Дар суҳбат бо Зевар Қандилова андешаҳояшро, ки шояд солҳо дар умқи дилаш маҳфуз буданд, тавонистам берун кашам. Вале мехостам, дар бораи фаъолияти ӯ чун як шахсият чизе аз забони худаш шунавам ва пешкаши хонандагони маҷалла гардонам, мутаассифона, ин маро даст надод. Зевар Қандиловаро чун ровии ширинкалом, ки тайи солҳо бо забони шевои форсӣ-дарӣ барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистонро барандагӣ мекард, шояд огаҳӣ доштан аз зиндагиномаи ин бону барои шунавандагонаш дунёи дигареро таҷассум намояд? Зеро омма мехоҳанд, бо ҳаёти одамони наҷиб ошно бошанд ва беҳуда нест, ки гоҳе ҳам онҳо идеали зиндагии бархеашон мешаванд.
Зевар Қандилова 28 сол ба ҳайси ровӣ дар бахши форсӣ-дарии Радиои Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо ҳамин як ҷумла ӯ аз бозгӯи фаъолияташ иктифо намуд.
- Маро шояд садоям шинохта кард ва ин ҳам бевосита бо дастгирии устодам Бурҳон Раҳмонов буд. Аслан, умрам сарфи рӯзгор ва ба воя расондани фарзандон шудааст. Ман таҷрибаи корӣ надорам, вале бе муҳобот мегӯям, ки дар зиндагӣ собиқаам беандоза аст, - нимшӯхӣ мегӯяд ӯ.
Тахаллуси декабристро гирифтам…
Зиндагии ӯ бо ҷавони дӯстдоштааш Афзал Миршакаров замони донишҷӯияшон оғоз ёфт. Соҳиби се фарзанд аз ин издивоҷ шуданд: Бузургмеҳр, Қадамшо ва Зарнигор. Аз рӯзҳои аввали оиладорӣ шавҳар барояш ҳокими хонавода буд, ӯ бошад, бонуи фармонравои кадвода. Панҷоҳ сари сол аст, ки ба ҷуз аз он ки ҳамсинфу ҳамкурс буданд, ҳамдаму ҳамнафас ва ҳамхона ҳастанд.
- Пас аз хатми донишгоҳ шавҳарамро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Ду сол «ҳамхизмат»-и шавҳарам дар кишвари Туркманистон будам. Дар сафарҳои хизматии будубошаш дар кишварҳои Эрон, Либия, Сурия, Миср ва дигар давлатҳои Араб танҳояш нагузоштам. Ҳама мушкилии ғарибӣ ва дурӣ аз волидону дӯстонро бо сабру таҳаммул паси сар менамудам. Ин аз таҷрибаю тарбияти волидонам аст. Дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ ҳамеша ҳамдаму ҳамқадами шавҳар буданро тавсияам медоданд. Панди онҳоро ҳалқа бар гӯш кардаам. Аксар дӯстонам бо эътино ба ин воқеияти зиндагӣ маро бо тамасхур «декабрист» ном мебурданд, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Хушбахтӣ он ҷост, ки мо нестем
Ӯ мегӯяд, ки зиндагӣ бидуни мушкил нахоҳад буд ва бо оҷиз мондан дар бартараф намудани он набояд худро бадбахт ҳисобид. Андешамандона ба гӯшае назар меандозад. Шояд ёд аз замони мусофираташ мекард, ки сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои хориҷ мерафтанд, вале бо ҳама шароити фароҳам пушти сар кардани ғарибӣ барояш басо душвор менамуд.
- Бо амри тақдир ба аксар кишварҳои дунё сафар кардаам. Бахусус, ба давлатҳои иқтисодашон пешрафта, аз қабили Либия, ки мардумашон он замон зиндагии шоҳона доштанд. Вале ношукрӣ ба неъматҳои худодода ба сари онҳо чӣ мусибате овард. Имрӯз мардумаш дар ҳасрати тикаи нон ва сулҳу субот мебошанд, вале ганҷи рафта бозпас намеояд. Ҳоло ҳамин неъмати бебаҳоро Худованд ба миллати тоҷик додааст, ки шукрона аз он бояд кард, - самимона мегӯяд ҳамсуҳбатам...
Соли 1984 буд. Зевар Қандилова ба шаҳри Хоруғ ба аёдати бибияш рафт. Шаб он ҷо меҳмон шуд ва субҳ бо ғалоғулаи занони кӯча аз хоб бедор гашт. Аз тиреза ба берун назар афканд. Гурӯҳи занон назди дукони ширфурӯшӣ ғавғо бардошта, ҳар кас мехост, ҳар чӣ тезтар бидуни навбат аз ризқи саҳар бенасиб намонад. Зеро бо иллати камчинии маҳсулоти ширӣ на ҳар вақт ба мардум муяссар мешуд, ки ҳар саҳар косаи кӯдакашон ба қавле «тар» шавад.
- Ба хотири ёди гузаштагон се-чор сол пештар ният кардам, то маъракаи ёдбуди модарамро дар Ишкошим баргузор намоям. Серию пурӣ ва фаровонии маҳсулотро дар мағозаҳо дидам, боварам наомад, ки замоне дар даврони шӯравӣ барои косаи шир чӣ талошу кашмокаше пушти тирезаи модаркалонам буд ва имрӯз ҳатто мардум навбатпоиро фаромӯш кардаанд. Дукону фурӯшгоҳҳо пур аз анвои хӯрданию коло, дастархони мардумаш фаровон аз неъмат. Албатта, ин ҳама аз шарофати оромии мамлакат аст. Мардуми яҳуд масали хубе доранд, ки чунин аст: «Хушбахтӣ он ҷост, ки мо нестем», яъне девори зиндагиро куллан бо хишту гили хушбахтӣ бунёд кардан имконнопазир мебошад, - иқрор меояд бону Зевар.
Тақлид «зинда» намебарояд…
Аз телевизион барномаи фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тамошо мекард. Хотираш аз саҳна баромадани ду гурӯҳи рақсӣ, ки яке арғуштравони ӯзбек буданду дигаре тоҷик, якбора тира гардид. Ҳар ду гурӯҳ ҳам бо либоси атлас ҳунарнамоӣ менамуд ва анқариб тафовут байни ин ду миллат дида намешуд. Симои занони деҳотии машғули савдобударо он лаҳзаҳо пеши рӯ овард, ки чанде пеш дар наздикиҳои осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» дида буд. Сирф тоҷикона либос ба бар доштанд, ки аз ин ӯро хотир болида гашт.
- Чор минтақаи Тоҷикистон ба ғайр аз он ки матои атласро чун моли миллати тоҷик медонанд ва ҳар бонуи тоҷик онро ба бар мекунад, боз либосҳои миллии худро доранд. Агар ҳунармандони тоҷик дар чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҳамон либоси помирию чакани кӯлобӣ ё колое, ки хоси мардуми Ҳисору Суғд аст, баромад менамуданд, ҷилои дигар мешуд. Чаро ки симои бонуи тоҷик танҳо дар матои атлас инъикос наёфтааст. Ё магар тоқиҳои зебои ҳисорӣ зеби мардону бонувони тоҷик буда наметавонанд, ки ҷойи онро дар муди муосир тоқиҳои чоргули чустӣ гирифтаанд, - таассуфомез мегӯяд Зевар Қандилова.
Танзимро соли 2000 кардаам…
Падар, ки писар надошт, ба хотири шод намудани рӯҳи ӯ ҳар сол маъракаи ёдбудашро бо дабдаба мегузаронд. Аз ин дӯстон тавсифаш менамуданд, ки ӯ ба гуфтае ҷавоби даҳ писарро дар нигоҳдошти поси хотираи устод Қандил Ҷӯраев дод. Соли 2000 охирин маъракаи хотирмони падарро гузаронд.
- Писарам, Бузургмеҳр, ки аз илму китобҳои осмонӣ бархӯрдор буд, он рӯз пас аз гузарондани маърака наздам омаду кинояомез гуфт: «- Оча, барои ин зиёфати оростаатон чанд кас шуморо раҳмат гуфт? Хуб тавсифатон ҳам карданд, а? Ин ҳама дабдаба ба хотири таърифи дӯстонатонро шунидан буд, на б? а хотири поси хотири бобоям!». Аз ин суханони писар як қад паридам, дар баданам мурғак давид ва лаҳзае чизе гуфта натавонистам. Баъдан, бо чи азобе худро аз ҳолати шок баровардам, ки ҳарфҳои пурсазое нагуфтамаш. Ӯ дар ҷавоб ба бевазане, ки дар маҳаллаи боло бо чор ятимаш ба сар мебурд, ишора намуда, гуфт: «Барои садақа ба фарзандони он зан як пора гӯшт ва як панҷа биринҷ кифоя аст». Бузургмеҳр оби чашмашро пок карду аз ман дур шуд. Ҳақиқати ин маъниро дер дарк намудам ва тасмим гирифтам, то дар гузарондани тамоми маъракаҳои хонаводагиам танзимро риоя кунам ва ба нодороёну камбизоатон садақаамро бахшам, - иқрор меояд Зевар Қандилова.
Рафтагон дар фикри баргаштананд…
Аз тарки Ватан кардани бархе аз дӯстонаш нороҳат мешавад. Аксарашон, ки зиндагӣ дар Аврупо ва Амрикоро ихтиёр кардаанд, даъваташ менамоянд, то ӯ низ боқимондаи умрашро бо онҳо, дар хориҷ гузаронад. Ӯро аз ин даъватҳо эҳсоси афсӯс дар саропои вуҷудаш сар мезанад. Гоҳе ба худ фурӯ мераваду андешаҳо дунболагираш мекунанд. Чаро ки тарки Ватан менамоянд ва боз дар қабристонҳои зодгоҳашон барои майиташон ҷойро ишғол намоянд? Ин чӣ маънии зиндагист, ки дар ҳаёт будан барои ободии сарзамини аҷдодӣ наметавон коре анҷом дод, вале пас аз марг умед порае аз хоки Ватан доранд? Ҳатто бархе аз онон шояд аз аламу ҳасрати мусофирӣ бошад, ки пас аз тарки Ватан намудан бадгӯиҳо дар ҳаққи ҳаммиллатонашон мекунанд. Ӯ ин даъватро ҳеҷ гоҳ намепазирад.
- Заҳри одамро одам мегирад, гуфтаанд. Дар кишвари мусофирие, ки аз урфу одаташ ва забонаш огаҳ нестам, чӣ гуна бо мардумаш як ҷо умр ба сар мебарам. Дур будан аз Ватанро мисли он медонам, ки тифлеро зӯран аз оғӯши модар берун намудаанду то рӯзи қиёмат дар ҳасрати он ганҷи бебаҳо месӯзад. Модар-Ватан бо ҳам тавъаманд. Бе ин ду вожаи муқаддас зиндагӣ ҳеҷ аст. Як пора нони бо оби Ватан ва хамиртуруши тоҷикӣ пухташударо аз садҳо намуд фарахшаю шириниҳои дунё боло медонам, - бо исрор мегӯяд ӯ.
Фарҷом
Ӯ мегӯяд, ки пешниҳоди падараш Қандил Ҷӯраев замони дар қайди ҳаёт буданаш амалӣ нашуданд ва имрӯз ҳамаи он рӯи кор омадаанд, боиси хушнудии рӯҳи бузургвораш мебошад. Пешниҳоди олими шинохтаи тоҷик Қандил Ҷӯраев дар бораи беҳдошти муҳити зист, эҳёи сайёҳӣ, истифода аз сарзамини биҳиштосои кишвар ҷиҳати ривоҷу тараққиёти иқтисоди мамлакат чун навниҳоле зери замини бо қири сиёҳ пӯшидаи давраи карахтӣ монда буд, ки имрӯз ба шарофати истиқлол ва осоишу ваҳдат сар ба берун мекашад. Зевар Қандиловаро низ андешаҳо ва пешниҳодоташ мисли қиблагоҳаш устод Қандил Ҷӯраев ва модараш Лола Исмоилова баҳри ободии диёр, сарсабзии кишвари азизаш мебошад.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО