Ному насаб: Эмомова Фирӯза Ёфтуллоевна
Милод: 9.02.1970
Зодгоҳ: ш. Ваҳдат
Касб: меъмор, кулол ва рассом
Узви Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қаҳрамони навбатии мо, Фирӯза Эмомова, аз зумраи онҳоест, ки гавҳари фитрии худро дарёфта, бо талошу кӯшишҳои пайваста дар баробари саҳим будан дар тарҳи биноҳои ҳозиразамони пойтахти азизамон боз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ба шогирдони риштаи меъморӣ ва дизайн нозукиҳои ин касбро меомӯзонад. Мавсуф баъди хатми мактаби миёнаи №13 шаҳри Ваҳдат ба Омӯзишгохи рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1988 бо ихтисоси усто-кулол хатм намудааст. Соли 1988 барои ихтисоси дувум ба шуъбаи меъмории факултаи сохтмони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси меъмор соли 1994 хатм намудааст. Аз ҳамон сол (1994) ҳамчун ассистенти кафедраи «Асосҳои лоиҳакашии меъморӣ ва графика» ба кор қабул шуд ва аз соли 1999 то имрӯз дар кафедраи меъморӣ ва дизайн ҳамчун муаллимаи калон фаъолият дорад. Дар ин муддати мадид шогирдони зиёдеро ба воя расонда, дар ободонии бисёр иншооту боғҳои фароғатии шаҳр нақши бориз дорад. Хусусан дар соли 2011 ҳамчун мутахассиси қисми меъморӣ-технологӣ дар таҳияи лоиҳаи кории беморхонаи бисёрсоҳавии дорои як баст дар шаҳри Душанбе ба номи «Истиқлол» ҷиноҳи 6, бахшҳои А, Б, В «Ҷарроҳии кӯдакон» иштирок намудааст. Соли 2010 бошад, дар лоиҳаи кории «Азнавсозии чойхонаи Роҳат» низ иштирок намудааст. Ҳоло таҳти роҳбарии доктор С. Тиллоев дар мавзӯи: «Ҳамбастагии санъати ҳайкалтарошӣ бо санъати меъморӣ» машғули кори илмӣ мебошад.
БОНУИ ЧИЛҲУНАР
Меъморӣ дар таърихи башарият яке аз қадимтарин ҳунарҳо ба шумор меравад, ки ба андешаи бархе коршиносон аз ҳузури ҳазрати Инсон то ҳол идома дорад. Имрӯз ҳар кишвари соҳибфарҳанг бархӯрдор аз меъмории вижаи худ аст, ки ба наҳве шиносномаи кишвар ба шумор меоянд. Хушбахтона, алъон дар кишвари мо низ биноҳое қад афрохтаанд, ки шиносномаи кишвари мо гардидаанд. Фирӯза Эмомова, ки дар бисёр иншооти кишвар даст дорад, бар ин назар аст, ки: «Меъмории имрӯза дар кишварамон аз меъмории солҳои қаблӣ ба куллӣ тафовут дорад. Яъне дар тамоми иншоотии имрӯзаи мо меъморон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарҳангу таърихи ғании тоҷикро ҳам дар зоҳир ва ҳам дар дохили бино мавриди эътибор қарор диҳанд. Ва ин падида дар ҷаҳони иттилоотии техникӣ бисёр муфид аст. Зеро ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ миллатҳои гуногун метавонанд аз симои кишварамон дидан намоянд». Мусаллам аст, ки ҳар кишварро бо тарҳи биноҳои миллияш мешиносанду эътироф мекунанд. Фирӯза бар ин бовар аст, ки: «Меъморӣ дар баробари ҳунарҳои таҷассумӣ, яъне аз шеъру адабиёту мусиқӣ то театру синамо, ба инсон ва ниёзҳояш дар муҳити зисташ, барои таъйини сарнавишт, хостаҳо ва фазои зиндагии ӯ ҷойгоҳи вижа дорад».
Фирӯза Эмомова аз зумраи ҳунармандонест, ки фаъолияташ танҳо дар меъморӣ хулоса намешавад. Ӯ дар кулолгарӣ ва ҳайкалтарошӣ низ чирадаст бувад. То имрӯз офаридаҳояш дар ин иртибот ба 50 адад расидаанд, ки аз манзаранигорию маснуоти кулолгарӣ иборат мебошанд, ки дар чандин намоишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷ аз кишвар ба намоиш гузошта шудаанд.
АЗМИ БУЗУРГ
Имрӯз он ҳама донишу малака ва таҷрибаи худро мехоҳад на танҳо ба донишҷӯён, балки ба хонандагони макотиби миёна низ омӯзонад. Ва ин шароитро Фирӯза дар хонаи зисташ бо синфхонаҳои дарсӣ омода намуда, мехоҳад ба хоҳишмандони наврас ҳунарҳои меъморӣ, рассомӣ ва кулолгариро ёд бидиҳад. Ӯ мехоҳад марказе бо номи «Нурафшон» таъсис диҳад ва дар он бо ҳамроҳии шавҳараш меъмори фахрӣ, дотсент Усмон Раҷабов шогирдонро ба воя расонад. Ба иқрори худи ӯ: «Чун меъморӣ нозукӣ ва душвориҳои зиёд дорад, донишҷӯён танҳо ҳангоми дохил шудан ба макотиби олӣ таълимро оғоз мекунанд, ки ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ба назари мо, агар дар мактаби миёна ин касбро дар ҷаҳонбинии кӯдак ҷой намоем, айёми донишҷӯӣ дигар корҳоро анҷом медиҳад. Яъне ҳатман пеш хоҳад рафт. Ва мо на танҳо бахши меъморӣ, балки мехоҳем рассомию кулолгариро низ ба шогирдон омӯзем. Зеро ин ҳама дар якҷоягӣ барои меъмор бисёр муфид мебошанд».
БУЗУРГМЕҲР