишт. Чун як мухлис ба ҳунару истеъдоди падару модар самимона эҳтиром қоилам. Ифтихормандам, ки фарзанди чунин инсонҳои бузургам», - бо табассум мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Гардиш
Баъди хатми мактаб Сулҳия мехост дар Институти фарҳанги театрии Россия (ГИТИС) таҳсил кунад. Ҳошим Гадо ба ин фикр буд, ки агар духтараш ҳунарпеша шуданист, пас бояд ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номаи Мирзо Турсунзода супорад. Модар, ки аз вазнинии ҳаёти нафарони эҷодкор хуб воқиф буд, зидди таҳсили духтараш дар ин ришта мебарояд.
Бо тавсияи падар ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил мешавад, аммо дилаш кашоли саҳнаву ҳунар. Дар курси се вазири фарҳанги вақт Султон Мирзошоев ӯро барои писари ягонааш хостгорӣ мекунад. Ҳанӯз дар кунҷи қалбаш оташаке медурахшид, ки имкони идомаи таҳсилро дар Маскав дорад. Пешниҳоде барои нақшофарӣ дар филме низ барояш буд. Пеши волидон шарт гузошт, ки аввал нақш дар синамо, баъд арӯсӣ. Ӯро бовар кунонданд, ки ҷавон аз оилаи фарҳангисту монеи рушди ҳунарат намешавад, аммо зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад…
Гумрук
Шавҳараш муаллими таърих буд. Сулҳия низ барои кор аз рӯи ихтисос ба мактаб омад. Бо гузашти замоне аввал барои идомаи фаъолият ба Суди конститутсионӣ ва баъд ба Хадамоти гумрук мегузарад.
- 20 сол боз корманди Хадамоти гумрук ҳастам. 16 сол дар Раёсати ташкили мубориза бар зиддӣ ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ хидмат ба харҷ додам. Дар таҳлил ва баррасии ҷиноятҳо бароям кунҷковӣ, дар гуфтушунид зиракии занона кор меомад. Тавассути хубӣ, бо суҳбати гарм метавонистам ҷониби дигарро водор созам то ба ҷинояташ иқрор ояд. Ҳоло ба ҳайси сардори шуъбаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумрук фаъолият дорам, ки ин соҳа ба табиати эҷодии ман бисёр мувофиқ аст, - ёдовар мешавад Сулҳия.
Оила
Бо масруфияти хидматию хонаводагӣ соҳиби ихтисоси дувум, ҳуқуқшинос ҳам гашт. Рутбаи ҳарбиаш - подполковник. Аммо ифтихораш аз дигар чиз аст: оилаи солиму фарзандони бовиҷдон. Хонавода барояш дар мақоми аввал меистад.
- Воқеан, ин як неъмати худододист, доштани шавҳари хуб, 2 писари арзанда ва 2 арӯси нозанин. Писари калониам корманди бонк аст, дуюмӣ хатмкардаи Академияи гумруки Россия ва ҳамкори банда. Солҳо орзуи духтардор шуданро мекардам, бо лутфу инояти Парвардигор шукр, ки ба ормони дерина расидему ман имрӯз бибӣ. Вақте дар маҳфилу маъракае сари хон ҷамъ мешавем, падарам бо ифтихору ризоатмандӣ орзуи дидани дурахши рутбаи полковникиро сари китфи банда мекунанд, аммо барои ин бояд ҳоло заҳмат кашам, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Муваффақият барояш осон даст надода. Кӯшиш, омӯзиш, талоши дар радифи беҳтаринҳо будан, ба иқрори худ аз рӯи ҳамин меъёр агар расида бошад, ҷое расидааст.
- Дар раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ нишаста, мекӯшам аз фаъолияти тамоми самтҳо бохабар бошам, ҳар нафас набзи гумрукро дар ҷаҳон бидонам. Мехоҳам чун як бону ба эътимоди роҳбарият сазовор, дар фаъолият барои ҷавонон боиси ибрат бошам. Бисёр чизҳоро аз ҷавонон меомӯзам, онҳо пешрафта ва ба ҳар масъала бо диду нигоҳи тоза бархӯрд мекунанд.
Дар тамоми намояндагиҳову Хадамоти марказии гумрук 180 зан фаъолият дорад. Ҳамкорони ман - бонувони қаҳрамон (ман эшонро бо меҳр чунин хитоб мекунам!) шабонарӯз дар хидмати халқанд. Баҳри бехатарии мусофирон, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар фурудгоҳҳо, роҳи оҳан, марзҳои байнидавлатӣ рӯзро шабу шабро рӯз мекунанд,- бо меҳр мегӯяд Сулҳия.
Симои занона
Бонуи закӣ ҳеҷ гоҳ симои занонаашро аз даст намедиҳад, ба андешаи қаҳрамони мо чеҳра то андозае бозгӯи ҳайсияти инсон ҳам буда метавонад. Фаъолияташ, ки бо одамон рабт дорад, муваззаф аст, то дар баробари ботин, ба симои зоҳириаш низ диққат диҳад.
- Ба атрофиён ҳамин гуна ҷилва медиҳам, ки муваффақият бароям осон даст додааст. Азму талош дар ин роҳ паси парда мемонад. Ба маркази зебоӣ баъзан аз рӯи зарурат меравам. Дар хона бо варзиш машғул мешавам, вақти пухтупаз аз пӯсти бодиринг ва меваҷот истифода кардан бароям кофист, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Дар хонавода назму тартиби нонавиштаи махсусе ҷорист. Омодагӣ барои пагоҳ дар оилаи Мирзошоевҳо аз бегоҳ шурӯъ мешавад. Вақте писарон оиладор набуданд, ҳама чизи заруриро барояшон аз шаб муҳайё месохт, зеро субҳ ӯ бояд дар ихтиёри худ бошаду зебо, осуда, бо дили пуру асаби ором ба коргоҳ ҳозир шавад.
Ба таъкиди Сулҳия зан дар оила бояд барои тамошои филми хуб, хондани китоби ҷолиб, гӯш кардани мусиқии писандида, тафреҳу истироҳат имкон дошта бошад. Ҷонибдори таҳсилдидаву коргар будани бонувон аст:
- Замонае, ки худи Сарвари давлат аз ҳуқуқҳои занон ҳимоя мекунад ва мегӯяд: «Давлате, ки ба ҳуқуқҳои зан-модар эҳтиром мегузорад, поянда аст!», занон бояд талоши бештаре барои осоишу рифоҳашон дошта бошанд. Вақте мебинам Ҷаноби Олӣ чӣ қадар фикрашро бо забони одиву фаҳмо баён месозад, бо арқоми дақиқ ҳарф мезанад, ҳамчун коршиноси тавоно тамоми соҳаҳоро фаро мегирад, аз одитарин чиз, ки мегӯяд: «Тарбия аз сари хон оғоз мешавад», мекӯшад занро аз муҳити хона берун орад ва шурӯъ аз корҳои одӣ то сиёсати бузург бирасонад, ифтихорманд мешавам. Воқеан, баъзан мо, занон, паси кору бори хона, дав-дави ошхона, назди гаҳвора аз ҳуқуқу имконоти хеш бехабар мемонем. Аммо бону метавонад оилаву фаъолиятро ҳамзамон муваффақ пеш барад. Бо тамоми эҳтиромам назди занони хонанишин, ки аз субҳ то шом заҳмат мекашанд, амале, ки тамомшавӣ надорад ва як рӯз худи фарзандон метавонанд маломатат бикунанд, ки «рӯзи дароз чӣ кор мекунӣ?», кор барои зан хуб аст. Барои фарзанд ҳам модари босаводу соҳибэҳтиром лозим, - бо ваҷоҳати хеле ҷиддӣ ва оромии ба худ хос мегӯяд Сулҳия.
Қаҳрамони мо бар ин назар аст, ки кор дар соҳаи ҳарбӣ ва мақомоти қудратӣ саҳл нест. Тарбияи ду писар барояш осон даст надод. Новобаста аз серкорӣ фарзандон таҳти назорати доимии модар қарор доштанд. Ба таъкиди қаҳрамонам барои хушахлоқу бовиҷдон бузург шудани фарзандони оилаи Мирзошоевҳо саҳми бобоашон Султон Мирзошоев басо бузург аст.
- Хусурам сутуни хонавода буданд. Таъкидашон ба набераҳо ин буд, ки: «Шумо чун ягона барандагони насаби хонавода, бояд ин ифтихорро то наслҳои дигар арзанда интиқол бидиҳед!», бо ифтихор метавонам бигӯям, ки фарзандон имрӯз ин бовариро сазоворанд, - иқрор мешавад Сулҳия.
PS: Ҳошим Гадо соҳиби боз 1 гулдухтарест бо исми Товус. Товус баръакси Сулҳия умуман бастагие бо санъат надорад. Бо тавсияи модар табиб шудааст. Мудирии шуъбаи таваллуди зоишгоҳи №1 пойтахтро бар уҳда дорад.
Гулноза БОБОМУРОДОВА