03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАҲБУБИ ДИЛҲО

 

Ба мисли ҳамин офтоб ҳар субҳ аввалин шуда, бо табассуми зебову дилкаши худ ҳуҷраи кориямро ӯ мекушояд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дафтарҳои кории мо ҳамсояанд. Баъд аз салому паём дар бораи реҷаи рӯз ҳарф мезанем. Ва гоҳо: -Ҳа, Сулаймон, тайёрӣ, меравем, - мегӯяд. Ман хуб дарк мекунам, ки рафтани мо ба куҷост. Ӯ мудири шуъбаи занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова аст. Бояд бо ӯ ба кӯча, корхонаву муассиса, маркази савдо ва ё бозор равему бо бегонапӯшон суҳбат доир намоем ва ёдрас созем, ки ба бар кардани либоси бегона хоси бонуи тоҷик нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 1998 дар маҳфили бошукӯҳ, ки ба ифтихори Рӯзи модар сурат гирифта буд, гуфтанд: «Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷасорат Гурдофариди сафшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар Томирис, Рухшона, маликаи Бухорхудот ва даҳҳо модарону хоҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқлолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён талош кардаанд».

Вале имрӯзҳо таъсири бегонапарастӣ дар мамлакати мо баръало эҳсос мешавад. Баъзе аз занону духтарони азизи тоҷик либоси давлатҳои Шарқи Наздик (Туркия, Эрон, Арабистон ва Покистон) – ро ба осонӣ қабул намуда, дигар аз он ҷудо шудан намехоҳанд. Баъзан мушоҳида мешавад, ки донишҷӯёну омӯзгорон, табибону кормандони дигар соҳаҳо то дари донишгоҳу донишкада, коллеҷ ва ё то ҷои кор, бо либоси сиёҳ меоянду баъдан онро иваз менамоянд.

Асосан либоси бегона ба воситаи тарғибу ташвиқи ходимони дин ва таҳти таъсири филмҳои туркиву эронӣ воқеъ мешаванд, ки ҳадафи ягонаи он аз байн бурдани фарҳанги либоспӯшии миллати тоҷик мебошад.

Оё духтарони тоҷик огоҳ нестанд, ки занони муборизи Эрону Покистон низ бар зидди сатру ҳиҷоб баромад менамоянд. Фаҳмида Риёз, шоираи фошгӯи Покистон, ба бегонапӯшон нафрати худро дар шакли зерин иброз намудааст?

Оқо, ин чодари сиёҳ барои ман чӣ фоида дорад?

Як дунё муташаккирам, шумо чаро ин подош ба ман медиҳед?

Ман дар мотам нестам, ки ин чодар бипӯшам,

Ва ғами худро ин тавр ба мардум нишон диҳам.

Ман маразе ҳам нестам, ки бояд дар торикии махфӣ ғарқ шавам.

Ман на гунаҳкор ҳастам, на ҷинояткор,

Ки пешонии худро бо ин сиёҳӣ лаккадор кунам.

Оқо лутф кунед,

Маро ин чодари сиёҳ напӯшонед.

Саида Нурляминова, мудири шуъбаи занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, чун дигар хизматчизанон вазифадор аст, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миёни ин қишри ҷомеа татбиқ намояд.

Варо аз даврае мешиносам, ки дар муассисаҳои №№ 9,52 ва муассисаи рек­ламаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолият мебурд. Кори хуб ва фаҳмиши дақиқи сиёсии ӯро ба инобат гирифта, муовини вақти раиси шаҳри Кӯлоб Зулайхо Комилова пешниҳод намуд, ки дар озмуни мудири шуъбаи занон ва кор бо оила иштирок намояд. Дониши баланд, фаҳмишу дарки сухан, масъулиятшиносию хушмуомила будан бо шаҳрвандон ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб овард.

Саида зиндадил аст. Самимият ва муҳаббати беандоза нисбат ба сарзамину миллат дорад, зеро дар кори худ устувор ва масъулиятшинос аст. Дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами давлатро сармашқи фаъолияти худ намуда, бо ташкили гурӯҳи корӣ сиёсати давлатро миёни бонувон тарғиб менамояд. Ифтихори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аст ва меҳнатро дар ҳамаи ҷабҳаҳо дӯст медорад, аз ин лиҳоз дар ҳама чорабиниҳо гули сари сабад аст. Саодатманд аз он аст, ки заҳматҳои ӯро қадр менамоянд. Ҳангоми ба тарбияи насли наврас машғул буданаш, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Саида Нурляминова бо «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дар арафаи таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Хушбахт аз он аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2017 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид, ки ин барои ӯ боиси ифтихору сарбаландӣ аст. Ӯ арзанда аст, зеро ҳеҷ гоҳ дар кор ба саҳлангорӣ роҳ надодааст, вазифаашро софдилона ва бо амри виҷдон иҷро менамояд.

Сулаймон Султон

 

:.  Чеҳра 06.10.2017 06:24 2035

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz