Даъват ба кор
Ӯро, ки дар факултаи забону адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд муаллимаю пажӯҳишгари муваффақу ояндадор буд, профессори равоншод Абдулманнони Насриддин ба факултаи филологияи тоҷики донишкада даъват кард, то ба донишҷӯён аз таърихи адабиёти рус ва хориҷа бо забони тоҷикӣ дарс бигӯяд.
Матлуба аз роҳбарият, аҳли факултаи забону адабиёти рус миннатдор буд, ки баъди хатми донишкада ӯро ба кор пазируфтанд ва бо роҳхати онҳо солҳои 1980–1981 дар Институти тадқиқотию илмии Академияи илмҳои педагогии Маскав коромӯзӣ кард. Солҳои 1982–1985 ҳамчун аспиранти Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкийи АИ ИҶШС дар мавзӯи «Хусусиятҳои анвои тарҷумаиҳолӣ дар адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ» таҳти раҳнамоии доктори илмҳои филологӣ З.Г.Османова рисолаи номзадӣ навишта, соли 1986 онро дар шаҳри Маскав ҳимоя кард.
Рисолаи докторӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ
Аз ҳолномаи ӯ мехонем: солҳои 1992–1995 докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Рисолаи докториро дар мавзӯи «Сабки фардӣ ва тамоюлҳои услубӣ дар насри муосири тоҷик» иншо кард.
Ниҳоят, рӯзи ҳимоя фаро расид ва Матлубаро сафари Душанбе пеш меомаду хотири наздикон парешон мегашт. Дар он лаҳзаҳои ҳассос академик Муҳаммад Осимӣ меҳмони хонадонашон гардиданду мушкилро осон карданд: «Духтарам, ташвиш накашед, ман ду-се рӯз ба Париж меравам, аз он ҷо ба Хуҷанд бармегардам ва сипас шуморо ба Душанбе мебарам. То анҷоми корҳоятон меҳмони азизи хонаводаи мо мешавед», - гуфтанд Осимӣ ва хотири ҳамаро ҷамъ карданд. Он бузургвор, ки марди қавлу амал буданд, дар рӯзи ваъдагӣ Матлубаро ба Душанбе расонданд. Ҳафтаҳою моҳҳо Матлуба дар хонаи Осимии бузургвор мисли узви он хонадон ба сар бурдааст, ки ин некиро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Дар рӯзи дифоъ Муҳаммад Осимӣ дар сафи пеш нишастанд, то Матлуба рӯҳбаланд бошад.
-Як рӯз пеш аз дифоъ, тасодуфан бо рӯзноманигор ва аксбардор шодравон Муҳиддин Олимпур вохӯрдем. Чун аз қазия огоҳ шуданд, гуфтанд, ки ҳатман бо дастгоҳҳои аксу наворбардорияшон дар ҳимоя иштирок мекунанд. Бо вуҷуди масруфияти зиёд он кас ҳам дар маҳфил ширкат варзиданд ва аксу наворҳои бардоштаашонро, ки акнун дорои аҳамияти бузурги таърихӣ шудаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз мекунам, -он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд Матлубаи Мирзоюнус.
Пажӯҳишгари рӯзгор ва осори бонувони суханвар
Ҳимояи рисолаи докторӣ Матлубаи Мирзоюнусро хеле рӯҳбаланд кард ва масъулияташро дар ҷодаи таҳқиқу баррасии адабиёт дучандон гардонд. Бо машварати устодони баландном Муҳаммадҷон Шакурию Абдулманнони Насриддин ба омӯзиш ва таҳқиқи рӯзгор ва осори бонувони суханвари форсу тоҷики гузаштаву муосир, ки мавзӯи аз назарҳо дурафтода буд, оғоз кард. Воқеан, силсилаи пажӯҳишҳои ӯ таҳти унвони «Хубони порсигӯ» дар андак муддат доираҳои илмиву адабии ҷумҳуриро мафтун кард. «Сиришке дар лола» (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Робиаи Балхӣ.-Хуҷанд, 1997), «Шукуфаи андӯҳ» (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Фурӯғи Фаррухзод.-Хуҷанд, 1999), «Шамъи тироз» (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ.-Хуҷанд, 2001), «Ҳамзоди тӯфон» (Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Гулрухсор.-Душанбе, 2007) аз ҳамин қабиланд. Мебояд ин китобҳо бо теъдоди бештар аз нав ба чоп расанд ва дастраси тамоми хонандагони кишвар гарданд.
Дар тазкираи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ маълумоти зиёде оид ба бонувони суханпардози гузашта мавҷуд буд, ки соли 2007 онро Матлубаи Мирзоюнус бо пешгуфтор ва тавзеҳоти илмӣ ба табъ расонд. Ӯ ғазалҳои Гулрухсор ва Фарзонаро дар дафтарҳои чорум ва панҷуми «Садбарги ғазал» (Хуҷанд, 2008) мунтахаб карда, ҷой додааст.
Профессор Матлубаи Мирзоюнус алҳол аз силсилаи «Хубони порсигӯ» ба пажӯҳиши рӯзгор ва осори Симини Беҳбаҳонӣ машғул аст ва ҳамзамон девони ӯро ҳам ба хати кириллӣ омода мекунад.
Олими боамал, роҳбар, устоди шогирдпарвар
Матлубаи Мирзоюнусро ба ҳайси омӯзгори дақиқкор ва пажӯҳишгари мумтоз ҳама эътироф кардаанд. Муаллифи 250 асари илмӣ, аз ҷумла 10 монография ва маҷмӯаи мақолот, бештар аз 200 мақола ва таҳияи матн аст. Асарҳояш дар Тоҷикистон ва берун аз он дар Россия (Москва), Ҳиндустон (Деҳлӣ, Алигарҳ), Ҷумҳурии Исломии Эрон (Теҳрон, Шероз, Табрез), Молдова (Кишинёв), Қирғизистон (Ӯш, Бишкек), Шветсия (Уппсала) ба табъ расидаанд.
Ӯ дар вазифаҳои роҳбарӣ низ бомуваффақият кор кардааст. Хотиррасон мекунем, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон дар тамоми Тоҷикистон, хусусан, дар вилояти Суғд нашрияҳои шаҳриву ноҳиявӣ эҳё гардиданд, як қатор рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизионҳои нави хусусӣ арзи ҳастӣ карданд, ки ҳама ба кадрҳои рӯзноманигорӣ эҳтиёҷ доштанд. Матлубаи Мирзоюнус ба маъмурияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба таъсиси кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷума муроҷиат намуд. Маъмурият пешниҳодро пазируфт ва худи ӯро мудири кафедраи навтаъсис таъйин кард. Бори нахуст дар соли хониши 1997–1998 50 нафар толибилмон дар гурӯҳҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва шуъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Имсол кафедра 20- сола мешавад ва даҳҳо дастпарваронаш дар васоити ахбори оммаи вилоят, ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар муваффақона кор мекунанд.
Матлубаи Мирзоюнус дар вазифаҳои декани факултети филологияи тоҷик, директори Маркази илмии назди донишгоҳ, муовини ректор оид ба илми ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров кор кардааст.
Устод бе шогирди номбардор зуд фаромӯш мешавад. Боиси хурсандист, ки аз соли 2002 то имрӯз 19 нафар таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои докторӣ ва номзадиро ба анҷом расондааст. Алҳол 3 нафари дигар барои муҳокима рисолаҳои худро пешниҳод намудааст.
Аз табори бузургон
Хонаводаи қаҳрамони мо – Матлубаи Мирзоюнус бо чеҳраҳои маъруфе ба мисли падарбузургаш, яке аз поягузорони Тоҷикистони Шӯравӣ, нахустин раиси Шӯрои Комиссарони Халқ Абдураҳим Ҳоҷибоев, модараш – профессор Бароат Ҳоҷибоева, хоҳараш, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфанд.
Ин сулоларо доктори улуми филологӣ, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 2001, барандаи Ҷоизаи тиллоии Пушкин (2000), барандаи Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ (2002), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (2011), соҳиби медали 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон (2011) Матлубаи Мирзоюнус, ки моҳи августи имсол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадр карда шуд, сазовор намояндагӣ мекунад.
Суҳбати мо бо профессор Матлубаи Мирзоюнус асосан пиромуни нақши хонавода дар ташаккули ашхосе амсоли ӯву Фарзонаи хоҳараш сурат гирифт. Мухтасари муҳтавои суҳбат чунин аст:
-Модарбузургам Бибиҳоҷар ном доштанд, ки баъди ба падарбузургам – Абдураҳим Ҳоҷибоев дар Россия издиваҷ намудан, номашонро ҳама Марям мегуфтанд, бисёр бонуи донишманд буданд. Баъд аз он ки 25 январи соли 1938 падарбузургамро бо гуноҳи сохта, ҳамчун «душмани халқ» ба қатл расонданд, модарбузургамро ба муддати 8 сол ба Сибир бадарға карданд. Модари 9- солаам ва холаи 12- солаамро ба парваришгоҳҳои гуногуни Россия фиристоданд. Бибии 34- солаам баъди баргаштан аз Сибир бо мӯйи сап-сафед бо сад азобу машаққат ва сарсониҳо духтаронашонро пайдо карда, ба зодгоҳ – ба Хуҷанд меоваранд ва чанд сол дар хонаҳои иҷора умр ба сар мебаранд. Соли 1957 падарбузургамро сафед мекунанд ва ҳукумат ба модарбузургаму модарам дар маҳаллаи Пахтакор ду қитъа замин барои сохтани хона медиҳад. Модаркалонам бисёр китобхон буданд ва чандин забонро медонистанд. Солҳои охири умрашон (дар 74- солагӣ тарки дунё карданд) нури чашмонашон кам гашта, аз ману Иноятҷон (Фарзона) хоҳиш мекарданд, ки барояшон китоб хонем ва мо бо мамнуният ин хоҳишашонро ба ҷо меовардем. Бибии падариям низ хоксору бениҳоят меҳрубон ва аз аҳли савод буданд. Як китоби Қуръонро, ки аз модаркалонашон аз асри 19 ёдгор монда будааст, ба банда тақдим карда, гуфта буданд: «Инро ба ту медиҳам, хонда, ёд мекунӣ маро».
Модарам профессор Бароат Ҳоҷибоева бениҳоят инсони устувор, ботаҳаммул, хоксор, донишманд буданд, Худо раҳматашон кунад. Бо вуҷуди ҷабрҳои бисёр кашидан аз замони истибдод, ҳаргиз лаб ба шиква намекушоданд, Баъди хатми институти занона дар мактаби миёнаи №5 шаҳри Хуҷанд муаллимӣ мекарданд. Соли 1958 ба Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд даъват шуданд, яке аз беҳтарин омӯзгорони забону адабиёти рус ба ҳисоб мерафтанд, рисолаи номзади илмро дар Москва ҳимоя карданд. Олим – муаллими номзади илм, ки ба тариқи истисно унвони профессорӣ доштанд. Ман дар пайравии он кас ба забону адабиёти рус дил бастам, ҳатто дар навиштани чанд мақолаву асар оид ба пайвандҳои адабиёти русу тоҷик ҳаммуаллиф будем. Модар дар донишгоҳ устодам буданд. Баъдан низ довари ман, ноқиди ман, мушовири ман ҳам дар илму ҳам дар зиндагӣ ба шумор мерафтанд.
Падарам муаллими таъриху ҷамъиятшиносӣ буданд ва солҳои зиёде дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳр дарс мегуфтанд. Хеле шеърдӯст буданд, машқи шеър ҳам мекарданд, вале ба касе нишон намедоданд. Ҳар ҳафта мо, се хоҳараконро, ё ба театр, ё ба кино, ё ба осорхона, ё ба сайру гашт мебурданд. Баъди тамошои филм ё намоишнома ҳатман баҳс меоростанд ва фикру мулоҳизаҳои моро пурсон мешуданд. Дар хона мусобиқаҳои шеъру луғатдонӣ ба ҳукми анъана даромада буд ва ғолибон ҳатман соҳиби ҷоиза мешуданд. Бузургвор дасти сабз доштанд. Он боғчае, ки алҳол дар хонаи падарӣ ҳасту васфи гули зардолу ва себу дигар гулу гиёҳу дарахтонаш дар ашъори Фарзона фаровон аст, маҳсули ранҷи дастони пурҳунарашон мебошад.
Се хоҳараконем мо: Муаззамахон, банда ва Фарзона. Муаззамахон муаллимаи фанни риёзӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 28-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Оилаи хуб, се фарзанд доранд. Беҳад меҳрубонанд. Ягон мушкилӣ пеш ояд, ҳатман ба он кас муроҷиат мекунем. Воқеан, кадбонуи хубе ҳам ҳастанд.
Фарзона танҳо хоҳарам не, дӯсту дугонаам аст. Бо ӯ дар тамоми мавзӯоти ҳаёт суҳбат метавонем кард. Вақте ки дар мактаби миёна мехондем, банда ровии радиои мактаб будам ва нахустин шеъри ӯро, ки «Гунҷишкак» ном дошт, борҳо қироат кардам.
Ҳамсари банда, ки муҳандиси сохтмон мебошанд, маро ҳамеша дастгирӣ мекарданду мекунанд. Шукри Худо, ду фарзанд дорем. Манижа ихтисоси барномарезӣ дорад, соҳиби ду фарзанд: Хусраву Сарвиноз. Манучеҳр соҳиби ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳост, падари Шаҳриёр ва ҳамноми модарам Бароатхон.
Ҷӯра ЮСУФӢ