Ҳар қадар ки фалакро аз баландиҳо сароянд, ҳамон қадар ба мақсад мувофиқтар аст. Зеро инсон ҳамеша ба иртифоъ руҷӯъ мекунад.
Гулчеҳра Содиқова зодаю парвардаи домони кӯҳҳои гардунсост. Баланд фалак задани ӯ низ маҳсули рӯзгори ин баландиҳост.
Деҳаи Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳини ҳалқабини пуштаҳо дар сари ёла ҷойгир аст ва маънии деҳаи сари баландиро дорад. Ин гуна деҳаҳоро кӯҳистониён, одатан, Деҳбаланд мегӯянд. Чун дар ин мавзеъ боз ҳамин гуна як деҳаи дигаре бо номи Деҳбаланд арзи ҳастӣ мекунад, ин рустои зебои сари ёларо мухтасар Ёл гуфтаанд.
Фалаксароиро апаи Гулчеҳра дар ин деҳаи баланд, ки дар канори кӯҳи бузург ва сарбаафлоки Реҷоб қарор дорад, аз овони ҷавонӣ оғоз кардааст.
Ҳанӯз ҳангоми дар синфи дуюм хонданаш, миёни мардум бо унвони „Гулчеҳраи фалакхон“ ном бароварда буд ва дар ҷашнҳои арӯсӣ барои ҳамдиёрони худ таронаҳои ҷигарӣ мезад. Баъд аз чанд маъракае мардуми деҳа дигар ба суроғи ҳунармандони бегона намерафтанд.
– Дар деҳа, ки арӯсӣ барпо мегашт, суруд мехондам. Наметавонистам сухани касеро рад намоям, зеро мардум ба ин чиз одат карда буданд, –ба хотир меорад ӯ ва меафзояд: ҳанӯз ҳангоми дар синфи шашум хонданам, дар озмуни „Фалаксароён“ иштирок карда, сазовори ҷои аввал гардидам. Баъд аз як моҳ маро ба Сталинобод даъват карданд ва дар ин озмун низ ҷои аввалро соҳиб шудам. Акнун мебоист ба Маскав озими сафар мешудам. Вале модарам барои рафтан ба Маскав розӣ нашуд. Падару модарам дар колхоз кор мекарданд ва ман низ узви хоҷагӣ будаму масъулиятам сари баландие нишаста, фалак хондан буд. Ба дигарон як меҳнат медоданду ба ман се меҳнат…
Ӯ, ана ҳамин тавр бегумону ноаён аз як деҳаи хурдакаки сари ёла ба дунёи фарҳангу ҳунар раҳ бурду то мартабае расид, ки дигар умре гули сари сабади маъракаҳои мардум шуд. Ӯ, ки дар ин баландиҳои кӯҳҳои сарбаафлок рӯзгор карда буд, боз майл ба баландиҳои дигар кард. Маҳз ҳамин фазилати баландиписандаш оқибат сарфарозу муваффақаш кард ва ба рӯзу рӯзгори некаш расонд.
Соли 1959 қисмат ӯро бо шахсияти маъруфи диёр, ромишгари мумтоз Достӣ Орзуев пайваст. Достӣ Орзуев дар симои рустоидухтар як шахси ғайриодиро меёбад. Ӯ фалаксароро, ки овози тоза, нафис ва ширину дилнишин дошт, тарбия кард, ҳама нозукиҳои фалаки мардумиро, ки як ёдгории бегазанди ниёгон аст, омӯзонд. Воқеан, барои ӯ Гулчеҳра як бозёфт ва як падидаи тозае гашт.
Рустоидухтари пурҳунар, ки навакак аз кӯҳистон фуруд омада буд, дар худ як накҳате аз гулу гиёҳҳои худрӯро дошт. Мисли як шамими атр аз гули чукрию торон. Овозаш беғашу беолоишу ноб буд, мисле, ки чашмаҳои ноби кӯҳистони Реҷоб.
Воқеан, фалаки ӯ нотакрор буд, бигзор ки дар шеваю шигирди овозхониаш ҳамоҳангии наздике ба равияи фалаки Ҳошими Қосиму Одинаи Ҳошим ба мушоҳида мерасид. Вале тадриҷан сабки хоси худро дарёфт.
Достӣ Орзуев ин ҳамаро медонист ва мефаҳмид. Зеро ӯ худ як хунёгар ва муғаннии мумтози ҳамон айём буд. Ин ҷуфт, ки яке навозандаи беҳтарину дигаре фалаксарои нотакрор буд, бо амри тақдир он қадар муносиб ва тавъам афтода буданд, ки назирашро пайдо кардан хеле мушкил буд.
Соли 1967 ду ёр бо даъвати Қурбон Зардаков аз театри халқии ноҳияи Маскав (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб меоянд. Қурбон Зардаков каси камҳунарро ба театр ҷалб намекард. Ӯ худ гавҳаршинос буд ва ин дуро маҳз ба хотири ҳунари волояшон ба Кӯлоб хонд.
– Мо дар шаҳр хона надоштем ва дар театр мезистем. Бачаҳои ман дар театр бозӣ ва гаштугузор мекарданд. Ин ҷо барояшон ҳам хона ва ҳам боғча ҳисоб мешуд. Агар дар саҳнае бозидани нақши кӯдак лозим меомад, аз онҳо истифода мекарданд. Ҳангоми дар ин ҷо зистан, як ҳодисае рух дод. Писарам Бозоралӣ як вақт ба ҳуҷраи чеҳраандозӣ даромада, аз рангҳои ҳархела ғафс ба сару рӯ молида, ноаён ба саҳнаи театр мебарояд, ки толораш пур аз мухлисон буд. Ин дар лаҳзае иттифоқ афтод, ки як масхарабоз рӯи саҳна хуб масхарабозӣ карда меравад ва ширинкори дигар ба саҳна мебарояд. Он аз аввалӣ дида аскиягӯию масхарабозӣ карда, саҳнаро холӣ мекунад. Ана, дар ҳамин асно Бозоралӣ бо ҳамон сару рӯи бо завқи кӯдаконаи худ ородода, медарояд. Ин гӯё тасодуф нею мувофиқи сенария бошад. Ин лаҳза он қадар мувофиқ ва табиӣ меафтад, ки ҳозирин аз ханда толорро ба сар мебардоранд. Режиссёри намоиш аз якбора пайдо шудани як кӯдаки ранголуд, қариб буд, ки девона шавад. Аммо чун ғиреву хандаи тамошобинон осмонкаф мегардад, ӯ аз аспи ҷаҳл фуромада, худаш ба бозию нағмаҳои берабтонаи Бозоралӣ қарсак мезанад. Маҳз ҳамин ҳодиса сабаб гашту мо соҳиби хонаи алоҳида шудем, аммо нақш ва таъсири театр дар ҷону дар тан ва хуни фарзандонам боқӣ монд, то ҳадде, ки онҳо ҳама ҳунарманд шуданд, – он рӯзгорро ширин-ширин қисса мекард Г. Содиқова.
Оре, фарзандони Гулчеҳра Содиқова ҳама ҳунармандони касбианд. Онҳо, ки дар театр зери ҳавои мусиқӣ ба дунё омада буданду муҳаббати санъат аз хурдӣ дар ҷону танашон реша давонда буд, бо ҳамин пайроҳа рафтанд ва ҳунарманди ҳақиқӣ гардиданд. Ҳарчанд ки дар тарбияи онҳо нақши волидайн кам набуд.
Соли 1984 Достӣ Орзуев дар айни авҷи камолот, ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт.
– Аз бори ин мусибати вазнин ду сол рӯи саҳна баромада натавонистам. Аммо дидам, ки ин амалам бар зарари кор аст. Дар чеҳраи фарзандонам як маъюсию навмедиро мушоҳида кардам ва ба хотири он ки онҳо дилшикаста нашаванд, боз ба саҳна баргаштам, –мегӯяд ӯ.
Оре, фарзандон, ки дар роҳравҳои театр роҳгардӣ омӯхта, аз хурдӣ бо садои мусиқӣ ба камол расида буданд, ин рӯҳияро аз худ дур карда натавонистанд. Орзу, Қурбоналӣ, Бозоралӣ, Муҳаммадалӣ ва Муҳаммадвалиро модар ба пайроҳаи падар бурд ва то ҳадди камоли ҳунар расонд.
Ба вуҷуд овардани ин гуна ҳайат орзуи деринаи худи апаи Гулчеҳра буд. Маҳз ба ҳамин хотир, як ансамблеро бо номи „Орзу“ созмон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ обрӯву нуфузи зиёде касб карда, шуҳрати санъати тоҷикро ба дуриҳои дур бурда тавонист.
Апаи Гулчеҳра тавонист, ки тавассути ҳайати хурдакак аз саҳнаҳои бузурги Олмону Фаронса, Ҳолланду Булғористон, Швейтсарияю Ҳиндустон баромад намояд. Имрӯз ҳам ин гурӯҳ дар навохтани созҳои дӯстдоштаи мардуми тоҷик: най, ғиҷак, даф, думбураву тору танбӯр беназир аст. Фарзандони ҳунарманди ӯ Муҳаммадалию Муҳаммадвалӣ ин созҳоро бо як маҳорати баланд, басо латифу нозук, мисли падари шодравони худ менавозанд.
Имрӯз онҳо хеле ҳунармандонаю касбӣ менавозанд ва модари бузургворашон Ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Гулчеҳра Содиқова, зери ин навозиши фарзандон басо ҳунрмандонаю касбӣ месарояд. Магар саодате аз ин зиёд буда метавонад, ки модар месарояду фарзандон менавозанд? Вале гумон мекунам, ки саодати аз ин ҳам бештареро халқе соҳиб аст, ки чунин ҳунармандонро сабз кардааст.
Алихон ЗАРИФӢ