03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИБОДАТ БА ҶУЗ ХИДМАТИ ХАЛҚ НЕСТ

 

Муаррифинома

Ному насаб: Мирзоева Дастагул Абдукаримовна

Милод: 28.01.1970

Шуғл: омӯзгор, табиб

Оиладор: соҳиби панҷ фарзанд


Дастагул Мирзоева хатмкардаи коллеҷи тиббӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буда, имрӯз дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии ҷумҳурияӣ ба ҳайси омӯзгори кори ҳамширагӣ фаъолият дорад.

Чанд рӯз қабл Дастагулро бо нишони Аълочии тиб қадр намуданд, ки ин бесабаб нест. Зеро ишқ ва алоқа ба ҳар коре, рамзи муваффақият дар он шинохта мешавад. Ин алоқаро таи чанд сол аст Дастагул бо шогирдон идома медиҳад. Натиҷаи заҳмати ӯ бар ин оварда, ки шогирдон кӯшиш менамоянд, то ба гурӯҳи дарсии ӯ шомил шаванд ва аз донишу ҷаҳонбинии ин бонуи барнодил бархурдор гарданд. Чун аз рафти дарсҳояш бармеояд, ӯ на танҳо аз чаҳорчӯбаи низоми таълимӣ истифода мебарад, балки аз сарчашмаҳои зиёди таълимиву тарбиявӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Ба иқрори худи ӯ: «Устод қабл аз ҳама бояд ихлос дошта бошад, ба ҳамон фанне, ки таълим медиҳад. Ва чи қадар бояд меҳрубон буд, чунки инсонҳо ҳамвора ташнаи муҳаббатанд ва меҳрубонии устод метавонад ангезаи ишқу иштиёқ ба касбро дар қалби шогирдон ҷой диҳад. Аз ин рӯ, бузургон фармудаанд, ки: «Бо шогирдони худ ба нармӣ рафтор кунед».

Ин ҳама сифатро, ки Дас­тагул ҳангоми дарс истифода мекунад, ба шогирдон мақбул афтодааст. Вижагии дигари самти фаъолияти ӯ дар ин хулоса мешавад, ки: «Барои як пизишк, пеш аз ҳама, одобу маърифати баланд мебояд. Зеро дар ҷомеаи инсонӣ, боре ҳам набуда ва ё нашунидаем, ки як зане, ки дар ҷомеа ҳамчун бонуи бомаърифат шинохта шудааст, кореро анҷом дода бошад ғайриинсонӣ. Ҳар ҷо ки зани бомаърифатест, он ҷо аз будани ӯ ифтихор доранд. Ҷомеа дар ҳар давру замон ба зани бомаърифат ниёзманд аст, зеро зани бомаърифат пешбаранда ва солим нигаҳдорандаи ҷомеаи пешрафта хоҳад буд. Ва нуктаеро низ бояд зикр сохт, ки зан замоне бомаърифат мешавад, ки аз донишҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохабар бошад ва ҷомеаи мо низ имрӯз барои ҳамагуна раванди таълим шароит фароҳам сохтааст. Танҳо талошу кӯшиш мебояд». Ҳарчанд бархе ба он назаранд, ки маърифат аз мутолеа ба вуҷуд меояд, ин дуруст аст, аммо бисёриҳо бар ин боваранд, ки маърифат аз оила манша мегирад ва бо дониш комил мегардад. Қаҳрамони мо, ки дар оилаи коргар ба дунё омада аст, пайваста кӯшиш мекунад, ки ҳама кору пайкораш дар доираи ахлоқу одобу дониш анҷом пазирад. Ҳама талош ва кӯшиши Дастагул таи ин чанд соли фаъолият бар ин буда, ки дар баробари нозукиҳои кори ҳамширагиро омӯхтан, ба шогирдон дарси ахлоқу маърифат ва хештаншиносиву ватандӯстиро низ меомӯзонад. Ӯ ҳамвора дар дарсҳояш кӯшишу талош ба харҷ медиҳад, то шогирдонаш аз илмҳои замонавӣ низ огаҳӣ ёбанд.

ШАММАЕ АЗ ҲАЁТИ ХОНАВОДА

Корномаи ин бонуи кордон танҳо дар коргоҳаш ба поён намерасад. Ӯ дар хонавода низ муваффақу сахтгир дар тарбияти фарзандон аст. Заҳматҳои шабонарӯзии ӯ бар ин овард, ки фарзанди калониаш Файззода Меҳроб аз шаҳри Ивановои вилояти Маскав баъди соҳибтаҳсилот шудан ба кишвар баргашт ва Файззода Шоҳрух имрӯз хориҷ аз кишвар таҳсили илм дорад. Дастагул мегӯяд: «Пайвас­та ба фарзандонам таъкид мекунам, ки онҳое, ки ба шумо бадӣ мекунанд, шуморо ҳушдор медиҳанд, то хубӣ зиёдтар кунед. Чунки ҳамин корро ман худам дар зиндагӣ амалӣ мекунам ва онҳое, ки аз ман интиқод карданд, ба ман роҳварии зиндагиро омӯхтаанд. Ононе, ки ба ман беэътиноӣ карданд, ба ман сабру таҳаммул омӯхтанд. Наз­диконам, ки хубӣ карданд, ба ман меҳру вафо ва дӯстӣ омӯхтанд. Кӯшиш мекунам, фарзандонам дар ҳамин рӯҳия ба камол расанд».

Албатта, дар як навиштаи кӯтоҳ наметавон он ҳама корномаву зиндагиномаи чунин бонуеро рӯи сафҳа рехт. Бовуҷуди ин шаммае аз корнома ва рӯзгори ин бонуи дар­ёдилро зикр намудем.

БУЗУРГМЕҲР

 

:.  Чеҳра 18.10.2017 05:39 2309

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz