Аз ҷумла, раиси бахши Иттифоқи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён, ки дар он солҳо сармуҳаррири телевизиони вилоят буд, дар як мусоҳибааш дар рӯзномаи «Садои мардум» гуфтааст: «Он вақт кумитаи телевизион ва радиои вилояти Ленинободро зани шуҷоъ ва воқеъбин Муҳаббат Мирсаидова сарварӣ менамуд. Замони хеле ҳассос буд. Эътимоди мардум ба расонаҳои хабарӣ ҳамчун манбаи иттилооти боварибахш, рӯз аз рӯз коста мегардид».
Аз таърихи Иҷлосия бармеояд, ки маҳз ба дӯши телевизиони навтаъсиси вилояти Суғд, ки ҳамагӣ як сол пеш ба кор шурӯъ карда буд ва ҳанӯз таҷрибаю таҷҳизоти кофӣ надошт, масъулияти инъикоси воқеии ҷаласаҳо гузошта шуд.
-Он шабу рӯзҳо роҳбари мо Муҳаббат Мирсаидова ҳеҷ оромӣ надошт. Ҳар субҳи солеҳон ҳамроҳи гурӯҳи эҷодию техникӣ ба Қасри Арбоб мерафт, - ба ёд меоварад Орифҷон Набиев – сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд, ки он солҳо саркоргардони телевизиони навтаъсиси вилоят буд. –Талабот аз кормандони эҷодию техникӣ дар он замони ҳассос даҳчанд шуда буд. Худ то нисфи шаб дар кор буд ва аз ҳамаи мо низ интизомро қатъӣ талаб мекард. Ҳамзамон, мисли як модар, мисли як хоҳар бо ҳама хурду калон муносибати ғамхорона дошт. Хушбахтона, имрӯз ҳам номи накуи эшон дар қатори инъикоскунандагони Иҷлосияи таърихӣ вирди забонҳост. Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи раиси вилояти Суғд бахшида ба 15-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, нишони Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудаанд.
Муҳаббат Мирсаидова баъди хатми факултаи забон ва адабиёти рус муддате дар дабистон машғули омӯзгорӣ шуд, вале чун ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ дар корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъол дошт, дар намуди тирпарронӣ аз тапонча меъёри номзад ба устодии варзиши Иттиҳоди Шӯравиро иҷро карда, чандин бор чемпион ҳам гардида буд, ба кори комсомол (созмони ҷавонон) ҷалб шуд. Баъдан ба кори ҳизбӣ гаравид ва дар шуъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи вилоятии ҳизби коммунистӣ заҳмат кашид, аз таҷрибаи Рифъат Ҳоҷиев, Биҳоҷал Раҳимова, Карим Абдулов ва дигар роҳбарони замон баҳравар гардид.
Баъди чанд сол Муҳаббат Мирсаидоваро сарвари китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таъйин карданд. Бинои китобхона фарсудаву тангу тор буд ва талаботи рӯзафзуни хонандагонро қонеъ карда наметавонист.
-Солҳои 70-уми асри гузашта ҳангоми вохӯрӣ бо номзад ба вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, котиби якуми кумитаи ҳизбии вилоят Рифъат Ҳоҷиев ғайричашмдошти ҳама Муҳаббат Мирсаидова сухан пурсид ва аз номзад чунин дархост кард: «Дар шаҳри Хуҷанд бинои нави китобхонаи дорои шароити муосир сохта шавад». Ин дархости ӯ то Москва ирсол шуд ва бинои нави китобхонаи вилоятӣ ба нақшаи давлатӣ ворид гардид, - гуфт директори вақти китобхонаи вилоятӣ, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Нодирҷон Солиҷонов. –Ҳамин тавр, мо ба китобхонаи чорошёнаи нав кӯчидем, ки дорои тамоми шароити нигоҳдории хазинаи китобу матбуот ва хизматрасонӣ ба китобхонҳост ва ҳанӯз яке аз зеботарин биноҳои шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.
Дар даҳ соли роҳбарияш ба китобхона Муҳаббат Мирсаидоваи заковатманд ва ҷасур даҳҳо шогирдони хуб тайёр кард, ки ҳанӯз сифатҳои олии сарварияшро ситоиш мекунанд. Аз ҷумла, Хайринисо Раҳимова мегӯяд:
-Ман соли 1976 баъди хатми донишкада ба китобхона омадам ва сарвари меҳрубон Муҳаббат Мирсаидова маро ба кор қабул карданду сарвари китобхонаи вилоятии бачагона таъйин намуданд. Аз он кас беҳтарин хислатҳо, аз қабили нотарсона ба уҳда гирифтани масъулият, ғамхорӣ ба тобеон, мардонагӣ дар пасту баландиҳои кор ва рӯзгорро омӯхтам ва шукри Худо, дар ин вазифа 40 сол кор кардам, вале ҳанӯз дар назди он кас худро як шогирди навкор меҳисобам.
Хуллас, вақте ки масъалаи ташкили телевизиони вилоятӣ ва таъйини роҳбари он ба миён омад, котиби идеологии кумитаи ҳизбии вилоят Биҳоҷал Раҳимова бе ҳеҷ дудилагӣ номзадии Муҳаббат Мирсаидоваро пешниҳод кард. Собиқадори кор, ходими давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова он рӯзҳои соли 1991-ро чунин ба ёд овард:
-Корро мебоист аз сифр оғоз кунад: аз ёфтани бинои студия то ташкили ҳайатҳои эҷодию техникӣ. Ман бовар доштам, ки ӯ аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи масъул мебарояд. Муҳаббат тавонист дар муддати кӯтоҳ як дастаи хуби эҷодӣ ва техникиро ташкил кунад ва моҳи декабри соли 1991 нахустин намоиши телевизиони вилоят дар оинаҳои нилгун пайдо шуд. Инъикоси Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ маҳз ба воситаи телевизиони Суғд сурат гирифт ва Муҳаббат Мирсаидоваю дастаи ӯ аз ин имтиҳони хеле ҷиддӣ сарбаландона гузаштанд.
Муҳаббат Мирсаидова то соли 1996 раиси идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд буд ва тавонист дар кори ин ниҳод дар даврони соҳибистиқлолии Ватан тағйироту навовариҳои ҷолиб ворид созад.
Ӯ баъдан сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд таъйин гардид ва дар ин вазифа ҳам матонату заковат, ташаббускорию фидокорӣ намуд. Алҳол дар ҳалқаи фарзандону наберагони меҳрубон давлати пирӣ меронад, вале ҳанӯз бо аҳли телевизиону китобхона робитаи қавӣ дорад ва сари чанд вақт меҳмони шогирдони бисёри худ шуда, маслиҳатҳои муфидашро барои беҳбудии кори онҳо дареғ намедорад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд