03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАНИЖА ШЕРХОН: «ИҚБОЛИ МАН АЗ ИСТИҚЛОЛ АСТ»

 


Равзанаи ошноӣ:

Манижа Шерхон, зодбумаш ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ (с.2010), ихтисосаш муҳандиси алоқаи электрикӣ, рутбаи тахассусиаш мушовири хизмати давлатии дараҷаи сеюм, дар забонҳои русию англисӣ балад аст, вазифаи ҷамъиятии раиси иттифоқҳои касабаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Қарораш: «Бо дасту дили пок ба нафъи Ватан кор кардан», иқрораш: «Иқболи ман аз истиқлол аст».

Вале заҳматҳои пайхораи падарашро сари ҳар вожа, ҳар ибора, ҳар нукта, ҳар андеша, ҳар ҷумла, ки ба фурсату фосила ғолибан аз сари шом то бом мекашид, чун мушоҳида мекард, андак дили нафису нозукаш харош мехӯрд ва маъюсу мушавваш ба ҳоли қиблагоҳаш дарунсӯӣ месӯхт.

Дар ин асно иродааш як каме сустӣ мекард ва нодилпур аз худ далели фурӯгузорӣ аз ин тасмимро меҷуст. Дар ин авзои ҳассоси марбут ба масъалаву мушкили муайяну мушаххас намудани роҳи минбаъдааш, ки ноустувор ва қобили тағйир чун ҳавои фасли баҳор буд, Манижа то рӯ ба хатм ниҳодани рӯзҳои охирини таҳсил дар дабистон сари қарори қатъӣ расидан наёрист. Падари фарҳехтаю қаламкори фидоиаш ба низ дар ин иртибот мудохиларо салоҳу раво намедонист. Вале рӯзе Манижа бародару модарашро ба ҳайси миёнҷӣ миёни падару худаш фирис­та «таъйин» намуд, то дар ин масъала аҳли хонавода бо машварату маслиҳати муштарак ба имзои «ёддошти ҳусни тафоҳум» бирасанд. Манижа дар он пайти тақдирсоз намедонист, ки падари дилогаҳаш кайҳо гӯшаш бод ёфта буд аз ин масъалаву моҷаро, вале мехост марвориди ганҷури хонааш, духтараки ноздонааш фориғу фароҳам аз фишору дастуру фармонаш худ ифшои роз кунад. Аз гузориши «фириста» дар ин иртибот шод шуд, чаро ки то хатми дабистон рӯзҳои башумор мондаанд, аммо духтараш ҳанӯз оид ба интихоби пеша пеши ӯ дандон сафед накарда. Гирди хонтахтаи хонаводагӣ сари ғизои шом худ дар ин бора мармузу маҷозӣ дар ҳалқаи аҳли байташ майда-майда сухан чид: - Омӯхтани роёна ё ба истилоҳи маъмулӣ компютер талаботи замони муосир аст. Аммо ба иқрори як тан аз устодони бузурги соҳаи техникию фановарии Тоҷикистон Мэлс Бурҳонов дар рӯзгори навин, ки падидае амсоли раванди ҷаҳонишавию муколамаи тамаддунҳо дар сиёсати давлатдорию ҳаёти ҳамарӯзаи башарият вилоят дорад, ниёзу эҳтиёҷ ба мутахассисони ҳунарвари ҳирфаӣ дар бахши алоқа ва коммуникатсия аз ҳарвақта бештар хоҳад буд. Ба фик­ри муаллими муҳтарам ман ҳам розӣ ҳастам, чаро ки дар аҳду овони шӯравӣ аксарияти мутлақи кормандони техникии соҳаи алоқаву коммуникатсияро намояндагони миллату халқияти ғайритоҷик ташкил медоданд. Ҳамакнун ислоҳи ин мушкил, яъне нарасидани коршиносони тавонои таҳҷоӣ дар ин ришта бар дӯши худи мост. Ин аст, ки омӯзиши амиқи ихтисосҳои техникиро зимни суханронию баромадҳояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора таъкид менамояд ва дар амри расидан ба ин ҳадаф ташаббусу тадбирҷӯиҳои муассиру ҳадафмандонаро дар заминаи барномарезиҳои ҳукуматӣ мавриди эътибори ҷиддӣ қарор медиҳад. – Дар аввал аз ин гуфтаҳо мақсаду мароми падарамро нафаҳмидам. Чун сари суҳбати хонаводагию мулоҳизаронии падар дақиқу дурусттар андешидам, онро ҳидоятномаи бидуни фишори қиблагоҳ дар қиболи муайян намудани раҳи минбаъдаи худ дарёфтам. Ин аст, ки баъди хатми мактаб баҳри тамдиди таҳсил ба Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ рӯ овардам. Дугонаҳои дабистониам аз ин тасмимам дар ҳайрат афтоданд, бад-он далел, ки чаро ба кадом як мактаби олӣ ҳуҷҷат насупурдаам? Боз ҳам аз иродаи падар сар печидан нахостам, вагарна қасди дохилшавӣ ба Донишгоҳи техникиро дош­там. Падарам бо лаҳни нарм гуфт: «Духтарам, таҳсил дар ин даргоҳ бидуни заминаи ибтидоӣ бароят мушкил хоҳад буд. Бисёр духтаракони қобилро медонам, ки бад-ин иллат дар соли аввали донишҷӯӣ тоб наоварда тарки даргоҳ гуфтаанду табдили самти таҳсил кардаанд». Ҳамакнун аз фаросӯи солҳо метавонам гуфт, ки дар вақташ қиблагоҳам ҳақбаҷониб будааст,- иқрор омад дар ҷараёни суҳбати мо Манижабону.

Ҳунаромӯзии ӯ дар ин даргоҳ дар бахши «Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммуникатсио­нӣ» ду солро ба таркиб дошт. Дар фаро овардани донишу малакаи бунёдию умда сабақҳои ибратомӯзи коллеҷ дар заминаи дастовардҳои фановарии муосир барои Манижа хидмати бебаҳо намуд. Маҳз дар гузораи 2 соли таҳсил дар ин маъвои маърифату ҳунаромӯзӣ ӯ нозукиҳои фунуни техникиро омӯхту пухта шуд ва соли 2007 ба тариқи гузариш таҳсилро дар факултаи «Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ идома дод. Донишомӯзии ӯ дар ин ҷо то моҳи июни соли 2010 тӯл кашид. Баробари дарёфти дипломи таҳсилоти олӣ бо тахассуси «Шабакаи алоқа ва усулҳои робитавӣ» Манижа Шерхон дар тараддуди ҷои кор афтод. Моҳи сентябри соли 2010 фаъолияташро ба ҳайси мутахассиси шуъбаи техникӣ ва бақайдгирии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомади Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Дар фосилаву фурсати қариб ҳафтсолааш ба сифати мутахассиси пешбар оид ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомади раёсати танзими Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси ниҳоди мазкур фаъ­олияти пурсамар анҷом дод. Бо эътино ба сатҳи баланди ҳирфаияш, масъулиятшиносию ташаббускорияш ӯро номзади арзанда ба вазифаи муовини сардори раёсати танзими Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донистанд. Аз моҳи майи соли 2016 дар ин мақом масруфи хидмат аст. Вале танҳо бо иҷрои ваколатҳои мансабиаш иктифо намекунад. Дар тамоми маъракаву чорабиниҳои муассиса билоқувва аз худ ташаббусҳои наҷиб нишон медиҳад. Бо дарназардошти иштироки фаъолонааш дар чорабиниҳои ҷамъиятии сатҳи коргоҳиву ноҳиявию шаҳрию ҷумҳуриявӣ моҳи июли соли 2016 Манижа Шерхонро раиси иттифоқи касабаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамакнун бори масъулияти ҳифзи манфиатҳои умдаи кормандони соҳаро бар дӯш дорад.

– Барои як бону дар баробари ифои вазифаи пурмасъулияти хидматӣ кору бори ҷамъиятӣ мушкилу масъала пеш намеорад,- мепурсам аз ӯ.

-На. Аз бози таҳсил дар дабистону коллеҷи техникӣ ва донишгоҳ дар корҳои ҷамъиятию озмунҳои гуногун ширкати фаъ­ол доштам, - ин буд посухи мухтасари Манижа Шерхон ба суоли банда.

Ҳамчун мутахассиси ҳирфаӣ муносибат кардани Манижа дар ифои вазифаҳои хидматӣ ва ҷамъиятӣ, на ки як дар коргоҳ, балки дар рӯзгори хонаводагӣ низ намунаи ибрат аст. Маҳз дар пайравӣ ба ӯ додараш Борбад таҳсилро дар коллеҷи техникии Донишгоҳи Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ бо ихтисоси «Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммуни­катсионӣ» ба поён расонда, феълан дар бунёди иншооти аср ҶСК «НБО Роғун» фаъолият мебарад.

Манижа Шерхон худро як тан аз ҳазорҳо нафар ҷавонони парвардаи замони соҳибистиқлолии кишвар медонад, ки дар партави ғамхориҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаро овардани илму дониши муосир роҳи зиндагишонро рӯшан кардаанд ва мавқеи худро дар ҷомеа дарёфтаанд.

Холмаҳмад Мавлонов

 

:.  Чеҳра 06.10.2017 06:16 1695

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz