Адолат Қосимова, собиқ вазири хизмати маишии Тоҷикистонро дар бистари беморӣ дарёфтам.
– Шаҷараи аҷдоди мо ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расида, падарбузургам Мирзоқодир аз аҳли дарбори Амир Олимхон буд, – ба суҳбат оғоз кард собиқ вазир. – Зодмандонам, ки аз нухбагони Сталинобод маҳсуб мешуданд, ба тарбияву донишомӯзии фарзандон аҳамияти ниҳоят ҷиддӣ медоданд. Як саёҳати мо, муҳассилини мактаби рақами 10 ба номи Садриддин Айнӣ, ба корхонаи ресандагии шаҳри Душанбе сабаб шуду ба асбобҳои дӯзандагию ресандагӣ шавқу рағбат пайдо кардам. Чун ба омӯзиши фанҳои риёзиву ҳандаса, физикаву кимиё ва забонҳои хориҷӣ шавқу истеъдоди фавқулода доштам, зодмандону устодонам аз ман умедҳои зиёд доштанд.
Гомҳои устувор
Адолат Қосимова муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло ва Донишкадаи бофандагии шаҳри Маскавро бо муваффақият хатм карда, соли 1960 бо ихтисоси муҳандис – технолог ба Ватан баргашт. Дар он солҳо на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна ба мутахассисони соҳаи технологияи абрешим эҳтиёҷ доштанд.
– Мо дар муҳите тарбия гирифтаву ба воя расидем, ки таҳсили илму хизмат ба Тоҷикистонро масъулияти бузург мепиндоштем. Аз ин рӯ, дар панҷ соли таҳсил шояд рӯзе ҳам аз дарсҳо қафо намонда бошам. Ҳадаф бо сари баланд ба Душанбе баргаштан буд,– ёдовар мегардад ӯ.
Фаъолияти худро ба ҳайси устои комбинати абрешими шаҳри Сталинобод, ки соле баъд номи Душанберо гирифт, оғоз намуд. Ҷаҳду талош ва заҳматаш баҳри рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои бонувон буд, ки ба зудӣ миёни коргарон ва ҳам доираҳои ҳукумати вақт обрӯву эътибор пайдо кард. Ин буд, ки аз соли 1962 то 1979 дар давоми чаҳор давра вакили Совети Олии ИҶШС буд. Соли 1964 ӯро сарвари фабрикаи дӯзандагии №1-и шаҳри Душанбе, ки баъдан номҳои „50 - солагии СССР“ ва „Гулистон“ - ро гирифт, таъйин намуданд. „Мо корро аз сифр оғоз намуда, соли 1970 фабрикаро пурра ба кор даровардем ва дар муддати кӯтоҳ он ба корхонаи сердаромад табдил ёфта, шумораи коргаронаш аз 200 ба 1200 нафар расонда шуд“, - ба ёд овард он рӯзҳоро Адолат Қосимова. – Аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани нақша ва даромади зиёди корхона дар шаҳри Норак филиали фабрикаи мазкурро сохта ба истифода додем. Он шабу рӯз фабрикаи „50- солагии СССР“ дар сархати хабарҳои ВАО қарор дошт.
Дар такони як вазорат
„Соли 1974 роҳбари вақти кишвар Ҷаббор Расулов бо мақсади рушду эҳёи соҳаи хизмати маишӣ номзадии маро ба вазифаи вазири хизмати маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Баъди шаш моҳи суҳбату вохӯриҳо бо роҳбарони Кумитаи Марказӣ ба хулосае омадам, ки новобаста ба шароити оилавию масъулияти тарбияи 4 фарзанд, бояд ин вазифаи муҳими давлатиро ба уҳда бигирам. Зеро он солҳо бинобар иҷро нашудани нақшаҳои соҳаи хизмати маишӣ хароҷоти вазорати мазкур аз ҳисоби дигар манбаъҳо таъмин мешуд. Ҳамин тариқ, аз августи соли 1974 то моҳи июли 1986 дар симмати вазири хизмати маишии Тоҷикистон фаъолият доштам. Давоми ин солҳо вазорат худтаъмин гардида, соле 12–15 миллион сӯм фоидаи соф ба давлат меовард“, – мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Маҳз бо ташаббуси Адолат Қосимова сохтмони хонаи хизматрасонии „Садбарг“ вусъати тоза ёфта, дар давоми ду сол ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯаи мазкур 700 намуди хизматрасонӣ ба роҳ монда шуда, садҳо бонувону ҷавонони дастбакор ба шуғлҳои сердаромад таъмин шуданд. Баъдан чунин маҷмааҳои хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо 250–300 нафарӣ сокинони маҳаллӣ кор мекарданд. Барои хизматҳои шоёнаш дар рушду инкишофи соҳаи хизмати маишии Тоҷикистон ӯ бо даҳҳо медалу ифтихорномаҳои давлатӣ сарфароз шудааст. Соли 1982 Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи хизмати маишӣ дар ИҶШС сазовори ҷойи дуюм ва Адолат Қосимова бо медали нуқра сарфароз гардонда шуд.
–Ин қадрдонии ҳамон заҳмату талошҳое буд, ки қаблан лоиҳаҳои пешниҳоднамудаамро роҳбарони сатҳи ҷумҳурӣ ба сарам мепартофтанд, –хандида ёдовар мешавад Адолат Қосимова. –Мутаассифона, он солҳо на ҳама роҳбарон дар фикру андешаи рушди тамоми минтақаҳои кишвар буданд. Аз ин рӯ, барномаву лоиҳаҳоеро, ки ба хотири бунёди корхонае дар минтақаҳои ҷануб пешниҳод мекардам, ба зиддияту мухолифатҳои шадиди баъзе масъулони Кумитаи Марказӣ рӯ ба рӯ мешуд.
Аз кошкиву агарҳо…
Ӯ баъди сукути тӯлонӣ илова кард: „Кош дар он давра лоақал 5 сол раисии идораи банақшагирии давлатӣ „Госплан“-ро ба уҳда медоштам, то дар рушди саноат дар минтақаҳои ҷануби кишвар саҳми бештар мегузоштам. Он солҳо нобаробарӣ дар рушди минтақаҳои Тоҷикистонро ҳатто дар Маскав дарк карда, пешниҳод намуданд, ки бо бунёди корхонаҳои мошинсозию қисмҳои эҳтиётӣ соҳаи саноат дар ҷануби Тоҷикистон ривоҷ дода шавад. Аммо дар сатҳи боло ислоҳотталабе набуд, ки инро ба инобат гирад. Хушбахтона, орзуҳои мо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ҳар минтақаи кишвар вобаста ба шароиту заминаҳои ҷуғрофию табииаш обод мегардад“.
–Дар таъсису бунёди корхонаи мебелбарорӣ чӣ қадар ҳарфҳои пасту баланд шунида будам, – ҳароратангез иброз медорад Адолат Қосимова. - Новобаста ба ҳама лоиҳаи мазкурро сарбаландона амалӣ намудем. Тибқи нақша ин корхона бояд дар ҳудуди маҳаллаи 82-юм сохта мешуд, вале баъзе масъулони он давраи шаҳр муқобил баромаданду лоиҳа дар ноҳияи Рӯдакӣ амалӣ шуд.
Ба гуфти Адолат Қосимова иллати аслии пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ реша давондани фасод дар сохторҳои давлатӣ буд, ки аз солҳои 1975–1980 оғоз ёфт. - Ёд дорам, боре роҳбари Кумитаи Марказӣ дар ҳузури чанд нафар вазирону мансабдорони воломақоми ҷумҳурӣ гуфт: „Рафиқон, ҷайбҳои худро бидӯзед!“. Гарчанде куртаи миллии ман ҷайб надошт, вале он лаҳза ба ҳайси як вазир аз гумону шубҳаҳои гуногун нороҳат будам.
Соли 1986. Аз роҳбарии тӯлонӣ дар як вазорат хаста шуда, ба Шӯрои вазирон муроҷиат намуд, то ӯро аз вазифа озод намоянд. Хоҳиш дошт, ки роҳбарии фабрикаи дӯзандагии „Гулистон“-ро ба уҳда гирифта, орзуву нақшаҳои бозмондаро амалӣ созад. Вале ӯро котиби Президиуми Совети Олии Тоҷикистон таъйин намуданду дар ин вазифа чаҳор сол фаъолият кард. Солҳои 1990 – 1991 дар симмати вазири иҷтимоии Тоҷикистон кор карда, аз он ҷо ба нафақа баромад.
Як панду чанд таманно
„Баъди чанд соли истироҳат дар ҳамшарикӣ бо соҳибкорзане корхонаи дӯзандагиеро харида, як маркази хизматрасонии дӯзандагӣ таъсис додем“, - дар идомаи суҳбат иброз дошт Адолат Қосимова. – Саҳми муассисонро аз даромади истеҳсолӣ 5 дарсад муайян намуда, маблағҳои боқимондаро ба рушду васеъ намудани истеҳсолот равона сохтем. Дар муддати кӯтоҳ аз 15 ба 60 нафар расидани шумораи коргарзанон далели пешравию дастовардҳоямон буд. Тарҳҳои ҷолибе рӯи даст доштам, вале миёни ману шарикам гуногунандешӣ пайдо шуд. Вақте барои талаби ҳаққи худ ба суди иқтисодӣ муроҷиат кардам, раиси вақти он бо таассуф чунин гуфта буд: „Муаллима, мо дар назди шумо гунаҳгорем, албатта, рӯзе ҳақро ба ҳақдор мерасонем, вале бояд каме сабр кунед“. Ҳамин тавр, соли 2008-ум бо ҳалномаи суди иқтисодӣ ман ҳақмузди саҳмияҳои худро соҳиб шудам. Баъдан, бемориҳои тӯлонию дигар мушкилоти иҷтимоӣ водор намуд, ки манзили зистамро ба фурӯш гузорам, зеро 491 сомонӣ нафақапулӣ ҳатто барои табобатам кифоят намекард. Баъзан дар ҳаққам мегӯянд, ки 13 сол вазир буду одитарин ҷиҳози хонаро надорад. Дуруст, имрӯз ҳам аз одитарин ашёи рӯзгор хонаи ман холист, ҳатто ин ҳама соли беморӣ аз надоштани кати хоб рӯи сандалӣ мехобам. Аммо шукрона дорам, ки шояд ба шарофати ҳамин бебисотӣ буд, ки дар солҳои даргиру нобасомониҳо касе беҳуда дари хонаи маро накӯфт.
Бо дуои неку таманниёти зиёде ӯ бо мо хайрбод намуд. Акнун зимни бозгашт ба коргоҳ дар зеҳни ман ба ҷойи таассурот аз гузари нухбагон сурати чашмони видоъолудаи пиразан нақш баста буд. Ва суханҳояш торафт баландтар дар гӯшам садо медоданд: „Соҳибкорӣ танҳо хариди корхонаву ба даст гирифтани фишангҳои иқтисодӣ не, ташкили кору ҷалби мутахассисон ва афзоиши истеҳсолот аст“.
–Хоҳиш дорам, масъалаи нафақапулии ман бознигарӣ шавад, зеро шоиста нест, ки солманде бо як халта медалу нишонҳои давлатӣ ва собиқаи нимасраи хизматӣ, ки аз ин 13 сол вазиру 17 сол вакили Шӯрои Олии ИҶШС будам, даврони пириро бо фақру нодорӣ ба сар барам. Ман ба ояндаи дурахшони Ватани азиз эътимоди комил дорам, зеро мо Сарвару Пешвои оқил дорем, – таъкид менамояд ҳамсуҳбатам.
Ҷамолиддин Сайфиддин