- Пас аз хатми мактаби миёна вақте расид, ки ба амалӣ сохтани орзуҳоям талош кунам ва замима барои ояндаам гузорам. Бо нияти биолог шудан соли 1978 ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (пештара Университети давлатии ба номи В. Ленин) супурдам. Муваффақият маро даст надод ва шомили ин даргоҳ нашудам. Ҳакамон аз имтиҳони фанни метематика баҳои ғайриқаноатбахш доданд ва албатта ин ҳолат боиси ноумедии ман шуд. Тасмим гирифтам, то фанни мазкурро аз нав омӯзам ва як соли дигар омодагӣ барои довталабӣ медидам. Яъне, математикаро аз «сифр» оғоз кардам. «Сифр» - е, ки мавқеи бузурге дар кори муҳосибот дорад, - мегӯяд Рафоат Мӯминова.
Аз ин ноомадӣ рӯҳафтода нашуд. Баръакс, Рафоат аз нав шурӯъ ба донишандӯзӣ кард. Пайваста омӯхту донишашро сайқал дод. Бештар, ки қасди омӯзиши фанни математикаро дошт, дар мафкурааш рақамҳо бо ҳам «меҷангиданд». Зиндагиашро бидуни ин муҳориба дигар тасаввур карда наметавонист. Соли 1979 дуюмбора ба донишгоҳ ҳуҷҷатҳояшро супурд, вале бо тасмими ҷадид. Ӯ бояд муҳосиб бошад, на биолог!
- Модарам, ки тарафдори илмомӯзиам буданд, аз тағийр ёфтани андешаам сари интихоби касб дар ҳайрат монданд. Таъкид намуданд, ки муҳосибот барои зан хеле пешаи мушкил аст ва ҳатто хатарнок. Шояд бо далели камбудӣ ё зиёд омадани рақаме дар ҳуҷҷатгузорӣ ҳаётам ба тамом бар бод равад. Ё маро тарс медоданд ва ё шояд худи модарам дар ваҳм буданд, ки интихоби пешаи муҳосибиро намепазируфтанд. Вале истодагарӣ кардаму аз райъам нагаштам. Чаро ки аз шарақ-шарақ ин сӯ он сӯ чӯтзанӣ гӯё асабам ором мешуд, ки натавонистам, бидуни ин шуғл касби ояндаамро интихоб кунам. Ва бо фаро расидани давраи ҳуҷҷатсупории довталабон ба факултаи ба нақшагирии хоҷагии халқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. Ленин (ҳозира ДМТ) ҳуҷҷатҳоямро супурдам. Кӯшишу талошҳоям барабас нарафтанд. Заҳмату меҳнат ва бедорхобиҳоям баҳри илмомӯзӣ ба кор омад ва шукр, ки имрӯз подоши он ҳама заҳматҳо рӯзии беминнатам мебошад, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Дар оила онҳо ҳашт нафар бародарону хоҳарон буданд. Рафоат ягона аз шумори фарзандони хонадон буд, ки тавонист бо ҳама мушкилии хонаводагӣ соҳиби таҳсилоти олӣ шавад.
- Дар ҳама давру замон аз нигоҳи иқтисодӣ фалаҷ будани буҷаи оила боиси амалӣ нашудани аксари ҳадафҳои аҳли хонавода мешавад. Падарам, ки коргари одӣ буданд ва шояд барои дарёфти таҳсилоти олӣ чӣ кадар мушкилиҳо пешорӯ меояд, онро дарк мекарданд, чунки чандон ба тасмимам розигӣ надоданд. Вале хушбахтона, тавонистам, ба қавле дили падарро ёбаму розигиашонро гирам ва орзуҳоямро амалӣ намоям, - мегӯяд ӯ.
Воқеан, бо вуҷуди мушкили молии хонаводагӣ Рафоатро натавонист чун дигар ҳамсолонаш дар шуъбаи рӯзона таҳсил кунад ва аз лаҳзаҳои ширину тиллоии донишҷӯӣ ба истилоҳ «ба серӣ» баҳравар гардад. Ӯ таҳсили илмро дар шуъбаи шабонаи донишгоҳ идома дод. Рӯзона дар фабрикаи чарчинворӣ ба ҳайси дӯзанда кор мекард ва пас аз хотимаи соати корӣ ба сӯи донишгоҳ мешитофт.
- Бесаброна тамом шудани рӯзи кориро интизор мешудам. Ба хона бармегаштаму хӯрокро осемасар тановул мекардам ва ҷиҳози дарсиамро гирифта, ба донишгоҳ мерафтам, - ёд аз он давраҳо карда, мегӯяд Рафоат Мӯминова.
Ҳанӯз давраи донишҷӯиро ба итмом нарасонида, соли 1981 фаъолиятро аз «Амонатбонк» оғоз намуд. Роҳбарият вазифаи иқтисодчиро ба дӯшаш вогузор карданд. Баъдан ба шуъбаи тафтишотии бонк ба кор гузашт. Аз он ки модар қаблан аз пешаи интихобнамудаи духтараш дудилагӣ дошт, дар шуъбаи мазкур идома ёфтани фаъолияти Рафоат барояш хуш наомад. Зеро кор дар ин шуъба масъулияте бештареро тақозо мекард, ки модар иҷрои онро барои духтараш мушкил мешуморид. Сабаби дигар ин буд, ки Рафоат ба хотири адои рисолати корӣ бояд ба ноҳияҳо барои тафтишот равад, вале барои духтарбача модар инро раво намедонист ва ҳар замон таъкид аз давраи довталабиаш мекард, яъне, «Ман нагуфта будам, ки…»
Баъдтар Рафоат Мӯминова ба шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ба ҳайси муҳосиб фаъолияташро идома дод ва аз соли 1996 то имрӯз чун сармутахассиси шуъбаи хазинадории Мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Шомансури шаҳри Душанбе кор мекунад. Кормандони ҷавони ҳанӯз ташнаи омӯзиши касб аз ӯ таҷриба меомӯзанду Рафоат Мӯминоваро чун устоди собиқадори ин соҳа эътироф мекунанд. Меҳнату заҳматҳояш низ аз чашми роҳбарият дур намонда, соли гузашта Рафоат Мӯминоваро бо ифтихорнома сарфароз гардониданд. Ӯ 28 соли умрашро дар ин самт сипарӣ кардаву ҳанӯз дилкандагӣ аз он надорад. Ифтихор аз пеша дорад, аз касбе, ки меҳраш ба дил ҷо шудаву маъво гирифтааст.
Қутбияи Неъматулло